Ӯ бақову лиқо ва Ҷаннату ризои Худоро металабад…

Аҷабо! Ин шахсе, ки дар рӯйи Замин аст, ин ҳама беҳтарини одамонро атрофи худ ҷамъ намудасту дастонашро ба тарафи Арш бардошта дуо мекунад ва ҷину инс ба он омин мегӯянд, чӣ мехоҳад? Аз корҳояш фаҳмида мешавад, ки ӯ шарафи инсонияту ягонагии кавну макон ва фахри табиат дар ҳама аҳвол аст ва бо ҳама номҳои қудсии Худо, ки дар мавҷудот зоҳир аст, талаби шафоат мекунад, балки ҳатто он номҳо низ талаби дуо мекунанд ва айни чизеро, ки ӯ мехоҳад, онҳо низ мехоҳанд.

Пас, бишнав! ӯ бақову лиқо ва Ҷаннату ризои Худоро металабад. Агар он сабабҳои бешуморе, ки боиси саодати абадӣ мегарданд, ба монанди раҳмату иноят, ҳикмату адолат, ки ҳамагон онро медонанд, намебуд, ба маънои он ки ҳеҷ раҳмату инояту ҳикмату адолат намемонд ва ҳамчунин ин ҳама номҳои пок, ки саодатро талаб мекунанд, намебуд, ҳамон дуои ин шахси нуронӣ кофӣ буд, то Худованд барои сохтани Биҳишт барои ӯ ва ҳамҷинсонаш ба вуҷуд биёварад ва ҳар баҳор барои мо Биҳиште, ки бо офаридаҳои гуногунаш зебо шудааст, бино кунад. Ҳамон гуна ки рисолати ӯ сабаби боз шудани ин олам ба имтиҳону ибодат шуд, ҳамин гуна дуои ӯ сабабе барои мукофот ва ҷазо дар қиёмат хоҳад гардид. Пас, оё мумкин аст, ки дар ин низоми олӣ ва ин раҳмати кушоди бепоён ва дар ин зебогие, ки бадие надорад, ба дараҷае, ки Имом Ғаззолиро ба нутқ даровардааст, ки мегӯяд:

لَيْسَ فِى اْلاِمْكَانِ اَبْدَعُ مِمَّا كَانَ
 “Дар имкони касе ба вуҷуд овардани зеботар аз он нест”, чизе ворид шавад, ки ин ҳақиқатро ба бадию зиштӣ, зулму ситам ва ташвиши бузург мубаддал созад, яъне ба он расонад, ки қиёмат наояд? Зеро Худованд пасттарин овозро аз заифтарин шахс ва дар ночизтарин ҳоҷат мешунавад ва ба аҳаммияти пурра онро иҷобат мекунад, дар ҳоле ки садои баланд ва дуои боҳоҷатро иҷобат накунад ва он ҳам бошад, дар беҳтарин амалу умед. Табиист, ки чунин бадӣ вуҷуд надорад ва нуқсоне аст, ки аз он ноқистар нест ва ҳеҷ гоҳ чунин намешавад ва Худо аз ин пок аст. Ин зебогии бекамбуд ҳеҷ гоҳ чунин бадиеро қабул намекунад.
Пас, эй дӯст! Дар ин сайри аҷиб оё ҳамаи ин мушоҳидаҳо барои ту кофӣ нест? Аз ин бештар донистан имкон надорад ва агар дар ин Ҷазира муддати сад сол бимонӣ, наметавонӣ кулли масъаларо дарк намоӣ ва ҳатто наметавонӣ як фисади корҳои аҷиби ӯ ва фаъолиятҳои ҳайратовару ғароиби ӯро пурра дарк намоӣ. Оҳиста-оҳиста ба қафо бармегардем ва ба ҳар аср дар алоҳидагӣ менигарем, ки чи гуна аз файзи он аср рост ва пурфайз шуданд?
Бале, дар ҳар аср гузаре мекунем, мебинем, ки гулҳояшро бо офтоби асри саодат шукуфонидааст ва ҳар асре амсоли Абӯҳанифа, Шофеъӣ, Абӯязиди Бастомӣ, Ҷунайд, шайх Ҷайлонӣ, Имом Ғазолӣ, Шоҳ Нақшбандӣ, Имом Раббонӣ ва ҳазорон чароғони дигар ба монанди онҳоро аз файзи ҳидояти он марди нуронӣ чун самара ба бор овардааст. Муфассал дар бораи ин чароғон сухан гуфтанро ба ҷойи дигар мегузорем ва бар он шахсияти роҳнамои нуронӣ ва соҳиби муъҷизаҳо дуруду салавот мефиристем, ки ишора ба қисме аз муъҷизаҳои ӯ дорад.

* Бар он нафаре, ки аз Арши бузург Худованди бахшандаи меҳрубон Қуръонро ба ӯ нозил кард.

* Ба Муҳаммад миллионҳо дуруду салом ба теъдоди накӯиҳои умматаш.

* Дуруд бар касе, ки рисолати ӯ аз ҷониби Тавроту Инҷил, Забур ва дигар китобҳои пешин хабар дода шудааст.

* Нишонаҳои паёмбарӣ, садоҳои ҷин, авлиёи инс, коҳинони башар ба паёмбарии ӯ мужда додаанд, моҳтоб бо ишораи ӯ ду пора гардид. Ба теъдоди нафасҳои умматаш ҳазор-ҳазор дуруду салом ба сарварамон Муҳаммад (с.а.в).

* Дуруд бар касе, ки бо фарёди ӯ дарахт ҳозир мешуд, борон фавран меборид, абрҳо дар гармҳо бар ӯ соя меафканданд, аз табақи ӯ садҳо инсонҳо сер мешуд, аз миёни ангуштонаш се маротиба чун Кавсар об ҷорӣ шуд, Худованд барои ӯ келос, оҳу, гург, шутур, асп, санг, кӯҳ, дарахт ва ғайраро ба забон даровард.

* Соҳиби меъроҷ ва расидан ба қурби илоҳӣ.

* Бар Муҳаммад (с.а.в.) сарвар ва шафиъи мо ҳазору ҳазор дуруду салом, ба теъдоди ҳарфҳои шаклгирифта дар ибораҳои мардум, ки бо дастури Худованд дар оинаи мавҷҳои ҳаво ҳангоми хондани ҳар калимаи Қуръон аз ҳар қорӣ ва аз аввали нозил шудани он то охири замон паҳн мегардад. Парврдигоро, моро ба ҳар дуруди он мавриди раҳмат ва мағфирати хеш қарор бидеҳ. Омин.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо