Ламъаи дуюм
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
اِذْ نَادَى رَبَّهُ اَنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ
Ин муноҷоти қаҳрамони сабр, Ҳазрати Аюб алайҳиссалом муҷарраб ва муассир аст, локин мо бо иқтибос аз оя, дар муноҷоти худ бояд бигӯем: رَبِّ اَِنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ хулосаи қисаи машҳури Ҳазрати Аюб алайҳиссалом ин аст:
Муддатҳои дароз дучори ҷароҳатҳои фаровон буд, ӯ ба мукофоти азими бемории худ меандешид, дар камоли сабр онро таҳаммул кард. Онгоҳ кирмҳое, ки дар захмҳояш пайдо шуда буданд, қалбу забонашро дарбар гирифтанд.
Чун ба қалбу забон, ки маҳали зикру маърифати Илоҳӣ ҳастанд, сироят карданд, ӯ нигарон аз ин ки дар вазифаи бандагияш мумкин халале расонанд, бо ҳадафи убудияти Илоҳӣ – на осоиши шахсӣ – дар муноҷоти хеш гӯфт: “Ё Раб! Зарар гирифторам кард ва дар зикри лисон ва убудияти қалбиям халал мерасонад.”
Ҷаноби Ҳақ ин муноҷоти холис, софу беғаразеро ки Лиллоҳ буд, дар як сурати хориқа иҷобат кард, ва саломати камол насибаш намуд, ва ӯро мазҳари марҳамати хеш қарор дод. Ин Лумъа “ панҷ нуқта” ба шарҳи зер дорад.
Нуқтаи якум: Дар муқобили ҷароҳатҳои зоҳирии Ҳазрати Аюб алайҳиссалом, мо дучори бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ, ва қалбӣ шудаем. Агар вазъияти даруниямон ошкор гардад ва дарунамон бар берунамон мунъакис шавад, хоҳем дид ки беш аз Ҳазрати Аюуб (а.с.) ҷароҳат дорем ва бемор ҳастем.
Зеро ҳар гуноҳе ки анҷом медиҳем ва ҳар шубҳае ки вориди мағзамон мешавад дар рӯҳу қалбамон ҷароҳатҳое меоварад. Захмҳои Ҳазрати Аюб алайҳиссалом, ҳаёти кӯтоҳи дунявиашро таҳдид мекард, аммо ҷароҳоти маънавӣ, ҳаёти абадии дуру дарози моро таҳдид мекунад.
Мо ҳазор бор бештар аз Ҳазраташ ниёзманди муноҷоти Аюбия ҳастем. Махсусан ҳамон тавр ки кирмҳои нашъатшуда аз захмҳои Он Ҳазрат ба қалбу лисониӮ сироят кард, захмҳои ҳосил шуда аз гуноҳҳо ва васвасаҳо ва шубҳаҳои нашъат ёфта аз захмҳои мазбур (наъузу биллаҳ) ба ботини қалбамон ки маҳали имон аст нуфуз карда ва ба боварҳоямон осеб мезанад ва бо сироят ба завқи рӯҳонии забон ки тарҷумони имон аст ба шакли нафратангезе моро аз зикр дур мекунад ва ба сукутамон вомедорад.
Бале, гӯноҳ бо нуфузба қалб ба тадриҷ онро сиёҳ карда, ва чунон дучори қасоваташ месозад ки ҷое барои нури имон дар он боқӣ намонад. Дар ҳар гуноҳ роҳе мунтаҳт ба куфр ҳаст. Агар гуноҳ бо истиғфору бо суръат аз байн наравад, на ба шакли кирм балки дар ҳайбати мори маънавие неши худро вориди қалби маънавӣ мекунад.
Масалан: шахсе дар пинҳонӣ муртакиби гуноҳи шармоваре мешавад ва намехоҳад касе аз он огоҳ гардад, пазириши вуҷуди малоик ва умури рӯҳонӣ барояш бисёр сақил хоҳад буд; бо андак нишонае дар садади инкорашон бармеояд.
Ё масалан: Фардеро тасаввур кунед, ки муртакиби гуноҳи бузурге мешавад; гуноҳе ки натиҷааш ҷаҳаннам аст, агар ӯ аз таҳдидоти ҷаҳаннам огоҳ шуда, ба воситаи истиғфор дар муқобилаш сипар нагирад, зеро бо тамоми вуҷуд орзумандаст ҳеҷ ҷаҳаннуме вуҷуд надошта бошад, ӯ бо хурдтарин шубҳаю нишонае ҷасорат намуда, ҷаҳаннумро инкор мекунад.
Ҳам масалан: Намозҳои фарзро намехонад, ва ба вазифаи убудияташ амал намекунад. ӯ ки бо андак сарзаниши раисаш ба хотири анҷом надодани вазифаи хурд, мутаассир мешавад, дармуқобили мукаррари амрҳои Султони Азал ва Абад ва дар анҷоми фароиз танбалӣ мекунад аз ин бобат ба ӯ иҳсоси ғамгинӣ омада, бо тамоми вуҷуд ва ба лиҳози маъно мегӯяд: “ эй кош вазифаи убудияте намебуд.” Аз ин орзӯ, инкоре падид меояд ки бӯйи адовати маънавии Илоҳиро медиҳад. Агар шубҳае дар хусуси вуҷуди Илоҳӣ вориди қалби инсон шавад, ба далили қатъӣ ба он майл карда ва дарвозаи бузурги ҳалокат ба рӯяш боз мешавад.
Ин бадбахт намедонад, ки ба воситаи инкор ва дар муқобили заҳмати ҷузъӣ ки аз вазифаи убудият сарчашма мегирад, ҳадафи мушақатҳои маънавии миллионҳо баробар зиёдтару аҷибтар аз он заҳмат қарор гирифтааст, аз неши пашшае гурехта неши мореро қабул мекунад. Ва ҳоказо…
Саъид Нурсӣ