«Вақте чеҳраи ӯро дидам, эҳсос намудам, ки ин чеҳраи дурӯғгӯ нест»

ИШОРАИ ДУЮМ

Паёмбари бузургвор, паёмбарии худро эълон кард, барои он далелҳо овард ва бо беш аз ҳазорон муъҷизае. ки назди уламо ва муҳақиқин собит мебошанд, таъйид ёфт. Ин муъҷизаҳо дар маҷмӯъ собит ва қатъӣ мебошанд, ба ҳамон тавре ки худи паёмбарии эшон собит ва қатъист, ҳатто он сару садоҳое, ки аз кофирони даврони бадхоҳ бо номи сеҳр мебаромад ва онро Қуръони карим дар чандин ҷой аз забони кофирон зикр намудааст, худ ишора ба он мекунад, ки онҳо субути муъҷизаро инкор накардаанд ва наметавонистанд ҳам онро инкор кунанд, вале барои худфиребӣ ва пайравӣ аз хоҳишоти нафсонии худ онро сеҳр меномиданд.

Бале, муъҷизаҳои Аҳмадӣ қатъиян пурра ва ба сатҳи садҳо мутавотир расидаанд ва ҳаргиз роҳе барои инкор намудани онҳо вуҷуд надорад.

Муъҷиза худ эътимодест аз ҷониби Парвардигори оламиён ба Паёмбари бузургвор (с.а.в), зеро он ки мӯъҷиза ба ҷойи чунин сухани Худованд омадааст: «Ин бандаи Ман рост мегӯяд, пас шумо аз ӯ фармонбардорӣ намоед!».

Мисол. Агар ту дар ҳузури подшоҳе  бошӣ ва  ба атрофиёни худ бигӯӣ, ки ин подшоҳ маро барои фалон кор таъйин намуд, ва вақте мардум аз ту барои ин гуфтаҳоят ҳуҷҷату далел талаб кунанд, подшоҳ худ ишора намояд, ки бале, ман дар ҳақиқат ӯро ба чунин кор таъйин намудам, оё ин худ далел ба рост гуфтан нест? Хусусан агар ин подшоҳ ба хотири ту нишонаҳояшро иваз кунад ва қонунҳояшро тағйир диҳад ва хоҳишоти туро бароварда кунад? Оё ин корҳо ҳуҷҷати қавитаре барои даъвоҳои ту намегардад, аз ин ки подшоҳ танҳо «Бале» бигӯяд?

Даъвоҳои Паёмбар  (с.a.в) низ чунин буданд, ӯ мегуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори оламиёнам ва далел ҳамин аст, ки Худованди мутаъол бо зораю дуо ва таваллои ман қонунҳояшро тағйир мекунад, биёед, шумо ба ин ангуштони ман назар кунед, ки чи гуна аз байни онҳо об ҷорӣ мешавад, ҳамчуноне ки аз чашмасорон ҷорӣ мешавад, шумо ба тарафи ин моҳ назар кунед, ки барои ман бо як ишора дупора мегардад, шумо ба ин дарахт нигоҳ кунед, ки чи гуна ба тарафи ман меояд ва ростгӯ будани маро тасдиқ мекунаду шаҳодат медиҳад, шумо ба ин таоми андак назар кунед, ки чи гуна дусад ва ё сесад нафарро сер мегардонад…»

Бо ҳамин тариқ, Паёмбар (с.а.в) садҳо муъҷизаҳоро аз амсоли ин нишон медиҳад.

Дониста бош, ки далелҳо барои рост будани Паёмбар (с.а.в) ва ҳуҷҷатҳои паёмбарии ӯ танҳо дар муъҷизаҳояш набуданд, балки муҳаққиқин бар ин назаранд, ки тамоми ҳаракат, гуфтор, рафтор, суханон, ахлоқ, кирдор, шаклу сурат ин ҳама рост буданд ва ихлоси ӯро собит мекарданд, ба дараҷае, ки бисёре аз олимони Бани Исроил танҳо бо як дидани чеҳрааш ба ӯ имон оварданд, ба монанди Абдулллоҳ ибни Салом, ки мегуфт: «Вақте чеҳраи ӯро дидам, эҳсос намудам, ки ин чеҳраи дурӯғгӯ нест».[1]

Бо вуҷуди ин ҳама муъҷизаҳо муҳаққиқин ва уламо ҳазорон ҳуҷҷату далел, балки садҳо ҳазор далелро барои исботи паёмбарии ӯ (с.а.в) ва муъҷизаҳояш  ёдрас шудаанд. Бо вуҷуди он ки садҳо ҳазор мардум дорои афкори мухталиф буданд, онро ба садҳо ҳазор роҳ тасдиқ намуданд. Худи Қуръони карим ба танҳоӣ ҳазор далелу ҳуҷҷатро барои исбот намудани паёмбарии ӯ (с.а.в) илова бар чиҳил намуд муъҷизаҳояш овардааст.

Вақте дар ҷинси одамизод паёмбари воқеъшуда ва собит аст ва садҳо ҳазор инсонҳо[2] дар тӯли таърих омаданду паёмбарии худро эълон намуданд ва барои исботи даъвоҳои худ муъҷизаҳо оварданд, пас бидуни шак, паёмбарии Муҳаммад (с.а.в) аз дигарон собиттару қавитар мебошад. Далел он аст, ки доираи паёмбарии дигар паёмбарон, чигунагии бархӯрди онҳо бо умматҳояшон ва далелу хусусияту вазъияте, ки ба паёмбарии онҳо далолат мекард, ба монанди ҳазрати Мусо ва Исо бо тамоми маъно ва беҳтарин сурат дар Муҳаммад (с.а.в) дида мешуд. Ҳамчуноне ки ҳукми паёмбар ва асбоби он дар шахсияти ӯ ба пуррагӣ дида мешуд. Пас, метавон гуфт, ки ҳукми паёмбарии ӯ (с.а.в) аз дигарон паёмбарони илоҳӣ (а.с) собиттар мебошад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

[1] Қиссаи мусалмон шудани Абдуллоҳ ибни Салом дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ омадааст. (ниг. «ал-Мишкот» 5870) ва («аш-Шифо» 1/247) аз Тирмизӣ ва дигарон.

[2] Аз Абӯамома ривоят шудааст, ки Абӯзар мефармояд: «Пурсидам эй Паёмбар и Худо (с.а.в)! Ба пуррагӣ теъдоди набиҳо чанданд?». Фармуданд: «Як саду бисту чор ҳазор, ки аз миёни онҳо сесаду понздаҳ нафарашон расул буданд». Ривояти Аҳмад (муҳаққиқи «Мишкотулмасобеҳ» (3/122-5737) мегӯяд ҳадис саҳеҳ аст). Ҳамчунин ниг. «Зодулмиъод» муҳаққиқаш ал-Арноутӣ (1/43-44)

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*