Замона дигаргун шудааст ва аср асри дигарест, мардум дар дунё фурў рафтаанд ва фирефтаи ҳаёти он шудаанд ва сармаст аз дарди маъишат ҳастанд…

Бар ғофилон як шаллоқ ва дарсе барои ибрат

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

وَمَا الْحَيٰوةُ الدُّنْيَا اِلاَّ مَتَاعُ الْغُرُورِ32

 Эй нафси бадбахтам! Эй саргардони дар ғафлат! Эй он ки  зиндагиро ширину лаззатбахш мебинӣ ва толиби дунё ҳастӣ ва охиратро фаромӯш кардаӣ! Оё медонӣ ба чи шабоҳат дорӣ? Ба шутурмурғе ки шикорчиро мебинад, ба ҷои гурезу фирор, сарашро дар регу хок фурў мебарад, то шикорчи ўро набинад ва ғофил аз он аст, ки ҷисми бузургаш берун монда, шикорчи ўро мебинад, танҳо ўст ки чашмонашро дар хок пӯшонда чизеро намебинад!

 Эй нафсам! Ин мисолро бубин, ва дар он бияндеш, ки чигуна танҳо фикр ба дунё, лаззати ширинро ба дарди талхе мубаддал месозад! Фарз кун дар ин деҳа “Барла” ду шахс ҳастанд.

 Яке аз он ду шахс, наваду нўҳ нафари аз дўстонаш ба Истанбул рафтаанд, ва дар он ҷо зиндагии хубу ороме доранд, ва танҳо як нафар аз дўстонаш барои ў монда аст, ки дар охир ў низ ба он ҷо хоҳад рафт; бинобар ин, ин мард ба шиддат муштоқи ба Истанбул рафтанро дорад ва дар бораи он фикр мекунад, дар фикри пайвастан ба дўстонаш мебошад, аз ин рў ҳар гоҳ ба ў гуфта шавад: “биё ба он ҷо рав” ў бо хушҳолӣ ва шодмонӣ хоҳад рафт.

 Аммо марди дуюм, ки монанди якумӣ, наваду нўҳ дар сади дўстонаш аз он ҷо рафта буданд, гумон мекунад, ки баъзе аз онон ҳалоку иддае ҳам бошад дар ҷоҳои номаълуме нопадид шудаанд, ё ҳамагӣ парешон шуда, аз байн рафтаанд, аз ин сабаб ин марди бечора ба ҷои дўстони аз даст додааш мехоҳад, танҳо бо мусофире дустӣ кунад, бо ў худро тасаллӣ диҳад ва дари дарду ҷудоиро бубандад!

Эй нафсам! Ҳамаи дўстонат дар пешопеши онон Ҳабибуллоҳ (с.а.в.) акнун дар он тарафи қабранд.

Дар ин ҷо танҳо як ду нафар мондааст, онҳо низ сафар хоҳанд кард, аз тарси марг ва аз хавфи қабр сар бар нагардон, балки чашм ба қабр бидўз, мардонаву бо шаҳомат ба қабр бингар ва ба хостааш гўш деҳ, ва мардона бирав, ва ба марг табассум кун, бифаҳм чи мехоҳад? Мабодо ғафлат кунӣ, ва шабеҳи марди дуюм шавӣ!

 Эй нафсам! Ҳаргиз нагў: “Замона дигаргун шудааст ва аср асри дигарест, мардум дар дунё фурў рафтаанд ва фирефтаи ҳаёти он шудаанд ва сармаст аз дарди маъишат ҳастанд! Зеро ҳанўз марг дар ҷояш боқист ва ҳаргиз фироқ ба бақо табдил нахоҳад шуд, аҷзи башарӣ ва фақри инсонӣ низ дигаргун намешавад, балки афзоиш меёбад ва сафари башарият низ ба поён намерасад, балки суръат меёбад.”

 Ва низ нагў: “Ман ҳам мисли дигарон!” зеро ҳар кас туро то дарвозаи қабр ҳамроҳӣ мекунад ва ин гумон, ки дигарон дар ғаму мусибат, шарику ҳамроҳат хоҳанд буд ва бо ин гумон худро оромиш медиҳӣ, бидон! Ки ин низ дарон тарафи қабр пояу асосе надорад.

 Гумон накун, саргардон ҳастӣ, зеро агар бо нигоҳи ҳикмат ба ин мусофирхонаи дунё бингарӣ, ҳаргиз чизеро бенизому беғоят намеёбӣ, пас ту чигуна бенизому бе мақсад хоҳӣ монд?! Дар ҳоле ки ҳеҷ як аз ҳодисаҳои табиӣ ҳамчун зилзила, бозичаи дасти тасодуф нестанд.

 МАСАЛАН: Вақте мебинӣ, либосҳои рангоранге аз анвоъи набототу ҳайвонот, чи даруну чи беруни он, бар тани замин пўшонида шуда, ва назму ҳамоҳангии комиле дошта, ва нақшҳои мунаққаш бар он кашида шуда, сар то пои он аз ҳикматҳо ва ҳадафҳо музаяну муҷаҳҳаз гардида аст ва ҳамчун муриди маҷзуби Мавлавӣ, дар доираи ҳадафҳои бисёр олӣ, бо камоли диққату назм бар гирди худ мечархад, пас чигуна ҳодисаи маргбори(ҳошия) зилзилаи курраи заминро – ки бо такон додани души худ, ва адами ризоияташро аз бори фишори маънавие ки пайдо шаванда аз амалҳои башар, хоссатан аҳли имон нишон медиҳад – беғояту беҳадаф гумон мекунӣ?! Чунон ки яке аз мулҳидон кушиш мекард, ин ҳодисаро беҳадаф ва як амри тасодуфӣ ҷилва дода, хасороти дардовари ҳама мусибатзадаҳоро бе ивазу муқобала ва ҳабоан мансуро нишон дода, ва инсонҳоро ба ноумедӣ гирифтор мекунад, дар воқеъ ў ба ин тариқ иштибоҳи фоҳишу зулми бузургеро муртакиб мешавад, ҳоло он ки  ин гуна ҳодисаҳо ба фармони Ҳакими Раҳим, амволи фонии аҳли имонро ба унвони садақа барояшон захира мекунад, ва манзалаи кафораи гуноҳони аз куфрони неъмат сар зада қаламдод мешавад.

Ба зудӣ рўзе фаро хоҳад расид, ки замини мусаххар, чеҳраашро аз асари рафторҳои ширколуди башар ва куфрони ў олудау зишт мебинад, ва онгоҳ ба фармони Холиқ чеҳраашро бо зилзилаи бузурге поку тамиз мекунад, ба фармони Худованд аҳли ширкро дар ҷаҳаннам меандозад ва ба аҳли шукр мегуяд: “Биёед вориди биҳишт шавед!”

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо