Як саволи ҳайратангези маънавӣ ва дарҳолие, ки аз зуҳури неъмати боазамат ва Илоҳӣ, ҳосил шуда буд…

МАСЪАЛАИ НӮҲУМ

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ

اٰمَنَ الرَّسُولُ بِمَٓا اُنْزِلَ اِلَيْهِ مِنْ رَبِّهٖ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ اٰمَنَ بِاللّٰهِ وَمَلٰٓئِكَتِهٖ وَكُتُبِهٖ وَرُسُلِهٖ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ اَحَدٍ مِنْ رُسُلِهٖ … الخ

Як саволи ҳайратангези маънавӣ ва дарҳолие, ки аз зуҳури неъмати боазамат ва Илоҳӣ, ҳосил шуда буд, боис гардид нуктаи муфассалу куллӣ, дар бораи ояи аҷмаъ, аълову акбари фавқ баён шавад. Дар олами маъно, ба рӯҳам илҳом шуд:

Чаро касе, ки яке аз ҳақиқатҳои ҷузъии имонияро инкор кунад, кофир мешавад ва касе, ки онро кабул надошта бошад мусулмон нест? Ин дар ҳолест, ки лозим аст имони ба Худо ва охират, ҳамчун хуршед, он зулмату торикиро аз байн бардорад, ҳамчунин чаро касе, ки рукну ҳақиқати имонияро инкор кунад, муртад мешавад, ва дучори куфри мутлақ мегардад ва касе, ки онро кабул накунад аз Исломият хориҷ мешавад, дар ҳоле, ки агар ҳамон фард, аркони дигари имониро бовар дошта бошад, бояд ӯро аз куфри мутлақ наҷот диҳад?

Ҷавоб: Имон, ҳақиқати ваҳдонист, ки аз шаш рукн ҳосил мешавад, тафриқ қабул намекунад. Ин як куллиест, ки қобили инқисом нест, як куллиест, ки қабули ҷузъ намекунад. Зеро ҳар як рукни имонӣ, бо ҳуҷҷатҳои исботкунандаи худ, соири аркони имониро исбот мекунад. Ҳар яки аз онҳо барои якдигар, ҳуҷҷати азиму қудратманданд. Пас андешаи ботиле, ки наметавонад сабаби тазалзули ҳамаи аркону  далелҳояшон шавад, дар ҳақиқат нахоҳад тавонист як рукн, ҳатто як ҳақиқатро ибтолу инкор кунад. Чунин андеша, ҳадди аксар метавонад таҳти пӯшиши адами қабул, чашм бандад ва роҳи куфромезро дар пеш гирад ва рафта-рафта сар аз куфри мутлақ барорад. Дорандаи чунин андеша, инсонияти худро аз даст дода, вориди ҷаҳаннами моддию маънавӣ мешавад.

Мо дар ин мақом, бо ишораҳои бениҳоят мухтасар, монанди Рисолаи Самара, ки бо ишороти муҷиз дар исботи ҳашр гуфтем, соири аркони имония низ, ҳашрро исбот мекунанд, мегуем ин нуктаи муҳим бо инояти Ҷаноби Ҳақ зимни шаш нукта ба шарҳи зер баён мешавад:

Нуктаи Якум: Имон овардани ба Аллоҳ бо ҳуҷҷатҳои худ, ҳам соири аркон ва ҳам имони ба охиратро исбот мекунад. Ин матлаб таҳти масъалаи ҳафтум дар Рисолаи Самара ба хубӣ тавзеҳ дода шудааст. Бале, салтанати Рубубияти азалию боқӣ ва ҳокимияти улуҳияти абадию доимиро дар назар бигиред, ки олами беинтиҳои вуҷудро чун қаср, шаҳру мамлакате бо тамоми лавозими мавриди ниёзаш, идора мекунад ва дар доираи мизону назм, онро ба ҳаракат дароварда ва бо ҳикматҳояш равона мекунад. Зарроту саёрот ва ҳашароту ситорагонро ҳамчун лашкари боназм, якҷо бо ҳам таҷҳизу тадбир мекунад ва дар доираи амру иродааш, ҳамеша тайи размоиши баланду бо таълиму таъйини вазифа ба фаъолияту сайру ҳаракату саёҳат, во медорад ва дар маросими реҷаи убудияткорона ширкат медиҳад. Ҳоло оё мумкин аст, оё аслан эҳтимол дорад, ин салтанати абадию сармадӣ ва боқию доимӣ, дори охиратро ҷойи боқию мадори доимӣ ва мазҳари сармадист, надошта бошад? Ҳеҷ ақлу хираде, инро қабул мекунад? Ҳазор мартаба ҳошо!

Пас, салтанату рубубияти Ҷаноби Ҳақ — чунон, ки дар масъалаи ҳафтум баён шуд — ва ғолиби асмо ва ҳуҷҷатҳои вуҷуби вуҷудаш бар охират гувоҳӣ медиҳанд ва иқтизои онро доранд. Бубин, ки ин қутби имонӣ, чи нуқтаи истиноди мустаҳкаме дорад, онро дарк кун, тавре бовар кун, ки гуё онро мебинӣ.

Ҳамон гуна, ки имони ба Аллоҳ бидуни охират, имконпазир нест, тибқи он чи дар Гуфтори Даҳум бо ишораҳои муҷиз баён шуд, маъбуди билҳаққе, ки барои зуҳури улуҳият ва маъбудияташ, оламро чун китоби самадонии муҷассам халқ кард. Китобе, ки ҳар саҳифаи он, ба андозаи як китоб ва ҳар сатраш ба андозаи як саҳифа, ифодаи маъно мекунад, ва онро ҳамчун Қуръони субҳонии ҷисмонӣ, қарор дода, ки ҳар ояти таквинӣ ва ҳар калимааш, ҳатто ҳар нуқтаву ҳарфаш дар ҳукми як мӯъҷизааст. Китоби боазамате, ки чун масчиди раҳмонист ва даруни он, бо оятҳои бешумор ва нақшҳои пурмаъно зиннат додашудааст; дар ҳар гушааш даставу гурӯҳе машғули ибодатҳои фитрии худ мебошанд, чигуна имкон дорад ва ақл чигуна мепазирад, ки устодону муфассиронеро ба унвони Расул нафиристад то маънеҳои он китоби кабирро дарс диҳанд, ва оятҳои он Қуръони Самадониро тафсир кунанд? Оё имкон дорад Худованд барои касоне, ки дар он масчиди боазамат ба шаклҳои мухталиф ибодат мекунанд, имомонеро таъйин накунад? Ва барои он устодон, муфассирону имомон, авомире содир накунад, Ҳошо сад ҳазор бор Ҳошо!

Сонеъи Раҳиму Кариме, ки коинотро меҳмонсарову намоишгоҳ ва маҳали гашту гузор, қарор дод ва анвоъу ақсоми неъматҳои лазизу дилнишинро бо ҳунарнамоиҳои хориқулода офарид то ҷамоли раҳмату ҳусни шафқат ва камоли рубубияти худро ба мавҷудот нишон диҳад ва онҳоро ба сипосгузорию ҳамд, фаро хонад. Оё мумкин аст, оё ақл мепазирад, ки дар ин зиёфатгоҳ бо махлуқоти бошуури худ сухан нагуяд ва дар муқобили неъматҳое, ки ато кардааст, дар қиболи зуҳури раҳматаш ба воситаи расулонаш вазифаи убудияту сипосгузориро ёдоварӣ накунад? Ҳошо ҳазорон бор ҳошо!

Магар мумкин аст: Сонеъе, ки санъати худро дӯст медорад ва алоқаманд аст, дигарон ба он таваҷҷуҳ кунанд, ҳатто бо дар назардошти ҳазорон завқи даҳон, моил аст мавриди тақдиру таҳсин қарор гирад, Сонеъе, ки оламро бо санъатҳои бадеъ, зиннат дода ва мехоҳад бо ҳар санъате худро муаррифӣ кунад, дӯсташ бидоранд, ӯ низ ҷамоли маънавии хешро бинамоёнад. Магар имкон дорад бо бузургони ҷомеъаи башарӣ, сӯхан нагуяд. Башаре, ки ба монанди фармондеҳи зиҳаётҳо мебошад; ва онҳоро расули худ қарор надиҳад? Магар имкон дорад санъатҳои ҷамили ӯ ношинохта бимонанд ва ҳусни фавқулодаи исмҳояш бетаҳсин монда ва шиносонидану дӯст дошташуданаш беҷавоб бимонад? Ҳошо, сад ҳозор бор ҳошо!

Мутакаллими Алиме, ки дархостҳову дуоҳои мавҷудотро, ки бо забони ҳол ва барои истиҷобати ниёзҳои фитриашон адо мегардад, гоҳу ногоҳ, ба тарзе ки нишондиҳандаи қасд ва иродаву ихтиёри ӯст бо неъматҳои бешумору эҳсони беинтиҳо амалан ба шакли сареҳу ошкор посух мегуяд.

Магар мумкин аст, магар ақл мепазирад, ки бо хурдтарин мавҷуд амалан ва ҳолан, сухан гуяд ва дардашро дармон намояд ва ба воситаи эҳсонаш дар хости ӯро шунавад ва ниёзашро барорад ва бидонад, аммо бо раисони маънавии инсонҳо, ки мунтахаб ва натиҷаи олами ҳастианд, ва халифаи ӯ ба рӯйи замин ва фармондеҳи аксари махлуқот, дидор накунанд? Оё имкон дорад, ӯ ҳамон тавре, ки бо онҳо ва ҳама зиҳаётон амалану ҳолан сухан мегуяд, қавлану каломан сӯхан нагуяд, фармонҳову суҳуф ва китобҳояшро барои онон нафиристад? Ҳошо, бениҳоят ҳошо!

Пас имони ба Аллоҳ, бо қатъият ва бо далелҳои бешумори имони ба пайғамбарон ва бо китобҳои муқаддас  وَ بِكُتُبِهٖ وَ رُسُلِهٖ ро исбот мекунанд.

Оё имкон дорад ва ақл мепазирад, дар баробари Худое, ки бо тамоми офаридаҳояш, худро муаррифӣ мекунад ва боис мегардад ӯро дӯст доранд ва амалану ҳолан аз ӯ сипосгузорӣ кунанд. Муҳаммад (с.а.в), ки ғавғое дар олам барафрухт, бо ҳақиқати Қуръония, Сонеъи Зулҷалолро ба тарзи акмал шинохта ва шиносонида, дил ба ӯ супурда ва боис шудааст, дигарон низ ӯро дӯст доранд, ҳамдашро гуфта ва боис шудааст дигарон низ, сипосгузориаш кунанд; касе ки бо

 “سُبْحَانَ اللّٰهِ ۞ ‌‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ۞ اَللّٰهُ اَكْبَرُ”

-ҳояш заминро тавре ба сухан во доштааст, ки самовотиён мешунаванд ва бо шевае, ки барру баҳрро ба ҷазаба вомедорад, дар тӯли ҳазору сесад сол навъи башарро ба лиҳози камият, панҷяк ва ба лиҳози  кайфияти инсоният, ними аз ҷамъияти башариро тобеъи худ карда, дар баробари тамоми мазҳарҳои рубубии он Холиқ, бо убудияти куллию густурда посух додааст ва дар баробари тамоми мақсадҳои Илоҳӣ, бо сураҳои Қуръон, коиноту асрҳоро мавриди хитоб қарор дода, онҳоро таълим дода ва шарафу қиммату вазифаи навъи инсонро таълиму таъйин карда ва бо ҳазорон мӯъҷиза, мавриди тасдиқ қарор гирифтааст, махлуқи мунтахабу расули комил ва бузургтарин пайғабараш набошад? Ҳошо ва калло, сад ҳозор бор ҳошо!

Пас, ҳақиқати “اَشْهَدُ اَنْ لَا اِلٰهَ اِلَّا اللّٰهُ” бо тамоми далелҳову ҳуҷҷатҳояш “‌اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللّٰهِ”-ро исбот мекунад.

Ва оё мумкин аст Сонеъи ин дунё офаридагонашро бо сад ҳазор забон ба гуфтугӯи бо якдигар бихонад ва сухани онҳоро бишунавад ва бидонад ва худ сӯхан нагуяд? Ҳошо!

Оё ақл мепазирад, ки мақсадҳои илоҳии худро дар коинот бо фармоне эълон накунад? Ва барои посухи ҳақиқӣ, ба се саволи омми даҳшатангез, ки “Махлуқот аз куҷо меоянд?” ва “Ба куҷо мераванд?” ва “Чаро қофила-қофила аз пайи ҳам меоянду пас аз муддате оромона, мераванд?” китобе чун Қуръонро нафиристад? Ҳошо!

Қуръони мӯъҷизу-л баён, ки сездаҳ асрро рӯшноӣ бахшида ва дар ҳар соат сад миллион нафар бо камоли эҳтиром онро ба забон меронанд ва бо қудсияти худ ба қалби миллионҳо ҳофиз нигошта мешавад ва рақами қобили таваҷҷӯҳи навъи башарро ба лиҳози кайфӣ бо қонунҳои худ идора мекунад ва нуфусу арвоҳу қулубу уқулашонро тарбия, тазкия, тасфия ва таълим мекунад, Қуръоне, ки мӯъҷиза буданаш дар Рисолаи Нур ба чил ваҷҳ исбот шуда ва дар Мактуби бо каромату хориқулодаи Нӯздаҳум баён гардидааст, ки эъҷозашро ба тоифаҳо ва табақаҳои мухталифи мардум ба навъе нишон медиҳад. Ва Ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом бо ҳазорон мӯъҷиза, яке аз он мӯъҷизаҳои он буд. Ба ин тартиб исбот мегардад, ки Каломуллоҳ мебошад, оё имкон дорад чунин китоб фармону камоли он Мутакаллими Азалӣ ва он Сонеъи Сармадӣ набошад? Ҳошо, сад ҳазор бор ҳошо ва калло!

Пас имони ба Аллоҳ бо тамоми ҳуҷҷатҳояш исбот мекунад, ки Қуръон, каломи Аллоҳ аст.

Низ оё мумкин аст, Султони Зулҷалоле, ки паҳнои заминро ҳамеша аз зиҳаётон пуру холӣ мекунад ва барои ин, ки худро бишиносонад, то дигарон ибодату тасбеҳаш кунанд, ҷаҳонро ба вуҷуди зишуурон зиннат дод, осмонҳо ва ситорагонро холӣ, раҳо намояд ва мардумони муносиби онҳоро наёфарад ва дар кохҳои осмонӣ, сокин накунад? Ва салтанати рубубиашро дар бузургтарин мамлакати худ бехадамаву бешукӯҳ, бидуни маъмуру намоянда ва ёвару нозир ва тамошогар ва бидуни обиду раият, раҳо кунад? Ҳошо, ба теъдоди малоик ҳошо!

Оё ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин аст, Ҳокими Ҳаким ва Олими Раҳиме, ки оламро ба монанди китобе офарид ва таърихчаи ҳаёти ҳар дарахтро дар тухмиҳояшон дарҷ кард ва вазифаҳои ҳаёти ҳар буттаву ниҳолро дар тухмиҳояшон нигошт, ва саргузашти ҳаёти ҳар бошуурро дар қувваи ҳофизаи онҳо, ки ба хурдии донаи хардал аст, ба диққат навишт ва дар саросари мулку давраҳои салтанаташ, ҳар амалу ҳодисаеро бо тасвирҳои мутааддид, сабту муҳофизат кард ва биҳишту ҷаҳаннаму сироту мизони акбарро барои таҷаллию таҳаққуқи ҳикмату раҳмату адолаташ, ки аз пояҳои асосии Рубубияташ аст, офарид, амалҳову феълҳои пайвастаи инсон бо коинотро барои муҷозоту подош сабт накунад ва бадию хубиҳояшонро дар лавҳаҳои қадар нанависад? Ҳошо, ба теъдоди ҳуруфи нигошташудаи дар лавҳи маҳфузи қадар, ҳошо!

Пас ҳақиқати имони ба Аллоҳ, бо ҳуҷҷатҳояш, ҳақиқати имони ба малоик ва имони ба тақдирро ба сурати қатъӣ, исбот мекунад; ҳамон тавре, ки хуршед рӯзро менамоёнад ва рӯз хуршедро, аркони имон низ якдигарро исбот мекунанд.

 

Нуктаи дуюм: Даъвоҳои ҳама суҳуфу китобҳои осмонӣ, дар раъсашон Қуръон ва ҳама пайғамбарон алайҳимуссалом, дар раъсашон Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам, бар панҷ шаш меҳвар устувор аст, ки ҳамеша барои дарс додани онҳо ва исботашон кӯшиш мекунанд. Тамоми ҳуҷҷатҳову далелҳое, ки бар нубуввату сидқи даъвои онҳо гувоҳӣ медиҳанд, назаркунанда бар ҳамин меҳварҳо ҳастанд, ва бар ҳаққониаташон меафзоянд. Меҳварҳои мазкур иборатанд аз имони ба Аллоҳ, имони ба охират ва имони ба соири аркон.

Ҷудоии аркони шашгонаи имон, аз якдигар мумкин нест. Ҳар яке аз онҳо, исботкунандаи аркони дигар аст, ва аркони дигарро иқтизо дорад. Шаш рукни мазкур, чунон куллу куллие ҳастанд, ки ҷузъ шуданро намепазиранд ва инқисомашон ғайри мумкин аст. Ҳамчун дарахти Тубо, ки решааш дар осмонҳост ва ҳар шохаву меваю барги ин дарахт, ба ҳаёти куллию бепоёни он, муттакӣ мебошад. Касе, ки натавонад чунин ҳаётеро, ки чун хуршед зоҳиру пурқудрат аст инкор кунад, қатъан ҳаёти барги муттасил ба онро низ, наметавонад инкор кунад; дар ғайри ин сурат, шохаҳову баргҳо ва меваҳои он дарахт, фарди мункирро такзибу ба сукут вомедорад. Имон низ, бо аркони шашгонааш, ҳамин вазъиятро дорад.

Дар ибтидои ин мақом, қасд доштем аркони шашгонаи имонро зери шаш нукта ва ҳар нуктаро бо панҷ нукта, ки дар маҷмуъ сию шаш (36) нукта мешавад, баён кунем. Муродам ин буд, ки ба саволи даҳшатноке, ки дар ибтидо матраҳ кардам, посухи тафсилӣ бидиҳам, аммо мушкилие пеш омад, ки иҷозаи ин корро ба ман надод. Гумон мекунам, нуктаи аввал, миқёси басандааст. Аз ин сабаб, ба тавзеҳи бештар барои ҳушмандон ниёз нест. Дониста шуд, ки агар мусулмон, яке аз ҳақиқатҳои имонро инкор кунад, дучори куфри мутлақ мешавад. Зеро ба хилофи иҷмолие, ки дар динҳои дигар ҳаст ,дар Ислом тавзеҳу тафсили комил, додашуд. Аркон бо якдигар пайванди мустаҳкам доранд. Мусулмоне, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро намешиносад ва ӯро қабул надорад, Худованду сифатҳояшро намешиносад ва охиратро дарк намекунад. Имони фарди мусулмон, такя ба чунон ҳуҷҷатҳои муҳкам, устувору бешуморест, ки ҳеҷ узр барои инкор боқӣ намемонад. Тавре, ки гуё ақл аз пазириши матлаб, гурез надорад.

Нуктаи сеюм: Замоне, ‌اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ ба забон рондам ва дар ҷустуҷӯйи неъмате баромадам, ки муқобили маънои густурдаву беҳадду ҳисобаш бошад, дар як лаҳза ҷумлаи зер ба хотирам омад:

اَلْحَمْدُ لِلّٰهِ عَلَى الْاٖيمَانِ بِاللّٰهِ وَعَلٰى وَحْدَانِيَّتِهٖ وَعَلٰى وُجُوبِ وُجُودِهٖ وَعَلٰى صِفَاتِهٖ وَاَسْمَائِهٖ حَمْدًا بِعَدَدِ تَجَلِّيَاتِ اَسْمَائِهٖ مِنَ الْاَزَلِ اِلَى الْاَبَدِ

Дидам комилан мутобиқи он аст; ба ин тартиб ки……

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

***

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*