Ӯ Воҳид асту Аҳад, Ӯ бар ҳар чиз тавоност, ҳеҷ чиз барои Ӯ сангинӣ надорад…

Калимаи даҳум:

 

   « وَهُوَ عَلٰى كُلِّ شَىْءٍ قَدِيرٌ» яъне Ӯ Воҳид асту Аҳад, Ӯ бар ҳар чиз тавоност, ҳеҷ чиз барои Ӯ сангинӣ надорад, барои Ӯ халқи як баҳор ба андозаи як гул осон аст, ва офаридани биҳишт низ ба андозаи офаридани баҳор барояш осон мебошад. Маснуоти поённопазире, ки дар ҳар рӯзу ҳар солу ҳар аср, яке пас аз дигар эҷод кардааст, қудрати бениҳояти Ӯро бо забонҳои бисёр шаҳодат медиҳанд, ин лафз низ мужда медиҳад:

Эй инсон! Хизматҳову ибодатҳое ки анҷом дода будӣ, бесамар намемонанд, бароят дори мукофоту дори саодат ҳозир шудааст. Дар ивази ин дунёи фонӣ, биҳишти боқӣ мунтазири туст. Ба ваъдаҳои Холиқи Зулҷалоле, ки ибодаташ кардаӣ ва Ӯро мешиносӣ, имон дошта бош ва эътимод кун. Муҳол аст хилофи ваъдааш амал кунад. Қудраташ аз ҳар назар бенуқсону беайб аст, аҷз қудрати мудохила дар корҳояшро надорад. Ҳамон гуна ки боғчаи хонаатро халӣ кардааст, бихиштро низ метавонад бароят халӣ кунад, ва халӣ карда ва ваъда дода, аз инки ваъда додааст, бе гумон туро низ ба он ҷо мебарад.

Акнун ки сароҳатан мебинем Ҷаноби Ҳақ зиёда аз сесад ҳазор навъ, аз анвоъи мухталифи ҳайвоноту набототро дар ҳар сол ба рӯйи замин бо камоли интизому мизон ва бо камоли суръату суҳулат ҳашру нашр мекунад, пас бешак чунин Қадири Зулҷалол, ба анҷоми ваъдаҳояш муқтадир аст.

Низ Қадири Мутлақ дар ҳар сол, намунаҳои ҳашру биҳиштро ба гунаҳои мухталиф эҷод карда ва бо фармонҳои осмонӣ, саодати абадиро ваъда карда муҷдаи биҳишт медиҳад.

Тамоми иҷроиёту шууноти Ӯ, ҳаққу ҳақиқат аст, ва бо сидқу ҷиддият аст. Бо шаҳодати осораш, тамоми камолот ба камолоти бениҳояти Ӯ шаҳодат медиҳанду далолат мекунанд, дар Ӯ ҳеҷ гуна нуқсону кӯтоҳие нест.

Медонем, ки бадқавлӣ, хилоф, дуруғу фиреб аз бадтарин хислатҳост, ва нуқсу қусур ба шумор меравад, пас албатта, Он Қадири Зулҷалолу Ҳакими Зулкамолу Раҳими Зулҷамол ба ваъдааш амал карда, дарҳои саодати абадиро боз хоҳад намуд, ва шуморо ба биҳишт, ба ватани аслии падаратон Ҳазрати Одам — эй аҳли имон! — дохил хоҳад кард.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*