Паёмбар (с.а.в) бо даму нафаси мубораки худ шифо бахшидани беморон ва маҷрӯҳин аст…

ИШОРАИ СЕЗДАҲУМ

Ҳамчунин аз муъҷизоҳои Паёмбар (с.а.в) бо даму нафаси мубораки худ шифо бахшидани беморон ва маҷрӯҳин аст. Ин намуди муъҷизаҳо ба ривоятҳои мутавотир ба мо расидаанд, вале қисмате аз ҷузъиёти онҳо мутавотири маънавӣ мебошанд ва қисмати дигари он ба таври оҳод ривоят шудааст, вале бо вуҷуди ин ин ривоятҳо қаноати илмро ба бор меорад ва сабабаш дар он аст, ки олимон онро мӯътамад ҳисобиданд ва муҳаддисон онҳоро саҳеҳ хондаанд.

Мисоли якум. Қозӣ Айёз[1] аз Саъд ибни Абӯваққос, яке аз даҳ ёрони биҳиштӣ ва ходими Паёмбар (с.а.в) ва яке аз сарлашкарони Паёмбар (с.а.в) ва ҳамчунин яке аз сарлашкарон дар даврони Умар чунин ривоят мекунад: «Паёмбар (с.а.в) ба ман найзаи бе дамеро дода, гуфт: «Бо ин тир андоз», дар он рӯз ҳам Паёмбар (с.а.в) хело тирандозӣ карда буд ва найзаи ӯ хароб шуда буд». Ин ҳодиса дар ҷанги Уҳуд рух дод ва он тирҳое, ки дам надоштанд, монанди пари паранда рафта, дар ҷасади кофирон мехалиданд».

Ҳамчунин мегӯяд:[2] «Ҳамон рӯз чашми Қитода ибни Нӯъмон ҷароҳат бардошта ва ба рӯяш овезон шуда буд. Паёмбар (с.а.в) онро» бо дасти мубораки худ «гирифта ба маконаш багардонид ва он чашм аз дигараш беҳтар медид». Ин ҳодиса хело шӯҳрат пайдо карда буд, то ҷое ки яке аз наберагони Қитода назди Умар ибни Абдалазиз худашро бо мисраҳои шеър муаррифӣ намуда мегӯяд: «Ман фарзанди он касе ҳастам, ки чашмаш ба рӯяш овехта буд, сипас он бо дасти Мустафо, ки беҳтарин шифобахш буд, ба ҷояш баргардонида шуд, пас чашм ба ҳолати пешини худ баргашт ва эй беҳтарини чашмҳо ва эй беҳтарини шифобахшҳо!».

Инчунин собит шудааст ки «Паёмбар (с.а.в) оби даҳони худро ба ҷароҳати чеҳраи Қитода, ки дар рӯзи Қардин (ин ғазвае аст, ки баъди Ҳудайбия воқеъ шуда буд) тире ба рӯяш халида буд ва Қитода мегӯяд гӯё на дарде ба ман буд ва на зарбае хӯрда будам»[3], ин ба сабаби он буд, ки Паёмбар (с.а.в) бо дастони муборакашон онро молиш доданд.

Мисоли дуюм. Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки дар рӯзи Хайбар Паёмбар (с.а.в) байрақро ба ҳазрати Алӣ дода буд, дар ҳоле ки чашмони ӯ хираву торик шуда буданд. Паёмбар (с.а.в) оби даҳонашро гирифта, ба чашмони ӯ молид, пас бо розигии Худованд чашмонаш равшану бино шуданд.[4] Фардои ҳамон рӯз Алӣ (р) дари қалъаи оҳанинеро бардошта, қалъаро фатҳ кард.

Инчунин соқи пойи Салама ибни Акваъ дар ҷанги Хайбар ҷароҳат бардошта буд ва Паёмбар (с.а.в) онро дам намуд ва ӯ шифо ёфт.[5]

Мисоли сеюм. Насоӣ[6] аз Усмон ибни Ҳунайф ривоят мекунад, ки нобиное ба назди Паёмбар (с.а.в) омаду гуфт: «Эй Расули Худо! Аз Худо талаб кун, то чашмони маро бино кунад». Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Ё ин ки туро ба ҳолат бигузорамат?». Гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с.а.в), ин кӯриям барои ман машақат меорад». Паёмбар (с.а.в) ба ӯ гуфт:

«Бирав таҳорат кун ва ду ракаат намоз бихон ва баъди он бигӯ Парвардигоро, аз Ту мепурсам ва ба сӯйи Ту таваҷҷӯҳ мекунам бо паёмбар, Муҳаммад (с.а.в) ҳастам, ки паёмбари раҳмат аст». Гуфт: «Эй Муҳаммад, ман таваҷҷӯҳ ба сӯйи Худои ту бо ту мекунам, то ин ки чашмҳои маро бино кунад, бор илоҳо ӯро шафоаткунанда барои ман бигардон ва худамро шафоаткунандаи нафсам бигардон».

Баъди он чун баргашт, дид ки чашмҳояшро бино гаштааст».

Мисоли чорум. «Абӯҷаҳл дар ҷанги Бадр дасти Муавваз ибни Афроро бурид. ӯ яке аз чордаҳ нафарае аст, ки дар ҷанги Бадр шаҳид шуда буданд. Сипас дасташро бардошта, ба назди Паёмбар (с.а.в) омад ва Паёмбар (с.а.в) оби даҳонашро гирифта, бар дасти ӯ молиду онро часпонид ва он даст ба ҷойи худаш часпид. Сипас боз дубора ба ҷанг баргашту то ба шаҳодат расиданаш бо кофирон ҷангид. Ин ҳодисаро Ибни Ваҳҳаб ривоят кардааст»[7] ва ӯ яке аз эмомони ҳадис мебошад.

Инчунин дар ривоятҳо омадааст ки: «Хубай ибни Ясоф дар рӯзи Бадр, ки ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) буд, аз гарданаш ҷароҳат бардошт, ҳатто ҷоғаш як тараф шуд. Паёмбар (с.а.в) онро ба маконаш баргардонид ва дар он оби даҳон молид, пас шифо ёфт».[8]

Ин ду воқеа агар ривояти оҳод ҳам бошанд, Имоми бузургвор Ибни Ваҳҳаб онҳоро тасҳеҳ намудааст ва ҳарду дар қисмати муъҷизаҳои Бадр сурат гирифтанду шоҳидони зиёде онҳоро таъйид мекунанд. Барои ҳамин касе наметавонад дар ин ду воқеа шакку тардид намояд.

Ҳамчунин ҳазору як намунаест, ки бо ҳадисҳои саҳеҳ собит шудаанд, ки дасти Паёмбари аъзам (с.а.в) шифобахш ва дармоне барои беморону маҷруҳин буд.

Саъид Нурсӣ

[1] «аш-Шифо» (1/322). Ибни Исҳоқ ва Байҳақӣ аз Осим онро мурсал ривоят карданд (Алиқорӣ 1/651). Дар «ал-Маҷмаъ» (6/113), аз ҳадиси Саъд ибни Абӯваққос, Ҳайсамӣ мегӯяд: «Баззор онро ривоят кардааст ва дар он Усмон Алваққосӣ аст ва ӯ матрук аст.

[2] «аш-Шифо» (1/322) баргардонидани чашми Қитода дар баъзе ривоятҳо дар ҷанги Уҳуд воқеъ шудааст, дар «ал-Маҷмаъ» (6/113). Алҳасамӣ мегӯяд: «Табаронӣ онро ривоят мекунад ва дар санади он касест, ки ман ӯро намешиносам ва ӯро дар «ал-Канз»-и Ибни Асокир дарҷ кардааст (12/376), дар дигар ривоятҳо омадааст, ки ин воқеа дар ҷанги Бадр рух дод, ҳамчуноне ки дар «ал-Канз» (376/12) омадааст. Онро ба Абӯяъло нисбат додааст ва Ибни Адӣ дар «ал-Комил» ва Байҳақиву Баѓавӣ дар «Далоил» ва Ибни Асокир. Ниг.тафсили ин ҳадисро дар «Зодулмиъод»- и таҳқиқшуда (3/186-187).

[3] «аш-Шифо» (1/322), яъне ҳеҷ дарде намекард ва зардоб ҳам аз он ҷорӣ намешуд. Ин ҳадис саҳеҳ аст онро Тирмизӣ ва Байҳақӣ ривоят кардаанд («ал-Хафоҷӣ” 3/113).

[4] Барои фаҳмидани асли ҳадис ниг. Бухорӣ (4/58,65,73,5/23,171) ва Муслим (12/185,15/178).

[5] Ниг. Бухорӣ (5/170), «Сунан»-и Абӯдовуд (2/339). Онро Аҳмад ривоят кардааст («ал-Фатҳуррабонӣ»-и Суютӣ 22/259).

[6] Саҳеҳ аст, ибораи ҳадис азони ӯст. Тирмизӣ онро ривоят намуда, мегӯяд ҳадис ҳасану саҳеҳ аст. Ибни Моҷа ва Ибни Хузаймӣ ва Ҳоким онро ривоят кардаанд ва Ҳоким мегӯяд, ки ҳадис саҳеҳ аст бар шарти Бухорию Муслим, Имом Аҳмад ва Табаронӣ дар «ал-Кабиру вассаѓир» онро ривоят кардаанд, ҳамчунин Ибни Ассуннӣ («Саҳеҳу ал-Ҷомиъуссаѓир» бо рақами 1290).

[7] «аш-Шифо» (1/324).

[8] «аш-Шифо» (1/324). Албайҳақӣ аз Ибни Исҳоқ онро ривоят кардааст (Алиқорӣ 1/656) ва дар «ал-Бидоя ванниҳоя» (6/164) ривояти Имом Аҳмад бо санадаш омадааст.

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*