Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст…

 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞

اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞

 وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ

Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд мебошад. Аз назари  ҳақиқат ва ҳам аз диди ҳикмат ва низ аз дидгоҳи Ислом — ки намоёнгари инсонияти куброст — ва ҳам аз нигоҳи ҳаёти шахсӣ инсонияти бузургии исломият аз назари ҳақиқат ва ҳикмат ва аз назари ҳаёти шахсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ, зишту мардуд ва музиру зулм буда, барои ҳаёти башари низ заҳр аст. Инак ба шарҳи «шаш ҷиҳат» аз ҷиҳатҳои бешумори ин ҳақиқат мепардозем.

Ҷиҳати якум: Аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст.

Эй одами бе инсофе, ки бо бародари мӯъмини худ, кинаву адоват ва душманӣ мекунӣ!

Ҳамон гунае, ки ту дар як киштӣ ва ё дар як хона бошӣ, ҳамроҳ бо ту нӯҳ нафар инсони бе гуноҳ ва як ҷинояткор бошад, як одаме, ки ба ғарқ кардани он киштӣ ва ё ба сӯзондани он хона кӯшиш кунад, чӣ дараҷа зулм кардани ӯро медонӣ ва аз зулми ӯ он қадар доду фарёд хоҳӣ кард, ки садои худро ба осмонҳо хоҳӣ шунавонид. Ҳатто танҳо як маъсуми бе гуноҳ ҳамроҳ бо нӯҳ нафари ҷинояткор бошад боз ҳам ба ғарқ кардани он киштӣ ҳеҷ як қонуни адолат иҷозат нахоҳад дод.

Айнан ингуна ту, вуҷуди як мӯъмин, ки хонаи Раббонӣ ва киштӣи Илоҳӣ гуфта мешавад, ки дар он монанди имон, исломият ва ҳамсоягӣи нӯҳ не, балки бист сифати маъсумона дар ӯ мавҷуд аст. Аз рӯи як сифати музир ва ҷиноии вай, ки хуши ту намеояд, ба хотири он ба  хароб кардани он хонаи маънавӣ ва ғарқ кардани он киштии маънавие, ки вуҷуди ӯ мебошад, ташаббус ва иқдом ва ё орзу кунӣ, ин кори ту низ монанди кори он шахс, зишт, душманона ва як зулми золимона мебошад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо