Аз Анас ривоят омадааст: «Ҳатто масҷид аз нолаи он ба ларза даромад»…

ИШОРАИ ДАҲУМ

 

Он чизе, ки ин муъҷизаҳои ба дарахт тааллуқдоштаро тақвият ва таъкид мекунад, ин муъҷизаи нола кардани шохи дарахт аст, ки ин ривоят аз роҳҳои мутавотир ба мо расидааст.

Оре! Дар воқеъ, нолиши шохи дарахти хушк дар масҷиди Набавӣ,  дарду алами он дар фироқи Паёмбари гиромӣ (с.а.в) дар пеши ҷамоати зиёде аз саҳобагони киром буд ва ин таъкиду тақвиятбахши мисолҳоест, ки дар боло дар робита ба муъҷизаҳои дарахтҳо зикр намудем. Зеро шохи дарахт аз ҷинси худи дарахт аст, вале ин муъҷиза мутавотир ба зот мебошад, аммо дигар муъҷизаҳое ҳастанд, ки қисман мутавотир ҳастанд, зеро ҷузъиёти он ва мисолҳои он ба ҳадди тавотур намерасанд.

Болои масҷиди набавӣ бо шохаҳои дархти хурмо рӯпӯш шуда буд ва ҳар вақте ки Паёмбар (с.а.в) хутба мехонданд, бар паҳлуи хурмое истода хутба мехонд. Вақте ки барои Паёмбар (с.а.в) минбар сохта шуд ва ӯ бар болои минбар хутба мехонд, садои нолае аз он дарахти хурмо шунида шуд, ки пештар дар паҳлуяш хутба мехонд. Шохи дарахт ба монанди шутури ҳомиладор нолаи дарднок мекард. Паёмбари акрам (с.а.в) ба назди он омада, бо ӯ сӯҳбат кард ва тасалияташ бахшид, сипас дарахт хомӯш шуд.

Ин муъҷиза бо роҳҳои зиёде ба таври мутавотир нақл шудааст.

Оре! Дар воқеъ, муъҷизаи нолиши дарахт машҳур аст ва хабари ин муъҷиза аз хабарҳои мутавотири сареҳ мебошад. Дар ҳақиқат, садҳо тобеин бо понздаҳ роҳ аз ҷамоате аз саҳобагони киром онро ривоят кардаанд ва ҳамин тавр, ба ононе, ки баъд омаданд, онро расониданд. Саҳобагони бузурге ба монанди Анас ибни Молик (хидмадгори Паёмбар (с.а.в)), Ҷобир ибни Абдуллоҳи ансорӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Аббос, Саҳл ибни Саъд, Абӯсаиди Худрӣ, Убай ибни Каъб, Бурайда ва модари мӯъминон, Умми Салама (Худо аз онҳо розӣ бошад) хабарро ривоят кардаанд. Ҳар яке аз инҳо сардори гурӯҳе аз ровиёни ҳадис мебошанд. Дар воқеъ, ин муъҷизаи бузурги мутавоттирро Бухорӣ, Муслим ва дигарон низ ривоят кардаанд.

Аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд болои масҷид бо шохаҳои дарахти хурмо рӯпуш шуда буд ва Паёмбари акрам (с.а.в) вақте хутба мехонд, дар паҳлӯи яке аз он дарахтони хурмо меистод бо номи . Чун барои Паёмбар (с.а.в) минбар сохтанд, ба болои минбар баромад. (Ин лаҳза) аз он дарахти хурмо садое шунидем ба монанди садои шутури ҳомиладор. Паёмбар (с.а.в) омада, дасти муборакашро бар тани вай гузоштанд, сипас дарахт хомӯш шуд.

Аз Анас ривоят омадааст: «Ҳатто масҷид аз нолаи он ба ларза даромад».

Саҳл ибни Саъд ривоят мекунад, ки вақте мардум гиряву нолаи дарахтро шуниданд, худи онҳо низ ба гиря даромаданд.

Аз Убай ибни Каъб ривоят шудааст, ки чунон нола кард, ки аз (шиддати) гиря ба кафидан даромад.

Дигарон дар ривоят инро илова карданд, ки Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Дар воқеъ, ин гиряҳои ӯ барои дур шуданаш аз зикри Худо мебошад». Дар ривояти дигар омадааст:

«Қасам бар он Зоте, ки ҷони ман дар яди ӯст, агар ман ӯро ором намекардам, то рӯзи қиёмат нола мекард» (яъне аз фироқи Паёмбар (с.а.в) гирёну нолон мемонд).

Дар ҳадиси Бурайда омадааст: «Вақте ки шохи дарахт нола мекард, Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро бар тани вай гузошта, ба ӯ гуфт:

«Агар мехоҳӣ туро ба ҳамон боғе бармегардонам, ки дар он ҷо будӣ, то решаҳои ту сабз шаванд ва шоху панҷа ва меваҳоят аз нав бисабзанд ё агар бихоҳӣ, туро дар Биҳишт мешинонам ва авлиёи Худованд аз меваҳоят мехӯранд». Сипас Паёмбари акрам (с.а.в) ба ӯ гӯш андохт, то чӣ мегӯяд ва дарахт дар ҷавоб гуфт:

«Ман мехоҳам, то маро дар Биҳишт бишинонӣ, то аз меваҳои ман дӯстони Худо бихӯранд ва дар ҷое бошам, ки дигар фано ва нобуд нашавам». Он касоне дар пушти Паёмбар (с.а.в) буданд, онҳо сухани дарахтро мешуниданд. Сипас Паёмбар (с.а.в) гуфт:

«Дар воқеъ, чунон кардам ва дори бақоро бар дори фано ихтиёр кард».

Имом Абӯисҳоқ ал-Асфаронӣ, ки яке аз олимони илми калом мебошад, чунин мегӯяд: «Дар асл Паёмбари акрам (с.а.в) ба назди дарахт нарафтааст, балки онро ба назди худ хондааст ва дарахт заминро шикофта, ба назди Паёмбар (с.а.в) омадааст ва Паёмбар (с.а.в) онро тасаллият бахшида, сипас амр карда, то ба ҷояш баргардад».

Убай ибни Каъб мегӯяд: «Баъди зуҳур шудани ин муъҷиза Паёмбари акрам (с.а.в) васият кардааст, ки дар зери ҳамин минбар ӯро ба хок супоранд ва чунин ҳам карданд. Паёмбар (с.а.в) ҳар вақте ки намоз мехонд, ба сӯйи ӯ намоз мехонд». Вақте ки масҷидро барои аз нав сохтан хароб карданд, Убай он дарахтро гирифта, дар пеши худ то пӯсида аз байн рафтанаш нигоҳ дошт.

Ҳасани Басрӣ ҳар вақто ки ин ҳадисро ба шогирдонаш нақл мекард, гиря карда мегуфт: «Эй бандагони Худо! Чун дарахте аз шавқу иштиёқ барои Паёмбар (с.а.в) гиряву нолиш мекунад, пас шумо беҳтару ҳақтар ҳастед, ки пазмони дидори ӯ шавед».

Мо мегӯем меҳру муҳаббат ва шавқу иштиёқ бар Паёмбар (с.а.в) ин пайравист аз суннату шариати ӯ!

Нуктаи муҳим. Агар пурсанд, ки муъҷизаҳое, ки хоси баракати таоме буданд, ки онро бештар аз ҳазор нафар мушоҳида карданд ва он дар ҷанги Хандақ рух дод, ки ҳамагӣ як соъ (тақрибан се кг) буд, вале ҳамагонро сер намуд ва ҳамчунин муъҷизаҳое, ки хоси об буданд, ки ҳазор нафарро серроб кард, яъне он обе, ки аз миёни ангуштони мубораки Паёмбар (с.а.в) ҷорӣ шуда буд, чаро ин ду муъҷиза бо роҳҳои зиёд ривоят нашуданд, ҳамчуноне ки муъҷизаи нолаи дарахт шӯҳрат пайдо кард? Илова бар ин, инро ҳам бояд қайд намуд, ки ин ду ҷамоате, ки муъҷизаи таом ва обро мушоҳида намуда буданд, ба маротиб бештар аз ин ҷамоате буд, ки муъҷизаи дарахтро диданд.

Ҷавоб ҳамин аст, ки муъҷизаҳои зуҳуркарда ду қисматанд. Якум, он чизе, ки бо дасти Паёмбар (с.а.в) зуҳур мекунад ва барои тасдиқи даъвои Паёмбарии ӯ (с.а.в) ва ҳуҷҷати даъваташ мешавад ва ин чунин муъҷиза боиси зиёд гардидани имони мӯъминон мегардад ва аҳли нифоқро ба сӯйи ихлосу имон мекашонад ва кофиронро ба сӯйи имон даъват мекунад ва муъҷизаи дарахти хурмо аз ҳамин гуна муъҷизаҳо буд. Аз ҳамин лиҳоз, оммаи мардум ва хосашон ин муъҷизаро диданду дар ҳамлу нақлаш аҳамияти бештар зоҳир карданд.

Аммо муъҷизаи таому об аз муъҷиза дида бештар каромот ҳастанд, агарчӣ дар воқеъ муъҷиза бошанд. Балки метавон гуфт, ки он икроми худовандӣ ҳаст ва аз каромот дида, меҳмондории Худо мебошанд. Агар ин ҳарду, ҳам муъҷизаи таом ва ҳам муъҷизаи об  далелу ҳуҷҷат барои рост будани даъвои паёмбарӣ бошанд, вале ҳадаф ва мақсади асосӣ ин аст, ки лашкари беш аз ҳазор нафар дар як ҳолати ногувори гуруснагӣ қарор ва ниёз ба таому шароб доштанд.

Худованди мутаол аз хазинаи ғайби худ ба онҳо кӯмак расонид ва бо андак таоми иборат аз се кило ҳазор нафарро сер кунонид ва инчунин ҳазор нафар муҷоҳиди роҳи Худоро, ҳангоме ки ташнагӣ бетоқаташон карда буд, серроб гардонид. Худованди пок ин обро аз байни ангуштони сарвари азиму бузургашон ҷорӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, дараҷаи муъҷизаи таому об ба мартабаи муъҷизаи дарахт нарасидааст, вагарна ҳардуи он муъҷизаҳо аз нигоҳи намудашон дар умум мутавотир ҳастанд, ба монанди хабари гиряи дарахти хурмо. Инчунин метавон гуфт, ки ҳар як шахс баракати таом ва ҷараёни обро аз байни ангуштони Паёмбар (с.а.в) мушоҳида ва эҳсос намекунад, балки асарашро мебинад, аммо ҳар касе, ки дар масҷиди набавӣ буд, дар воқеъ, садои гиряи дарахтро мешунид ва аз ҳамин лиҳоз, бештар нашр гардидааст…

Агар ки пурсанд, ки саҳобагони бузургвор (р) ҳамаи ҳолату ҳаракатҳои Паёмбар (с.а.в) -ро мушоҳида менамуданд ва ба он аҳамияти зиёд медоданд, дар он андеша мекарданду бо ҳушёрӣ ва огоҳии том онро  ба наслҳои оянда ривоят мекарданд, пас чаро ин гуна муъҷизаҳои бузург танҳо аз бист роҳ ривоят шудааст ва чаро аққалан бо сад роҳ ривоят нашудаанд? Чаро бештари ҳадисҳоро Анас, Ҷобир ва Абӯҳурайра ривоят мекунанд ва дар ин боб аз Абӯбакру Умар камтар ривоятҳо омадааст?

Ҷавоб. Ҷавоби саволи аввалро дар асоси сеюм, дар ишораи чорум зикр намуда будем. Аммо ҷавоби қисмати дуюми савол ин аст, ки инсон агар эҳтиёҷ ба даво дошта бошад, ба табиб муроҷиат мекунад, агар хостори сохтани манзил шавад, ба муҳандис муроҷиат мекунад ва агар мехоҳад шариатро биёмӯзад, назди муфтӣ меравад, то барои ӯ фатво диҳад… Ҳамин тавр, вазифаи баъзе саҳобагон маҳдуд дар бардошт ва нақлу ривояти ҳадис барои наслҳои оянда буд. Пас ҳамаи талошу саъю кӯшиши худро дар ин роҳ мебахшиданд. Абӯҳурайра ҳамаи ҳаёташро барои ҳифзи ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) бахшида буд ва дар айни ҳол Умар (р) машғули бардошти машаққатҳои хилофат ва сиёсату мудирияти давлат буд. Аз ин лиҳоз, онҳо бар саҳобагоне амсоли Абӯҳурайраву Анасу Ҷобир дар ҳамлу нақли ҳадис ба мардум такя менамуданд. Ба ҳамин хотир, аз ҳазрати Умар ривоят хело кам омадааст. Аз тарафи дигар, агар ровӣ содиқ ва мӯътамад бошад, ривояти ӯ барои мардум кофию қобили қабул аст ва ниёз ба ривояти дигаре нест. Аз ин рӯ, баъзе ҳодисаҳои муҳим танҳо бо ду се тариқ ривоят шудаанд.

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо