Инки дар дорухонаи бузурги олам, маводи ҳаёте, ки бар асоси қазову қадари Ҳакими Азалӣ гирифта мешавад…

Вуҷуди махлуқот ва шаклгирии ашё, ба воситаи иҷтимоъи сабабҳои олам сурат мегирад. Аз муҳолҳои фаровони ин баҳс, танҳо се тоашро зикр мекунем:

Муҳоли якум: Дар як дорухона, садҳо шишаи маводи гуногун паҳлуи ҳам вуҷуд дорад. Фарз кунем аз доруҳое, ки дар ин дорухонааст, мехоҳанд маъҷуни зиҳаёт таҳия кунанд. Яъне мехоҳанд аз он шишаҳо, подзаҳри олӣ ва дар айни ҳол бархурдор аз ҳаёт ба вуҷуд ояд. Фарз кунем, омадем ва дарон дорухона теъдоди зиёди он маъҷун, ё подзаҳри зиҳаётро дидем ва ҳар кадомашонро мавриди баррасӣ қарор додем. Мебинем, ки ҳар кадоми шишаҳо ба як андозаи махсус, масалан ба вазни ду дирҳам аз ин, се чор дирҳам аз он, шаш ҳафт дирҳам аз дигараш ва ғайраҳо, андозаҳои гуногун, аз ҳар кадомаш бардошта шудааст. Медонем, ки аз ин шиша, масалан аз як дирҳам зиёдтар, ё камтар гирифта шуда бошад, он дармон, дорои ҳаёт намешавад. Яъне он дору, хосияти худро гум мекунад. Агар ҳар як шиша, як модда ба андозаи мушаххас доштабошад, ки агар заррае кам, ё зиёд шавад, дармон хосияти худро аз даст медиҳад. Шумори шишаҳо аз панҷоҳ адад зиёд аст ва аз ҳар як ба мизони мушахасу ҷудогона, дору бардошта шудааст.

Оё аслан имкон ва эҳтимол дорад, ки доруҳои гирифта шудаи аз шишаҳо, ки ба миқдорҳои мухталиф гирифта шудааст, бо пароканда шудани шишаҳо  дар як тасодуфи аҷибу ғариб, ё дар як ҳавои туфонӣ ва рехта шудани мӯҳтавиёташон ба ҳамон вазни  мавриди назари ҳосилшуда ва доруҳо худ ба худ гирди  ҳам ҷамъ шаванд ва маъҷуни мавриди назарро  ба вуҷуд оранд? Оё бепоятар, ботилтар муҳолтар аз ин, чизи дигаре ҳаст? Ҳатто хар агар хартар шавад ва баъд инсон шавад, боз ҳам ин фикрро қабул накарда, мегурезад.

Ҳамаи зиҳаётон ҳамчун мисоли мазкур, бешубҳа маъҷун ё таркиби бархурдори аз ҳаёт мебошанд. Ҳар як гиёҳ, монанди подзаҳр дорои ҳаёт аст, ки аз маводи бисёр мутааддид ташкил шуда ва бо мизону миқёси бисёр дақиқ аз маводи арзшуда, таркиб гардида аст. Ҳамин гиёҳ, агар ба сабабҳо нисбатдода шуда, гуфта шавад: “Сабабҳо ва унсурҳо онро эҷод кардаанд”, монанди ҳамон маъҷуне, ки иддио шуд, бо чаппа шудани шишаҳои дорухона, пайдо шудааст, дур аз ақл ва муҳолу ботил мебошад.

Натиҷа: Инки дар дорухонаи бузурги олам, маводи ҳаёте, ки бар асоси қазову қадари Ҳакими Азалӣ гирифта мешавад, бо ҳикмати бе ниҳоят ва илми бепон ва иродае, ки ҳама чизро  шомил мешавад, метавонанд вуҷуд ёбанд. Бечорае, ки хилқатро кори сабабҳои табиат ва унсури куллӣ медонад, кӯру кар ва ҳамчун сел дар ҷараён аст. Монанди девонаест, ки бар асари ҳазаён, мегуяд: Он подзаҳри аҷиб, худ ба худ аз дохили шишаҳо берун омада, ба вуҷуд омадааст. Ӯ аҳмақтар аз аҳмақест, ки дар ҳоли мастӣ ба сар мебарад. Бале, куфргуии мазкур дар ҳақиқат ҳазаёни аҳмақона, нохирадона ва аблаҳонааст.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо