МАСЪАЛАИ ЯКУМ
Чунон ки тавзеҳи матлаб дар Гуфтори Чордаҳум низ омадааст, Офаридагорамон сармояи зиндагонии бисту чаҳор соат шабонарӯзро ба мо эҳсон мекунад то ба кумаки он, ҳар чи барои ҳаёти дунявию ухравӣ лозим аст, таъмин гардад.
Тасаввур кунед агар мо бисту се соати шабонарӯзро сарфи ҳаёти дунявӣ – ки бисёр кӯтоҳ аст – кунем ва як соатро ки барои намозҳои фарз басандааст, сарфи ҳаёти ухравӣ – ки бисёр тулонист – накунем чи иштибоҳи хилофи ақлӣ кардаем, ки дар он сурат, ҳамчун мукофоти он хато, дучори фишорҳои қалбию рӯҳӣ хоҳем шуд. Ва бар асари чунин вазъ, ахлоқамонро аз даст медиҳем ва умрро бо ноумедӣ сипарӣ карда, бо ин тартиб ба ҷойи тарбият гирифтан, дар ҷиҳати акси он кӯшиш кардан; қиёс кунед, ки бо чунин вазъият, то чи дараҷа зарар мекунем.
Агар як соатро сарфи панҷ вақт намози фарз кунем, ҳар як соати ҳабсу мусибат, гоҳо баробари як рӯз ибодат мешавад. Як соати фонӣ, ҳукми соати боқиро мегирад. Афсурдагиҳои рӯҳию қалбӣ ва фишорҳо, то андозае аз байн мераванд ва зиндон барои ҳар ончи сабаби ҳабс шуда буд, кафора мешавад. Ва ҳадафи аслии зиндонишудан, ки тарбия аст, натиҷа медиҳад. Ин озмун ва дарси хубест, ки сабаби гуфтугӯи дилнишину оромбахш бо дӯстони мусибатзада мешавад.
Чуноне, ки дар Гуфтори Чорум баён гардид: Ҳазор нафар дар қуръакашии билетҳои бахтозмоӣ иштирок мекунанд, то масалан як нафар битавонад ҳазор сомонӣ, ба даст оварад. Онҳо ҳафт-ҳашт, даҳ сомонӣ аз бисту чаҳор сомонии худро харҷи қимори бахтозмоӣ мекунанд, аммо як сомонии аз он бистучор сомониро сарфи хариди билети хазинаи ҷавоҳироти абадӣ намекунанд. Ин дар ҳолест, ки эҳтимоли баранда шудани ҳазор сомонӣ дар қуръакашии бахтозмоӣ, як аз ҳазор аст, чаро ки ҳазор нафар дар ин амр саҳмдоранд. Аммо дар бахтозмоии муқаддароти ухравии башар, эҳтимоли фоида барои аҳли имон – ки аз ҳусни оқибат бархӯрдор мебошанд – нӯҳсаду навадунӯҳ аз ҳазор аст. Инро яксаду бистучор ҳазор пайғамбар хабар додаанд ва мухбирони содиқ аз авлиёву асфиёе, ки шумораашон аз ҳад берун аст, бо кашфу шуҳуд, тасдиқ кардаанд. Акнун бо ин нуктаҳои зикршуда, муқоиса кунед, рафтан ба сӯйи қуръакашии аз навъи аввал ва сар печидан аз мавриди дуюм, чи андоза бо маслиҳат носозгор аст.
Мудирони зиндон, зиндонбонон, балки коргарони умури кишвар ва нигоҳбонони осоиши миллат дар ин масъала мебоист аз ин дарси Рисолаи Нур розию хурсанд бошанд. Зеро бар асоси таҷрибаҳои бо такрор мушоҳида шудааст, ки идораву инзиботи ҳазор фарди диндоре, ки ҳамеша ба ёди маҳбаси чаҳаннам ҳастанд, осонтар аз расидагӣ ба умури даҳ фарди бенамозу беэътиқодест, ки танҳо ба ҳабси дунявӣ меандешанд ва аз ҳарому ҳалол чизе намедонанд. Низ, гоҳо ба рафторҳои бепарвоӣ, одат карданд.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ