Агар як мавҷуде дорои ваҳдат бошад, бешубҳа аз воҳид содир шудааст…

Муҳоли сеюм: Бар  асоси қоидаи қатъии اَلْوَاحِدُ لَا يَصْدُرُ اِلَّا عَنِ الْوَاحِدِ  Агар як мавҷуде дорои ваҳдат бошад, бешубҳа аз воҳид содир шудааст. Хоссатан ин, ки он мавҷуд агар аз назми комил ва мизони дақиқ бархурдор буда ва мазҳари ҳаёти ҷомеъ бошад, яқинан  дониста мешавад, ки дастҳои мутаадиде, ки боиси ихтилофу кашмакаш мешаванд, дар офариниши он мавҷуд дахолат надоштаанд. Балки Холиқи бисёр қудратманду Ҳаким онро офаридааст. Сабабҳои табии беҳаду канор, ҷомид, ҷоҳил, мутаҷовиз, беидрок, кӯр, кар ва ошуфтаанд. кӯрию карӣ дар роҳҳои пур аз имконоти бешумор ва ба воситаи иҷтимоъу ихтилот зиёдтар мешаванд. Бо ин ҳол нисбат додани мавҷуди бархурдор аз ваҳдату инсуҷом ва муназзам, ба онҳо монанди сад муҳолро якбора қабул кардан аз ақлу хирад дуртар мебошад.

Сарфи назар аз амри муҳол, сабабҳои моддӣ ба воситаи мубоширату тамос, таъсири худро мегузоранд. Дар ҳоле, ки тамоси сабабҳои табиӣ, бо зоҳири мавҷудоти зиҳаёт сурат мегирад. Аммо ба равшанӣ мушоҳида мекунем, ботини зиҳаётоне, ки барои сабабҳои моддӣ қобили дастрас ва тамос нест, бисёр муназзамтар, латифтар ва аз назари сунъ, комилтар аз зоҳири онҳо мебошад.

Мавҷудоти бисёр кӯчак, ё ҳайвоноти кӯчаке, ки сабабҳои моддӣ бо тамоми абзор ва васоилашон, ба ҳеҷ ваҷҳ, ба тасарруфи ботини онҳо қодир нестанд ва ба зоҳири онҳо низ, тамоси комил наметавонанд дошта бошанд; аммо гоҳо аз назари сунъ, аз махлуқоти бузург дида, зиёдтар ҳайратофаринанд. Ва аз назари офариниш, дорои сурати бадеъ ҳастанд. Нисбат додани онҳо, ба сабабҳои кӯр, кар, мутазоди боҳам, сабобҳои бузург, дур, ҷомид, ҷоҳил ва азим, танҳо дар  сурате имконпазир аст, ки фард сад дараҷа кӯр ва ҳазор дараҷа кар бошад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо