Ҳаёт, нуронитарин, зеботарин мӯъҷизоти қудрати Раббонӣ мебошад…

Панҷараи бисту сеюм

اَلَّذٖى خَلَقَ الْمَوْتَ وَالْحَيٰوةَ

Ҳаёт, нуронитарин, зеботарин мӯъҷизоти қудрати Раббонӣ мебошад. Ва ҷомеътарин ва равшантарин оинаҳои таҷалиёти Самадонӣ мебошад. Бале ҳаёт, бо танҳои Ҳайи Қайюмро бо тамоми исмҳо ва шууноташ мефаҳмонад. Чунки ҳаёт, як зиё, тирёқест (даво), ки ба ҳукми як маъҷуни мамзуч (якҷо шуда) аз хелеҳо сафон (сифатҳо) мебошад. Алвони сабъа дар зиё, яъне ҳафт ранг дар рушни ва мухталиф давоҳо дар тирёқ чигунна, ки мунтазиҷан яъне ба шакли махлут ёфт мешавад; онгуна низ ҳаёт, як ҳақиқатест, ки аз хелеҳо сифатҳои зиёд сохта шудааст. Як қисми сифатҳо яке дар он ҳақиқат аст, бо воситаи ҳисҳо инбасот намуда, инкишоф карда ҷудо мешаванд. Қисми аксари он сифатҳо бошад, ба сурати ҳиссиёти худашро эҳсос хоҳанд кард ва худашро ба сурати аз ҳаёт ҷӯшон хоҳанд фаҳмонд.

Ҳам ҳаёт, ризқ ва раҳмат ва иноят ва ҳикмат, ки дар тадбир ва идораи коинот ҳукм фармост тазмин мекунад. Гуё ҳаёт, онҳоро ба ақби худ гирифта, ба ҷое ки дохил мешавад онҳоро низ дар онҷо мекушад. Масалан: Ҳаёт вақте, ки ба як ҷисм, ба як бадан дохил шавад, исми Ҳаким низ таҷалли мекунад. Ошёнаи ҳаётро бо ҳикмат бо диққат сохта танзим мекунад. Дар айни ҳол исми Карим низ таҷалли намуда маскани он ҳаётро, назар ба ҳоҷати худаш тартиб ва тазъин мекунад. Боз дар айни ҳол ҷилваи исми Раҳим дида мешавад, ки барои идома ва камоли он ҳаёт бо навъҳо ва қисмҳои эҳсонот талтиф (лутф) мекунад. Боз дар ин ҳол ҷилва исми Раззоқ дида мешавад, ки ба бақо ва инкишофи он ҳаёт лозим аъзоҳои моддӣ ва маънавӣ мерасонад ва қисман дар баданаш идхор мекунад, яъне зоҳира мекунад. Пас ҳаёт, ба ҳукми нуқти меҳроқия (марказ); мухталаф сифат ба дохили якдигар дохилин мешаванд, балки айни якдигар мешаванд. Гӯё ҳаёт тамоман ҳам илмаст, дар айни ҳол қудрат аст, ва дар айни ҳол низ ҳикмат ва раҳмат аст ва ҳоказо… Инак ҳаёт бо эътибори ин маҳияти ҷомеъи худ, як ойнаи Самадонӣ мебошад ки бо шууни Зоти Раббонӣ ойнадори мекунад инак аз ин сирр мебошад, ки Воҷиб-ул Вуҷуде ки Ҳаййи Қайюм аст, ҳаётро хелеҳо бо касрат ва бо мабазулит (арзон) ва фаровони офарида, нашр ва ташхир мекунад. Ва ҳар чизро дар атрофии ҳаёт ҷомеъ намуда, ба он ҳаёт ҳизматкор менамоид. Чунки вазифаи ҳаёт бузург аст.

Бале, оинаи Самадит шудан як чизи осон нест, як вазифаи одӣ нест. Инак ин ҳаётҳои нав ба нав ки ба ҳад ва ҳисоб намеоянд ва рӯҳҳо ки аслҳо ва зотҳои ҳаётанд, дар пеши чашмони худ ҳар вақт мебинем; якбора ва аз ҳеҷ ба вуҷуд омадани инҳо, вуҷуби вуҷуд ва сифати қудсӣ ва асмои ҳуснӣ яъне исмҳои зебои як Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд ва Ҳаййи Қайюм, монанди ламъоти офтоб яъне монанди дурахшишҳои офтоб, чунонки офтобро нишон медиҳад, он вуҷуби вуҷуд ва сифати қуддусӣ ва асмои ҳуснӣ як Зоти Воҷиб-ул Вуҷудро ва Ҳаййи Қайюмро нишон медиҳад. Одаме ки осмонро намешиносад ва қабул намекунад, читур равшание ки рӯзро пуркардааст, ба инкор кардани он рӯзи равшан маҷбур мешавад. Онгуна низ, одаме ки Шамси Аҳдият ки Ҳаййи Қайюм ва Муҳйӣ ва Мумит аст нашиносат, рӯйи заминро балки вуҷуди зиҳаётҳое, ки гузаштаву ояндаро пур кардааст инкор бояд кунад ва аз ҳайвон сад дараҷа паст шуда, аз мартабаи ҳаёт суқут намуда ҷомид як ҷоҳили ҷоҳилтар бояд шавад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*