Асосӣ

Нафс мехоҳад, ки озод ва мустақил бошад, маҳз худро ҳамин тавр қабул мекунад…

НУҚТАИ ЧАҲОРУМ Аз нуқтаи назари тарбияи нафс, яке аз ҳикматҳои бешумори рўза дар Моҳи шарифи Рамазон инаст ки: Нафс мехоҳад, ки озод ва мустақил бошад, маҳз худро ҳамин тавр қабул мекунад. Ҳатто, бо табиати худ орзуи рубубияти мавҳумро дорад ва кайфу сафо амал намояд. Вай дар бораи неъматҳои беҳисобе, ки […]

Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в)…

ИШОРАИ СЕЮМ Мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в), хело зиёду гуногун мебошанд ва ин ба сабаби он аст, ки рисолати ӯ умумӣ буда, тамоми оламиёнро дар бар мегирад. Аз ҳамин сабаб аст, ки мӯъҷизаҳои ӯ дар бештарин намудҳои коинот дида мешуд. Мо барои бештар тавзеҳ додани ин масъала чунин мисол меорем, ки агар […]

Байни сарфакорию хасисӣ, фарқи зиёдест, ҳамон тавре, ки…

НУҚТАИ ШАШУМ Байни сарфакорию хасисӣ, фарқи зиёдест, ҳамон тавре, ки тавозўъ, хислати мамдўҳе аст, ки назар ба маъно дигар ва аз рўи сурат бошад ба пўст монанд, ки аз ахлоқи бад аст ва ҳамонгуна ки виқор, хислати писандидаест, ки назар ба маъно дигар ва аз рўйи сурат бошад ба такаббур […]

«Бисмиллоҳ» сароғози ҳар хайрест. Мо низ, бо он шурӯъ мекунем…

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ وَ بِهِ نَسْتَعِينُ اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ وَ الصَّلاَةُ وَ السَّلاَمُ عَلَى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ وَ عَلَى آلِهِ وَ صَحْبِهِ اَجْمَعِين Эй бародар! Аз ман якчанд насиҳат хостӣ. Бо дар назардошти онки ту аскар ҳастӣ, якчанд ҳақиқатро зимни мисолҳои низомӣ бо ҳашт ҳикояи кӯтоҳ ба нафсам баён […]

Эй инкоркунандаи муонид! Шарм кун! Даст аз ин залолат бардор…

КАЛИМАИ ДУЮМ:  تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ  Яъне, худ ба худ шакл мегирад. Ин иборат низ, муҳоли фаровон дорад.  Аз ҷиҳоти бисёр, ботилу муҳол аст. Барои намуна, се мавриди аз муҳолоташонро баён мекунем. МУҲОЛИ ЯКУМ: Эй мункири муонид! Ғурурат чунон сабаби ҳамоқати ту шудааст, ки сад амри муҳолро ба якбора ҳукм ба қабул кардан мекунӣ. […]

Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад…

Рисолаи Табиат Ин Рисола, андешаи куфромезеро, ки мумкин аст аз табиат сар барорад, аз байн мебарад ба шакле, ки ҳеҷ гоҳ ҷон нагирад ва аслу асоси куфро зеру забар мекунад. Ихтор Воқеияти масире, ки табииюни мункир тай мекунанд, дар ин баёния, таҳти унвони нӯҳ муҳол, ки дар баргирандаи камаш навад […]

Холиқи Раҳмон муҳимтарин коре, ки аз бандааш мехоҳад, шукр аст ва дар Фурқони Ҳаким бо аҳаммияти зиёд, ба шукр даъват мекунад…

  بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ  وَ اِنْ مِنْ شَيْءٍ اِلاَّ يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ Қуръони Муъҷизу-л Баён бо такрори оятҳо ҳамчун: اَفَلاَ يَشْكُرُونَ ٭اَفَلاَ يَشْكُرُونَ ٭وَسَنَجْزِى الشَّاكِرِينَ ٭لَئِنْ شَكَرْتُمْ َلاَزِيدَنَّكُمْ ٭بَلِ اللّهَ فَاعْبُدْ وَ كُنْ مِنَ الشَّاكِرِينَ٭ нишон медиҳад, Холиқи Раҳмон муҳимтарин коре, ки аз бандааш мехоҳад, шукр аст ва дар Фурқони […]

Эй инсон! Хизматҳо ва ибодатҳое, ки анҷом дода будӣ, бесамар намемонанд…

Калимаи даҳум: وَ هُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدٖيرٌ Яъне ӯ воҳид асту аҳад. Ӯ бар ҳар чиз тавоност. Ҳеҷ чиз барои ӯ сангинӣ надорад. Барои ӯ халқи як баҳор, ба андозаи як гул осон аст. Офаридани биҳишт низ, ба андозаи офаридани баҳор, барояш осон аст. Маснуоти поённопазире, ки дар ҳар […]

Як саволи ҳайратангези маънавӣ ва дарҳолие, ки аз зуҳури неъмати боазамат ва Илоҳӣ, ҳосил шуда буд…

МАСЪАЛАИ НӮҲУМ بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ اٰمَنَ الرَّسُولُ بِمَٓا اُنْزِلَ اِلَيْهِ مِنْ رَبِّهٖ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ اٰمَنَ بِاللّٰهِ وَمَلٰٓئِكَتِهٖ وَكُتُبِهٖ وَرُسُلِهٖ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ اَحَدٍ مِنْ رُسُلِهٖ … الخ Як саволи ҳайратангези маънавӣ ва дарҳолие, ки аз зуҳури неъмати боазамат ва Илоҳӣ, ҳосил шуда буд, боис гардид нуктаи муфассалу куллӣ, дар […]

Дар “Роҳнамои Ҷавонон”

МАСЪАЛАИ ЧОРУМ Боз дар “Роҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ додаам, замоне аз сӯйи бародароне, ки ба ман хизмат мекарданд савол шуд: Панҷоҳ рӯз аст дар бораи ин ҷанги ҳавлноки ҷаҳоние, ки кураи заминро ба ҳарҷумарҷ кашонида, бо муққадароти Ислом низ иртибод дорад, чизе намепурсӣ, кунҷковӣ нишон намедиҳӣ. (имрӯз ҳафт сол аз он […]