Ҳазрати Ғавси Аъзам гуфтанд: “Кадом вақте, ки фарзанди ту ба ин мартаба расид, он замон ў низ мурғ хўрад.”

НУҚТАИ СЕЮМ

Дар нуқтаи дуюм гуфта шуд; қувваи зоиқа дарбонаст, бале, барои аҳли ғафлату инсонҳое, ки рўҳашон тараққӣ наёфта, дар маслаки шукр ҳаракат накардаанд, дар ҳукми дарбонаст, барои лаззат бурдани ў набояд ба исрофҳо ва арзиши даҳ баробар рў овард.

Танҳо барои аҳли шукр, аҳли ҳақиқат ва аҳли дили воқеъӣ ҳамон тавр, ки дар муқоисаи «Гуфтори Шашум» баён шуд қувваи зоиқаи чунин афрод, дар ҳукми назоратчӣ ва муфаттиши ошпазхонаи раҳмати Илоҳӣ мебошад. Он қувваи зоиқа бо санҷиш ва шинохти анвоъи неъматҳои Илоҳӣ ба мизони теъдоди таъомҳо, як шукри маънавиро ба бадану меъда хабар медиҳад. Пас, дар ин сурат қувваи зоиқа танҳо ба ҷасади моддӣ назар надорад, балки ба қалб, рўҳ, ақл низ назар дорад, пас ҳукми волотар аз меъда мақоми баландтар дорад.

Ба шарти исроф накардан, адои вазифаи шукр, эҳсоси неъматҳои Илоҳӣ, донистани он ба шарте ки машрўъ буда сабаби зиллату гадоӣ нашаванд, метавонад лаззати онҳоро бичашад. Барои он ки аз забоне, ки қувваи зоиқаро бо худ дорад, дар шукр истифода шавад, метавон таомҳои лазизро тарҷеҳ диҳад.

Яке аз рўхдодҳо, кароматҳои Ҳазрати Ғавс (қ.с.)ро, ки ба ин ҳақиқат ишора дорад, баён мекунем: Замоне назди ҳазрати Ғавси Аъзам Шайхи Гелонӣ (қ.с.) фарзанди як хонум тарбия мешуд, рўзе он мўҳтарам ба ҳуҷраи фарзандаш рафт, фарзандашро дид, ки як пора нони сиёҳи хушк мехўрад ва ба сабаби риёзат лоғар шуда буд, муҳаббати модариаш ҷўш зада ранҷид, сипас барои шикоят назди Ҳазрати Ғавс рафта дид, ки Ҳазрати Ғавс мурғи бирён мехўрад, ноз карду гўфт:

“Ё Устод! Фарзанди ман аз гуруснагӣ мемирад, шумо бошед мурғ мехўред!”

Ҳазрати Ғавс ба мурғ гўфт: «Қум биизниллаҳ» устухонҳои он мурғи бирёншуда ҷамъ шуд ва мурғ зинда шуда парид, ин ҳодисаро зотҳои мўътамад ва сиқаи бисёр, ба унвони каромати Ҳазрати Ғавс, ки дар дунё ба соҳиби кароматҳои хориқу-л одае машҳур аст, нақл кардаанд.

Ҳазрати Ғавс гуфтанд: “Кадом вақте, ки фарзанди ту ба ин мартаба расид, он замон ў низ мурғ хўрад.”

Маънои ин дастури Ҳазрати Ғавс инаст: Ҳарвақт фарзанди ту тавонист рўҳаш ба ҷасадаш, қалбаш ба нафсашро, ақлаш ба меъдааш ҳоким шавад ва лаззатро барои шукр бихоҳад, он вақт ў низ метавонад чизҳои лазизро бихўрад…

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*