Дар ҳақиқат «Паёмбар (с.а.в), Абӯбакр, Умар ва Усмон бар болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, кӯҳ дар ин ҳол ба ларза даромад»…

ИШОРАИ ЁЗДАҲУМ

Ин ишора муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)-ро дар ҷимодот аз қабили сангу кӯҳҳо баён мекунад. Ҳамон гуна ки дар ишораи даҳум гузашт, он роҷеъ ба муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) дар боби наботот буд, дар ин ишора мо аз миёни чандин мисолҳо танҳо ба ҳашт мисол ишора мекунем.

Мисоли якум. Бухорӣ ва алломаи Мағрибӣ Қозӣ Аёз аз ибни Масъуд, ки ходими Паёмбар (с.а.в) буданд, ривоят мекунанд: «Дар ҳақиқат, ҳангоми хӯрдани таом, тасбеҳ гуфтани таомро мешунидем».

Мисоли дуюм. Аз Анас ва Абӯзар (р) собит шудааст ва Анас мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) як панҷа сангпораро дар дасташ гирифт ва мо тасбеҳ гуфтани сангпораҳоро мешунидем. Сипас дар дасти Абӯбакр (р) онҳоро рехт ва боз он сангпораҳо тасбеҳ мегуфтанд ва баъд ба дасти мо доданд ва дар дасти мо тасбеҳ нагуфтанд».

Дар ривояти Абӯзар омадааст, ки он сангрезаҳо дар дасти Умар (р) ҳам тасбеҳ мегуфтанд. Пас онҳоро дар замин гузоштанд ва он сангрезаҳо хомӯш шуданд ва сипас он сангрезаҳоро гирифта, дар дасти Усмон (р) гузошт ва онҳо тасбеҳ мегуфтанд, баъд аз он онҳоро дар дасти мо ниҳод, вале онҳо хомӯш шуданд.

Мисоли сеюм. Аз Алӣ, Ҷобир ва Оиша (р) бо ривояти саҳеҳ собит шудааст, ки дар воқеъ, Паёмбар (с.а.в) аз ҳар кӯҳу дашту биёбоне, ки мегузашт, бар ӯ мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо». Дар ривояти дигар аз Алӣ чунин омадааст: «Дар ибтидои биъсат дар Макка будем ва бо Паёмбар (с.а.в) барои сайругашт ба атрофи Макка баромадем, ҳар дарахту кӯҳе, ки Паёмбар (с.а.в) аз пеши он мегузашт, ба ӯ мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».

Дар ривояти Ҷобир омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) бар ҳар сангу дарахте мегузашт, бар ӯ саҷда мекарданд, яъне ҳар яке аз онҳо дар пешгоҳи Паёмбар (с.а.в) сар хам намуда, мегуфтанд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».

Дар ривояти дигар аз Ҷобир ибни Самра (р) аз Паёмбар (с.а.в) чунин омадааст:

«Дар воқеъ, ман сангеро дар Макка медонам, ки бар ман салом медод», яъне пеш аз он ки ба паёмбарӣ фиристода шавам. Мегӯянд он ишора бар санги сиёҳ, Ҳаҷаруласвад аст.

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегӯяд Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Аз вақте ки Ҷаброил маро бо рисолати паёмбарӣ истиқбол кард, бар ҳар сангу дарахте, ки гузар менамудам, бар ман ин гуна салом медоданд: «Ассалому алайкум, эй Паёмбари Худо».

Мисоли чорум. Дар ҳадиси Аббос (р) омадааст, ки Паёмбари Худо (с.а.в): Аббос ва чаҳор фарзандонашро (Абдуллоҳ, Убайдуллоҳ, Фазл ва Ҳусамро) дар зери ҷомааш ҷамъ намуда, барои онҳо дуо намуд, то аз оташи Дӯзах эмин бошанд. ӯ мегуфт:

«Худовандо, ин амаки ман аст, бародари падарам ва инҳо фарзандони ӯ ҳастанд. Аз оташи Дӯзах инҳоро сатр намо, ҳамчуноне ки ман онҳоро бо ин ҷомаам сатр намудам». Пас дару деворҳо омин-омин мегуфтанд, яъне дар дуо шарик шудаанд.

Мисоли панҷум. Китобҳои саҳиҳ ва дар муқаддимаи онҳо Бухорӣ, Ибни Ҳаббон, Абӯдовуд ва Тирмизӣ бо иттифоқ аз Анас, Абӯҳурайра, Усмони Зинурайн, Саъид ибни Зайд яке аз даҳ ёрони биҳиштӣ, ривоят мекунанд, ки дар ҳақиқат «Паёмбар (с.а.в), Абӯбакр, Умар ва Усмон бар болои кӯҳи Уҳуд баромаданд, кӯҳ дар ин ҳол ба ларза даромад», яъне аз тарсу ҳарос ё ин ки аз хурсандию сурур. «Пас Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Собиту устувор бош, эй Уҳуд, ки бар болои ту паёмбару сиддиқу ду шаҳид истодаанд», бо ин ҳадис Паёмбари гиромӣ (с.а.в) ба шаҳодат расидани Умару Усмонро  хабари ғайбӣ медиҳад.

Дар давоми ин ҳадис омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) аз Макка ҳиҷрат мекунад ва кофиронӣ Қурайш ба ҷустуҷӯйи ӯ мебароянд. ӯ ба болои кӯҳи Субайр мебарояд. Субайр ба Паёмбар (с.а.в) мегӯяд: «Эй Паёмбари Худо, аз болои ман поён шав, ки ман метарсам ту дар болои ман кушта мешавӣ ва Худованд маро азоб медиҳад». Кӯҳи Ҳиро гуфт:

«Эй Паёмбари Худо, ба тарафи ман биё».

Аз ин аҳли салоҳу сидқу вафо бармеояд, ки кӯҳи Субайр дар ҳолати хавфу бим ва кӯҳи Ҳиро дар ҳолати амн қарор доштанд.

Аз маҷмӯи ин мисолҳо бармеояд, ки кӯҳҳои азиму бузург ба монанди дигар махлуқот маъмур буданд, то Худованди таолоро тасбеҳ гӯянд ва ба худ вазифаи махсусе доранд. Онҳо Паёмбар (с.а.в) -ро мешиносанд ва ӯро дӯст медоранд. Пас кӯҳҳо беҳуда офарида нашудаанд.

Мисоли шашум. Ибни Умар ривоят мекунад ки Паёмбар (с.а.в) бар болои минбар ин оятро хонд:

«Ва сифат накарданд (яҳудиҳо) Худоро чунон ки мебоист…» Сипас гуфт:

Пок медорад Худованд худро ва такрор карда мегӯяд:

Ман ҷаббор ҳастам, ман бузургу ҷаббор ҳастам, ман бузургу боло ҳастам” ва минбар ба ларза даромад, ҳатто гуфтем ҳозир Паёмбар (с.а.в) меафтад.

Мисоли ҳафтум. Аз бузурги ин уммат ва тарҷумони Қуръон, Ибни Аббос (р) ва аз яке аз олимони саҳоба, Ибни Масъуд (р) чунин ривоят шудааст: «Дар атрофи хонаи Худо сесаду шаст бут рост карда буданд, ки бар сангҳо мустаҳкам карда шуда буданд. Вақте соли фатҳ Паёмбар (с.а.в) дохили масҷид шуд, бо асои худ тарафи ҳар буте ишора мекард, яъне дасташро намерасонд ва мегуфт:

 

«Ва бигӯ: «Омад дини ҳақ» (ислом) ва нобуд шуд дини ботил (яъне куфр), албатта чизи ботил несту нобудшаванда аст» (сураи «Исро», 81). Паёмбар (с.а.в) ба тарафи рӯйи ҳар он буте, ки ишора мекард, он ба пушт меафтод ва  агар ба пушти он ишора мекард, ба рӯяш меафтид, то оне, ки дар онҷо дигар буте намонд».

Мисоли ҳаштум. Ин қиссаи роҳиби машҳур Буҳайро мебошад, ки Паёмбар (с.а.в) бо амуяш, Абӯтолиб ва ҷамоате аз Қурайш ба сафари Шом баромаданд ва ин сафар пеш аз биъсати ӯ буд. Вақте ба наздикии маъбади он роҳиб расиданд, дар паҳлӯи маъбад нишастанд. Он роҳиб назди касе намебаромад, вале ба назди Паёмбар (с.а.в) баромада, дастони ӯро гирифт ва гуфт: «!Ин сарвари оламиён аст ва Худованд ӯро раҳмате бар оламиён мефиристад».

Баъзе бузургони Қурайш ба ӯ гуфтанд: «Шумо инро аз куҷо медонед?». Дар ҷавоб гуфт: «Дар воқеъ, ҳеҷ сангу дарахте намондааст, ки ба ин кас саҷда накунад ва инҳо бар ҳеҷ кас саҷда намекунанд, магар ба Паёмбар (с.а.в)». Ровӣ идома медиҳад: «сипас ҳангоми бозгашт абре болои сари Паёмбар (с.а.в)-ро соя меафканд ва чун мехост ба сояи дарахте биншинад, мардум пештар аз ӯ сояи дарахтро ишғол намуда буданд, вале чун Паёмбар (с.а.в) нишаст, сояи дарахт ба тарафи ӯ майл намуд».

Ҳамин гуна ҳаштод мисоли дигар аст, ба монанди ин мисолҳои ҳаштгона. Ин мисолҳои ҳаштгона бо ҳам якҷо шаванд, дар ниҳоят қавию боэътимод мегарданд, ки ҳеҷ шакку шубҳае дар дуруст будани онҳо намемонад.

Ҳамчунин ин муъҷизаҳо (ба сухан омадани ашё) далелу ҳуҷҷати ошкор аст бар рост будани даъвои Паёмбар (с.а.в) ва ин аз ҷиҳати маънояш дар ҳукми мутавотир мебошад. Ҳар яке аз ин мисолҳо қувваеро тавлид мекунад, то мисолҳои дигарро тақвият бахшад ба монанди марди заифе, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайвандад ва онҷо қавӣ мегардад, ки метавонад ҳатто бо ҳазор нафар муқовимат кунад. Ҳамчунин монанди як сутуни заифе, ки паҳлуи сутунҳои дигар гузошта мешавад ва бо қувват мегардад. Ин, ба шарте ки баъзеи ривоятҳо заиф бошанд, вале агар тамоми ин ривоятҳо саҳеҳу собит бошанд, пас чӣ мешавад?

Саъид Нурсӣ

 



Мақолаҳо