Вақте мехоҳӣ яқин намоӣ ки барпо намудани намоз ва дурӣ аз гуноҳони кабира вазифаи ҳақиқиест, ки лоиқи ҳар инсон аст ва натиҷаи табииест сазовор бо офариниши ӯ, пас дар ин ҳикояти тамсилии кӯтоҳ андеша намуда, ба он хуб аҳамият бидеҳ…

Каломи панҷум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

اِنَّ اللّهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوْا وَالَّذِينَ هُمْ مُحْسِنُونَ

Вақте мехоҳӣ яқин намоӣ ки барпо намудани намоз ва дурӣ аз гуноҳони кабира вазифаи ҳақиқиест, ки лоиқи ҳар инсон аст ва натиҷаи табииест сазовор бо офариниши ӯ, пас дар ин ҳикояти тамсилии кӯтоҳ андеша намуда, ба он хуб аҳамият бидеҳ:

«Дар ҷанги ҷаҳонии аввал ва дар яке аз қушунҳо ду марди низомие буданд. Яке аз онҳо барои анҷоми вазифаҳояш сахт тайёр буд ва дигаре вазифаашро намедонисту ҳамеша дунболи хоҳишҳояш мегашт. Оне ки вазифаашро пурра медонист, ҳамеша машғули машқҳою дарсҳои низомӣ буд ва ҳаргиз дар фикри ризқу рӯзӣ ва дигар лавозимоти зиндаги худ набуд. Зеро ӯ яқинан медонист, ки моҳона сарпарастии аҳволи иҷтимои ва додани асбоби лозима барои ӯ ва ҳатто табобат карданаш дар ҳолати бемор шуданаш ва агар лозим шавад бар даҳонаш луқма додан ҳам бар дӯши давлат аст. ӯ медонист, ки вазифаи асосиаш танҳо машқ намудан ва омӯзиши ҳунарҳои ҷангӣ аст. Ӯ инро ҳам медонист, ки ин сарпарастии давлат ӯро аз он бозмедорад, ки аҳёнан ва ихтиёран баъзе корҳоеро ба монанди омода намудани таом ва шустани косаҳо анҷом диҳад. Ҳатто агар дар ҳамин ҳолат ҳам аз ӯ пурсанд, ки чӣ кор карда истодаӣ, ӯ ҷавоб медиҳад: «Ман баъзе вазифаҳои давлатро ихтиёран анҷом медиҳам ва ин корро на барои ба даст овардани заруроти зиндагӣ мекунам»

Аммо низомии дигар, ки асли вазифаашро намедонист, ҳаргиз дар фикри машқ набуд ва ба корҳои ҷанг аҳамият намедод. Ӯ мегуфт:«Ин вазифаи давлат аст ва ман ба ин чӣ кор дорам?». Ӯ ҳамеша думболи маишаташ мегашт ва мекӯшид зиндагияшро беҳтар намояд. Ӯ борҳо артишро тарк намуда, дар бозорҳо ба хариду фурӯш машғул мешуд.

Рӯзе дӯсташ ба ӯ гуфт: «Эй бародар! Вазифаи асосии ту машқ кардану ба ҷанг омодагӣ дидан аст ва туро ба ин ҷо барои ҳамин овардаанд. Ту барои омода намудани ризқу рӯзии худ ба подшоҳ такя кун, ки ӯ туро ҳаргиз гурусна намегузорад, зеро ин вазифа ва ӯҳдадории ӯст. Аз тарафи дигар, ту нотавону бечора ҳастӣ ва ҳаргиз наметавонӣ худ зиндагиатро таъмин намоӣ. Илова бар ин мо дар замони ҷанг ҳастем, дар майдони маъракаи ҷанги бузурги ҷаҳонӣ. Ман аз он метарсам, ки онҳо туро ҳамчун исёнгар ба ҷавобгарӣ кашанд ва сахтарин азобро бар ту раво доранд. Бале, дар пеши мо ду вазифа қарор дорад: якум, вазифаи подшоҳ аст, ки ӯ рӯзии моро кафил шудааст ва мо гоҳо ихтиёран ин корро низ иҷро мекунем ва дуюм вазифаи мо машқ кардану ба ҷанг омодагӣ дидан аст ва подшоҳ дар ин роҳ барои мо корҳои лозимиро анҷом медиҳад».

Эй бародар, худ андеша намо! Агар аскарбачаи бепарво суханони роҳбари пуртаҷрибаашро гӯш накунад, чӣ зиёнҳо мебинад ва чӣ гуна худро гирифтори хатарҳо менамояд?

Эй нафси танбал! Ин майдоне, ки пур аз талотум бо ҷангҳоест, ҳамин ҳаёти дунёи гузарон аст. Он лашкари ба қисмҳо ҷудошуда, насли одамизод аст. Он гурӯҳи зикршуда ҷомеаи муосири мусалмонон аст. Аммо он ду аскарбача яке аз онҳо касест, ки Худоро мешиносад ва фаризаҳои ӯро ба ҷо меоварду аз гуноҳони бузург худдорӣ мекунад, ин муслумони парҳезгорест, ки аз бими он ки дар хато ва гуноҳ наафтад, бо нафси худ ва бо шайтон ҷиҳод мекунад. Аммо аскарбачаи дигар бошад, фосиқи зиёнкорест, ки думболи мушкилоти зиндагӣ метозад, ба дараҷае ки розиқи ҳақиқиро низ айбдор мекунад ва барои ба даст овардани луқмаи зиндагӣ ҳеч парво надорад, ки фаризаҳои илоҳиро тарк кунад ва ё даст ба хатоҳо занад. Он машқҳо ва таълимотҳо ибодатҳост, ки намоз пешрафти ҳамаи онҳост. Аммо он ҷангҳо ҳамон ҷиҳоди инсоният аст бо нафс ва ҳавои хеш ва дурӣ ҷустан аст аз хатоҳо ва ахлоқи бад ва мубориза бо шайтонҳои инсӣ ва ҷинӣ барои раҳо намудани дил ва рӯҳи худ аз ҳалокати ҷовидона ва зиёни ошкоро.

Аммо аз он ду вазифаи яке аз онҳо ато намудани ҳаёту парасторӣ ва дигаре ибодат намудани бахшандаи ҳаёт, парастори Он ва аз Ӯ талабу таваккул намудан ва итминон ҳосил намудан аст.

Бале! Он Зоте, ки ҳаётро бахшидааст ва онро  ба тарзи мустаҳкам ва мӯъҷизаворе офаридааст, ки медурахшад ва онро ҳикмати раббонии ғайриоддие намудааст, ки хело олист,Ӯст Зоте, ки онро парвариш медиҳад ва танҳо Ӯст Зоте, ки онро зери назора гирифта, рӯзияш медиҳад.

Оё далеле мехоҳӣ? Заифтарин ва нодонтарини ҳайвонотро беҳтарин ва тозатарин рӯзӣ насиб мегардад (ба монанди моҳиҳо ва кирмони меваҳо). Ба нотавонтарин ва нозуктарин махлуқ беҳтарин ва покизатарин ризқ насиб мегардад (ба монанди тифлони хурдсол).

Барои он ки  инро дониста бошӣ, ки василаи ба даст овардани ризқи ҳалол на қудрат ва ихтиёр, балки аҷзу нотавонист, барои ту кофист то миёни моҳии беақл ва рӯбоҳ ва ё миёни ҳайвонбачаҳои беқуват ва миёни дарандагони ваҳшӣ ва миёни дарахтони бузургҷусса ва миёни ҳайвоноти беқадр муқоиса намоӣ.

Он касе, ки намозашро барои андӯҳи ин ҳаёт тарк мекунад, ба монанди ҳамон аскарбачаест, ки машқи худ ва хандақашро тарк намуда, дар бозорҳо ба талбандагӣ машғул мешавад, дар ҳолате оне, ки намозро адо мекунад, бе ин ки насибу рӯзиашро фаромуш кунад, онро дар ошхонаи раҳмати розиқи меҳрубон ҷустуҷӯ мекунад, то ин ки барои гароне бар дӯши дигарон қарор нагирад.

Албата, кори ин мард хело зебост, балки он мардонагӣ ва бузургист ва ин ҳам як намуд ибодат аст.

Аз тарафи дигар фитрати инсоният ва он чизҳои маънавие, ки Худованд дар ӯ ниҳодааст, далолат бар он мекунанд, ки инсон барои ибодат офарида шудааст.Зеро он тавонманде, ки Худованд дар инсон ниҳодааст ва он корҳоеро, ки инсон барои ин зиндагӣ анҷом медиҳад, ӯро ҳатто ба мартабаи як гунҷишк расонида наметавонад, ки аз инсон дида ҳаёти беҳтар ва хубтарро мегузаронад. Дар ҳоле ки инсон бо вуҷуди он ки  султони коинот ва беҳтарини махлуқот аст, аз нигоҳи маънавӣ ва ухравӣ ва ба он ҳама илму донише, ки Худованд ба ӯ додааст, ӯ ба Худо ниёзманд буда, Ӯро мепарастад.

Пас, эй нафсам! Агар ту ин ҳаёти дунёро ҳадаф ва мақсад қарор дода, тамоми талошатро барои амалсозии он равона кунӣ, пас ту дар ҳукми ҳамон гунҷишки хурд мебошӣ.

Аммо агар ҳаёти охиратро ҳадафи олии худ гардонида, ин ҳаёти дунёро барои охират васила ва киштзор гардонию барои он талошу кӯшиш намоӣ, пас ту дар ҳукми сарвари махлуқот гардида, барои Офаридгори меҳрубон бандаи азизе мегардӣ ва дар ин сурат ту дар ин дунё боиззат хоҳӣ гардид.

Пас, дар пеши ту ду роҳ аст ва ту ҳар кадомеро мехоҳӣ интихоб намо. Аз Парвардигори мҳерубони худ ҳидоят ва тавфиқро хоҳон бош.



Мақолаҳо