ДАВОИ ДУЮМ: Эй маризи бе сабр! Сабр кун, балки шӯкр кун. Бемории ту, метавонад дақиқаҳои умратро ба соатҳо ибодат табдил кунад. Чунки: Ибодат ду қисм аст. Яке ибодати мусбат аст, ки монанди намоз, ниёз ибодатҳои маълум аст. Дигараш ибодати манфӣ аст, ки бо воситаи маризиҳо, мусибатҳо, мусибатзада аҷзи худро, заъфи худро ҳисс карда, ба холиқи худ илтиҷо карда, дуо ва ниёз хоҳад кард, ба як ибодати маънавии холис, бериё мазҳар хоҳад шуд.
Бале як умре, ки бо маризӣ гузашта бошад, бо шарти шикоят накардан аз Аллоҳ (ҷ.ҷ.), барои мӯъмин ибодат шуморида шуданаш дар ривояти саҳеҳ ҳаст. Ҳатто як дақиқаи маризони сабркунанда ва шукркунанда, ба ҳукми як соат ибодат гузаштан ва як дақиқаи баъзе инсонҳои комил ба ҳукми як рӯз ибодат гузаштан, бо ривояти саҳеҳ ва кашфиёти содиқ собит аст. Аз маризие, ки як дақиқаи умри туро, ба ҳукми ҳазор дақиқа оварда, ба ту боиси ба даст овардани як умри дароз шудааст ташакки не, балки ташаккур кун.
Саъид Нурсӣ