Имон ҳам нур аст ва ҳам қудрат…

НУКТАИ СЕЮМ:

Имон ҳам нур аст ва ҳам қудрат. Ҳа, инсоне ки имони ҳақиқӣ дорад, бартар аз ҳамаи коинот мешавад. Бо нерӯи имон ӯ метавонад аз балои ҳодисаҳои гуногун дар амон бимонад ва бо гуфтани ‌تَوَكَّلْتُ عَلَى اللّٰهِ‌  (Таваккалту ъалаллоҳ), дар сафинаи ҳаёт дар байни гирдоби ҳодисаҳои азим бе биму ҳарос сайр кунад. Чунин шахс тамоми вазниниҳои ҳаётро ба қудрати Қодири Мутлақ амонат мегузорад, дар дунё бороҳат зиндагӣ карда,  дар дунёи барзах низ ба оромӣ ва осудагӣ мерасад, истироҳат карда сипас, барои ба дунёи саодати абадӣ ворид шудан ба сӯи баландиҳои биҳишт парвоз мекунад. Аммо, агар инсон ба Аллоҳ таваккал накунад, вазниниҳои дунё на танҳо нест намешаванд, балки ӯро ба асфали софилин мефароранд.

Пас, имон тавҳидро, тавҳид таслимро, таслим таваккалро, ва таваккал саодати ҳар ду дунёро тақозо мекунад.

Фақат нодуруст нафаҳм. Таваккал ба Аллоҳ маънии онро надорад, ки бояд тамоман сабабҳоро нодида гирифт; балки баръакс, бояд сабабҳоро пардаи дасти қудрати Илоҳӣ донист. Инро чунон мебояд донист, ки муроҷиат ба сабабҳо ин як навъи дуъои феълӣ барои хостани натиҷа танҳо аз Худои Мутаъол аст. Ва бояд донист, ки  натиҷаҳо ҳама аз Аллоҳ бармеоянд ва ба Ӯ шукргузор бояд кард.

Ҳикояти он одаме, ки таваккал мекунад ва он, ки аз таваккал мегурезад, мисли ин қисса аст:

Рӯзгоре ду нафар бар сару китфашон борҳои вазнине зада ва бо таҳияи чипта савори киштии калоне мешаванд. Яке аз он ду нафар вақте по ба киштӣ мегузорад, бору бунаашро ба замин гузошта рӯи он менишинад ва ба атроф менигарад. Нафари дигар бошад, аз ғуруру аблаҳӣ бору бунаашро ба замин намегузорад. Касе ба ӯ мегӯяд:

“Борҳоятро ба замин бигзор ва роҳат бош.”

Аммо ӯ ҷавоб медиҳад:

“Не! Намехоҳам, ки ин корро бикунам. Шояд борҳоямро аз даст диҳам. Ман нерӯманду тавоноям, метавонам борҳоямро бар сару китфам нигоҳ дошта онҳоро муҳофизат кунам.”

Дубора ба ӯ мегӯянд:

“Ин киштии амн, ки мову шуморо бо худ мебарад, ба подшоҳ тааллуқ дорад ва қудратмандтар аз ҳамаи мост ва беҳтар аз мо метавонад бору бунаамонро ба сарманзили мақсуд бирасонад ва муҳофизат кунад. Шояд сарат чарх занад ва ҳамроҳи борҳоят ба дарё биафтӣ. Ё ки рафта-рафта хаста ва нотавон шавӣ ва ин камари хамида ва он сари бемағзат дер ё зуд аз ҳамли бори сангин оҷиз бимонад. Капитани киштӣ низ агар аз дар дарояд ва туро дар ин ҳолат бубинад, ё девонаат мехонад ва аз киштӣ берун мекунад, ва ё гумон мекунад, ки ту хоин ҳастӣ, киштӣ ва ӯро ба бекифоятӣ муттаҳам карда масхара мекунӣ. Ва он вақт, амр ба ҳабсу дастгирии ту медиҳад. Дар ниҳоят ҳама туро масхара хоҳанд кард ва дар назари аҳли диққат бо такаббурат, ки баёнгари заъф ва бо ғурурат, ки баёнгари аҷз ва бо риёкорӣ, ки  нишондиҳандаи худнамоии туст, ангуштнамои ҳамагон мешавӣ ва халқ ба ту механдад.”

Пас аз шунидани ин суханҳо ақли он шахс ба ҷояш омад. Борашро ба замин гузошта рӯи он нишаст ва гуфт:

“Оҳ, Худо аз ту розӣ бошад, ки аз заҳмату ҳабсу истеҳзо дар амон мондам.”

Пас, эй инсони бе таваккал! Ту ҳам монанди ин одам ақлатро кор фармо ва таваккал кун. То ки аз аҷзу дармондагӣ дар баробари коинот,  аз тарсу ларз дар муқобили ҳаводис, аз риё ва худнамоӣ, аз масхара шудан, аз бадбахтии ухравӣ ва аз фишорҳои зиндагӣ раҳоӣ ёбӣ.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо