Қуръон чист? Ва таърифи он чигуна аст?

Қуръон иборат аст аз:

тарҷумаи азалии ин китоби кабири коинот…

тарҷумони абадии забонҳои гуногуне, ки оятҳои таквиниро мехонанд…

муфассири китоби олами ғайб ва олами шаҳодат…

кашф кунандаи хазинаҳои маънавии исмҳои Илоҳие, ки дар саҳифа саҳифаи осмонҳо ва замин ниҳон аст…

калидест барои кушодани ҳақиқатҳое ки дар зери сатрҳои ҳодисаҳо пинҳонанд…

забони олами ғайб дар олами шаҳодат…

ганҷинаи илтифототи абадии парвардигори Раҳмону хитобаҳои азалии Кирдигори Субҳон ки аз олами ғайбе, ки дар паси пардаҳои олами шаҳодат қарор дорад, фуруд омадааст.

хуршед, поя, ва ҳандасаи дунёи маънавии Ислом…

нақшаи муқаддаси оламҳои ухравӣ…

қавли шореҳ, тафсири возеҳ, бурҳони қатъиву бозгукунандаи зот, сифот, исмҳову шаънҳои илоҳӣ…

мураббии олами инсоният…

обу равшании инсонияти кубро яъне Ислом…

ҳикмати ҳақиқӣ барои навъи башар…

ва муршиду раҳнамои ҳақиқии инсон ба он чизе ки ӯро ба саодат савқ медиҳад…

Барои инсон:

як китоби шариат

китоби дуо

китоби ҳикмат

китоби убудият

китоби амру даъват

китоби зикр

китоби фикр

китоби ҷомеъ ва муқаддасест, ки ҳаммаи китобҳоро посухдиҳандаи ниёзҳои маънавии инсон аст дарбар мегирад.

Пас Қуръон китоби осмоние аст, ки дарбар гирандаи як китобхонаи муқаддас мебошад.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо