Илоҷи қалъӣ ва шифои қатъӣ диҳанда илоҷи имон аст, ки як дармон мебошад…

ДАВОИ ҲАШТУМ

Эй беморе, ки охирати худро фикр мекунӣ! Беморӣ, монади собун, чиркҳои гуноҳҳоро шуста тамиз мекунад. Кафорати зунуб шудани маризиҳо бо ҳадиси саҳиҳ собит аст. Ҳам дар ҳадис ҳаст ки: Чигуна бо такон додани дарахти пухта расидани меваҳояш мерезад; ларзидани як маризи бо имон низ ингуна, гуноҳҳоро такон медиҳад. Гуноҳҳо дар ҳаёти абадӣ маризиҳои доимианд. Дар ин ҳаёти дунёи низ барои қалб, виҷдон ва рӯҳ маризҳои маънавианд. Ту агар сабр карда шикоят накунӣ, бо ин маризии муваққат аз бисёр бисёр маризиҳои доими дигар наҷот меёбӣ.

Агар гуноҳҳоро фикр накунӣ, ё инки охиратро намедонӣ ва ё Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ро намешиносӣ, дар ту онгуна як маризӣ аст, ки миллион дафъа аз ин маризи хурдии ту бисёр бузург аст. Аз он фарёд кун. Чунки бо тамоми мавҷудоти дунё қалбӣ ту, рӯҳӣ ту, навфсӣ ту, алоқадор аст. Довомдор бо фироқ ва завол он алоқаҳо бурида шуда, дар ту захмаҳо беҳад боз мешавад. Бо хусус барои инки охиратро намедонӣ, барои инки маргро эъдоми абадӣ фикр мекунӣ; одато, гуё дар дохил захм ва ҷароҳат ва доғ ба қадри дунё як вуҷуди бо мараз дорӣ. Инак аз ҳама аввалтар ба ин маризиҳои беҳади ва вуҷуди маънавӣ бузурги худ, ки беҳад бо захм ва бо мараз аст, илоҷи қалъӣ ва шифои қатъӣ диҳанда илоҷи имон аст ки як дармон мебошад. Онро ҷустутҷӯ кардан ва эътиқоди худро дуруст кардан аст, ки дар дарёфти он илоҷ роҳи хеле кӯтоҳ низ бо панҷараи заъфу аҷзи ту, ки ба ту дар зери пардаи ғафлате, ки ин маризӣ моддии онро пора кардааст, қудрат ва раҳмати як Қадири Зулҷалолро шинохтан аст.

Бале касеки Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ро намешиносад пур аз дунё бало, болои сараш ҳаст. Касе, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ.) ро мешиносад дунёаш бо нур ва бо сурури маънавӣ пур аст. Назар ба дараҷааш боқуввати имон ҳис хоҳад кард. Дар зери ин сурур ва шифо ва лаззати маънаве, ки аз имон меояд, алами маризиҳои ҷузъӣ ва моддӣ, гудохта ва хурд шуда меравад.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо