“Нафси худро барои ҷазо додан ба душмани худ бо ғайбат, боло ҳис мекунад. Чунки, ғайбат силоҳи залилҳо ва заифҳо аст. Яъне силоҳи инсонҳои паст мебошад”

Хотима

ДАР ҲАҚҚИ ҒАЙБАТ

بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ

Дар Мақоми Нуқтаи Панҷуми Шуоъи Якуми Шӯълаи Якуми Калимаи Бисту Панҷум аз мисолҳои зам ва заҷр, яъне бад гӯӣ ва айбҷӯйӣ, ки дар як ояти муҷизона бо шаш тарз аз ғайбат нафрат намуда дар назари Қуръон чӣ қадар  зишт ва палид будани ғайбатро тамоман нишон дода ба баёноти дигаре эҳтиёҷ нагузаштааст. Бале баъд аз баёни Қуръон баёни дигар набояд бошад ва эхтиёҷ ҳам нест.

Инак дар ояти 10 اَيُحِبُّ اَحَدُكُمْ اَنْ يَاْكُلَ لَحْمَ اَخٖيهِ مَيْتًا 

10

бо шаш дараҷа замро яъне бадгӯӣ ва айбҷӯӣро накӯҳиш мекунад. Аз ғайбат дар шаш мартаба бошиддат заҷр мекунад. Ин оят билфеъл, яъне амалан ба ғайбат кунандагон мутаваҷҷеҳ шавад, маънояш ба тарзе, ки дар поён зикр шудааст мебошад. Ингуна ки:

Маълум аст: Алиф, ба ибораи дигар ҳамза, ки дар аввали оят қарор дорад, савол кардан, яъне (оё)ро ифода мекунад. Он савол кардан яъне (оё) монанди об ба тамоми калимаҳои оят дохил мешавад. Дар ҳар калима як ҳукми зимнӣ (махфӣ) мебошад.

Инак, якум: Бавоситаи ҳамза мегӯяд, ки оё шумо ақл, ки маҳали савол ва ҷавоб мебошад, надоред, ки ин қадар як чизи зиштро намедонед?

Дуюм, бо лафзи  يُحِبُّ мегуяд ки: Оё қалби шумо, ки маҳали дӯст доштан ва нафрат мебошад, хароб шудааст, ки ин қадар як кори манфур (нафратшуда)-ро дӯст дорад?

Сеюм: Бо калимаи اَحَدُكُمْ мегӯяд ки: Ҳаёти маданият ва иҷтимои шуморо, ки ҳаёти худро аз ҷамоат гирифта ва қатъ кардааст, чӣ шудааст ки ингуна амале, ки ҳаёти шуморо заҳролуд сахтааст қабул мекунад?

Чорум, бо каломи يَاْكُلَ لَحْمَ мегӯяд ки: Инсонияти шуморо чӣ шуда аст, ки гӯё монанди ҷонварони дарранда дӯст ва рафиқи худро бо дандон пора мекунад.

Панҷум, бо калимаи اَخٖيهِ мегӯяд ки: Оё ҳеҷ риққати ҷинси, яъне силлаи раҳм ва шафқати ҷинси надоред, ки як шахси мазлумро, ки аз бисёр ҷиҳатҳо бародари шумо мебошад шахсияти маънави вайро бо беинсофи дандон мекунед? Ва ҳеҷ ақл надоред, ки аъзои худатонро худатон девонавор дандон мекунед?

Шашум, бо каломи مَيْتًا  мегӯяд ки: Виҷдони шумо куҷост? Оё сиришт ва фитрати шумо хароб шудааст, ки ба муқобили бародари муҳтарами худ ингуна амали зиштро анҷом медиҳад? Яъне гӯё гӯшти ӯро бо дандон мегазед ва мехӯред.

Пас маълум мешавад, ки бо ифодаи ин оят ва далолати калимаҳо ба сурати ҷудогона; зам ва ғайбат, ақлан ва қалбан ва аз рӯйи инсонияту виҷдон ва аз рӯйи фитрату миллият, мазмум ва ношоиста аст. Инак нигоҳ кун, чигуна ин оят, эъҷозкорона дар шаш мартаба замро замима мекунад. Яъне бадгӯйӣ ва айбчӯиро накӯҳиш мекунад. Эҷозкорона дар шаш дараҷа аз он гуноҳ манъ мекунад.

Ғайбат, як силоҳи бисёр паст, барои ахли адоват, ҳасад ва инод мебошад, як инсони соҳиби иззати нафс, ба ин силоҳ таназзул карда истеъмол намекунад. Чигуна ки як одами машҳур гӯфта аст:

اُكَبِّرُ نَفْسٖى عَنْ جَزَاءٍ بِغِيْبَةٍ § فَكُلُّ اِغْتِيَابٍ جَهْدُ مَنْ لَا لَهُ جَهْدٌ

Яъне: “Нафси худро барои ҷазо додан ба душмани худ бо ғайбат, боло ҳис мекунад. Чунки, ғайбат силоҳи залилҳо ва заифҳо аст. Яъне силоҳи инсонҳои паст мебошад.”

Ғайбат он аст ки: Агар он шахсе, ки дар борааш ғайбат шуда буд, ҳозир мебуд ва мешунид, кароҳат карда хоҳад меранҷид. Агар он гуфтугӯ рост бошад, зотан ғайбат гуфта мешавад. Агар он гуфтугӯ ва сӯхан дуруғ бошад, ҳам ғайбат ҳам ифтиро (туҳмат) мебошад. Як гуноҳи зишти дукарата мебошад.

Ғайбат, махсус дар як чанд модда ҷоиз шуда метавонад:

Якум: Барои гирифтани ҳаққи худ, ғайбат ҷоиз аст. Яъне ба сурати шикоят ба одами вазифадор мегуяд, то ки кумак карда он мункарро, он қабоҳатро аз он бартараф кунад ва ҳаққи вайро аз ӯ бигирад. Яъне он кори ношоистаро, он тахаллуфро аз ӯ дафъ кунад ва ҳақи вайро аз ӯ бигирад.

Дигар он ки: Як одам мехоҳад, ки ҳамроҳ бо ӯ ташрики масои намояд. Бо ту машварат мекунад. Ту низ танҳо барои маслиҳат бидуни кадом ғараз барои адои ҳақ машварат бигӯйи ки: Бо ӯ ташрики масои макун. Чунки зарар хоҳӣ дид.

Дигар он ки : Мақсадаш, на таҳқир ва ташҳир, балки мақсадаш, барои таъриф ва шиносонидан бигуяд: “Он одами ланг ва сарсарӣ ба фалонҷо рафт.”

Дар ниҳоят: Он шахси ғайбат шаванда одами фосиқе бошад, ки ошкоро гуноҳ мекунад. Яъне аз зиштиҳо бадаш наояд, балки бо гуноҳҳои худ, ифтихор мекунад, аз зулми худ лаззат мегирифт. корашро ошкорона но виҷдонона анҷом бидиҳад. Яъне хулосаи калом: Ғайбат ба ҳаққи он гуна ашхос ҷоиз шуда метавонад, ки дар фисқ машҳур шуда бошанд ва дар гуноҳ кардан ифтихор кунанд. Аз зулм лаззат бигиранд.

Инак, дар ин моддаҳои махсус, ки дар боло зикр шуд, беғараз, танҳо барои ҳақ ва маслиҳат, ғайбат ҷоиз шуда метавонад. Вагарна, ғайбат, читавре, ки оташ ҳезумро хӯрада тамом мекунад, ғайбат низ амалҳои солеҳро хӯрда тамом хоҳад кард.

Агар касе ғайбат кунад ва ё инки майл карда гӯш кунад, он вақт бояд, ки اَللّٰهُمَّ اغْفِرْلَنَا وَ لِمَنِ اغْتَبْنَاهُ 

бигуяд, баъдан ба он шахсе, ки дар борааш ғайбат шуда буд, чӣ вақт бархурд кунад бояд бигуяд, ки “ҳаққи худро ҳалол кун.”

اَلْبَاقٖى هُوَ الْبَاقٖى

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо