Дар шаби Барот савоби ҳар амали солеҳ ва қироати ҳар ҳарфи Қуръон 20 ҳазор баробар мешавад…

﴾ﺑِﺎﺳْﻤِﻪِ ﺳُﺒْﺤَﺎﻧَﻪُ ﴿

Бародарони азиз ва содиқам, дӯстони ҳамдарсам дар ин мадрасаи Юсуфия! Имшаб, шаби омада, шаби Барот аст. (понздаҳумин шаби моҳи Шаъбон)
Шабе ки ба масобати мағзу ҳасана дар тули сол мебошад ва аз он назаре, ки аз навъи барномаи муқаддароти башар аст, тақдиси шаби Қадро дорост. Ҳам чуноне, ки савоби ҳар кори нек дар шаби Қадр 30 ҳазор баробар мебошад. Дар шаби Барот низ савоби ҳар амали солеҳ ва қироати ҳар ҳарфи Қуръон 20 ҳазор баробар мешавад. Савоби ҳасанот дар соири моҳҳо агар даҳ бошад дар моҳҳои сегона сад баробар ва ҳазор баробар мебошад; ва дар ин шабҳои машҳури муқаддас ба 10 ҳазор ва 20 ҳазор ва 30 ҳазор баробар афзоиш меёбад. Ибодат дар ин шабҳо мумкин аст ҳукми 50 соли ибодатро биёбад. Ин аст, ки агар дар ҳадди тавон ба қироати Қуръону талаби истиғфор ва зикру салавот бипардозем нафъи маънавии фаровоне хоҳем бурд.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо