Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон калиди шукри ҳақиқӣ ва холис, боазамат ва умумӣ мебошад.

НУҚТАИ ДУЮМ

 

  Аз нуқтаи назари шукргузорӣ ба неъматҳои Ҷаноби Ҳақ, як ҳикмате аз ҳикматҳои савм, дар Моҳи Мубораки Рамазон  чунин аст:

   Чи тавре, ки дар «Гӯфтори якум» гуфта шуд, нозу неъматҳои овардашудаи фурӯшанда аз ошпазхонаи подшоҳ, музди муаянеро талаб мекунад. Ва бар ивази онҳо ба савдогар музди ночизеро додан, он неъматҳои пурарзишро ночиз ба назар мерасонад, ба монанди эътироф накардани он шахсе, ки онҳоро ҳадя кардааст бениҳоят аҳмақист. Айнан ҳаминтавр Ҷаноби Ҳақ дар рўи замин анвоъи неъматҳоро барои навъи башар шинондааст, бар ивази музди он неъматҳо, шукр мехоҳад.

   Ба он асбоб ва асҳоби зоҳирии он неъматҳо, ки дар ҳукми савдогаранд, ба он савдогар як навъ музд медиҳем, миннатдории худро баён намуда, ҳатто аз ҳад зиёд ҳурмат ва ташаккур менамоем, ки онҳо мустаҳақ нестанд. Аммо, Мунъими Ҳақиқӣ, аз он сабабҳо дида, тавассути он неъматҳо ба дараҷае беандоза лоиқи шукр мебошад. Бинобар ин, ба Ў танҳо бо дарк намудани он, ки ҳамаи неъматҳо бевосита аз тарафи Ў меоянд, инчунин бо донистани арзиши он неъматҳо ва бо эҳсоси эҳтиёҷи худ нисбати он неъматҳо, шукргузорӣ кардан мумкин аст.

   Ҳамин тавр, рўза дар моҳи Шарифи Рамазон калиди шукри ҳақиқӣ ва холис, боазамат ва умумӣ мебошад. Чунки, дар дигар вақтҳо бисёри инсонҳо зери маҷбурияти рўза қарор надоранд, гуруснагии ҳақиқиро ҳис накарда арзишмандии бисёри неъматҳоро дарк намекунанд. Ба инсонҳои сер, хусусан сарватмандон, дараҷаи неъмате, ки дар пораи нони хушк мавҷуд аст, намефаҳмад. Аммо, он пораи нони хушк аз назари шахси имондор дар вақти ифтор, як неъмати арзишноки Илоҳӣ мебошад, ки қувваи зоиқаи ў шаҳодат медиҳад.

Ҳар касе, ки набошад аз Подшоҳ сар карда то фуқаро, арзишҳои он неъматҳоро дар Моҳи Рамазон фаҳмида, ба як навъ шукри маънавӣ лоиқ мегардад.

Ҳам аз ҷиҳати мамнунияти хӯрдани таъоми рўзона: «Ин неъматҳо молу мулки ман нестанд. Ман дар тановули инҳо ҳур нестам; маълум мешавад, ки онҳо молу инъоми каси дигар мебошанд. Ман амри Ўро интизор мешавам» гуфта, дар неъмат – неъмати аслиро дарк мекунад. Ҳамин тавр, як шукри маънавӣ мекунад.

Бинобар ин, ин намуди рўза аз бисёр ҷиҳат, дар ҳукми калиди шукр мегардад, ки ин вазифаи ҳақиқии инсон мебошад.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*