Тамоми ҳайвонот, ҷинҳо, мурдагон ва малоик ин Паёмбар (с.а.в)-ро мешинохтанд ва тоифае аз онҳо бархе аз муъҷизаҳои худро барои тасдиқи нубуввати Паёмбар (с.а.в) нишон медоданд…

ИШОРАИ ПОНЗДАҲУМ

 

Дар ҳақиқат, тамоми ҳайвонот, ҷинҳо, мурдагон ва малоик ин Паёмбар (с.а.в)-ро мешинохтанд ва тоифае аз онҳо бархе аз муъҷизаҳои худро барои тасдиқи нубуввати Паёмбар (с.а.в) нишон медоданд, ҳамчуноне ки сангҳо ва офтобу моҳтоб нишон медоданд ва бо ин зоҳир менамуданд, ки онҳо Паёмбар (с.а.в)-ро мешиносанд.

Ҳамин ишораи понздаҳум се қисмро дар бар мегирад:

 

ҚИСМИ ЯКУМ

 

Ин шинохтани ҷинси ҳайвонот ва зоҳир намудани муъҷизаҳои ӯ (с.а.в) мебошад. Барои ин шоха мисолҳо хело зиёданд ва дар ин ҷо мо танҳо ривоятҳои аз лиҳози маънавӣ машҳур, қатъӣ ва мутавотирро аз аҳодис ва ё он намуд ҳадисҳоеро, ки дар назди аҳли илм мақбул аст ва ё уммат онҳо қабул намуданд, баён мекунем .

Ҳодисаи якум. Ривояти ҳодисаи ғор, ки ба ҳадди тавотур расидаасту он хело машҳур мебошад,  дар он омадааст, ки Паёмбари Худо (с.а.в) ҳамроҳ бо Абӯбакр барои наҷот аз шарри қурайшиҳо дар ғор пинҳон шуданд, “Худованд дар ин ҳангом ду кабӯтарро амр намуд, то дари ғор биншинанд” ва дар ҳадиси дигар омадааст, ки “Тортанак бар дари ғор тор кашида буд”, то он ки Убай ибни Халаф, ки яке аз сардорони Қурайш буд, баъдтар дар Бадр кушта мешавад. Вақте Қурайш аз ӯ талаб намуданд, то ба ғор дарояд, гуфт: “Ба ин ғор[1] чӣ ҳоҷат доред, ки дар даҳони ғор торҳои анкабут аст ва ман фикр мекунам, ки торҳо пеш аз вилодати Муҳаммад кашида шуда бошад”. Вақте кабӯтарҳо дар даҳони ғор истода буданд, қурайшиҳо гуфтанд агар дар ин ғор касе мебуд, ҳаргиз ин кабутарҳо дар инҷо намебуданд. Паёмбари Худо (с.а.в) дар даруни ғор истода, тамоми суханони онҳоро мешунид, то замоне ки онҳо ҳама он маконро тарк карда, аз онҷо рафтанд[2].

Ибни Ваҳҳаб ривоят мекунад, ки кабӯтарони Макка дар рӯзи фатҳи Макка бар сари Паёмбар (с.а.в) соя меафканданд ва Паёмбар (с.а.в) барои онҳо дуои баракат мекард[3].

Аз Оиша (р) аст чунин ривоят омадааст: “Мо ҳайвони хонагӣ доштем ва ҳангоме ки Паёмбари Худо (с.а.в) дар хона мебуд, дар ҷояш қарор меистод ва ҳангоме ки аз хона берун мешуд, ба бозӣ медаромад.[4] Яъне Паёмбар (с.а.в) -ро эҳтиром мекард.

Ҳодисаи дуюм. Қиссаи машҳури гург аст, ки ин ҳадис бо роҳҳои гуногун ривоят шудааст ва ҳатто ба дараҷаи ҳукми тавотур низ расидааст. Дар ҳақиқат, ин достони аҷиб бо роҳҳои гуногун аз саҳобагони зиёде ривоят шудааст, аз ҷумла аз Абӯсаиди Худрӣ, Салма ибни Акваъ, Ибни Абӯваҳҳаб ва Абӯҳурайра. Аммо соҳиби достон чӯпоне буд бо номи Уҳбон. Ин афрод бо роҳҳои гуногун чунин ривоят мекунанд: “Боре чӯпоне бузҳои худро ба чарогоҳ бурда буд ва гурге омаду яке аз бузҳои ӯро гирифт. Чӯпон талош намуд ва бузғоларо аз чанголи гург халос кард ва дар ин ҳангом гург ба пойи худ рост истода гуфт: “Чаро аз Худованд натарсиди ва ризқи манро аз ман дур карди?”. Чӯпон гуфт: “Аҷаб аст, ки гург бо забони одамӣ сухан мегӯяд!”. Сипас гург гуфт: “Оё туро ба аҷибтару ҷолибтар аз ин кор хабар кунам? Паёмбари Худо (с.а.в) дар Мадина аст ва мардумро аз гузаштагон хабар медиҳад ва ба ростӣ дарҳои Биҳишт барои ӯ боз шудааст ва шуморо ба он даъват менамояд”.

Бо оне, ки ҳамаи ривоятҳо ба сухан кардани гург иттифоқ доранд, аммо қавитарини ин ривоятҳо ҳадисест, ки Абӯҳурайра ривоят кардааст ва он чунин мебошад: “Чупон гуфт[5] кӣ ин бузҳои маро нигаҳбонӣ мекунад?”. Гург гуфт: “Ман то баргаштани ту онҳоро нигаҳбонӣ мекунам”. Чӯпон бузҳои худро ба гург супориду рафт” ва аз эмон овардану достони ӯ ва он ки Паёмбари Худо (с.а.в) дар ҷанг буд, хабар медиҳад. “Чӯпон баъди бозгашт ба амонатдории гург қоил шуда, як бузғоларо кушта, ба ӯ бахшид”.

Дар ривояти дигар ин ҳодиса ба Абӯcуфён ва Сафвон ибни Умайя рух додааст, ки онҳо гургро диданд, ки ба оҳу ҳамла мекард ва ҳангоми ворид шудани оҳу ба Масҷидулҳаром гург аз дунболгирӣ бозистод. Инҳо аз рафтори гург тааҷҷуб карданд, вале гург ба забон омада гуфт: “Аҷибтар аз ин Муҳаммад (с.а.в) ибни Абдуллоҳ дар Мадина мебошад, ки мардумро ба Биҳишт фаро мехонад”. Сипас Абӯсуфён гуфт: “Қасам ба Лоту Уззо, агар ин ҳодисаро ба мардуми Макка нақл кунем, ҳама аз он баромада, онро холӣ мегузоранд.[6]

Аз ин ҳама натиҷа мегирем, ки қиссаи гург бо қаноату итминон ҳамчун хабари мутавотири маънавӣ ба мо расидааст.

Ҳодисаи сеюм. Ин ҳодисаи шутур аст, ки ба панҷ ё шаш роҳ аз саҳобагони машҳур ба мисли Абӯҳурайра, Саълаба ибни Молик, Ҷобир ибни Абдуллоҳ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Абдуллоҳ ибни Абуавфо ва дигарон ривоят шудааст. Ҳамаи ин саҳобагон иттифоқ доранд, ки шутур ба назди Паёмбари Худо (с.а.в) омад ва дар наздаш саҷда кард, яъне саҷдаи таъзиму эҳтиром ва бо Паёмбари Худо (с.а.в) сухан кард. Ривояти дигаре омадааст, ки он шутур дар боғе беқарор шуда буд ва ҳар ки дохили боғ мешуд, ба ӯ ҳамла мекард, вале ҳангоме Паёмбари Худо (с.а.в) вориди боғ шуд ва шутурро садо кард, шутур омада, сарашро барои бастан поён намуд ва Паёмбари Худо (с.а.в) ӯро бубаст.[7]

Дар ривояти дигари ҳадиси шутур омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) онҳоро аз ҳоли шутур пурсид, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки мо қасди куштани онро доштем.[8]

Дар ривояти дигар омадааст, ки “он шутур ба ман (яъне Паёмбар (с.а.в)) шикоят кард, ки шумо ӯро баъди корҳои сангин дар даврони солимияш ҳоло нияти куштани ӯро доред”. Дар ҷавоб гуфтанд: “Бале”.

Ҳамчунин омадааст, ки шутури Паёмбар (с.а.в) , ки Азбо ном дошт, баъди марги Паёмбар (с.а.в) аз хӯрдану нӯшидан бозмонд, то оне ки ҷон дод.[9] Абӯисҳоқи Исфаронӣ дар достони Азбо зикр кардааст, ки ӯ бо Паёмбари Худо (с.а.в) дар кори муҳиме ба сухан омадааст.

Дар “Саҳеҳ” собит шудааст, ки[10] шутури Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ дар сафаре бисёр аз пой монда шуд ва аз роҳ рафтан бозмонд, сипас Паёмбари Худо (с.а.в) ӯро оҳиста молиш дод ва баъди он ин шутур хело чолок шуд, ба дараҷае, ки дигар лаҷомашро гирифтан мушкил буд ва ин ҳам бошад, аз дидани лутфи Паёмбар (с.а.в) ба амал омад.

Ҳодисаи чаҳорум. Имом Бухорӣ ва имомони ҳадис ривоят мекунанд, ки шабе аҳли Мадина аз садое ба тарс омаданд ва ҳама ба сӯйи макони он садо равон шуданд. Паёмбари Худо (с.а.в) баъди он ки аз ҷойи ҳодиса бармегашт, онҳоро дар роҳ вохӯрд. ӯ ба макони садо бо аспи безини Абӯталҳа рафта ва шамшере дар гардани ӯ овезон буд ва ба мардум гуфт: “Дигар натарсед” ва сипас ба Абӯталҳа гуфт:

“Мо аспи туро дар Ҳиро пайдо карда будем, ки хело оҳиста мерафт ва аз ин шаб шурӯъ карда, дигар аспе натавонад ӯро сабқат намояд”[11].

Дар ривоят собит шудааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) дар баъзе аз сафарҳояш, вақте ки ба намоз бармехост, ба аспи худ чунин мегуфт: “Худо ба ту баракат диҳад, то вақте ки мо намозро ба поён нарасонем, аз ҷоят ҳаракат накун” ва ӯро дар тарафи қиблаи худ мегузошт. То он замоне, ки Паёмбар (с.а.в) намози худро комил намекард, асп ҳаракат намекард.[12]

Ҳодисаи панҷум. Хизматгори Паёмбари Худо (с.а.в.) бо номи Сафина барои рафтани ба назди Муъоз ибни Ҷабал ба Яман фармон гирифта рафт.[13] ӯ дар роҳ бо шер вохӯрд. Сафина ба ӯ гуфт: “Ман хизматгори Паёмбари Худо(с.а.в.) мебошам”. Шер овози баланд бароварда роҳро боз кард ва ҳуҷум накард.

Дар ривояти дигар омадааст, ки Сафина ҳангоми бозгашт роҳро гум кард ва бо шере вохӯрд. Хизматгори Паёмбар (с.а.в) мегӯяд, ки шер маро бо дасташ ишора намуда, роҳро нишон дод.

Аз Хазрати Умар ривоят аст,[14] ки Паёмбар (с.а.в) дар маҷлисе бо ёрони худ нишаста буд, ки аъробие ворид шуд, ки калтокеласе шикор намуда буд. Аъробӣ гуфт: “Ин мард кист?”. Саҳобагон гуфтанд: “Паёмбари Худо (с.а.в) мебошанд”. Гуфт: “Қасам ба Лоту Уззо, ки ба ту эмон намеоварам, то ки ин калтокелас ба ту имон биёварад” ва ӯро дар назди Паёмбар (с.а.в) гузошт. Паёмбар (с.а.в) ба калтокелас гуфт: “Эй келас, ҷавоб деҳ!”. Сипас он хазанда бо забони возеҳ, ки ҳама мешуниданд, ҷавоб дод: “Гӯш мекунам ва ба ту эмон дорам”. Сипас Аъробӣ низ эмон овард.

Аз Умми Салама ривоят аст, ки Паёмбар (с.а.в) дар биёбоне буд ва оҳуе садо намуд: “Эй Паёмбари Худо (с.а.в) …” (то охири ҳадис) пас берун баромада давиду гуфт: “Шаҳодат медиҳам, ки нест Худое ғайри Аллоҳ ва ин ки ту фиристодаи ӯ ҳастӣ”.[15]

Ҳамин гуна мисолҳои зиёд дар ин хусус вуҷуд дорад, ки мо фақат машҳур ва возеҳтарини онро баён намудем.

Пас, эй инсон ва эй касе, ки ин Паёмбар (с.а.в) -ро намешиносию ба ӯ итоат намекунӣ, аз ин ибрат бигир ва кӯшиш кун, то пасттар аз гургу шер набошӣ, зеро ин ҳайвонот Паёмбар (с.а.в) -ро мешиносанд ва итоат мекунанд.

Саъид Нурсӣ

 

[1] “аш-Шифо” (1\ 313). Ҳадиси тори анкабут бо ривояти Имом Аҳмад (1\248), ҳамчунин Абдураззоқ дар “ал-Муснаф” (5\389) аз ривояти Усмон ибни Амр ибни Соҷ аз Муқсим, хидматгори Ибни Аббос, аз Ибни Аббос, ки хабар дод… Ин ҳадисро Ибни Касир дар “ал-Бидоя  ваанниҳоя” (3\179…181) ҳасан гуфтааст. Ҳамчунин Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар “ал-Фатҳ” ва дар “ал-Маҷмаъ” (7\27). Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ин ҳадисро Аҳмад ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва дар санади он Усмон ибни Амри Ҷазарӣ аст, ки ӯро Ибни Ҳаббон мавсуқ шумурдааст ва дигарон заиф ва дигар ҳамаи ровиёни он мавсуқанд”. Ниг. тахриҷи “Зодулмеъод” (3\52) ва муҳаққиқи “ал-Мишкот” низ онро заиф гуфтааст (5934). Ҳадис шоҳиде  дар муснади Абӯбакри Розӣ дорад (№73). Арноутӣ гуфтааст: “Асноди ҳадис ҳасан аст, магар ин ки ҳадис аз ҷониби Башшор ибни Мусои Ҳаффофи Аҷалӣ мурсал шудааст ва Алӣ ибни Мудайнӣ дар бораи ӯ хуб гуфтааст. Имом Аҳмад дар он боке намебинад ва Ҷаъфар ибни Сулаймон кӯдак аст ва мавсуқ ва Муслим аз ӯ дар “Саҳеҳ”-аш ҳадисро ривоят кардааст. Абӯимрони Ҷавани Абдулмалик ибни Ҳабиб Аздӣ мебошад, ки мавсуқ аст ва ҷамоате аз ӯ ривоят кардаанд.

[2] “аш-Шифо” (1\313). ҳадиси истодани кабӯтарҳо дар даҳони ѓор. Зайлаъӣ дар “Насбурроя” (1\123) гуфтааст: “Ҳадисро Табаронӣ дар “Мӯъҷам”-и худ, Байҳақӣ дар “Далоилуннубувва” ва Баззор дар “Муснад”-аш ривоят кардааст… баъд аз он ин ҳадисро зикр карда фармудааст: “Баззор гуфт ровиёни онро ѓайр аз Авин ибни Амр, ки яке аз олимони машҳури Басра аст, касе намедонад”. Ибни Касир низ аз Ибни Асокир ривоят карда фармудааст: “Ин ҳадис бо ин матн хело ѓариб аст”. Дар “Маҷмаъ” (6\52, 53)  низ чунин гуфта шудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ҳадисро Баззор ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва дар он ровиёне вуҷуд доранд, ки намедонам”. Ниг. тахриҷи ҳадиси пешин, ки дар он сухани мушрикин, чуноне  ки дар “Муснад” омадааст “Агар ба ин ҷо ворид мешуд, ин торҳои анкабӯт дар даҳони ѓор боқӣ намемонд”.

[3] “аш-Шифо” (1\313).

[4] “аш-Шифо” (1\309) ин ҳадис саҳеҳ аст ва онро Аҳмад, Баззор, Абӯяъло, Байҳақӣ ва Доруқутнӣ ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\79).

[5] Саҳеҳ аст, “аш-Шифо” (1\310). Имом Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст ва аллома Аҳмад Шокир дар “Саҳеҳ”-и худ гуфтааст (15\202…203), бо рақами (8049) аз Абӯҳурайра ва дар “Маҷмаъ” (291…292).  Ҳайсамӣ гуфтааст: “Ин ҳадис дар “Саҳеҳ” бо ихтисор омадааст”. Имом Аҳмад ҳадисро ривоят кардааст ва ровиёнаш сиқот мебошанд. Дар “Муснад” аз ҳадиси Абӯназрата аз Абӯсаъид ривоят шудааст (1185).  Таҳқиқи “Муснад” зери рақами (11864…11867) аз ҳадиси Шуҳр ибни Ҳавшаб аз Абӯсаъид зикр шудааст. Ҳофиз Ибни Касир мегӯяд: “Танҳо Аҳмад ин ҳадисро ривоят кардааст ва ҳадисро тахриҷ накарданд. Шояд Шуҳр ибни Ҳавшаб аз Абӯсаъид ва ҳамчунин Абӯҳурайра ривоят кардааст”. Қасталонӣ ҳадисро дар “Мавоҳиби ладунӣ” ворид кардааст ва гуфтааст: “Имом Аҳмад  ҳадиси Абӯсаъидро бо санади хуб ривоят кардааст”. Зарқонӣ дар шарҳи он овардааст: “Яъне он мақбул аст”. Ҳамчунин, Тирмизӣ ва Ҳоким ҳадисро ривояту тасҳеҳ кардаанд (“ал-Фатҳураббонӣ”-и Суютӣ 20\240). Ҳайсамӣ ҳадисро дар “ал-Маҷмаъ” вориду баён карда (8\291), гуфтааст: “Аҳмад ва Баззор бо ин тариқ ҳадисро бо ихтисор ривоят кардаанд ва силсилаи ровиёни яке аз ду санади Имом Аҳмад мардони мавсуқанд”.

[6] “аш-Шифо” (1\311) “ал-хафоҷӣ” (3\84).

[7] Ҳадисҳои сухан гуфтани шутур бо санадҳои қавӣ ва саҳеҳ ривоят шудааст. Ҳадиси аввалро Ҳайсамӣ дар “Маҷмаъ” (9\4) аз ҳадиси Анас ибни Молик ривоят намудааст. Ҳайсамӣ мегӯяд: “Ҳадисро Аҳмад ва Баззор ривоят мекунанд ва мардони санади он мӯътамад мебошанд, ба истиснои Ҳафс писари бародари Анас, ки мӯътамад нест”. Ҳофизи Мунзирӣ ҳадисро дар ”ат-Таѓриб ва аттаҳриб” зикр кардааст ва гуфтааст, ки ҳадисро Аҳмад бо санади хуб ривоят кардааст ва ровиёнаш ҳама машҳуру мӯътамад мебошанд. Баззор низ ҳамин гуна зикр намуда, мегӯяд: “Насоӣ бо ихтисор ва Ибни Ҳаббон дар “Саҳеҳ”-аш аз Абӯҳурайра ривоят намудаанд” (“ал-Фатҳурраббонӣ”, 22\50-51). Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар санадаш дуруст ва Имом Аҳмад онро ривоят кардааст (ниг. 1745 аз “Муснад”-и муҳаққиқ). Онро Имом Муслим, Ибни Моҷа ва Абӯдовуд дарозтар ривоят кардаанд. Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Абӯавфро Абӯнаъим ва Байҳақӣ ривоят кардаанд (“Хафоҷӣ”, 3\87).

[8] Имом Аҳмад аз Яъло ривоят кардааст (4\173) ва аз санаде, ки Имом Ҳоким ихроҷ кардааст, санадашро саҳеҳ гуфтааст ва Имом Заҳабӣ низ бо ӯ аз ҳадиси Яъло ибни Мурра аз падараш  мувофиқ аст ва ҳадис дар умум хуб аст (бингар ба “Силсилаи аҳодиси саҳеҳа”, 485).

[9] “аш-Шифо” (1\313).

[10] Ривояти шайхайн дар “ал-Хафоҷӣ” (3\145).

[11] Имом Бухорӣ дар “Саҳеҳ”-аш, китоби “Ҷиҳод”, боби “Номи асп ва хар” ва боби “Бор ва овезон кардани шамшер дар гардан” ривоят кардааст ва Имом Муслим дар ҳадиси (2307), Абӯдовуд (4988) ва Тирмизӣ (1685).

[12] “аш-Шифо” (1\315), “Хафоҷӣ”   (3\95).

[13] Ҳадис саҳеҳ аст. (“Мишкот” 3\199 рақами 5949) муҳаққиқ гуфтааст: “Имом Ҳоким ҳамин гуна ривоят кардааст (3\606) ва ҳамчунин гуфтааст  ба шарти Муслим саҳеҳ аст ва Имом Заҳабӣ бо ӯ мувофиқ аст ва гуфтаи онҳо дуруст аст”. Бингар китоби “Матолибулолия” (4\125 бо рақами 4127). Дар “Маҷмаъ” (9\366…367)  Ҳайсамӣ гуфтааст: “Баззор ва Табаронӣ ривоят кардаанд ва мардони санадашон мӯътамад аст”. Бингар ба китоби “ал-Ҳиля”-и Абӯнаъим (1\367. 369) ва “ал-Бидоя ваанниҳоя” (6\147).

[14] Имом Табаронӣ дар китоби “ас-Саѓир ва ал-авсат” аз шайхаш, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Валиди Басрӣ ривоят кардааст. Байҳақӣ мегӯяд: “Ин ҳадис ба дӯши ӯ аст”. Гуфтам: “Боқии ровиёни санад саҳеҳанд” (ҳамин тавр дар китоби “Маҷмаъуззавоид” 8\293. 294) ва дар “Канзулаъмол” (12\385). Нисбати ҳадисро ба Ибни Адӣ дар “ал-Комил” афзудаанд ва Ҳоким дар китоби “ал-Мӯъҷизот”, Абӯнаъим дар “ад-Далоил” ва ҳамчунин Байҳақӣ ва Ибни Асокир. Ибни Даҳя дар “ал-Хасоис” ҳадисро мавзӯъ донистааст. Заҳабӣ дар “ал-Мизон” ин ҳадисро ботил донистааст. Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар “ал-Лисон” гуфтааст: “Ҳадисро Исмоилӣ аз Суламӣ дар “Мӯъҷам”-аш ривоят кардааст ва гуфтааст, ки мункарулҳадис мебошад”. Ҳофиз ибни Касир дар “ал-Бидоя ваанниҳоя” зикр кардааст (6\149.160), зери унвони  “ҳадиси келос ки ѓарибу накир аст” ва қавли Байҳақиро овардааст, ки дар ин бора аз Оиша (р) ва Абӯҳурайра (р) низ ривоят шудааст ва он чи, ки баён кардем, аз дигар санадҳо беҳтар аст, дар ҳоле ки заиф мебошад. Бингар ба Алиқорӣ (1\632) ва “Хафоҷӣ” (3\79).

[15] “аш-Шифо” (1\314) аз ҳадисе, ки Табаронӣ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд ва Ибни Ҳаҷар ба сабаби бо дигар роҳҳо ривоят шуданаш ҳадисро саҳеҳ гуфтааст (“Хафоҷӣ” 3\91). Табаронӣ низ ҳадисро ривоят кардааст ва дар санадаш Аѓлаб ибни Тамим аст, ки ӯ заиф аст (“Маҷмаъуззавоид” 8\295).



Мақолаҳо