“Ё Раб! Зарар гирифторам карда ва дар зикри лисонӣ ва убудияти қалбиям халал мерасонад.”

Ламъаи дуюм

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ

اِذْ نَادَى رَبَّهُ اَنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ

   Ин муноҷоти қаҳрамони сабр, Ҳазрати Аюб алайҳиссалом муҷарраб ва муассир аст, локин мо бо иқтибос аз оят, дар муноҷоти худ бояд бигӯем: رَبِّ اَِنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ хулосаи қисаи машҳури Ҳазрати Аюб алайҳиссалом ин аст:

        Муддатҳои дароз дучори ҷароҳатҳои фаровон буд, ӯ ба мукофоти азими бемории худ меандешид, дар камоли сабр онро таҳаммул кард. Онгоҳ кирмҳое, ки дар захмҳояш пайдо шуда буданд, қалбу забонашро дарбар гирифтанд.

Чун ба қалбу забон, ки маҳали зикру маърифати Илоҳӣ ҳастанд, сироят карданд, ӯ нигарон аз ин ки дар вазифаи бандагияш мумкин халале расонанд, бо ҳадафи убудияти Илоҳӣ – на осоиши шахсӣ – дар муноҷоти хеш гӯфт: “Ё Раб! Зарар гирифторам карда ва дар зикри лисонӣ ва убудияти қалбиям халал мерасонад.”

   Ҷаноби Ҳақ ин муноҷоти холис, софу беғаразеро ки Лиллоҳ буд, дар як сурати хориқа иҷобат кард, ва саломати камол насибаш намуд, ва ӯро мазҳари марҳамати хеш қарор дод.

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*