Ҳикмати шикасти асҳоби Фахр-ул Оламин ва Ҳабиби Рабб-ул Оламин Ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом…

Як саволи муҳим: Ҳикмати шикасти асҳоби Фахр-ул Оламин ва Ҳабиби Рабб-ул Оламин Ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом дар муқобил бо мушрикин дар интиҳои Уҳуд ва ибтидои Ҳунан чист?

Алҷавоб: Дар миёни мушрикони он замон шахсони зиёде ба монанди Ҳазрати Холид буданд, ки дар оянда бо бузургони Саҳоба ҳамсаф мешуданд, бо таваҷҷӯҳ ба ояндаи пурифтихори онон ва барои ин ки иззаташон тамоман аз байн наравад, ҳикмати Илоҳӣ дар ивази ҳасаноти оянда, мукофоташонро бо таъҷил ба онҳо дод ва монеъ шуд, ки иззаташон тамоман аз байн равад.

Пас гуфта мешавад, Саҳобаҳои замони мозӣ (гузашта) мағлуби Саҳобаҳои замони истиқбол шуданд то Саҳобаҳои истиқбол, на бар асари тарс аз барқи суюф (шамшерҳо), балки бо шавқи мушоҳидаи бориқаи ҳақиқат вориди даргоҳи Ислом шаванд ва шаҳомати фитрии онҳо дучори зиллати чандоне нагардад.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*