Он чи Таврот, Инҷил, Забур ва саҳифаҳои дигар паёмбарон (алайҳимуссалом) дар хусуси нубуввати Муҳаммад (с.а.в) хабар додаанд ва Қуръони карим онро тасдиқ кардааст…

ИШОРАИ ШОНЗДАҲУМ

 

Ин нишонаҳое мебошанд, ки пеш аз зуҳури Паёмбар (с.а.в) зоҳир шуда буданд ва аз сабаби он ки бо рисолати ӯ алоқа доранд, аз нишонаҳои паёмбарӣ ба ҳисоб мераванд ва ин намуд ба се қисм тақсиманд:

Қисми аввал. Он чи Таврот, Инҷил, Забур ва саҳифаҳои дигар паёмбарон (алайҳимуссалом) дар хусуси нубуввати Муҳаммад (с.а.в) хабар додаанд ва Қуръони карим онро тасдиқ кардааст. Бале, дар ҳоле ки инҳо китобҳои осмонӣ ба шумор мераванду соҳибони онҳо паёмбар  мебошанд, пас бояд хабар додани ин китобҳо аз шахсе, ки нуреро меораду ними ҷаҳон аз он пайравӣ мекунанд, дигар шариатҳоро мансух мекунаду ҷаҳонро дигаргун месозад, гуфтаниям, ки чунин хабар додан дар хусуси ин зоти пурбаракат хело муҳим ва зарурист. Оё мумкин аст, ки он китобҳо масоили ҷузъиеро дар бар бигиранд ва бузургтарин ҳодисаи оламро, ки биъсати Паёмбар (с.а.в) аст, тарк кунанд? Пас агар зикр ва баҳси он зарурӣ бошад, ин китобҳо ё ӯро дурӯғ мешумориданд, то дини худро аз насх шудан ҳифз намоянд ё Паёмбар (с.а.в) -ро тасдиқ мекунанд, то дину китобашонро аз хурофот нигоҳ доранд. Аз сабаби он ки дӯсту душман ҳама иттифоқ бар он доранд, ки ҳеҷ нишонае аз инкор кардан дар он вуҷуд надорад, балки чандин нишонаҳо дар хусуси тасдиқи ӯ вуҷуд доранд, пас агар тасдиқ умумӣ бошад, ин як далели қатъӣ аст ва сабаби асосӣ барои вуҷуди ин тасдиқ мавҷуд аст. Мо дар навбати худ бо се далели қатъӣ ин гуфтаҳоро исбот мекунем:

Якум Паёмбар (с.а.в) бар онҳо оятҳоро мехонд ва бо онҳо рақобат мекард, мисле, ки ба онҳо ба забони Қуръон ҳарф мезанад, ки китобҳои шумо сифатҳои маро ва даъвати маро қабул доранд.

         “Бигӯ Тавротро биоред ва онро бихонед, агар ростгӯ бошед” (“Оли Имрон”, ояи 93).

“Пас бигӯ, биёед фарзандҳои мо ва фарзандҳои шуморо даъват мекунем ва занҳои мо ва занҳои шуморо ва худамон ва худатонро, сипас дуои баде мекунем ва лаънати Худоро барои дурӯғгӯён мефиристем” (“Оли Имрон”, ояи 61) .

Бо ин рақобати ошкор ҳеҷ як олими яҳудӣ ва масеҳӣ бо ӯ (с.а.в) баҳсу мубоҳала накард. Агар дар ин мавзӯъ андаке нозукӣ ё хатое мебуд, он яҳудиҳои кинаҷӯ ва кофироне, ки дар ҳама ҷо ҳастанд, ин хаторо эълон мекарданд.

Пас ин як рақобат буд, онҳо ё далеле бар хилофи гуфтаҳои ӯ (с.а.в) меоранд ва ё ӯ (с.а.в) бо онҳо ҷиҳод мекунад ва онҳо барои далел надоштанашон ҷангу ҳиҷратро ихтиёр карданд ва агар далеле хилофи гуфтаҳои ӯ (с.а.в) меёфтанд, барои онҳо аз додани ҷону мол ва дурӣ аз аҳл осонтар буд.

Дуюм. Ба сабаби пайиҳам тарҷума шудани Таврот, Инҷил ва Забур иштибоҳот ва суханон хатои муфассирин ҳангоми таъвил ва ё тафсири оятҳои он калимаҳои ғарибу аҷибе вориди онҳо шудаанд. Аз ин рӯ, эъҷозе, ки дар оятҳои Қуръон дида мешавад, дар оятҳои ин китобҳо дида намешавад, ба ғайр аз оне, ки ҷоҳилону бадхоҳон дар ин даврон дар онҳо таҳрифот ворид намуданд, ки таҳрифоти қаблиро зиёдтар мекунад. Алломаи Ҳиндӣ, ки баҳсҳое дар ин мавзӯъ бо олимони яҳуду масеҳӣ намудааст, барои онҳо ҳазорон таҳрифот дар китобҳои гузаштаашон пайдо намуд.[1]

Бо ин таҳрифоте, ки дар китобҳои онҳост, олими машҳур Ҳусайн Алҷиср дар асри ҳозир яксаду даҳ далел аз китобҳои худи онҳо бар паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) ҷамъоварӣ намудааст ва онро дар китоби худ бо номи “ар-Рисола ал-ҳамида” баён кардааст ва ин китобро марҳум Исмоил Ҳаққи ал-Маностарӣ ба забони туркӣ тарҷума кардааст ва ҳар ки мехоҳад, ба он китоб муроҷиат кунад.

Пӯшида нест, ки бисёре аз олимони яҳуду масеҳӣ ба ин иқрор доранд, ки авсофи Муҳаммад (с.а.в) дар китобҳои онҳо омадааст. Аз ҷумла, Ҳирақл аз подшоҳони Рум эътироф намуда мегӯяд: “Исо (а) ба омадани Муҳаммад мужда додааст”. Ҳамчунин подшоҳи Миср, Муқавқис, Ибни Суриё, Ибни Ахтаб ва бародараш Каъб ибни Асад, Зубайр ибни Ботиё ва ғайра аз олимони яҳуд эътироф кардаанд ва ҳамчунин сардорҳояшон мегуфтанд, ки бале авсофи ӯ (с.а.в) дар китобҳои мо зикр шудааст.

Аз тарафи дигар, бисёре аз олимони машҳури яҳуд ва масеҳӣ душманӣ ва якравиро як тараф андохта, нишонаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дар китобҳои худ пайдо намуданд ва ба ӯ (с.а.в) имон оварданд. Онҳо чунин далелҳоро барои дигар донишмандони худ низ баён намуданд.

Аз ҷумла, машҳур Абдуллоҳ ибни Салом, Ваҳҳаб ибни Мунаббаҳ, Абӯ Ёсир ва Шомул (Молики Яман дар замони Туббаъ буд. Туббаъ, ки пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) ғоибона ба ӯ имон овардааст ва Шомул ҳам…), Усайд ва Саълаба фарзандони Саъя буданд ки, Ибни Ҳайбон марди Худошиносе буд, ки пеш аз биъсат бар Бани Назир меҳмон шуда, ба онҳо гуфта буд:

“Паёмбаре ба наздикӣ зуҳур мекунад ва ин ҷо макони ҳиҷрати ӯст ва ӯ ин ҷо вафот хоҳад кард”.

Пас вақте, ки Паёмбар (с.а.в) ба онҳо меҷангид, мегуфтанд:

“Қасам ба Худо, ин ҳамон марде аст, ки Ибни Ҳайбон ба мо баён карда буд”. Аммо Бани Назир ба сухани ӯ аҳамият намедоданд ва аз ин сабаб, бар сари онҳо ҳамон балое омад, ки омад.

Ҳамчунин аз олимони яҳуд Ибни Ёсин, Мухайриқ, Каъбулахбор ва дигарон баъди дар китобҳои худ пайдо намудани васфи Паёмбар (с.а.в) имон оварда, барои дигарон ҳуҷҷат шуданд.

Аз ҷумлаи касоне, ки аз уламои насронӣ имон оварданд, Буҳайрои роҳиб аст. Дар достони ӯ зикр шудааст, ки замоне Паёмбар (с.а.в) дувоздаҳ сол дошт ва бо амуяш, Абӯтолиб ба Шом мерафт, Буҳайро ба хотири меҳмондории Паёмбар (с.а.в) барои аҳли корвони Қурайш таом дод. ӯ мушоҳида мекард, ки чӣ гуна абре бар болои ин корвон соя меафканад ва ба худ мегуфт он касе, ки ман дар ҷустуҷӯяш будам, ҳамон аст. ӯ нафареро барои ҳозир намудани ӯ фиристод ва ба Абӯтолиб гуфт, ки ӯ (с.а.в)-ро ба Макка баргадонад, зеро яҳуд ба ӯ макр мекунанд ва мо васфи ӯро дар Таврот хондаем.

Ҳамчунин Настурӣ ва подшоҳи Ҳабаша, Наҷҷошӣ вақте васфи ӯ (с.а.в)-ро дар Инҷил диданд, ба Паёмбар (с.а.в) имон оварданд. Олими машҳури насронӣ, Зағотир авсофи Паёмбар (с.а.в) -ро дар Рум бо далел эълон кард. Олими насронии машҳур, Ҳорис ибни Абӯшимри Ғассонӣ, роҳбарони рӯҳонӣ, подшоҳони Шом, Ҳирақл, Ибни Нозур, Ҷоруд ва дигарон, ки баъди он ки дар китобҳои худ васфи Паёмбар (с.а.в) -ро пайдо намуданд, имон оварданд. Аммо Ҳирақл барои ҳирсаш ба мулк имонашро зоҳир накард.

Ба монанди инҳо бисёриҳо имон оварданд. Аз ҷумла, Салмони форсӣ, ки дар ибтидо насронӣ буд ва чун аз васфи Паёмбар (с.а.в) бохабар шуд, дар ҷустуҷӯи ӯ буд ва чун ӯро пайдо намуд, ба ӯ имон овард. Ҳамчунин Тамим, ки хело олими машҳур буд ва Наҷҷошӣ подшоҳи Ҳабаша ва олимони масеҳӣ дар Наҷрон, ҳамаи онҳо бо иттифоқ хабар медиҳанд, ки мо баъд аз мушоҳидаи авсофи ӯ (с.а.в) дар китобҳои худ имон оварданд.

Сеюм. Барои мисол баъзе аз оётеро, ки ба омадани Паёмбар (с.а.в) дар Инҷил, Таврот ва Забур мужда медиҳанд,[2] баён мекунем:

Аввал. Ояте дар Забур аст:

маънояш чунин аст. “Парвардигоро, баъд аз замоне барои мо иҷрокунандаи суннатро бифрист” ва он Муҳаммад аст.

Ояти Инҷил:Исо гуфт:

Ман  меравам, то барои шумо Форақлит биояд,[3] яъне Муҳаммад (с.а.в.)

Ояти дигар аз Инҷил:

“Ман аз Парвардигорам талаб мекунам, то барои шумо Форақлитро бидиҳад ва бо шумо то абад боқӣ мемонад[4]. Форақлит, яъне байни ҳақ ва ботил фарқкунанда ва ин номи Паёмбар (с.а.в) дар он китобҳо мебошад.[5]

Ояти дигар аз Таврот:

“Худованд ба Иброҳим (а) фармуд дар воқеъ, Ҳоҷар фарзанде таваллуд мекунад ва аз фарзанди ӯ касе меояд, ки дасти ӯ болотар аз ҳама буда, дасти ҳамагон бо итоат ба сӯйи ӯ дароз мебошанд”.[6]

Ояти дигаре аз Таврот:

Ва Худованд гуфт: эй Мӯсо, ман барои онҳо аз насли бародарҳояшон паёмбаре мефиристам ва суханамро дар даҳони ӯ ҷой медиҳам ва ҳар, ки сухани Паёмбарамро намепазирад, ман аз ӯ интиқом мегирам”.[7]

Ояти сеюм дар Таврот:

“Мӯсо гуфт: “Парвардигоро, ман дар Таврот уммате меёбам, ки беҳтарин уммат аст, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва ба Худо имон доранд, пас онҳоро уммати ман бикун”, Худованд фармуд: “Онҳо уммати Муҳаммад мебошанд”.

Огоҳӣ. Китобҳо номи Муҳаммад (с.а.в)-ро бо номҳои сирёнӣ дар зимни номҳои ибрӣ баён кардаанд. Мисол, Мушаффаҳ, Мунҳамно, Ҳамёто ва дигар аз номҳо, ки маънои Муҳаммад (с.а.в)-ро дар арабӣ ифода мекунанд. Аммо худи номи Муҳаммад (с.а.в) сароҳатан баён нашудааст, магар хело кам ва мумкин яҳуд барои ҳасади худ онро таҳриф карда бошанд. Аз ин ҷумла, дар Забур ояте аст дар бораи нармии Муҳаммад (с.а.в):

Эй Довуд, баъд аз ту Паёмбаре меояд, ки Аҳмад, Муҳаммад, ростгӯ ва сайид аст ва умматаш некбахт аст”.

Пеш аз таҳрифи ин оят ва пеш аз он ки дасти бозингарон ба он расад, олимоне зиёде аз вуҷуди он эълон намуданд. Олимоне ба монанди Абдуллоҳ ибни Амр Ибни Ос, ки яке аз ҳафт Абдуллоҳи машҳур, ки аз китобҳои пешин маълумот доред, Абдуллоҳ ибни Салом, ки аз олимони яҳуд мебошад ва Каъбулахбор, ҳамаи инҳо ақида доранд, ки ин оят Мӯсо (а)-ро мавриди хитоб қарор дода, баъд хитобро ба тарафи паёмбаре, ки дар оянда омаданист, равона намуд.

Эй Паёмбар (с.а.в), мо туро ба ҳайси шоҳид, муждарасон ва огоҳкунанда роҳбари умиҳо фиристодаем. Ту бандаи Ман ҳастӣ, туро Мутаваккил ном ниҳодам. ӯ дурушт ва сиёҳдил нест, бозоргард нест, бадиро бо бадӣ посух намедиҳад, балки бахшишу афв мекунад, то оне, ки миллати гумроҳро ба ҷое расонад, ки ҳама гӯяндаи “Худо якка ва ягона аст”, Худованд ҷонашро намеситонад”.[8]

Ояти дигаре аз Таврот:

“Муҳаммад Паёмбари Худо аст ва дар Макка таваллуд мешавад ва ба Тайба ҳиҷрат мекунад ва мулки ӯ ба Шом мерасад ва уммати ӯ сипосгузоранд”. Ва ибораи Муҳаммад дар ин оят ба забони сирёнӣ омадааст.

Ҳамчунин ояти дигаре аз Таврот:

“Ту банда ва Паёмбари Ман мебошӣ, Ман туро Мутаваккил ном гузоштаам”. Ин оят хитоб ба касе аст, ки баъд аз Мӯсо (а) аз фарзандони Исмоил, ки онҳо бародарони фарзандони Исҳоқ мебошанд, далолат дорад.[9]

Ояти дигаре аз Таврот:

“Бандаи ман Мухтор, шахси сахт ва дурушт намебошад”.[10] Мухтор ин ҳамон Мустафо аст, номе аз номҳои Паёмбар (с.а.в) .

Дар Инҷил таърифҳои гуногун баён шудааст барои сарвари олам, ки баъди Исо (а) ба он мужда шудааст. Аз ҷумла:

“ӯ бо худ қитъаи оҳан дорад ва бо уммати худ ба воситаи он ҷанг мекунанд.” Қитъаи оҳан, яъне шамшер, яъне дар оянда касе меояд, ки соҳиби шамшер аст ва умматаш ба ҷиҳод амр шудааст. Ҳамчуноне ки Қуръон дар охири сураи “Фатҳ” дар васфи эшон мегӯяд:

 

 “Он сифоте, ки барои мӯъминон мазкур шуд, дар Тавроту Инҷил, ҳамчунин аст монанди зироъате, ки баровард гиёҳи сабзи худро, пас қавӣ сохт онро ва (оҳиста-оҳиста) ғафс шуд, пас росту муҳкам шуд (он шоха) бар танаи худ, ки дар ҳайрат меорад зироъаткунандагонро ва ба хашму ғазаб орад кофиронро” (Сураи “Фатҳ”, 29).

Ҳамчунин оятҳои зиёдест ба ин монанд, ки дар Инҷил омадаанд.[11]

Дар боби сиву сеюми аз китоби панҷуми Таврот ин оят омадааст: “Ҳақ Таъоло аз Тури Сино омад ва тулӯъ кард бар мо аз Соъиро ва аз кӯҳҳои Форон зуҳур шуд ва бо ӯ ҳазорҳо шахсони пок аз тарафи рости ӯ мебошанд”.

Ин оят, ҳамчуноне ки аз паёмбарии Мӯсо (а) хабар медиҳад ва он ҳам бошад бо омадани ҳақ аз Тури Сино, ҳамчунин аз паёмбарии Исо (а) ба баромадан аз Соъиро ва дар айни ҳол аз паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) ба пайдо шудани ҳақ аз кӯҳҳои Форон, ки бо иттифоқи ҳама он кӯҳҳои Ҳиҷоз мебошанд, хабар медиҳад. Пас оят дар ҳақиқат аз паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) хабар медиҳад. Аммо ибораи “Бо ӯ дар тарафи росташ ҳазорон шахсони пок аст,” ин тасдиқкунандаи оятҳои охири сураи “Фатҳ” аст,

Он сифоте, ки барои мӯъминон мазкур шуд, дар Тавроту Инҷил”, ки ёрони Паёмбар (с.а.в) -ро ба авлиёиву покӣ васф мекунад”.

Ин оят дар боби чилу дуюми китоби  Ашъиё омадааст: “Худованди пок дар охири замон баргузидаи худро мефиристад ва Ҷаброилро барои таълим додан ба назди ӯ равон мекунад ва баъд умматашро таълим медиҳад, ба ҳамон шакле, ки Ҷаброил ӯро таълим дода буд, дар миёни мардум адолатро ҷорӣ мекунад ва ӯ нурест, ки мардумро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Парвардигори ман, барои ман аз он чи рух медиҳад, омӯхтааст ва ман барои шумо мегӯям”, ин оят ошкоро авсофи Паёмбар (с.а.в) -ро баён мекунад.

Дар боби чаҳоруми китоби Михоил ояти зерин омадааст: “Дар охири замон уммати раҳмшудае меояд, ки Ҳақро мепарастанд ва кӯҳи муқаддасро интихоб мекунанд ва мардуми зиёде онҷо аз тамоми манотиқ ҷамъ шуда, Худоро ибодат мекунанд ва ба ӯ ширк намеоранд”.

Ин оят аз Арафот хабар медиҳад ва мардуми зиёд ҳоҷиёне мебошанд, ки қасди ин кӯҳи муқаддасро мекунанд ва уммати раҳмшуда ин уммати Муҳаммад (с.а.в.) мебошад, зеро ин сифатҳо ҳама шиори онҳост.

Дар боби ҳафтоду дуюми Забур ин оят омадааст: “ӯ аз баҳр то баҳр ва аз дарё то дуртарин замин соҳиб мешавад ва аз Яману ҷазираҳо барои ӯ ҳадяҳо меоранд ва подшоҳон ба ӯ саҷда мекунанд ва сар хам мекунанд, ҳар вақт бар ӯ салавот мефиристанд ва ҳар рӯз бар ӯ дуои баракат мекунанд, аз Мадина нури ӯ медурахшад ва то абад ёди ӯ боқӣ мемонад ва номи ӯ пеш аз офариниши Офтоб вуҷуд дошт ва то замоне Офтоб ҳаст, номи ӯ боқӣ мемонад”.

Ин оят сароҳатан дар васфи Паёмбар (с.а.в) аст. Оё Паёмбар (с.а.в) баъд аз Довуд (а) наомадааст, ки динашро дар шарқу ғарб паҳн карда, подшоҳон бо сари хам барояш ҷизя медиҳанду султонҳо аз муҳаббат дар пеши ӯ сархаманд ва ҳар рӯз барои ӯ панҷяки башар дуруду салавот мефиристанд ва нури ӯ аз Мадина берун шуда аст? Оё ғайри ӯ дигаре ҳаст?

Дар ояти бистуми боби чордаҳуми Инҷили Юҳанно, ки ба забони туркӣ тарҷума шудааст, чунин омадааст: “Ман бо шумо зиёд сухан намекунам, барои он ки сарвари олам меояд ва дар назди ман монанди ӯ чизе нест.”[12]

Пас ибораи сарвари олам ҳамон ифтихори олам аст ва ин унвони машҳур аст барои Паёмбарамон (с.а.в).

Дар ояти ҳафтуми боби шонздаҳуми инҷили Юҳанно омадааст: “Вале ман барои шумо ҳақро мегӯям. Барои шумо беҳтар он аст, ки ман биравам, зеро агар ман наравам, иззатбахш намеояд.”[13]

Ояти ҳаштум аз боби шонздаҳуми Инҷили Юҳанно мегӯяд: “Ҳар вақт ӯ меояд, оламро бар диндорӣ, некӣ ва ростӣ қарор медиҳад”. Он касе, ки фасоди оламро ба салоҳ мубаддал мекунад ва мардумро аз гуноҳу ширк наҷот медиҳад ва асоси ҳокимияти оламро тағйир медиҳад, оё ғайри Муҳаммад каси дигаре ҳаст?

Ояти ёздаҳум аз боби шонздаҳуми Инҷили Юҳанно: “Замони омадани сарвари олам расидааст” ё “Ва аммо агар аз наздик шудан бошад, пас омадани сарвари олам наздик аст”. Пас бояд мурод аз сарвари олам[14] Муҳаммад (с.а.в) бошад .

Ояти сездаҳуми боби шонздаҳум аз Инҷили Юҳанно: “Агар рӯҳи ҳақ ояд, шуморо ба сӯйи ҳақ ҳидоят мекунад, зеро ӯ аз назди худаш сухан намегӯяд, балки аз ҳар чи ба ӯ ваҳй мешавад, сухан мегӯяд ва аз масъалаҳои оянда ба шумо хабар медиҳад”. Ин оят сароҳатан дар фазли Муҳаммад (с.а.в) аст, зеро ғайри ӯ кист, ки кулли башариятро ба сӯйи ҳақ даъват кардааст ва гуфтаҳояш ҳамеша бо ваҳй бошад ва чизеро аз Ҷаброил шунид, баён мекунад? Кист ғайри ӯ, ки мардумро воқеаҳои оянда пурра хабар намояд?

Баъди ин ҳам дар саҳифаҳои дигар Паёмбар (с.а.в)они гузашта номҳоеро аз Паёмбар (с.а.в) метавон пайдо кард, ки маънои Муҳаммад, Аҳмад, Мухтор ва Мустафоро ифода мекунад ва ин номҳо ба забони ибрӣ ва сирёнӣ мебошад.

Масалан, дар саҳифаи Шуайб (а) Мушаффаҳ омадааст, ки маънои Муҳаммадро ифода мекунад. Дар Таврот Мунҳаманно аст, ки маънои Муҳаммадро дорад, аммо дар Забур Ҳимёто вуҷуд дорад ва маънояш Паёмбари Ҳарам аст ва ҳамчунин Мухтор низ дар ин китоб зикр шудааст. Дар Таврот номи Ҳотам, Хотам омадааст ва Муқимуссунна дар Тавроту Инҷил зикр шудааст. Аммо дар саҳифаҳои Иброҳим (а) ва Таврот Мозмоз зикр шудааст ва ҳамчунин дар Таврот Уҳид омадааст.

Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

“Номи ман дар Қуръон Муҳаммад, дар Инҷил Аҳмад ва дар Таврот Уҳид мебошад ва бар ин хотир, Уҳид номида шудам, ки дар рӯзи қиёмат оташи Дӯзахро аз умматам дур мекунам”.[15] Ҳамчунин аз ҷумлаи дигар номҳои Паёмбар (с.а.в), ки дар Инҷил зикр шудааст, ин “соҳиби оҳан” аст. Пас, шак нест, ки аз миёни тамоми паёмбарон танҳо Паёмбар (с.а.в) ба воситаи ҷиҳод ва ҷиҳоди умматонаш фазилати бештар дорад. Ҳамчунин аз номҳои зикршудаи Паёмбар (с.а.в) дар Инҷил ин “соҳиби тоҷ” мебошад ва ин сифат хос ба Паёмбар (с.а.в) аст, зеро қавми араб танҳо маъруф ба дастор мебошанд, на дигар умматҳо. Тоҷ ё дастор ҳарду ба як маъно омадааст. Соҳиби тоҷ, ки дар Инҷил зикр шудааст, ғайри Паёмбар (с.а.в) дигар касе нест.

Дар Инҷил ҳамчунин номҳои ал-Борақлит ё ал-Форақлит омадааст, ки маънои ҳарду, ҳамчуноне ки дар тафсири Инҷил омадааст, фарқкунанда байни ҳақ ва ботил мебошад ва ин яке аз номҳои Паёмбар (с.а.в) аст, ки мардумро ба ростӣ даъват мекунад.

Исо (а) дар Инҷил фармудааст: “Ман меравам, то сарвари олам биояд.” Оё баъд аз Исо (а) касе ҷуз Муҳаммад (с.а.в) омадааст ва дар олам ҳақро аз ботил ҷудо намуда, мардумро ба хайру салоҳ хондааст? Яъне Исо (а) ҳамеша мужда медод, ки баъди ман паёмбаре меояд ва ман муқаддимаи ӯ мебошам ва дигар ҳоҷате ба мисли ман нест. Чуноне ки Қуръон инро дар сураи “Саф” (ояи 6) баён кардааст:

 “Ва ҳангоме Исо ба Бани Исроил фармуд: Ман Паёмбари Худоям, ба сӯйи шумо ва тасдиқкунандаи он чи дар пеши ман аст, аз Таврот ва муждадиҳандаам ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номи ӯ Аҳмад аст”.

Бале, Исо (а) умматони худро хело зиёд аз омадани сарвари олам[16] ва роҳбари он мужда додааст ва онро бо номҳои гуногуни ибрӣ ва сирёнӣ баён намудааст. Муҳаққиқон мегӯянд маъонии ин номҳо баёнгари Аҳмад, Муҳаммад ва фарқкунанда байни ҳақ ва ботил мебошанд.

Савол: Чаро Исо (а) нисбат ба дигар паёмбарон аз омадани Паёмбар (с.а.в) бештар мужда додааст, дар ҳоле ки дигарон танҳо хабар додаанд?

Ҷавоб: Зеро Паёмбари акрам (с.а.в) Исо (а)-ро аз бисёр дурӯғ ва тӯҳматҳои яҳуд раҳо медиҳад, ҳамчунин дини ӯро аз таҳрифҳои бад наҷот дод, дар ҳоле ки Паёмбар (с.а.в) бо дини азиме омад, ки он ҷойгузине барои шариати яҳуд буд, ки ба Исо (а) имон надоштанд ва дигар бани Исроилро, ки ба ӯ имон меоварданд, озор медоданд. Ин шариати Ислом ҷомеъ ва пуркунанда аст барои он чизе, ки дар шариати Исо (а) нокомил монда буд. Инҷо аст, ки Исо ба омадани ин сарвари олам мужда медиҳад.

Ҳамин тариқ, мо мебинем, ки Таврот, Инҷил ва дигар саҳифаҳои паёмбарон ба паёмбари охири замон аҳамият додаанд ва оятҳои он китобҳо сифатҳои бешумори ӯро овардаанд. Пас, ин паёмбари охирзамон, ки ин китобҳо дар ояҳои зиёд ӯро васф кардаанд, ғайри Муҳаммад (с.а.в) оё каси дигаре мебошад!

Саъид Нурсӣ

 

[1] (1818-1891) ӯ инро дар китоби машҳури худ бо номи «Изҳори ҳақ», ки аз дақиқтарин китоб дар бораи интиқоди Тавроту Инҷил ба шумор меравад, овардааст. Сабаби таълифи ин китоб дар он буд, ки ҳангоми ишѓол намудани Ҳинд аз тарафи Англия доиёни масеҳӣ бошиддат ба муқобили ислом ҳуҷумҳо намуданд. Олимони мусалмони зиёде бо онҳо бархӯрд менамуданд ва нахустин мубоҳисаи расмӣ миёни доиёни масеҳӣ ва муаллифи ин китоб дар 10/03/1854 баргузор шуд. Ин мубоҳисаҳо навишта мешуданд ва дар он бузургони Ҳинд ширкат менамуданд ва натиҷа он шуд, ки доии масеҳӣ баъди он ки ҳуҷҷатҳоро шунид, натавонист баҳсро идома диҳад ва аз баҳс даст кашид. Аломмаи марҳум баъди инқилоби Ҳинд ба муқобили Англия дар соли 1857 ба Макка ҳиҷрат намуданд ва ба султон Абдулазизхон ва баъди ӯ бо султон Абдулҳамиди дуюм мулоқот намуд. Баъди ин ӯ китоби худ, “Изҳорул ҳақ”-ро дар Истанбул таълиф намуданд ва он ба чандин забонҳо тарҷума шудааст. Эшон аст, ки дар Макка мадрасаи Савлаиро таъсис додаанд, ки то кунун арзи ҳастӣ дорад. Муаллиф (аз китоби бузургтарин муҷоҳид дар таърих Шайхи марҳум аст. Тарҷумаи урдуии он аз Аҳмад Ҳиҷозӣ Ассақо. Мутарҷим).

[2] Устод бештарини ин оятҳоро бо забони арабӣ овардааст ва вақте ман талош намудам, то ҳар оятро ба сарчашмааш дар Инҷил бозгардонам, дидам, ки дар миёни нусхаҳо ва чопҳои он ихтилоф хело зиёд аст ва дар тарҷумаи онҳо низ фарқият хело бузург мушоҳида мешавад, бо вуҷуди он ки мафҳуми асосиро аз даст надоданд. Барои ҳамин, ман онро ба ҳамон тавре меорам, ки устод баён намудааст, то асл маҳфуз бимонад (тарҷумон).

[3] Инҷили Юҳано. Исҳоҳи чордаҳум (тарҷумон).

[4]  Инҷили Юҳано. Исҳоҳи чордаҳум (тарҷумон).

[5] Вале чунончӣ бармеояд, тарҷумонҳо ибораи Форақлитро дар тарҷумаи Инҷил тарк намуданд ва сабаби ин дар он аст, ки ин ибора дар назди мусалмонон    ҳазрати Муҳаммад маъруф ва маълум аст. Ҳиндии марҳум дар «Изҳори ҳақ» ихтилофоти тарҷумаҳоро дар чопҳои гуногун  ва ҳатто қадимтарин нусхаҳо  пайгирӣ намуда буд (тарҷумон).

[6] Сифри Ҳастӣ, Исҳоҳи Ҳабдаҳум (тарҷумон).

[7] Сифри Ҳастӣ, Исҳоҳи Ҳаждаҳум (тарҷумон).

[8] Ашъиё, Исҳоҳи 42 (тарҷумон).

[9] Сифри Тасния, исҳоҳи ҳаждаҳум (тарҷумон).

[10] Сифри Тасния, исҳоҳи ҳаждаҳум (тарҷумон).

[11] Муаллиф чунин оятҳоро бо забони туркӣ меорад ва ба макони он ишорат мекунад.

[12] Ояти сиюми Исҳоҳи чордаҳум аз Инҷили Юҳино (чопи ҷамъиятҳои китоби муқаддас). Тарҷумон.

[13] Дар чопи Мусал аз соли 1876 омадааст: «Форқалит барои шумо намеояд». Тарҷумон.

[14] Бале, чӣ бузург сарварест, ки дар ҳар аср сесаду панҷоҳ миллион шахс ва дар тӯли сездаҳ аср бо тоат ва муҳаббати худ аз ӯ пайравӣ мекунанд ва ҳамарӯза бо салом додан  бо ӯ таҷдиди байъат мекунанд.

[15] Ҳадисро Ибни Аббос ривоят кардааст («ал-анворул Муҳаммадия минал мавоҳибил маданияҳ», 143). Тарҷумон.

[16] Сайёҳи машҳури турк,   Авлиёи Челебӣ  дар мақбараи Шамъун, китоби Инҷилеро пайдо намуд, ки дар он ин оят навишта шуда буд “(Итун) Мавлуд (Озарбиюн) аз насли Иброҳим (Бруфтун) Паёмбар (с.а.в) мешавад (Луѓаслин) ӯ дурӯѓгӯ нест (Ибнит афанзулот) дар Макка таваллуд мешавад (Каҳколушер) салоҳу некиро меорад (Тунуманин) номи ӯ пурбаракат аст (Мавомит) Аҳмаду Муҳаммад (калимаи Мавомит таҳрифшудаи Муҳаммад аст) (Эсфидус) касоне бо ӯянд ва ӯро пайравӣ мекунанд (Токардис) онҳо асоси ин ҷаҳонанд (Бейст бес) ӯ сарвари ин олам аст” (Муаллиф).

 



Мақолаҳо