«Қустантиния ба зудӣ фатҳ мешавад, беҳтарин амир амири он ва беҳтарин лашкар он лашкар аст»…

ИШОРАИ ШАШУМ

 

Дар хабари собит омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Фотима чунин хабар додаст, ки:  

«Аввалин кассе хоҳад буд, ки аз хонадонаш баъд аз фавти ӯ ба ӯ мепайвандад» Яъне аввалин касе аст, ки баъди даргузаштани Паёмбар (с.а.в) аз хонадонаш мемирад. Ин пешбинии Паёмбар (с.а.в) баъди шаш моҳ рух дод.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Абӯзар дар хусуси рондани ӯ, яъне аз Мадина хабар дода буд, ва ҳамчунин аз оне, ки:

      سَتُخْرَجُ مِنْ هُنَا وَتَعِيشُ وَحْدَكَ وَتَمُوتُ وَحْدَكَ    

«ӯ танҳо зиндагӣ мекунаду танҳо мемирад». Баъд аз бист сол, ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в) гуфта буд, воқеъ шуд.

Ҳамчунин ривоят шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) дар хонаи Умми Ҳаром (холаи Анас ибни Молик) аз хоб бо табассум бедор шуда, чунин гуфтанд:

«Мардумоне аз умматамро дидам, ки бар болои Баҳр чун подшоҳон дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд». Умми Ҳаром гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с.а.в), дуо кун, то ман ҳам аз ҷумлаи онҳо бошам». Паёмбар (с.а.в) барои ӯ дуо кард. Баъди чил сол ҳамроҳи шавҳараш Убода ибни Сомит ба фатҳи Қибрис рафтанд ва дар он ҷо вафот намуд. Ва то ҳол қабри ӯ он ҷо маъруф асту мардумон онро зиёрат мекунанд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Дар Қабилаи Сақиф як дурӯғгӯ ва як хунхор мебошад». Паёмбар (с.а.в) дар ин ҳадис аз Мухтор, ки хело машҳур буда, даъвои паёмбарӣ намуд, ва аз хунхор, Ҳаҷҷоҷи золим, ки сад ҳазор одамро кушта буд, хабар додааст.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

«Қустантиния ба зудӣ фатҳ мешавад, беҳтарин амир амири он ва беҳтарин лашкар он лашкар аст». Бо ин ҳадиси худ Паёмбар (с.а.в) хабар додааст, ки шаҳри Истанбул бо дасти мусулмонон озод мешаванд ва барои Ҳазрати Султони Муҳаммад Фотеҳ мартабаи бузурге аст, ва ҳамин гуна ҳам шуд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

«Агар дин дар Сурайё бошад, онро мардоне аз аҳли Форс ба даст меоранд». Ишора ба донишмандон ва авлиёест, ки дар Форс мебошанд, ба монанди Имом Абӯҳанифа.

Ҳамчунин фармуданд:

«Олими Қурайш кулли табақаҳои заминро пур аз илм мекунад», ишора ба Имом Шофеӣ аст.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) хабар додааст, ки

«Уммати Ислом ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим мешавад ва аз миёни онҳо гурӯҳи аҳли суннат ва ҷамоат бар ҳақ аст».

 

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Ҷамоати қадария маҷусони ин умматанд», ишорае ба тоифаи қадария, ки мункирони тақдир мебошанд ва ҳамчунин аз рофизиҳо хабар дода баён кардааст, ки онҳо ба гурӯҳҳои гуногуну зиёд тақсим мешаванд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) дар хусуси гурӯҳҳои зиёде хабар додааст. Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ чизе ба ин маъно гуфтааст: «Қиссаи ту монанди Исо (а) аст, ту сабаби ҳалоки ду ҷамъи бузурге аз мардум мешавӣ: яке онҳо, ки дар муҳаббати ту  ва дигаре  дар адовати ту ифрот мекунанд. Ҳамчуноне ки масеҳиён дар муҳаббати

Исо(а) ифрот намуда, аз ҳади машруъ баромаданд ва бо ин амали худ ҳалок шуданд ва ҳамчуноне ки мегуфтанд Исо (а) писари Худо аст (наузу биллоҳ), аммо яҳудиҳо бошанд дар душмании ӯ аз ҳад баромада, Паёмбарӣ ва шаъни баланди ӯро инкор менамуданд». Яъне дар бораи муҳаббати ту низ баъзе мардум аз ҳади шаръӣ баромада, ҳалок мешаванд, зеро Паёмбар (с.а.в) дар ҳақи онҳо гуфтааст:

“Онҳо набзе доранд ва ба онҳо «рофиза» гуфта мешавад”. Аммо гурӯҳи дигаре бо душманӣ намудан бо ӯ ҳалок мешаванд ва онҳо ҳавориҷ ва гурӯҳе аз дӯстдорони ифротии уммавиҳо буданд, ки ба онҳо «носиба» гуфта мешуд.

Агар гуфта шавад, ки Қуръони карим ба муҳаббати оли байт амр мекунад ва Паёмбар (с.а.в) дар аҳодиси зиёде ба он таъкид намудааст, пас муҳибон ҳамеша шефта ва масти маҳбуби худ мебошанд. Пас, ин муҳаббат барои дӯстдорон ҷоиз аст ва дӯстдорон маъзуранд. Пас, чаро шиъа ва ба алалхусус рофизиҳо аз ин муҳаббат истифода набаранд ва чаро ин намуд муҳаббат онҳоро аз азоб наҷот надиҳад?

Ҷавоб. Муҳаббат ду қисм аст: якум, муҳаббат бо маъноӣ луғавии он ва он муҳаббати Алӣ, Ҳасан, Ҳусайн ва аҳли байти Паёмбар (с.а.в) аст, ки хос барои Худо, Паёмбар (с.а.в) ва дар роҳи ризои онҳо мебошад. Ин намуд муҳаббат, муҳаббати Паёмбар (с.а.в) -ро афзун намуда, василае барои пайдо намудани муҳаббати Худованд аст ва ин гуна муҳаббат машруъ ва дуруст аст. Ифрот намудан дар он зараре надорад, зеро он аз ҳади шаръӣ набаромада аст ва боиси бад кардан ва ё душманӣ бо дигарон нагардида ва дуюм, муҳаббат бо маъноӣ истилоҳӣ, яъне муҳаббати табии онҳо ҳамчуни шахсият, яъне Алиро барои шуҷоату комил будан, ва Ҳасану Ҳусайнро барои фазилату хусусиятҳои онҳо дӯст доштан бошад. Бидуни алоқаи онҳо бо Паёмбар (с.а.в), ҳатто шахсоне онҳоро дӯст медоранд, ки Худову Паёмбар (с.а.в)-ро намешиносанд. Пас, ин гуна муҳаббат василае барои муҳаббати Худо ва Паёмбар (с.а.в) нест. Агар дар ин муҳаббат ифрот набошад, он ба бад гуфтану душманӣ варзидани дигарон мерасонад.

Ҳамин тавр, баъзеи онҳо, ҳамон гуна ки ҳадис баён намудааст, дар муҳаббати Алӣ (р) ифрот намуда, аз Абӯбакру Умар (р) безорӣ баён намудаанд. Бо ин амалашон онҳо вориди зарари бузург шудаанд. Ин муҳаббати манфӣ боиси нокомии онҳо гардидааст.

Дар ривояти саҳеҳ омада аст, ки Паёмбар (с.а.в) уммати худро чунин огоҳ намудаст:

«Агар бо кибр роҳ раванд ва духтарони Форсу Рум ба онҳо хидматгор шаванд, Худованд душманиро дубора дар миёни онҳо баргардонда, бадбахтҳои онҳоро бар сари некон мусаллат мегардонад». Баъди сӣ сол, ҳамон тавре ки Паёмбар (с.а.в) фармуда буд, воқеъ шуд.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

«Ёрони худро аз фатҳи Хайбар бо дасти Алӣ хабар додаст». Дар рӯзи оянда муъҷизаи Паёмбар (с.а.в) воқеъ шуд, Алӣ (р) дарвозаи қалъаи Хайбарро канда, ба худ сипар гирифт. Баъд аз пурра пирӯз шудан, онро ба замин андохт ва он дарвозаи бузурге буд, ки ҳатто ҳашт нафар ва дар ривояте чил нафар онро натавонистанд аз замин бардоранд.

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Қиёмат барпо намешавад, то ду гурӯҳи бузург, ки даъвояшон як аст, бо ҳам биҷанганд» . Аз ҷанги Сиффин миёни Алӣ (р) ва Муовия хабар додааст.

Аз ҷумлаи дигар хабарҳои Паёмбар (с.а.в)

«Амморро гурӯҳи саркаш ба қатл мерасонад» . ӯ (р) дар ҷанги Сиффин кушта шуд. Алӣ (р) баъди кушта шудани Аммор далел меовард, ки гурӯҳи Муовия ҳама боғӣ ва саркашанд, аммо Муовия ҳадисро таъвил мекард. Амр ибни Ос чунин мегӯяд: «Фақат касоне, ки ӯро куштаанд,боғӣ мебошанд ва мо ҳама боғӣ нестем».

Паёмбар (с.а.в) ҳамчунин фармуданд:

«То он даме, ки Умар зинда аст, фитнаҳо зоҳир намешаванд» ва ҳамин тавр ҳам буд.

Ҳангоме ки Суҳайл ибни Амр пеш аз мусулмон шуданаш дар ғазваи Бадр асир шуд, Умар (р) гуфт: «Эй Паёмбар (с.а.в)и Худо, ин мард забони бурро дорад, бигзор ман дандонҳои поини ӯро бишканам, то аз ин пас бар зидди ту суханварӣ карда натавонад». Паёмбар (с.а.в) гуфт:

 

«Эй Умар, шояд ба ҷойгоҳе бирасад, ки туро хушҳол кунад». Ҳамин тавр ҳам шуд. Вақте Паёмбар (с.а.в) вафот намуданд ва ин ҳодисае буд, ки сабр дар баробари он хело мушкил буд, Абӯбакр (р) аз ҷо бархоста, мусалмононро таъзия баён намуда, дилҳои онҳоро ба тарафи субот хонд ва барои онҳо хутбаи пурмазмуне намуд. Саҳл низ дар Макка роҳи Абӯбакрро пеш гирифта, хутбае пешкаши мардум намуд, ки ба хутбаи Абӯбакр (р) монанд буд ва ҳатто ибораҳои ҳар ду ба ҳам шабоҳат доштанд.

Паёмбар (с.а.в) ба Суроқа гуфт:

«Худро чӣ гуна меҳисобӣ, агар дастбандони Қайсарро дар даст намоӣ». Дар замони Умар (р) давлати Қайсар суқут кард ва ҷавоҳироти қайсар ба Мадина оварда шуд, Умар (р) ин дастбандонро ба Суроқа пӯшонда, гуфт:

«Шукр Худоро, ки инро аз Қайсар гирифт ва Суроқаро пӯшонд ва Паёмбар (с.а.в) бо он чӣ, ки хабар дода буд, рост гуфтааст».

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) фармудааст:

«Агар ин Қайсар ҳалок шавад, баъди ӯ қайсари дигаре нахоҳад омад». Сипас, ҳамон тавре ки Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, ҳамон гуна шуд.

Паёмбар (с.а.в) ба сафири Қайсар чунин хабар дод: «Худованд писари Қайсарро ба худи ӯ вогузор намуд, ва ӯро дар он вақт ба қатл расонид…» Сипас он сафир дар кушта шудани Қайсар таҳқиқ намуда, яқин намуд, ки дар ҳамон лаҳзае, ки Паёмбар (с.а.в) ин суханро гуфт, ҳодиса ба вуқӯъ омад, ки ин сабаби имон овардани ӯ шуд. Номи он сафир тавре дар баъзе ривоятҳо омадааст, Фирӯз буд.

Паёмбар (с.а.в) аз номаи Ҳотаб ибни Абибалтаъа, ки ба ба тариқи сиррӣ ба кофирони Макка равон карда буд, хабар додааст. Сипас Алӣ ва Миқдодро равон намуд ва гуфт дар фалон макон зане аст ва бо худ нома дорад, он номаро гирифта ба назди ман биёред. Ҳарду рафтанд ва дар ҷойи баённамудаи Паёмбар (с.а.в) номаро дарёфтанд ва онро гирифта ба Паёмбар (с.а.в) ҳозир намуданд. Паёмбар (с.а.в) Ҳотабро ба назди худ хонд ва гуфт: «Чӣ чиз туро ба ин амал водор кард?». ӯ узри худро баён кард ва Паёмбар (с.а.в) узри ӯро пазируфт. Ин ривоят саҳеҳ ва собит шудааст.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) дар бораи Утба ибни Абӯлаҳаб гуфт:

«ӯро саги Худо мехӯрад». Паёмбар (с.а.в) аз оқибати бади ӯ хабар дод. Баъди муддате Утба ба тарафи Яман рафт ва дар роҳ ҳайвони дарандае ӯро хӯрд. Дуои Паёмбар (с.а.в) бар ӯ рост баромад.

Ривояти саҳеҳ аст, ки ҳангоме Паёмбар (с.а.в) Маккаро фатҳ намуд, Билолро дастур дод, ки болои Каъба баромада, азон диҳад. Дар ҳоле ки Абӯсуфён ибни Ҳарб, Уттоб ибни Усайд ва Ҳорис ибни Ҳишом, ки аз сардорони Макка буданд, дар саҳни Каъба нишаста буданд. Уттоб гуфт: «Худованд Усайдро бо надидани ин рӯз икром намуд». Ҳорис гуфт: «Муҳаммад ғайр аз ин зоғи сиёҳ дигар муаззине пайдо накард!». Дар ин ҳангом Абӯсуфиён гуфт: «Ман чизе намегӯям ва агар чизе бигӯям, ин сангҳо ба ӯ (с.а.в) хабарро мерасонанд». Паёмбар (с.а.в) ба назди онҳо омаду гуфт: «Он чи, ки шумо гуфтед, ман медонам» ва суханони онҳоро барояшон зикр намуд.

Сипас Ҳорис ва Аттоб гуфтанд: «Мо шаҳодат медиҳем, ки ту Паёмбари Худо мебошӣ, касе ба ин гуфтаҳои мо огоҳӣ надошт, ки гӯем ӯ хабарро ба ту расондааст».

Пас, аҷаб ба касе, ки ба ин Паёмбар (с.а.в) имон намеоварад.

Эй мулҳид! Ба ин ду марди сардорони сарсахти Қурайш фикр намо, ки чи гуна дар баробари як хабари ғайбии Паёмбар (с.а.в) нафсҳои худро нагузоштанд то  имон оварданд. Пас дили ту чи қадар вайрон аст, ки бо шунидани ҳазорон муъҷизаҳои ба ин монанд, ки бо роҳҳои саҳеҳ ва тавотури маънавӣ ривояту собит шудаанд, итминон пайдо намекунад…

Бармегардем ба мавзӯъ.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в)  аз моле хабар додааст, ки амакаш, Аббос дар назди ҳамсараш, Умми Фазл пинҳон намуда буд . Ва ҳангоме, ки Аббос дар Бадр асир афтод, аз ӯ мол талаб карданд ва ӯ дар ҷавоб  гуфт: «Ман мол надорам». Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт: «Молеро, ки дар назди Умми Фазл гузоштӣ, чӣ мекунад?» . ӯ гуфт: «Ғайри ман ва ҳамсарам касе инро намедонист». Сипас имон овард.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Лабиди яҳудӣ барои азияти Паёмбар (с.а.в) бо мӯй дар шона ҷоду намуду онро дар чоҳе партофт. Паёмбар (с.а.в), Алӣ ва саҳобагонро амр намуд, то ба фалон чоҳ рафта, ашёе, ки дар он ҷоду баста шудааст, берун оранд. Онҳо рафтанд ва он ашёро пайдо намуда, ҳозир намуданд. Ҳар гоҳ Паёмбар (с.а.в) гиреҳеро аз он боз менамуд, дардаш камтар мешуд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба гуруҳе, ки дар миёни онҳо Абӯҳурайра ва Ҳузайфа буд, фармуданд:

«Дандони яке аз шумо дар Дӯзах мисли кӯҳи Уҳуд мебошад», яъне аз муртад шудани якеи онҳо ва баёни оқибати ӯ хабар додааст. Абӯҳурайра мегӯяд: «Ҳамаи ҳозирини он гуруҳе мурданд ва фақат ман ва як марди дигар боқӣ мондем ва ман дар хавф будам, вале он мард муртад шуд ва дар ҷанги Ямома кушта шуд» ва ҳақиқати хабари Паёмбар (с.а.в) зоҳир шуд.

Ҳамчунин дар қазияи Умайр бо Сафвон собит шудааст, ки ӯ бо Сафвон пинҳонӣ сӯҳбат намуда, ба ӯ шарт гузоштааст, ки агар Паёмбар (с.а.в) ро ба қатл расонад, ба ӯ молу маблағи зиёде медиҳад. Вақте Умайр барои куштани Паёмбар (с.а.в) меояд, Паёмбар (с.а.в) ӯро аз мақсадашу рози пинҳонияшон хабар дода, дасти мубораки худро ба синаи ӯ мегузорад ва ӯ имон меоварад .

Дар ҳақиқат, баъди ин ҳама мисолҳои зиёд аз хабарҳои ғайбии Паёмбар (с.а.в), ки дар китобҳои саҳеҳи шашгона омадаанд, онҳоро бо санадҳои машҳур баён кардаанд. Бисёр ҳодисаҳои зикршудаи ин китоб дар ҳукми тавотури маънавӣ буда, бо яқин ва қатъӣ собит шудаанд. Кутуби Бухорӣ ва Муслим, ки бо қавли зиёди донишмандон дурусттарин китоб баъди Қуръон мебошанд, ин ҳодисаҳоро зикр намудаанд. Ҳамчунин  дар китобҳои саҳеҳи сунан чун Тирмизӣ, Нисоӣ, Абӯдовуд ва «Мустадрак»-и Ҳоким, «Муснад»-и Аҳмад ибни Ҳанбал ва «Далоил»-и Байҳақӣ низ бо санад ривоят шудаанд.

 

Пас эй мулҳиди ғофил! Суханони лоф мазан!

Магӯ Муҳаммад (с.а.в) як марди доное буд ва нашавад, ки бо ин баҳона масъаларо тарк намуда, аҳамияте ба он надиҳӣ! Ин хабарҳои рост, яъне ӯ даст ба корҳои ғайбӣ мезанад, аз ду амр холӣ наоянд. Ё он ки мегӯед ин мард нигоҳи амиқ ва ақли васеъ дорад, яъне чашми биное дорад, ки бо он гузаштаю ояндаи оламро мебинаду дар он ҳама чизро бо ҳама ҳодисаҳо медонад, пас кулли атрофи замин бо шарқу ғарб зери назари шоҳидони ӯст ва чунон дониши бузург дорад, ки ин барояш имконият медиҳад, то умури гузашта ва ояндаро ҳис намояд! Ин ҳолат, ҳамон гунае ки ҳама медонед, дар одамӣ дида намешавад. Агар дар одаме ҳам рух диҳад, он мард фарди фавқулодда ва соҳиби истеъдодест, ки Худованд ба ӯ додааст ва ин дар ҳади зоти худ муъҷизаи бузург аст. Ё ин ки маҷбурӣ инро қабул намоӣ, ки он шахси бузургвор шогирд ва маъмурест, ки аз тарафи бинандаи ҳама чиз ҳидояту таълимотро мегирад, аз тарафи оне, ки дорои қудрати тасарруф дар ҳама кор, дар ҳар замону макон аст. Ҳама чиз дар Лавҳулмаҳфуз навишта шудааст ва хостаи худро дар ҳар вақт ба шогирди худ таълим медиҳад. Пас собит мешавад, ки Муҳаммад (с.а.в) таълимотро аз муаллими азалии худ касб намуда, онро ба дигарон таблиғ мекунад.

Собит шудааст, ки ҳангоме Паёмбар (с.а.в) Холид ибни Валид (р)-ро равон кард, то бо Акидар, сардори қабилаи Давматулҷандал биҷангад, ба ӯ чунин дастур дод:

«ӯро дар ҳолати шикор намудани гов (ваҳшӣ) пайдо мекунед». Ҳамчунин хабар дода буд, ки ӯро бидуни ҷанг асир намуда, меорад. Холид рафт ва ӯро дар ҳолате дид, ки Паёмбар (с.а.в) васф намуда буд ва ӯро бидуни муқовамат асир гирифт.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба Қурайш хабар додааст, ки кирме саҳифаи онҳоро, ки дар он Ибни Ҳошимро маҳкум намуда, бо онҳо қатъи хешутаборӣ намуданд, хӯрдааст ва фақат дар он номи Худоро боқӣ гузоштааст. Онҳо чунончи Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, саҳифаро, ки дар Каъба овезон буд, пайдо мекунанд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз паҳн шудани бемории вабо дар фатҳи Байтулмуқаддас хабар дода буд. Дар замони Умар (р) ин беморӣ хело густариш ёфта, дар муддати се рӯз ҳафтод ҳазор нафарро ба ҳалокат расонид.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) аз бунёд гардидани Басра ва Бағдод қаблан хабар дод. Ҳамчунин аз ҷамъоварии тамоми хазинаҳои замин ба Бағдод низ хабар доданд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз ҷанги бо туркҳо ва қавмҳое, ки дар атрофи баҳри Хазар зиндагӣ мекунанду сипас бисёри он қавмҳо ба ислом мушарраф мешаванд ва пайдоиши империяи араб хабар доданд, Дар ин мавзӯъ Паёмбар (с.а.в) мефармояд:

«Аҷам дар миёни шумо зиёд мешаванд ва моли шуморо хӯрда, шуморо ба қатл мерасонанд».

Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Ҳалоки умматони ман дар дасти фарзандони Қурайш мебошад». Паёмбар (с.а.в) дар ин ҳадис аз Язиду Валид ва амсоли онҳо, ашрофзодагони умавиҳо хабар медиҳад.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) аз сар задани муртадшавӣ дар баъзе аз манотиқ ба монанди Ямома хабар додааст.

Дар ғазваи Хандақ Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

 

«Дигар Қурайш ва ҳампаймонони онҳо ба ман ҳамла намекунанд, балки мо ба онҳо ҳамла мекунем». Ва ҳамин гуна ҳам шуд.

Собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в) ду моҳ пеш аз марги худ гуфта буд:

«Бандаро ихтиёр гузоштаанд ва ман он чи дар назди Худо аст, интихоб намудам».

Паёмбар (с.а.в) дар ҳаққи Зайд ибни Савҳон фармудааст:

«Як узви ӯ пеш аз худаш ба Биҳишт меравад». Сипас дасти ӯ дар ҷанги Наҳованд, дар ҷиҳод бурида шуда, шаҳид шуд ва пеш аз ӯ вориди Биҳишт гардид .

Бо ин ҳама корҳои ғайбие, ки дар хусуси он баҳс намудем, аз миёни даҳ намуди муъҷизаҳо танҳо яктои он мебошад ва мо ҳамаи он даҳ муъҷизаро баён накардаем, балки танҳо мухтасаран чор намуд хабарҳои ғайбиро, ки махсуси Қуръон мебошанд, дар «Калимаи бисту панҷум» баён кардаем.

Дар ин намуд муъҷиза фикр намуда, онро ба он чор навъи дигар, ки Паёмбар (с.а.в) аз он ба забони Қуръон хабар додааст, изофа намоем, мебинем, ки чи гуна як далели қатъию ошкорро ташкил мекунад ва он касе, ки дилу ақлашро аз даст надода бошад, онро қабул мекунад ва ба ин боварӣ мерасад, ки ин Паёмбари акрам (с.а.в), Паёмбари Офаридгори ҳама чиз ва олиме ба ғайб буда, аз ғайб хабар медиҳад.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо