Қуръони карим каломи шарҳдиҳанда, тафсири возеҳ, ҳуҷҷати қавӣ, тарҷумони олии зоту сифот, номҳо ва умури Худованд аст…

Бидон! Қуръони карим ҳамчун баҳре барои муъҷизаҳо ва бузургтарин муъҷиза аст, ки паёмбарии Аҳмад ва ваҳдонияти илоҳиро исбот мекунад ва ҳуҷҷатро барпо медораду далел меорад ва далелҳоеро зоҳир мекунад, ки ниёз ба далели дигар намемонад.

Мо дар ин ҷо фақат ба таърифи он ишора намуда, сипас ба шуое аз эъҷози онро, ки назди бисёриҳо суол ба вуҷуд овардааст, ишора хоҳем намуд.

Ин Қуръони карим, ки Парвардигори моро шинос мекунад:

  • Тарҷумаи ҳамешагии ин табиат.
  • Тарҷумони абадии забонҳои табиат аст, ки оятҳои таквиниро мехонад.
  • Тафсирдиҳандаи китоби олам…
  • Ҳамчунин кашфдиҳандаи конҳои махфии номҳост, дар саҳифаҳои пинҳони осмону Замин.
  • Ҳамчунин калиди ҳақиқатҳои пӯшидааст дар рафти ҳодисаҳо.
  • Забони ғайб дар олами ҳозир.
  • Хазинаи хитобҳои азалӣ ва илтифоти ҳамешагии раҳмонист.
  • Ҳамчунин он асос, асл ва офтобест барои ин олами маънавии исломӣ.
  • Харитаест барои олами ухравӣ.
  • Ҳамчунин Қуръон каломи шарҳдиҳанда, тафсири возеҳ, ҳуҷҷати қавӣ, тарҷумони олии зоту сифот, номҳо ва умури Худованд аст.
  • Қуръон мураббиест барои олами маънавӣ.
  • Чун обу нур аст барои инсонияти бузург, ки он исломият аст.
  • Ҳикмати ҳақиқист барои башарият.
  • Муршиду роҳнамост барои он чи башар баҳри он офарида шудааст.
  • Қуръон барои инсоният омадааст.
  • Ҳамон гуна ки он китоби шариат аст, китоби ҳикмат низ мебошад.
  • Ва ҳамон гуна ки китоби дуо ва ибодат аст.
  • Китоби амру даъват низ ҳаст ва ҳамон гуна ки китоби зикр аст.
  • Китоби фикр низ мебошад ва ҳамон гуна ки он як китоб аст ва дохилаш пур аз китобҳои ниёзҳои маънавии инсонҳо, он манзили муқаддаси пуршуда бо китобу рисолаҳо низ мебошад.
  • Ҳатто Қуръон чашмаест гуворотар аз чашмаҳои гуногуне, ки аз он ташнагони гуногун менӯшанд.
  • Он чашмаи гуворост барои аҳли тариқатҳои гуногуне аз авлиёву сиддиқин ва орифону муҳаққиқон ва рисолаи равшанест барои нӯшидан аз ин оби гуворо ва нур бахшидан ба онҳо ва барои идома додани роҳи онҳо, ки гӯё Қуръон маҷмӯае аз рисолаҳост.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо