Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в)…

ИШОРАИ СЕЮМ

Мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в), хело зиёду гуногун мебошанд ва ин ба сабаби он аст, ки рисолати ӯ умумӣ буда, тамоми оламиёнро дар бар мегирад. Аз ҳамин сабаб аст, ки мӯъҷизаҳои ӯ дар бештарин намудҳои коинот дида мешуд. Мо барои бештар тавзеҳ додани ин масъала чунин мисол меорем, ки агар сафири бузургворе аз назди подшоҳи бузурге ба зиёрати шаҳре биёяд, ки пур аз инсонҳои гуногун бошад ва ин сафир бо худ барои аҳолии ин шаҳр ҳадяҳои пурарзиш оварда бошад, пас ҳар тоифа барои вохурӣ ва пешвози ин сафир аз номи қабила намоянда мефиристад, то аз номи онҳо меҳмонро хайрамақдам гӯяд.

Ҳамчунин вақте бузургтарин сафири подшоҳи азалӣ ин оламро бо қудуми худ мушарраф гардониду онро мунаввар сохт ва ӯ ҳамчун намояндаи Парвардигори оламиён ба тарафи аҳли замин омаду бо худ ҳадяҳои маънавӣ ва ҳақиқатҳои мунавваре овард, ки ба ҳақиқати тамоми олам тааллуқ доранд, аз ҳар гуна тоифа махлуқот омада, ӯро бо забони хоси худ хайрамақдам гуфтанд ва дар ҳузури эшон ҳар тоифа мӯъҷизаи тоифаи худро барои тасдиқи ӯ ба намоиш гузоштанд ва ӯро «Хушомадед» гуфтанд. Тамоми махлуқот аз санг шурӯъ намуда, то Моҳ, Офтоб ва ситорагон гӯё ҳама ба забони ҳоли худ такрор менамуданд, ки биъсати ту муборак ва ҳумоюн бод!

Баҳси ин ҳама мӯъҷизаҳо ниёз ба чандин муҷаллад китобҳо дорад, зеро онҳо хело зиёду гуногун мебошанд. Олимони пок дар тафсилоти ин мавзӯъ ва барои далелҳои исботи Паёмбар будани ӯ (с.а.в) чандин ҷилд китобҳои бузург таълиф намуданд, вале мо дар ин ҷо аз миёни ин ҳама мӯъҷизаҳои зиёд ба тариқи мухтасар ба баъзе мӯъҷизаҳое, ки қотеъона ва яқинан ба мо расидаанд, мепардозем ва ба он иктифо мекунем.

Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в) ду намуд мешаванд:

Якум. Ҳолатҳое, ки он бо номи ирҳосот машҳур мебошанд ва он иборат аз ҳамон ҳодисаҳои ғайриоддиест, ки ҳангоми таваллуд ва ё пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) рух додаанд.

Дуюм. Дигар намуд далелҳои Паёмбар(с.а.в). Ин намуд боз ба ду қисм тақсим мешавад:

а) Корҳои ғайриоддие, ки баъди Паёмбар (с.а.в) рух додаанд ва ба рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в)  далолат мекунанд.

б) Корҳои ғайриоддие, ки дар замони ҳаёти мубораки ӯ (с.а.в) рух доданд ва ин қисм боз ду намуд мешаванд:

1) Он чи аз даелҳои Паёмбар  дар (с.а.в) шахсият, рафтор, сурат, ахлоқ ва камоли ақли ӯ дида мешавад.

2) Он корҳои ғайриоддие, ки берун аз зоти поки ӯ дар фазо ва олам рух додааст. Ин боз ба ду намуд ҷудо мешавад:

а) Мӯъҷизаҳое, ки ҳангоми даъвати Паёмбар (с.а.в)  рух додааст ва ин кор барои шикастани саркашии кофирон ва ё барои пурқуввват гардидани имони муъминон рух додааст, ба монанди дупора гардидани Моҳ, ҷорӣ шудани об аз миёни ангуштони шарифашон, сер гардонидани гурӯҳи зиёде бо андак таом, ба сухан омадани ҳайвонот, дарахтон ва сангҳо ва ҳамчунин мисолҳои дигаре, ки теъдодашон ба бист мерасад ва ҳамаи инҳо ба дараҷаи тавотури маънавӣ мерасанд ва барои ҳар намуди он метавон чандин  намуна овард.

б) Ҳодисаҳоеро, ки Паёмбар  (с.а.в) пеш аз ба вуқӯъ омаданашон бо кумаки Парвардигор дар бораи онҳо хабар дода буд ва дере нагузашта ин ҳодисаҳо, ба ҳамон тавре ки ӯ хабар дода буд, ба вуқӯъ омаданд.

Акнун мо аз ҳамин қисми охир суханро оғоз мекунем, то ба ҳамин тариқ ба силсилаи феҳрасти умумӣ бирасем.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо