Агар инро донистанӣ бошед, ки фурӯхтани ҷон ва мол ба Худованди мутаъол, бандагӣ, барои Ӯ ва дар роҳи Ӯ омода будан судмандтарин савдо ва бузургтарин тиҷорат аст…

Каломи шашум

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

اِنَّ اللّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اَنْفُسَهُمْ وَاَمْوَالَهُمْ بِاَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ

Агар инро донистанӣ бошед, ки фурӯхтани ҷон ва мол ба Худованди мутаъол, бандагӣ, барои Ӯ ва дар роҳи Ӯ омода будан судмандтарин савдо ва бузургтарин тиҷорат аст, пас биёед ба ин ҳикояти тамсилӣ гӯш фармоед:

«Рӯзе Подшоҳе дар назди ду нафар аз раияти худ амонатеро гузошта, ба ҳар яки онҳо замини васеъеро дод, ки дар он замин тамоми васоили зарурӣ аз ҷумла мошин, асбобу силоҳ ва ҳайвонот вуҷуд дошт. Иттифоқан, дар он замон ҷанги хунине сурат гирифта буд, ки ҳеҷ чизро ба ҳолати худ барқарор намемонд. Ё ҷанг ҳама чизро вайрон ва дигаргун менамуд ё танҳо аз ашё асаре боқӣ мемонду халос. Подшоҳ яке аз наздиконашро бо фармони худ ба назди онҳо фиристода аз рӯи меҳрубонӣ ва карам ба онҳо фармуд: «Он амонатеро, ки аз ман дар назди шумост, ба ман бифрӯшед, онро бароятон ҳифз намоям ва то он амонат дар ин замони мушкилӣ беҳуда наравад, ман онро баъди поёни ҷанг ба шумо бармегардонам. Ман арзиши онро пурра ба шумо медиҳам ва гӯё ин амонат моликияти худи шумост. Он олоту асбобе, ки ҳоло дар даст доред, дар корҳои ман ва зери назорати ман ва зери ҳимояи ман кор мекунад. Арзиши он аз як ба ҳазор боло меравад ва илова бар ин тамоми фоидаҳо ба шумо бармегардад. Ман бароятон ӯҳдадор мешавам, ки тамоми масориф ва хароҷоти он бар дӯши ман хоҳад буд. Зеро шумо ҳоло нотавонед ва наметавонед масорифи онро таҳаммул намоед. Ман тамоми суд ва фоидаи онро ба шумо бармегардонам ва дониста бошед, ки ман онҳоро то вақти гирифтан дар назди шумо хоҳам монд, то аз он истифода намоед. Аз як шартнома бароятон панҷ маротиба фоида ба даст меояд.

Вале  агар шумо онро нафурӯшед, албатта, ҳамаро аз даст медиҳед, зеро шумо дида истодаед, ки дар ин шароит наметавонед аз он муҳофизат намоед. Шумо аз ин чизҳои гаронбаҳо маҳрум мешавед. Ин дастгоҳҳои гаронбаҳо ва олоти ҳассос ва конҳои гаронбаҳо ҳама бекор мешаванд, зеро наметавонед онро кор фармоед. Шумо агар худсарона ва ба танҳоӣ мудирият ва масофаи онро таҳаммул кунед, дар ин ҳолат натиҷаи хиёнати худро хоҳед дид, ки натиҷа он мешавад ки шумо аз ин шартнома панҷ баробар зарар хоҳед кард.

Илова бар ин ҳама, ин савдо маънои онро дорад, ки ин фурӯшанда лашкари озоди хоссаи ман мегардад ва метавонад бо номи ман кор кунад ва асири оддӣ ба шумор меравад».

Ин ду мард суханони зебо ва дастури подшоҳро хуб гӯш карданд ва яке аз онҳо, ки оқилу доно буд гӯфт: «Бо ҷону дил дастури подшоҳро қабул дорам ва бо тамоми ифтихор ва сипос онро итоат мекунам».

Аммо дигаре, ки мағрур ва ғофил буд, гумон кард, ки заминҳояш ҳаргиз хароб намешаванд ва гузашти рӯзгор ва офатҳои дунё дар он наметавонад таъсир расонад, чунин гуфт: «Не! Подшоҳ худаш кист? Ман моликияти худро намефурӯшам ва сарватамро вайрон намекунам».

Рӯзҳо гузаштанд ва марди аввалӣ дар ҷойгоҳе қарор гирифт, ки ҳамагон ҳасрати ӯро мехӯрданд, зеро ӯ дар миёни қасри подшоҳ зиндагӣ мекард ва аз тамом неъматҳои он бархурдор буд ва дар марҳамати он неъматҳо гаштугузор мекард. Аммо марди дигар дар сахтарин балоҳо гирифтор буд ва ҳамагон ба ҳолаш афсӯс мехӯрданд ва мегуфтанд: ин сазои ӯст, зеро ӯ худро ба ин азобҳои сахт расонидааст ва ин подоши хатоҳои ӯст, ки на роҳаташ давом ёфт ва на моликияташ.

Пас, эй нафси мағрурам! Аз хилоли ин ҳикоят бо ҳақиқати дурахшон назар кун. Султон ҳамон Султони Азалию Абадист ва он Парвардигор ва Офаридагори туст ва он замину олоту асбоб, ҳамонест, ки ту дар ин ҳаёти дунё дар даст дорӣ, ба мисли тан, ҷон, дил, чашму гӯш, ақлу идрок, яъне тамоми ҳаввоси зоҳирӣ ва ботинӣ. Аммо фиристодашуда ҳамон Паёмбари гиромист, ки сарвари мо, ҳазрати Муҳаммад(салаллоҳу алайҳи ва салам) мебошад, ки ин тиҷорату савдоро эълон мекунад. Аммо дастури мустаҳками султон ҳамин Қуръони карим аст, ки дар ин ояти карима ин тиҷорати судмандро эълон мекунад:

اِنَّ اللّهَ اشْتَرَى مِنَ الْمُؤْمِنِينَ اَنْفُسَهُمْ وَاَمْوَالَهُمْ بِاَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ

Аммо майдони ноором ва ҷанги хонумонсӯз аҳволи ҳамин дунёст, ки на ором асту на барқарор ва ҳамеша дар фикри одамизод ин саволро ба бор меорад: «Тамоми он чи дар даст доред, бақо надоранд ва дар дасти мо то абад намемонанд, балки несту нобуд гардида, аз дасти мо мераванд. Оё магар барои ин чорае нест? Оё наметавонед коре кард, ки барои ҳамешагӣ дар дасти мо бимонад?».

Дар ҳолате ки инсон ғарқи чунин фикру хаёл аст, ногаҳон садои Қуръони осмониро дар офоқ мешунавад, ки ин ояти каримаро замзама мекунад.

Бале! Албатта, барои ин дард давоест, балки метавон гуфт беҳтарин давое, ки беш аз панҷ маротиба судаш мерасад.

Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки илоҷ дар чист?

Ҷавоб: фурӯхтани амонат ба соҳиби ҳақиқии он аст. Дар ин савдо дар як замон панҷ фоида аст:

Фоидаи аввал. Молу мулки фонӣ ҷовидона мемонанд, зеро ин умри фониро агар ба Худованди зиндаю қайюм бахшад ва тамоми чизро дар роҳи Ӯ сарф намояд, ин умр ба умри ҷовидона мубаддал мегардад ва дар ин сурат лаҳзаҳои ками умр меваҳои  хуш ва гулҳои бахтро дар олами бақо ба бор меоваранд, ба монанди он ки тухми покеро дар замин мекоранд ва аз он гулҳо ва хушаҳо мерӯяд.

Фоидаи дуюм. Ба монанди Ҷаннат як арзиш дода мешавад.

Фоидаи сеюм. Қиммати ҳар узву андоми ӯ баланд мешавад ва ҳатто ба ҳазор низ мерасад.

Барои мисол ақл як узв ва олат аст ва агар онро, эй бародари азиз, ба Худованди мутаъол ва дар роҳи Ӯ равона насохта, балки онро дар роҳи ҳавову ҳавас сарф намоӣ, дар ин сурат он ба як узви бади нотавони паст табдил меёбад. Зеро ақл бароят дарду аламҳои гузашта ва ғамҳои ояндаро ба ёд меоварад ва дар ин сурат он ба як узви зараровар мубаддал мешавад. Оё намебинӣ, ки чӣ гуна фосиқ аз воқеияти зиндагияш мегурезад ва ба беҳудагӣ ва мастӣ даст мезанад, то худро аз фишорҳои ақлаш раҳо намояд. Вале агар ақлро ба Худо фурӯшад ва онро дар роҳи Худо ва барои ризои Ӯ истеъмол намояд, дар ин сурат ақл калиди зебое мегардад, ки хазинаҳои зиёдеро аз раҳмати илоҳӣ ва конҳои ҳикматҳои илоҳӣ боз намуда, соҳиби чунин ақл ба ҳар тарафе бингарад ва ҳар намуде тафаккур намояд, дар ҳама чиз, ҳама воқеа ва тамоми мавҷудоти ҳикматҳои илоҳиро мебинад ва дар тамоми мавҷудот раҳмати илоҳиро мушоҳада намояд. Ақл ба ин сурат рушду такомул ёфта, ба роҳнамои раббонӣ мубаддал мегардад, ки соҳибашро ба тарафи саодати ҷовидона роҳнамоӣ мекунад.

Масалан, чашм аз ҳаввос аст, ки рӯҳи инсоният тавассути он ба ин олам назар мекунад ва агар онро дар роҳи Худо истеъмол накунанд ва барои нафсу ҳавасҳо кор фармоянд. Дар ин сурат чашм бо дидани манзараҳои зебои муваққатӣ ва гузаро ба табақаи поёни паст ва миёнрави ночизе барои барангехтани шаҳват ва хоҳишоти нафс мубаддал мегардад. Вале агар онро ба Офаридгори бинокораш бифрӯшед ва дар роҳе онро истеъмол намоед. Ки Ӯро розӣ мекунад, дар ин сурат чашм ба ин китоби олами бузург назар намуда, онро мутолиа менамояд ва мӯъҷизаҳои санъати раббониро дар вуҷуд пайдо мекунад ва гӯё он ба монанди занбури асал аст, ки дар миёни гулҳои бӯстони илоҳӣ сайругашт менамояд ва аз ҳар шаҳди ибрату муҳаббат нури шаҳодатро дар дили муъмини мечашонад.

Масалан, агар ҳаввоси чашиданро, ки дар забон аст, ба созандаи донояш нафурӯшад ва онро барои пур кардани меъда ва талаботи нафс истеъмол намояд, дар ин ҳангом ба табақаи пуршиками поён фаромада, ночиз мегардад ва арзишашро аз даст медиҳад. Вале агар онро ба Офаридгори рӯзидиҳанда ва меҳрубон бифрӯшад, он ба дараҷаи назоратчии пурмаҳорат ба даргоҳи хазинаҳои илоҳӣ мубаддал гардад, чун муфаттиши сипосгузоре дар ошхонаи қудрати азалӣ сайр мекунд.

Пас, эй ақл! Бедор шав! Бигӯ, ки асбобҳои бад аз калиди кони коинот кадоманд?

Эй чашм! Хуб бингар ки миёнаравони пастназар дар китобхона чистанд?

Эй забон! Хуб бичаш, ки бепарво аз назораи хазинаи раҳмати Илоҳӣ чист?

Эй бародар, агар мехоҳӣ дигар аъзои бадан ва дигар ҳаввасро ба ин қиёс намо, дар он сурат хоҳӣ фаҳмид, ки мӯъмин дар воқеъ баъзе хусусиятҳоеро касб менамояд, ки мустаҳиқи Ҷаннат мегардад. Аммо кофир моҳиятеро касб менамояд, ки бо дӯзах созгор аст. Барои ҳар яке аз онҳо чунин сазои муносиб дода мешавад, магар барои он ки  мӯъмин бо имонаш амонати офаридаашро бо номи Ӯ ва дар доираи ризои Ӯ ба ҷо меоварад ва кофир бошад, амонатро хиёнат мекунад ва онро дар роҳи хоҳишоти нафси аморааш истеъмол мекунад.

Фоидаи чорум. Инсон заифу нотавон ва мусибатҳояш хело бузург аст. Ӯ ҳамеша камбудӣ дорад, ниёзҳояш хело зиёд аст ва ӯ нотавону бори гарони зиндагӣ бар дӯши ӯ хело сангин аст. Агар инсон ба Зоти бузург ва тавоное таваккул накунад ва Ӯро пуштибон қарор надиҳаду ба Ӯ итминон ҳосил нанамояд, дар виҷдони худ ҳамеша дарду аламҳои доимиро эҳсос мекунад ва гирифтори ҳасрату надомат мегардад, ки дар натиҷа чунин ҳаёт ӯро ба муҷриму гуноҳкор ва ё ба масти беҳудагард мубаддал мекунад.

Фоидаи панҷум. Тамоми мутахассисону донишмандон ва кашфиётчиён ба ин иттифоқ кардаанд, ки ибодат зикр ва тасбеҳҳое, ки аъзои бадани инсон онро анҷом медиҳанду барои ризои Худованд кор мекунанд, самараи лазизеро аз самараҳои Ҷаннат ба бор меорад ва замоне онро ба ту тақдим мекунад, ки ба он сахт муҳтоҷ мебошӣ.

Бо ҳамин тариқ, дар ин тиҷорат фоидаи бузургест бештар аз панҷ фоида,ки агар онро ба ҷо наоварӣ, аз ин фоидаҳо маҳрум мегардӣ ва илова бар ин панҷ намуд зарарро низ хоҳи дид:

Зарари аввал. Он молу фарзандонеро, ки ту дӯст медорӣ ва он хоҳишоту ҳавасҳоеро, ки аз дунё ба ту мақбул гаштааст, чун зиндагию ҷавлонҳо, ҳама аз даст хоҳад рафт, вале бори гарони гуноҳи онҳо бар дӯши ту хоҳад монд.

Зарари дуюм. Ту сазои он касеро, ки ба амонат хиёнат кардааст, хоҳӣ дид, зеро ту олитарин ва гаронтарин узвро дар пасттарин ва беарзиштарин корҳо истеъмол намудаӣ, ки дар натиҷа ба худат ситам намудаи.

Зиёни сеюм. Ту ба ҳикмати Илоҳӣ дурӯғ гуфтаи ва фиреб додаи, зеро ин ҳама ҷиҳози олии баданатро чун табақаи поёни ҳайвонӣ паст кардаи.

Зиёни чорум. Ҳамеша худро маломату сарзаниш мекунӣ ва аз осеби ҷудоӣ ва аз даст доданиҳо ва сахтиҳои зиндагӣ надомату пушаймонӣ мекашӣ, ки дар натиҷа пушти заифатро мешиканӣ, бо вуҷуди ин ҳама ниёзи ту ва нотавоният ҳамешагист.

Зарари панҷум. Тӯҳфаҳои зебои Парвардигор ба монанди ақлу дилу чашм ва амсоли инҳо ба ту танҳо барои он дода шудааст, ки дарҳои саодати ҷовидонаро ба рӯи худ боз намои. Чи хисорати бузург аст агар ин тӯҳфаҳои илоҳӣ ба сурати аламовар истифода шаванд, то барои инсон дарҳои Ҷаҳаннамро боз намоянд.

Акнун биё, ба худи савдо назар афканем, ки оё дар воқеъ он гарон ва сангин аст, ки аксари мардум аз он мегурезанд? Не! Ҳаргиз не! Дар он на мушкилист ва на вазнинӣ. Зеро доираи ҳалолҳо хело васеъ аст ва барои роҳату саодату сурур кофист ва ҳеҷ зарурате надорад, то даст ба ҳаромҳо зананд.

Аммо он чиро, ки Худованд барои мо фарз гардонидааст, хело кам ва сабук аст. Бандагии Худованд дар ҳадди зоти худ шарафи бузург аст, зеро он дар роҳи Худо омода будан аст, ки он дар худ лаззат ва роҳати виҷдон буда, аз ҳади васф берун аст.

Аммо вазифа он аст, ки ту сипоҳӣ бошӣ. Бо номи Худо ҳама корро оғоз намо ва бо номи Ӯ корҳоятро анҷом деҳ ва дар роҳи Ӯ чизе бигир ва чизе бидеҳ ва ҳаракату оромият дар зимни доираи ризо ва фармонҳои Ӯ бошад. Агар дар ин роҳ камбудие аз ту содир шавад, дар пеши ту дари тавба ва омурзишталабӣ боз аст, бирав ба пеши Ӯ тавалло намо ва бигӯ:

Худовандо, хатоҳои моро бубахшо ва моро ба бандагият қабул намо ва моро бар он амонате, ки додаӣ, то рӯзи вохурӣ бо Ту амин бигардон. Омин гуфта илтиҷо кардан лозим аст…

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                Саъид Нурсӣ



Мақолаҳо