Дар ақиби пардаи ғайб як Воҷибул Вуҷудро, як Воҳиди Аҳадро, дар дохили унвонҳои ҳам хеле Карим, Раҳим….

Панҷараи якум

Билмушоҳида мебенем, ки тамоми ашё, хусусан онҳо яке зиҳаётанд, хеле зиёд ҳоҷати мухталиф ва хеле зиёд матолиби (талабҳои) мутанаввиъ (гуногун) доранд. Он матолибҳояшон, он хоҷатҳояшон аз ҷое ки ҳеҷ умед карда намешуд ва аз ҷое ки ҳеҷ намедонанд ва аз ҷое ки ба он дасташон намерасад, дар як вақти муносиб ва лоиқ ба онҳо дода мешавад,  ба имдодашон расонида мешавад. Дар ҳоле, ки ба он мақсадҳои беҳадашон ба хурдтарини он, қудрати он мӯҳтоҷҳо нахоҳад расид, дасташон ба онҳо нахоҳад расид. Ту ба худ нигоҳ кун: Монанди хоссаҳои (ҳиссаҳои) зоҳирӣ ва ботинӣ ва монанди лавозимоти онҳо ба чӣ қадар чизҳое ки дастат ба онҳо намерасад мӯҳтоҷ ҳастӣ. Тамоми зиҳаётҳоро ба худ қиёс кун. Инак тамоми онҳо, чунон ки як–як ба вуҷуди Воҷибул Вуҷуди шаҳодат ва ба ваҳдати Ӯ ишорат мекунанд; бо ҳайати маҷмӯи худ, чунон ки зиёи (равшанӣ) офтобро нишон медиҳад; он ҳол ва ин кайфият, дар ақиби пардаи ғайб як Воҷибул Вуҷудро, як Воҳиди Аҳадро, дар дохили унвонҳои ҳам хеле Карим, Раҳим, Мураббӣ, Мудаббир ба ақл нишон медиҳад.

Ҳоло эй мункири ҷоҳил ва эй фосиқи ғофил! Ин фаолияти  ҳакимона, басирона, раҳимонаро бо чӣ эзоҳ карда хоҳӣ тавонист? Оё бо табиати ношунво? Оё қуввати кӯр? Оё бо тасодуффи сарсам? Оё бо асбоби аҷз ва ҷомид эзоҳ карда хоҳӣ тавонист?

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо