МУЪҶИЗОТИ АҲМАДӢ

ТАҚРИЗ

        Нимаи авали асри 20 ва ибтидои асри 21 давраи бисёр боло рафтани нуфузи динҳои ҷаҳонӣ, хусусан Ислом аст. Ин падида чанд сабаби умда дорад.

— аз нимаи дуюми асри 20 Ислом дар мамлакатҳои шарқи мусулмонӣ ба мафкураи миллӣ-озодихоҳӣ аз истисмори аҷнабӣ ва раҳоӣ ёфтан аз султон мустамликадорини ғарбӣ гардид. Ба ин ваҷҳ Ислом ба як маънӣ ба давраи нави эҳёи худ ворид гардид;

— дар солҳои 60-80-уми қарни гузашта дар як даста мамлакатҳои шарқи исломӣ, чун Покистон, Афғонистон ва Эрон, инқилобҳои исломӣ ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа давлатҳои исломӣ ба маънии васеъи ин калима роҳ ёфтанд. Ин падида таъсири Исломро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ тавсеъаи бештар бахшид;

— шикасти сохти сотсиалистӣ ва мафкураи марксистӣ дар як низоми сотсиалистии ҷаҳонӣ, хусусан дар Иттиҳоди Шуравӣ, таназзули ҳаракати коргарии коммунистии ҷаҳон ва мафкураи он низ нуфузи Исломро беш аз пеш тақвият доданд. Дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки таърихи исломӣ доштанд, аз ҷумла Тоҷикистон, мафкураи исломӣ вориди эҳё гардид;

— инқилобҳои охирини мамолики араб, чун Ироқ, Тунис, Миср, Либия… ва ба сари ҳокимият омадани қувваҳои исломгаро низ таъсири Исломро дар ҳаёти ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон сахт тақвият бахшид.

Ба ин сабабҳо боло рафтани нуфузи Ислом дар ҳаёти ҷомеъа, хусусан ҷомеъаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи онҳо мансуб аст, тақозо менамояд, ки роҳҳои ҳамзистии осоиштаи дин ва давлати дунявӣ… бозҷӯӣ шаванд, то ки амнияти ҷомеъа барои ояндаи дур таъмин гардад.

Ба фикри мо яке аз муҳимтарин роҳҳои ҳалли ин масъала ташаккули шуури мудоропазирӣ, ақлгароии муътадил, бартараф кардани  ҳамагуна хуруфотпарастӣ ва дарёфти исломи ноб аст. Дар ин роҳ нашр ва тарғиби осори мутафаккирони бузурги исломӣ, ки хатти миёнаро дар тарғиби дин, фалсафа ва илм пеша карда буданд, саҳми бузург бозида метавонанд. Аз сӯи дигар дастраси омма кардани осори муслиҳон ва маорифпарварони исломӣ, чун Ҷамолуддин Афғонӣ, Маҳмуди Тарзӣ, Кавокибӣ, Абдуҳ, Аҳмади Дониш ва бешак навиштаҳои Саъид Нурсӣ дар ин маврид нақши бузурги маърифатӣ дошта метавонанд.

Асари Саъид Нурсӣ «Муъҷизоти Аҳмадӣ», ки шарҳу баёни масоили умдаи Исломро ба назардошти фаҳмиши омма шомил аст, ва ба забони равони тоҷикӣ тарҷума шудааст, барои дарёфти исломи ноб аз ҷониби мардум бисёр муфид мебошад.

Аз ин сабаб, нақши ин китобро тақозои замон мешуморам.

 

      Академики Академияи

илмҳои Тоҷикистон 

М. Диноршоев.



Мақолаҳо