«Ҳамин фарзанди ман бузург аст ва шояд Худованд ба сабаби ӯ миёни ду тоифаи мусалмонон оштӣ андозад»

ИШОРАИ ПАНҶУМ

 

Ин ишора хос ба мавзӯи  корҳои ғайбӣ таалуқ дорад. Мо дар ин мавзӯъ чанд мисол меорем:

Мисоли якум. Паёмбар (с.а.в) дар яке аз хутбаҳои худ, дар миёни гурӯҳе аз саҳобагонашон (Худованд аз эшон розӣ бод, ва ин ҳадис ба мо тавассути ривояти саҳеҳ ва мутавотир расидааст) чунин фармуданд:

«Ҳамин фарзанди ман бузург аст ва шояд Худованд ба сабаби ӯ миёни ду тоифаи мусалмонон оштӣ андозад» ва дар ривояти дигаре «Ду тоифаи бузург» омадааст. Баъди гузашти чил сол ду тоифаи бузурге аз лашкари мусалмонон ба муқобили ҳам бархостанд. Пас Ҳасан (р) бо Муовия (р) сулҳ намуд ва бо ин сулҳ суханони бобои бузургвораш (с.а.в) таҳаққуқ ёфтанд.

Мисоли дуюм. Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ (р) гуфтанд:

«Рӯзе мерасад, ки ту бо аҳдшиканҳо, ситамгарон ва аз дин беруншудаҳо хоҳӣ ҷангид».  Паёмбар (с.а.в) бо ин ҳадис дар хусуси ҳодисаи Ҷамал, Сифин ва дар бораи Хавориҷ хабар доданд.

Паёмбар (с.а.в) вақте муҳаббати шадидро миёни Алӣ ва Зубайр дид, ба Зубайр гуфт: «Рӯзе ту бо ӯ хоҳӣ ҷангид, дар ҳоле ки ту ба ӯ ситам мекунӣ».

Паёмбар (с.а.в) ба ҳамсарони покаш гуфт:

«Бар сари кадом яке аз шумоён сагони Алҳавъаб меҷаканд?». «Дар тарафи рост ва чапи он зан кушташудагони зиёде мебошанд». Баъди сӣ сол ин гуфтаҳо дар ҳақиқат воқеъ шуданд ва он дар ҷанги Ҷамал, ки миёни Алӣ ва Оиша ба вуқӯъ омад, ки Талҳа ва Зубайр (р) бо Оиша буданд. Ҳамчунин дар ҷанги Сифин, ки миёни Алӣ ва Муовия ба вуқӯъ омад ва ҳамчунин дар ҷангҳои Ҳаруро ва Наҳрован, ки миёни Алӣ ва хавориҷ сурат гирифт.

Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Алӣ хабар дода буд, ки чӣ касе ӯро мекушад ва ба ӯ гуфт: «Эй Алӣ! Касе туро зарба мезанад, ба дараҷае ки ин ҷо аз он тар мешавад», яъне аз хуни сар риши ту тар мешавад. Алӣ он касро мешинохт ва ӯ Абдураҳмон ибни Мулҷами хавориҷӣ буд.

Ҳамчунин Паёмбар (с.а.в) дар бораи марде синадоре хабар дод, ки нишонаи махсус дошт ва ӯ миёни мурдагони хавориҷ дида хоҳад шуд ва феълан ӯ дар миёни мурдагони онҳо дида шуд. Он марди сиёҳе буд, ки яке аз мушакҳои баданаш ба монанди синаи занон бузург буд. Пас Алӣ онро ҳамчун ҳуҷҷат бар ҳақ будани худ қарор дод ва эълон намуд, ки ин аст муъҷизаи Паёмбари акрам (с.а.в).

Паёмбар (с.а.в) ҳамчунин ба ривояти саҳеҳ аз Умми Салама ва дигарон хабар дод, ки Ҳусайн дар Таф, яъне дар Карбало кушта мешавад ва баъд аз панҷоҳ сол ин воқеаи даҳшатнок рух дод ва он хабари ғайбӣ рост баромад.

Паёмбар (с.а.в) такроран хабар дода буд:

«Аҳли байти ман аз дасти умматонам баъди  ман куштор ва дарбадариро мечашанд» ва дар воқеъ, ҳамчуноне ки хабар дода буд, рух дод.

Дар ин ҷо саволи муҳиме ба миён меояд, ки мегӯянд Алӣ барои халифа шудан сазовортар ва муносибтар буд, зеро ӯ аз як тараф бо Паёмбар (с.а.в) хешовандӣ дошт ва аз тарафи дигар марди далери аҷибу ягона ва аз илми фаровон бархурдор буд. Пас, чаро ӯро аввалин халифа интихоб накарданд? Чаро аҳволи мусалмонон дар вақти хилофати ӯ ноором гардид?

Ҷавоб. Гурӯҳи аъзаме аз оли байти Паёмбар (с.а.в) мегӯянд Паёмбар (с.а.в) орзу дошт, ки Алӣ халифаи ӯ бошад, вале аз ғайб ба ӯ хабар расида буд, ки иродаи Худованд на чунин аст. Пас, аз майли худ баргашт ва пайрави иродаи Худованди пок ва бузург гардид.

Дар чанд сатри зерин танҳо яке аз ҳикматҳои иродаи Худовандро дар ин кор баён мекунем: Баъди он ки Паёмбар (с.а.в) ин дунёро тарк намуда, ба сӯйи рафиқи аълояш сафар намуд, саҳобагони киром (Худованд аз ҳамаи онҳо розӣ бошад) ба иттифоқу ҳамбастагӣ сахт ниёз доштанд. Агар Алӣ бар курсии хилофат менишаст, эҳтимоли зиёд мерафт, ки ба сабаби он ки Алӣ хотирбинӣ надошт, фикрҳои мустақил дошт, сахт парҳезкор буд, итминон дошт, ниёзе ба мардум надошт ва илова бар ҳамаи инҳо он шуҷоати беҳамтое, ки дошт, метавонист ин ҳама авсофи хубаш ихтилофоту ҷанҷолҳоро миёни шахсиятҳои зиёд ва қабилаҳои гуногун барангезад. Пас, бо ин дар миёни сафҳои мусалмонон парокандагӣ эҷод мешуд, ҳамчуноне ки дар замони хилофати ӯ воқеа ва фитнаҳое ҳам сар зада буд.

Аммо чаро вақти хилофати ӯ ин қадар дер омад? Метавон гуфт яке аз асбобаш ин аст, ки бодҳои фитна дар миёни уммати исломӣ, ки иборат аз қавмиятҳои гуногун ва дорои афкори мухталиф буданд, ҳукмфармоӣ дошт ва ҳар яке аз онҳо тухми гурӯҳе аз гурӯҳҳои ҳафтоду сегонаро, ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в) хабар додааст (нест карданӣ буд). Пас, мебоист шахсияти қавии барҷаста, пурқуввати неруманд, бофаросату зирак, аз хонадони асил ва бузург, яъне аз оли байт ва аз Бани Ҳошим зимоми умурро ба даст гирад, то дар баробари ин ҳама финтаҳо истодагарӣ намояд. Чунин шахсияти барҷаста танҳо дар симои Алӣ (р) дида мешуд. Дар воқеъ, ӯ тавонист дар баробари ин ҳама фитнаҳои парешон истодагӣ намояд. Пештар Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд, ки ӯ дар роҳи таъвилҳои Қуръон мубориза мекунад, ҳамчуноне ки худи ӯ дар роҳи нозил шудани он мубориза карда буд.

Аз тарафи дигар, агар Алӣ намебуд, шояд салтанати дунё уммавиёнро шефта менамуд ва куллан онҳоро фирефта мекард ва аз роҳи рост дур месохт, вале ба сабаби он ки онҳо дар баробари худ Алӣ ва оли байтро медиданд, талош менамуданд, то ба мартабаи онҳо бирасанд ва дар ҷойгоҳ ба онҳо наздик шаванду дар назари омма мақоми худро аз даст надиҳанд. Пас, бештарин роҳбарони давлати уммавиён ночор буданд худро барои нигоҳ доштани анҷоми ҳақиқатҳои имон ва нашри имон ва ҳифзи аҳкоми Қуръону Ислом маҷбур созанд, дар ҳоле ки онҳо бо худ кореро анҷом намедоданд. Аз ҳамин сабаб аст, ки дар партави давлати онҳо ҳазорон олимон, муҳаққиқон, муҷтаҳидон, имомони ҳадис, авлиёи солеҳ, бузургворон ва барҷастагон нашъу намо ёфтанд. Агар ин ҳама камолоти аҳли байт, ростин будани онҳо ва пойбанд будани онҳо ба гуфтаҳои Худованд намешуд, албатта, уммавиён лағшиш мехӯрданд ва куллан аз роҳи дуруст берун мешуданд. Ҳамчуноне ки дар охирҳои давронашон ба он расида буданд ва ҳамчуноне ки Аббосиён низ дар охири даврони худ ба он расиданд.

Агар чунин гуфта шавад, ки чаро хилофат дар оли байт қарор нагирифт, бо вуҷуди он ки ҳамагон медонистанд, ки онҳо ҳақ мебошанд.

Ҷавоб ин аст, ки подшоҳии дунё фиребанда аст, дар сурате ки аҳли байт вазифадор буд, то ҳақиқати Ислом ва ҳақиқати Қуръонро ҳифз намояд. Он касе, ки зимоми корҳои хилофатро ба даст мегирад, набояд дунё ӯро мағрур созад ва ӯ бояд ё монанди паёмбарон маъсум ва ё хело тақводору хело парҳезгор ба монанди хулафои рошидин ва Умар Ибни Абдулазиз ва Маҳдии Аббосӣ бошад, то ин ки натавонад дунё ӯро фирефта намояд. Пас, подшоҳии дунё барои аҳли байт лоиқ нест, зеро ин онҳоро аз анҷом додани вазифаҳои асосии эшон, ки нигоҳ доштани дин ва хидмати ба Ислом аст, боз медорад. Он хилофати Фотимиҳо, ки бо номи аҳли байт дар Миср барпо шуд ва ҳукумати муваҳҳидине, ки дар Африқо ба вуҷуд омад ва он давлати Саффавиён, ки дар Ирон таъсис ёфт, ҳамаи инҳо ҳуҷҷат ва далел бар он шуданд, ки подшоҳии ин дунё барои аҳли байт намеарзад. Дар айни ҳол, мушоҳида мешавад, ки ҳаргоҳ онҳо дунё ва салтанатро тарк намуданд, талошҳои назаррас ва кӯшишҳои беназире дар роҳи хидмати Ислом ва баланд бардоштани парчами Қуръон намуданд.

Агар мехоҳӣ, пас биё ва ба ин ҳама қутбҳое, ки аз насли Ҳасан (р) омадааст, каме андеша кун ва хусусан дар бораи он чаҳор қутб, аз ҷумла дар бораи Шайх Ҷайлонӣ. Агар хоҳӣ, каме дар бораи имомоне, ки аз насли Имом Ҳусайн (р) омадаанд, фикр кун, аз ҷумла дар бораи Зайналобидин, Ҷаъфари Содиқ ва амсоли онҳо… Ҳар яке аз ин бузургворон ба монанди Маҳдии маънавӣ гардида, зулуму торикиҳои маънавиро бо нашри нурҳои Қуръон ва ҳақиқатҳои имон нест намуда буданд ва дар ҳақиқат собит намуданд, ки онҳо падари бузургвори Худ, Муҳаммад (с.а.в)-ро, воқеан, мерос бурдаанд.

Агар гуфта шавад, ки ҳикмат аз ин ҳама фитнаҳои хунин ва даҳшатнок дар даврони хулафои рошидин ва беҳтарин аср, ки бар сари уммати Ислом омада буд, дар чист? Ҷое ки барои ин бузургворон мумкин нест, ки ғазаби илоҳӣ омада бошад, мусибатҳо бар сари онҳо омад ва чӣ гуна метавон гуфт, ки ин ҳама раҳмати илоҳист ва сири он дар куҷост?

Ҷавоб. Ҳамчуноне ки борони фаровон, ки ҳамроҳ бо бод дар баҳорон меояд ва тухми ҳар намуд набототро ба ҳар тараф мекашонад, тухмиҳо ба ҳар тараф мераванд ва донаҳо парешон мешаванд ва дар натиҷа гулҳои он намоён мешаванд ва ҳар яке аз инҳо вазифаи табиии худро анҷом медиҳад, ҳамчунин фитнае, ки саҳобагони киром ва тобеин (ки Худованд аз эшон розӣ бод), ба он гирифтор шуда буданд, асрори истеъдодҳои эшонро кашф намуд ва донаҳои истеъдодҳои пинҳони онҳоро берун кард, пас барои ҳар тоифаи онҳо бонги хатар зада шуд ва онҳоро биму тарс фаро гирифт, ки хатари вазнине бар болои Ислом меояд ва оташи фитна дар миёни мусалмонон мунташир мешавад. Ин кор боиси он гардид, ки ҳар тоифае аз онҳо барои нигоҳ доштани дин ва муҳофизати имон истодагарӣ кунад.

Пас, ҳар яке аз ин тоифаҳо дар зимаи худ вазифае аз вазоифи имон ва ҷамъ намудани парокандагии мусалмононро ба уҳда гирифт, ҳар яке ба андозаи истеъдод ва тавонаш дар ин роҳ бо тамоми ҷиддият ва ихлос ҳаракат намуд. Баъзеҳо барои ҷамъоварии ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) пардохтанд ва баъзе барои навиштани аҳкоми шариат ва тоифаи дигаре барои ҷамъоварии аҳкоми ақидаю ҳақиқати имон ва дигарон барои ҳифзи Қуръони карим.

Бо ҳамин тариқ, ҳар тоифа дар зери вазифа ва воҷибе аз воҷибот пардохтанд, ҳамон вазифаҳе, ки имон ва Ислом ба онҳо вазифадор намудааст ва дар роҳи анҷоми ин вазифаҳои худ талошҳои сангине намуданд ва дар натиҷа он тухмҳоеро, ки боди фитна онҳоро дар гӯшаҳои гуногун парешон намуда буд, ба гулҳои рангоранге мубаддал гардонид, ки дар тамоми гӯшаҳои олам дида мешаванд ва ба дараҷае, ки олами ислом бо бӯстонҳое пур аз гулҳо мубаддал гардид. Аммо, мутаасифона, дар миёни ин ҳама гулҳои рангоранг хорҳо низ пайдо шуданд. Гӯё дасти қудрати илоҳӣ ин асрро бо камоли аҷибе нигоҳ дошт ва бар сари эшон сахтию мушкилотро овард, то ин ки ҳиммат ва эҳсоси мардони боҳиммат ва ғаюрро баланд бардорад ва ин ҳаракат, ки аз дарун меҷӯшид, бисёре аз муҷтаҳидон, муҳаддисон, ҳофизон, бузургон, қутбҳо ва авлиёҳоро маҷбур намуд, то ба дигар гӯшаҳои олами ислом ҳиҷрат намоянду кӯч банданд. Мусалмонон ба тарафи Шарқ ва Ғарб сафар намуданд ва чашмони худро кушоданд, то аз конҳои Қуръони карим ва хазинаҳои он дастовардҳо ёбанд.

Акнун бармегардем бар сари ҳамон мавзӯе, ки дар он будем, яъне он чи Паёмбар (с.а.в) дар бораи корҳои ғайбӣ хабар дода буд, феълан ҳама ба вуқӯъ омад ва шумори онҳо ба ҳазор ва шояд ба беш аз ҳазор мерасад, вале мо дар инҷо танҳо ба чанд намунаи он ишорат мекунем. Ба ҳамоне ишора мекунем, ки бар саҳеҳ будани он соҳибони шаш китоби саҳеҳ иттифоқ намуданд, ки Бухорӣ ва Муслим дар муқаддимаи онҳо мебошанд. Ҷое, ки аксари онҳо аз лиҳози маъно онро нақл кардаанд ва олимону муҳаққиқон ба саҳеҳ будани баъзе аз онҳо иттифоқ кардаанд, он ба манзалаи мутавотир расидааст.

Соҳибони сиҳоҳ ва олимон тамоми он чи Паёмбар (с.а.в) ба ёронаш дар бораи пирӯз гаштанаш бар душманонаш ва фатҳи Макка, фатҳи Байтулмуқаддас, Яман, Шом ва Ироқ хабар дода буд, ривоят намудаанд… Ҳамчунин дар бораи фатҳи Хайбар ва дар бораи хазинаҳои Қайсар ва Кисроро тақсим намудани мусалмонон, ки дар он замон дар ҷаҳон бузургтарин империя ба шумор мерафтанд. Аз тарафи дигар, вақте Паёмбар (с.а.в) ин суханони ғайбиро мегуфт, ӯ ба ин ибора намегуфт, ки «ман чунин гумон мекунам» ва ё «чунин тахмин мезанам» ва ё «шояд ин тавр шавад», балки ӯ ин хабарҳоро ба таври яқин мегуфт ва гӯё воқеияте буданд, ки онҳоро мушоҳида мекард. Инро ҳам бояд қайд намуд, ки вақте Паёмбар (с.а.в) ин суханонро мегуфт, замоне буд, ки маъмур шуда буд, то Маккаро тарк намояду ба Мадина ҳиҷрат кунад ва замоне буд, ки саҳобагони ӯ хело кам, олами атрофи Мадина ҳама душманони ӯ ва дар фикри аз байн бурдани ӯ буданд.

Дар ривоятҳои саҳеҳ омадааст ва Паёмбар (с.а.в) борҳо инро такрор кардаанд:

      عَلَيْكُمْ بِسِيرَةِ الَّذَيْنِ مِنْ بَعْدِى اَبِى بَكْرٍ وَعُمَرَ

«Шумо ба он ду нафаре, ки баъди ман меоянд, Абӯбакр ва Умар пайравӣ намоед». Гуфтаҳои ӯ маънои онро доштанд, ки Абӯбакр ва Умар бештар аз ман умр хоҳанд дид ва онҳо халифаҳои ман мешаванд ва ҳаққи хилофатро, ҳамчуноне ки лоиқ аст ва Худову Паёмбарашро розӣ мекунад, ба ҷо меоваранд. Пас Абӯбакр чанд муддати кутоҳе халифагӣ мекунад, дар сурате ки Умар муддати бештаре халифа мемонад ва дар замони хилофати ӯ бештарин футуҳоти исломӣ сурат мегирад.

Паёмбар (с.а.в) фармудаанд:

 

«Худованд барои ман тамоми ин заминро нишон дод ва Шарқу Ғарби онро ман дидам ва ин ки умматони ман ба ҳар ҷое мерасанд, ки ба ман нишон дода шуд» ва воқеан ҳам чуноне шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Паёмбар (с.а.в) дар ривояти саҳеҳ пеш аз ба вуқӯъ омадани ғазваи Бадр макони кушта шудани кофирон ва ҷойи ба замин афтодани онҳоро хабар дода буд:

Ин ҷо Абӯҷаҳл кушта мешавад ва ин ҷо Атаба ва дар инҷо бошад Умайя ва ин ҷо фалону онҷо фалон «Ва медонам, ки Убай ибни Халаф кушта мешавад». Ва дар воқеъ, ҳамчуноне шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в.) дар ғазваи Муъта ҳамон тавр дар бораи асҳоби худ сухан мегуфт, ки гӯё онҳоро мушоҳида мекунад ва бо онҳост, дар ҳоле ки ӯ дар якмоҳа роҳ дуртар аз онҳо буд ва онҳо дар сарҳади Шом буданд. ӯ мегуфт:

«Парчамро Зайд гирифт ва ӯ кушта шуд, пас парчамро Ҷаъфар гирифт, кушта шуд ва онро Ибни Равоҳ гирифт, кушта шуд ва чашмонаш медурахшиданд, ҳатто парчамро шамшере аз шамшерҳои Худо гирифт ва роҳи наҷотро барои онҳо пайдо намуд». Баъди гузашти чанд ҳафта Яъло ибни Мунаббаҳ аз майдони ҳарб баргашт ва пеш аз он ки моҷарои ҷангро пурра дар ҳузури Паёмбар (с.а.в) нақл кунад, Паёмбар (с.а.в) худ қиссаи комили воқеаҳои рухдодаро нақл карданд. Пас, Яъло ибни Мунаббаҳ арз намуданд, ки: «Қасам ба Зоте, ки туро аз рӯйи ҳақ фиристодааст, аз суханони он ҷо як ҳарф ҳам кам нагуфтӣ».

Дари ривояти саҳеҳи дигар омадааст, ки ӯ (с.а.в.) хабар дод:  

«Хилофат баъди ӯ сӣ сол давом мекунад ва баъди он подшоҳӣ мешавад». «Ва ин ки ин кор бо Паёмбарӣ ва раҳмат оғоз шуд ва сипас раҳмат ва хилофат мешавад ва сипас подшоҳии мустаҳкам мешавад ва баъд зулму ситаму фасод дар ин уммат мешавад». Пас Паёмбар (с.а.в.) дар бораи ин ки хилофат баъди ӯ сӣ сол идома меёбад, хабар дода буд ва ин сӣ сол бо илова намудани шаш моҳи хилофати Ҳасан (р) пурра мегардад ва баъди он подшоҳию зулму ситам ва фасоди уммат мешавад ва феълан ҳам ҳамон тавре шуд, ки ӯ хабар дод.

Дар ривояти саҳеҳи дигар омадааст Паёмбар (с.а.в.) гуфта буд:

     

«Усмон (р) ҳангоми хондани Қуръон кушта мешавад»

«Шояд Худованд ба ӯ ҷомаеро бипӯшонад ва дигарон бихоҳанд онро аз танаш бикашанд» ва воқеан ҳамон тавре шуд, ки ӯ хабар дода буд.

Дар ривояти саҳеҳи дигар омадааст, ки замоне  Паёмбар (с.а.в.) ҳиҷомат намуданд, Абдуллоҳ ибни Зубайр барои табаррук хуни мубораки ӯро нӯшид ва онро ба замин нарехт. Пас ба ӯ гуфт:

«Вой барои мардум аз дасти ту ва вой барои ту аз дасти мардум». Паёмбар (с.а.в.) хабар дод, ки Абдуллоҳ бо шуҷоати хоса ва аҷибе роҳбарии мардумро ба уҳда мегирад ва ин кор боиси он мегардад, ки ӯ ҳадаф барои ҳуҷуми сахт мегардад ва ба сабаби ӯ мусибату балоҳо бар сари мардум меояд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди он ки Абдуллоҳ ибни Зубайр дар даврони Умавиён, дар Макка худро халифа эълон намуд, Ҳаҷҷоҷи золими сақафӣ ӯро бо лашкари бузурге дар Макка муҳосира намуд ва баъди ҷанги пуршиддату хунину сахт ӯ ба шаҳодат расид.

Паёмбар (с.а.в.) дар бораи «Подшоҳии Бани Умайя», яъне ба пайдо шудани давлати Умавиён ва дар бораи «Амир шудани Муовия ва фарзандонаш» хабар дода, ба ӯ гуфта буд:

«Вақте мулк ба дасти ту расид, пас рост шав ва ё носеҳ бош». Ҳамчунин хабар дода буд, ки «Бани Умайя моли Худоро дар миёни худ чарх мезанонад» ва  подшоҳону амирони онҳо золим ва дар миёни онҳо нафароне ба монанди Язид ва Валид пайдо мешаванд.

Ҳамчуноне ки Паёмбар (с.а.в.) хабар дода буд, ки:

«Фарзандони Аббос замоне бо парчамҳои сиёҳ қиём мекунанд ва муддати мулки эшон дарозатар мешавад аз мулки инҳо», яъне баъди Умавиён давлати Аббосиён пайдо мешавад ва онҳо дар ҳукм бештар мемонанд аз он ки Уммавиён монда буданд ва феълан ҳамон тавре шуд ки ӯ (с.а.в) хабар дода буд.

 

Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с.а.в) фармуданд:

«Вой ба ҳоли араб, ки бадие наздик шудааст», пас ӯ дар бораи балоҳои Чингизхон ва Ҳулако ва ин ки чӣ гуна онҳо давлати Аббосиёнро аз байн мебаранд, хабар дод, ва ҳамон тавре ки ӯ гуфта буд, ба вуқӯъ омад.

Дар ривояти саҳеҳ омадааст, ки ӯ (с.а.в) ба Саъд Ибни Абуваққос, замоне ки сахт бемор буданд, гуфтанд:

 

«Шояд, ки ту боқӣ монӣ ва чанд қавмеро кӯмак намоӣ ва ба дигароне зарар расонӣ». Паёмбар (с.а.в) хабар додаст, ки дар оянда ӯ сарлашкар хоҳад шуд ва Худованд бо дастони ӯ ба қавмҳои зиёде фоида меорад, ки онҳо ба доираи Ислом медароянд ва баъзе дигарро ба сабаби ӯ зарар мерасонад, яъне давлатҳои худро аз даст медиҳанд. Дар воқеъ  ҳамон тавре шуд, ки ӯ гуфта буд ва дар оянда Саъд сарлашкари артиши Ислом гардиду давлати Форсро шикаст дод ва сабаби даромадани қавм ва миллатҳои гуногун ба Ислом гардид.

Ҳамчунин собит шудааст, ки Паёмбар (с.а.в)  барои Наҷҷошӣ ғамгин шуд, дар худи ҳамон рӯзе, ки ӯ даргузашт. Ин дар соли ҳафтуми ҳиҷрӣ сурат гирфт. Паёмбар (с.а.в) ба ӯ салоти ҷанозаи ғоиб хонданд ва баъди гузашти як ҳафта хабари марги ӯ расид, ки дар ҳақиқат Наҷҷошӣ дар ҳамон рӯзе вафот кардааст, ки Паёмбар (с.а.в) хабар дода буд.

Ҳамчунин фармудаанд:

 

«Ором шав, ки дар болои ту Паёмбар (с.а.в) ва сиддиқ ва шаҳид қарор гирифтааст». Инро ҳангоме гуфт, ки бо иддае аз саҳобагони бузургаш дар болои кӯҳи Уҳуд (ё дар болои Ҳиро) буданд, ки кӯҳ дар зери онҳо ба ҷунбиш даромад. Пас баён намуданд, ки Умар, Усмон ва Алӣ ба шаҳодат мерасанд ва воқеа ба ҳамон сурат ба вуқӯъ пайваст.

 

***

Эй нотавон! Эй касе, ки дилаш мурдааст! Ва эй бадбахт!

Шояд ту гуфтанӣ бошӣ, ки Муҳаммад (с.а.в) барҷаста буд ва бо ин донише, ки дошт, ин корҳои ғайбиро дарк намуда буд ва бо ин чашми худро аз ҳақиқати паёмбарии ӯ, ки ба монанди Офтоб аст мепушонӣ!

Эй бечора! Он чи шунидӣ, танҳо як қисмате аз понздаҳ намуди муъҷизаҳои Памёбар (с.а.в) мебошад ва донистӣ, ки тамоми онҳо собитанду ба ривоятҳои саҳеҳу бо санадҳои мутавотири маънавии саҳеҳ ба мо расидаанд. Ту то ҳол танҳо андакеро дар бораи корҳои ғайбӣ шунидаӣ. Оё баъди он ки инсон ин ҳама муъҷизаҳоро мешунавад, ба соҳиби ин муъҷизаҳо мегӯяд, ки ту донишманди барҷастае ҳастӣ, ки бо фаросати худ ояндаро дарк мекунӣ?

Фарзан, агар мо ҳам ба монанди ту бигӯем, ки ӯ донишманд буд, пас оё имкон дорад, ки он касе, ки ин ҳама донишу зиракиро дошта бошад ва аз дониши нодир бархӯрдор бошад, барои ӯ дидгоҳ нодуруст бошад? Оё мисли чунин инсони бузург метавонад қадри бузурги худро бо гуфтани хабарҳои нодуруст ба замин занад? Оё девонагӣ ва аҳмақӣ нест, агар мо аз он чи ин инсони донишманд дар бораи саодати ду дунё хабар додааст, рӯйгардон бошем?

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*