Тамоми ин рисола ибораи «Паёмбари гиромӣ (с.а.в)» ва дар сархати панҷуми он ибораи «Қуръони карим» дар суҳуфи яке аз нусхабардорон мувофақат намуд…

МАКТУБИ НУЗДАҲУМ

Ин рисола бештар аз сесад мӯъҷизаи Расули Акрамро, ки рост будани рисолати ӯро собит мекунанд, баён мекунанд. Мӯъҷизаҳо ҳамчунин баёнгари онанд, ки худи онҳо дар навбати худ як каромот ва атои хеле бузург ҳастанд. Онҳо дар зоти худ амали ғайриоддӣ буда, инро бо бештар аз се роҳи зайл  бозгӯ мекунанд:

Якум, таълифи ҳамин рисолае, ки айни ҳол дар даст доред, худ бидуни шак, корест ғайриоддӣ. Зеро он бидуни рӯй овардан ба сарчашмаҳо, яъне танҳо бо эътимод бар ёддоштҳо таълиф шудааст. Бо вуҷуди он ки рисола шомили чанд ривоят аз ҳадисҳои шариф аст, дар бештар аз сад саҳифа, дар доманаҳои кӯҳҳо, миёни дараҳо ва боғҳо дар фурсати наздик ба чор рӯз ва ҳар рӯзе се соатӣ, дар маҷмӯъ дар зарфи дувоздаҳ соат таълиф шудааст.

Дуюм, он касе, ки мехоҳад онро нусхабардорӣ кунад, ҳаргиз аз ин кор хаста намешавад. Ҳарчанд онро мутолиа кунад ва ё бинависад, бо вуҷуди тулонӣ буданаш ҳаловаташро гум намекунад. Барои ҳамин аст, ки баъзе нависандагони танбалро, ки дар атрофи мо қарор доранд, водор ба он кард, ки бештар аз ҳафтод нусхаи онро дар як сол бинависанд, ин ҳам бошад дар ин даврони сахт. Ин кор боиси он гашт, ки ононе, ки шароити моро хуб медонанд, қаноатманд шуданд, ки ин рисола худ яке аз каромоти ҳамон мӯъҷизаҳо мебошад.

Сеюм, дар тамоми ин рисола ибораи «Паёмбари гиромӣ (с.а.в ва дар сархати панҷуми он ибораи «Қуръони карим» дар суҳуфи яке аз нусхабардорон мувофақат намуд, бе ин ки худи он кас инро дониста бошад ва аҷибтараш дар он аст, ки ин ҳама баҳамомаданҳо дар саҳифаҳои ҳашт нафар нусхабардорони дигар низ мушоҳида шуд, бе он ки онҳо варақаҳои ҳамдигарро дида ва қаблан бо ҳам якҷо нишаста бошанд ва билохира, пеш аз он ки ин корро ҳатто худи мо маълум намоем. Он касе, ки андаке инсоф дошта бошад, албатта, инро тасодуф намегӯяд, балки ҳар касе, ки рисоларо мутолиа мекунад, албатта, онро яке аз асрори ғайб меҳисобад ва яқин мекунад, ки он худ каромоте аз кароматҳои мӯъҷизаофарини ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) мебошад, ки дуруду раҳмати беканори Худованд бар ӯ бод.

Инро низ дар назар бояд дошт, ки асосҳоеро, ки ин рисола фаро мегирад, хело муҳиманд ва тамоми ҳадисҳое, ки дар он оварда шудааст, илова бар он ки ҳама дар назди имомони ҳадис саҳиҳ ва мақбуланд, ривоятҳоро ба таври қотеъона ва бо исботи бештар баён мекунад.

Агар мо тамоми хусусиятҳои ин рисоларо бихоҳем баён намоем, мо ниёз ба як рисолаи дигаре ба ҳаҷми ҳамин рисола дорем. Барои ҳамин мо хондани онро ақалан барои як маротиба пешниҳод мекунем, то хонанда худ ин хусусиятҳоро эҳсос намояд.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*