«Бисмиллоҳ» сароғози ҳар хайрест. Мо низ, бо он шурӯъ мекунем…

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
وَ بِهِ نَسْتَعِينُ
اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ وَ الصَّلاَةُ وَ السَّلاَمُ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِين

Эй бародар! Аз ман якчанд насиҳат хостӣ. Бо дар назардошти онки ту аскар ҳастӣ, якчанд ҳақиқатро зимни мисолҳои низомӣ бо ҳашт ҳикояи кӯтоҳ ба нафсам баён мекунам. ту низ ҳамроҳи нафсам ба он гӯш фаро деҳ. Чунки ман нафсамро аз дигарон бештар ба насиҳат мӯҳтоҷ мебинам. Замоне аз ҳашт оят истифода карда, «ҳашт гуфтор»-ро андак дарозтар ба нафсам гуфта будам. Акнун кӯтоҳ ва бо забони омиёна ба нафсам хоҳам гуфт. Агар касе майлу хоҳиш дошта бошад, метавонад ин насиҳатҳоро бишнавад.

Гуфтори Якум

        «Бисмиллоҳ» сароғози ҳар хайрест. Мо низ, бо он шурӯъ мекунем. Бидон эй нафсам! Ин калимаи муборак, ки нишони Ислом аст, тамоми мавҷудот бо забони-ҳол онро вирди забон доранд.

Магар мехоҳӣ бидони, ки «Бисмиллоҳ» чӣ андоза як қувваи бузург ва баракати тамомнашаванда аст, ҳикояи кӯтоҳи тамсилиро бубину гӯш кун:

Бодиянишини Арабиро ҳангоми саёҳат дар чулу биёбонҳо зарур аст, ки исми раиси қабилаеро гирифта, таҳти ҳимояи ӯ қарор гираду аз хатари роҳзанон наҷот ёфта, ҳоҷатҳояшро раво намояд. Дар ғайри ин сурат бекасу танҳо дар баробари душманону эҳтиёҷоти бешумораш парешон хоҳад шуд.

Инак ба саёҳат ду шахс ба роҳ баромада мераванд. Яке аз онҳо шахси мутавозеъ ва фурӯтан, дигаре шахси мағрур.

Шахси мутавозеъ исми як раисро гирифт. Шахси мағрур бошад саркашӣ карда,  ибо кард… Мутавозиъ дар ҳама ҷой босаломат саёҳат мекард. Мабодо ба роҳзане рост меомад ё бармехурд, мегуфт: «Ман бо номи фалон раис саёҳат мекунам» роҳзан аз ӯ дур шуда, коре бо ӯ надошт. Агар ба хаймае ворид мешуд, ба хотири он ном ҳурмат медид. Вале шахси мағрур дар давоми саёҳаташ ба балоҳое даррасид, ки қобили таъриф нест. Доимо аз тарсу ҳарос ларзида дар ҳоли гадоӣ буд, ки ҳам залилу ҳам разил шуд.

  Акнун эй нафси мағрурам!

Ту он сайёҳӣ. Ин дунё ба монанди чулу саҳрост. Аҷзу фақрат бешумору душманону ҳоҷотат бениҳоят аст. Мудом ҳол чунин аст, исми Молики Абадӣ ва Ҳокими Азалии ин чулу биёбонро бигир. То аз гадоии тамоми коинот ва ларзидан дар баробари ҳар ҳодисае раҳоӣ ёбӣ.

Бале, ин калимаи муборак як ганҷест, ки: Аҷзу фақри бениҳоятатро, бениҳоят қудрататро бо раҳмат рабт дода, дар даргоҳи Қодири Раҳим аҷз ва фақрро мақбултарин  шафоаткунанда хоҳад кард.

Бале, бо ин калима ҳаракат кардан ба монанди шахсест, ки дар хизмати ҳарбист. Бо номи давлат ҳаракат карда, ба ҳеч кас парвое надорад. Бо номи қонуни давлат сухан ронда, ҳар кореро анҷом медиҳаду дар муқобили ҳар чизе истодагарӣ мекунад.

Дар ибтидо зикр шуд, ки тамоми мавҷудот бо забони ҳолашон «Бисмиллоҳ» мегӯянд. Магар чунин аст?

        Бале, ҳамон гуна ки агар мушоҳада кунӣ, шахсе биояду тамоми аҳолии шаҳрро ба зӯр ба маконе савқ диҳад, ва ба анҷоми корҳое водор кунад, қаблан медонӣ, ки он шахс бо номи худ ва бо қувваи худ ҳаракат накарда, балки ӯ сарбозест, ки ба номи давлат амал карда, ба қувваи Подшоҳӣ такя додааст, ҳамонтавр низ, ҳарчизе ба номи Ҷаноби Ҳақ ҳаракат мекунад, ба сурати тухмони хурди заррамонанди растаниҳо ба сари худ дарахтони бузургро ҳамл карда, борҳои ба монанди кӯҳро мебардоранд. Пас ҳаряке аз дарахтон «Бисмиллоҳ» гуён, аз меваҳои хазинаи раҳмат дастонашонро бордор карда, ба мо тақдим менамоянд. Ва ҳаряке аз бустонҳо «Бисмиллоҳ» гуфта, ҳамчун деги бузурге мешаванду аз кошонаи Қудрати Илоҳӣ, дар худ хеле зиёде аз ғазоҳои лазизи мухталифро ҳамроҳ мепазанд. Ҳаряке аз ҳайвоноти муборак, ба монанди гов, уштур, гӯсфанд ва буз «Бисмиллоҳ» гуфта, аз Файзи Раҳмат сармояи чашмаи шире мешаванду ба мо бо номи Раззоқ латифтарин ва назифтарин ғазоеро чун оби-ҳаёт тақдим мекунанд. Ҳаряке аз решаҳову рагҳои нарми абрешиммонанди дарахтону наботот «Бисмиллоҳ» гуфта, хоку санги сахтро сурох карда, мерӯянд. Бо зикри номи Аллоҳ  ва Раҳмон ҳар чизе ба онҳо мусаххар мешавад.

Бале, интишори шохаҳо, додани мева дар ҳаво ва инчунин интишори решаҳо бо камоли суҳулат дар хоку санг, додани мева дар зери замин ва дар баробари шиддати ҳарорати гармӣ моҳҳои зиёд нигоҳ доштани баргҳои сабзу нозук, шиддатнок ба даҳони «Табиъатпарастон» шаллоқе мезанад. Ба чашмони куршудаашон ангушт андохта, мегӯяд, ки ҳатто сахтию ҳарорате ба он эътимод доред таҳти Амр ҳаракат мекунанд. Ба монанди ин решаҳои нарми абрешиммонанд, мисли асои Мусо алайҳиссалом бо амри «فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ» сангҳоро мешикофанд. Баргҳои нозанини нозукро мисли қоғази сигор, ба монанди узвҳои Иброҳим алайҳиссалом дар муқобили ҳарорати баланди оташангез, ояти « يَا نَارُ كُونِى بَرْدًا وَ سَلاَمًا » — ро мехонанд.

Мудом ҳар чиз, маънан «бисмиллоҳ» гуфта, ба номи Аллоҳ неъматҳои Илоҳиро ҷамъоварда ба моён медиҳанд. Пас мо низ бояд «бисмиллоҳ» бигӯему ба номи Аллоҳ бидиҳем ва ба номи Аллоҳ бигирем. Пас чунин аст аз инсонҳои ғофиле, ки ба номи Аллоҳ намедиҳанд, нагирем.

Савол: Ба инсонҳое, ки ҳукми фурӯшандаро доранд бар ивази мол музд медиҳем, аҷиб аст соҳиби аслии тамоми молҳо-Аллоҳ чӣ музд мехоҳад?

 Ҷавоб: Бале Ӯ Мунъими ҳақиқӣ аз мо дар муқобили неъматҳои қимматдор ва ивази молҳо музд мехоҳад. Ин музд се чиз аст: яке зикр, яке  шукр, яке фикр аст.

Дар ибтидо «бисмиллоҳ» зикр асту дар охир «Алҳамдулиллоҳ» шукр аст. Дар байни инҳо як қимматдор ҳориқаи санъат, неъматҳои Аҳади Самадро ҳамчун муъҷизаи қудрат, ҳадяи раҳмат фаҳмидан ва дарк кардан-фикр аст. Аблаҳист, агар подшоҳе ба дасти мискине ҳадяи боарзишеро фиристонаду, ту бар ивази ташаккур пойҳои ӯро бусида, соҳиби ҳақиқии ҳадяро нашиносӣ. Ба монанди ин мунъимҳои зоҳириро мадҳ ва муҳаббат карда, Мунъими Ҳақиқиро нашинохтан, ҳазор маротиба нисбат ба он кори аблаҳона аст.

Эй нафс! Агар хоҳӣ чун ин шахс аблаҳ набошӣ:

Ба номи Аллоҳ бидеҳ…

Ба номи Аллоҳ бигир…

Ба номи Аллоҳ шурӯъ намо…

Ба номи Аллоҳ кор кун…

Вассалом.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо