ИШОРАИ ҲАФТУМ
Як чанд муъҷизаи Паёмбар(с.а.в) -ро дар хусуси баракат дар таом ҳамчун намуна, аз миёни дигар муъҷизаҳояш зикр мекунем. Ин муъҷизаҳо бо ривоёти саҳеҳ, возеҳ ва бо далелҳои қонеъкунандаю собиткунанда тасдиқ шудаанд
Пешгуфтор
Мисолҳо роҷеъ ба муъҷизаи Паёмбар (с.а.в) дар боби баракати таом як қисмати муъҷизаҳо буда, бо дувоздаҳ шоха ривоят шудаанд. Бештари ин муъҷизаҳо дар назди ҷамоати бузурге аз саҳобагон, ки холӣ аз дурӯғ гуфтан ва дигар сифатҳои пасти инсонӣ буданд, рух додааст. Бояд зикр намуд, ки онҳо дар мақому манзалат ва сидқу амонатдорӣ мақоми хоса доштанд.
Мисол барои тавзеҳ. Яке аз саҳобагон ривоят мекунад, ки ҳафтод нафар аз як табақи хурд таом хӯрданд ва ҳамаи онҳо сер шуданд. Инро дар ҳоле қисса мекард, ки ҳафтод мард онро мешунид ва на нафаре ба ӯ ихтилоф кард ва на ӯро рад намуд, балки ҳамаи онҳо бо сукути худ гуфтаи он мардро тасдиқ намуданд.
Саҳобагони киром дар беҳтарин аср, дар роҳи ҳақ ва сидқу амонатдорӣ зиндагӣ мекарданд. Аз олуда шудан ба ботил худро ҳифз мекарданд. Агар касе аз онҳо ҳангоми ибрози ривоят заррае майл ба сӯйи дурӯғ медид , хомӯш намемонд, балки фавран сухани сухангӯро рад мекард.
Пас фазилати ин ривоятҳо дар он аст, ки онҳо бо роҳҳои гуногун ривоят шудаанд. Касоне ки дар он замон ин қиссаҳоро шуниданд, аммо сокит монданд, шаҳодат аз он аст, ки ривоятҳоро тасдиқ мекунанд. Ҳикмати хомӯшии онҳо ин аст, ки гӯё ровии ин қиссаҳо худи онҳоянд. Ин амали онҳо ба он водор мекунад, ки чунин ривоятҳо мутавотир номида шаванд.
Умуман таърих ва хосатан сирати Паёмбар (с.а.в) гувоҳӣ аз он медиҳад, ки саҳобагони киром баъд аз ҳифзи Қуръони карим ҳадиси шарифро ҳифз мекарданд. Намуд, рафтор, кирдор, гуфтор ва тақрироте, ки бо назардошти мансубият ба аҳкоми шариат ва муъҷизаҳои Паёмбар дошт, саҳобагон ҳамаро аз бар намуда буданд. Масъали ҳифзи илми ҳадисро ҳеҷ гоҳ канор намегузоштанд (Худованд барои онҳо беҳтарин подошро ато намояд). Хурдатарин ҳаракате, ки дар сирати мубораки Паёмбар анҷом мепазируфт, аз ҳамон ҳолатҳо ва ҳаракатҳои Паёмбар барои худ далел ва ҳуҷҷатҳо гирифта, ҳамаи онҳоро ҷамъоварӣ намуда, дар пеши худ девонҳо месохтанд. Ҳафт нафаре, ки номашон бо номи Абдуллоҳ оғоз меёбад, онҳо аз рӯйи номашон ба Абдуллоҳҳои ҳафтгона машҳуранд. Ҳамаи онҳо Қуръони каримро ҳифз намуда, илми ҳадиси шарифро низ дар замони саҳобагон аз худ намуда буданд. Ду нафари инҳо дар баробари ин бо тарҷумони Қуръони карим машҳур гардида буданд. Аз ҷумлаи онҳо Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Зубайр буданд. Ҳамин тавр, дар замони худ саҳобагон ин мактабро таъсис намуда, баъди сӣ ва чил сол ба дасти бузургони тобиъин ҳамчун амонат супориданд. Ин бузургон бо як ихлосмандӣ ин амонатро қабул намуда, онро нигоҳ доштанд. Бо навиштаҷот ва таълифоти худ ҳадисҳоро нигоҳ доштанд. Пас аз гузашти дусад сол аз ҳиҷрат ба соҳибони сиҳоҳи шашгона онро ба амонат супориданд. Сарони сиҳоҳи шашгона, Имом Бухорӣ ва Муслим буданд. Сипас замони аҳли интиқод, илми ҷарҳу таъдил, ки илми ҳадисро таҳқиқ мекунанд, фаро расид. Аз ҷумлаи муборизини машҳури ин мактаб Ибни Ҷавзӣ буд, ки ҳадисҳои мавзӯъро, ки мулҳидону ҷоҳилон ҳамчун дасиса дар илми ҳадис ворид карда буданд, аз ҳадисҳои саҳеҳ ҷудо карданд. Сипас олимони бо зуҳду тақво идомадиҳандаи ин кори бузург шуданд. Намунаи онҳо Ҷалолиддини Суютӣ мебошад. Дар канори равзаи Паёмбар маскан гирифта, ҳадисҳои саҳеҳро аз ҳадисҳои мавзӯъ ва дигар каломҳои буҳтон бо чунин шакл тоза мекард.
Ҳар гоҳ ҳадисҳоро дар назди равзаи Расули акрам (с.а.в) қироат мекард, агар садои калимаи саҳеҳро ҳафтод маротиба аз Расули акрам (с.а.в) дар хобаш монанди дар бедорӣ намешунид, онро ҳамчун ҳадиси саҳеҳ қабул намекард. Ин заҳаматҳои наҷиби бузургон оид ба илми ҳадис ва муъҷизаҳои дурбори Паёмбар (с.а.в) буданд, ки то замони мо расиданд. Баъди он аҳодиси Паёмбар (с.а.в) даст ба дасти аминҳо мунтақил мешуданд.
Пас, бояд Худовандро шукр намуд, ки ин ҳама аз фазлу бузургии Парвардигори мост.
Пас, набояд чунин савол моро домангир шавад, ки бо вуҷуди ба вуқӯъ омадани ин ҳама ҳодисаҳо чӣ тавр ҳадисҳои Паёмбар (с.а.в) дар ҳифзу амон монданд.
Чанд мисол
аз муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в.) роҷеъ ба баракати таом.
Мисоли аввал. Сиҳои ситта намунае аз ин муъҷизаҳоро зикр менамояд, ки Имом Бухорӣ ва Муслим дар саҳеҳайни худ онро қайд кардаанд. Ҳадисеро Анас (р) ривоят намуда чунин мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) навдомод ва Зайнабро ба никоҳи худ дароварда буд. Модари ман, Умми Сулайм каме аз хурмову равған ва таоми андак, ки ҳиссаи як нафар буд, дар як косаи хурд омода карда ба ман доду гуфт, ки инро назди Паёмбар (с.а.в) бибар ва ба ӯ бигӯ модарам инро барои шумо равон карда ба шумо салом мегӯяд ва хоҳиш дорад ин тушаи андаки моро қабул кунад. Онро ба назди Паёмбар (с.а.в) бурдам ва суханҳои модарамро ба ӯ расонидам.
Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт онро дар ин ҷо бигузор ва рафта фалону фалониҳоро (номҳояшонро номбар кард) даъват намо. Ҳамчунин ҳар касеро, ки вомехӯрӣ, даъват намо. Ман рафта, шахсонеро, ки номбар карданд ва ҳамчунин касонеро, ки вомехӯрдам, даъват намудам. Чун баргаштам, макон хело танг буд ва Паёмбар (с.а.в) аз ман пурсид, ки чанд нафарро даъват намудӣ? Ман ба эшон гуфтам, ки наздик ба сесад нафар. Сипас Расули акрам (с.а.в)-ро дидам, ки дастони мубораки худро дароз карду ин ибораро гуфт: «Ба он чизе ки Худо хоста бошад». Даҳ нафар – даҳ нафар даъвашудагонро ба наздаш мехонд ва барояшон мегуфт номи Худоро зикр кунед. Ҳамагӣ таомро тановул мекарданд. Ҳар кас аз пеши худаш таом мехӯрд ва як гурӯҳ медаромаду тановули таом карда мебаромад ва боз гурӯҳи дигаре медаромад. Ҳамин тавр, ҳамаи онҳо хӯрданду сер шуданд. Баъд Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт: «Эй Анас, ин косаро аз ин ҷо бигир». Анас мегӯяд: «Вақте косаро гирифтам, намедонам таом ҳангоми гузоштанам бештар буд ё вақти гирифтанам».
Мисоли дуюм. Рӯзе аз рӯзҳо Паёмбар (с.а.в) меҳмони Абӯаюби ансорӣ шуд. Соҳиби мизбон барои ду нафар, Паёмбар (с.а.в) ва Абӯбакр (р) таом омода намуд. Паёмбар (с.а.в) Абӯаюби ансориро гуфт, ки:
«Сӣ нафар аз ашрофзодагони ансорро даъват кун». Сӣ нафарро даъват кард ва ҳамагӣ таом хӯрданд, боз таом боқӣ монд. Сипас фармуд:
«Шаст нафари дигарро даъват кун». Мизбон шаст нафари дигарро даъват намуд ва онҳо низ ба мисли гурӯҳи пешин тановули таом карданд ва боз таом боқӣ монд. Боз амр намуд, ки
«Ҳафтод нафари дигарро даъват кун». Ҳафтод нафари дигар даъват шуд ва боз таом боқӣ монд. Аз даъватшудагон ҳама бо Паёмбар (с.а.в) аҳду паймон бастанд. Ҳамин тавр, Абӯаюби ансорӣ мегӯяд: «Яксаду ҳаштод нафар даъват шуда буданд, ки ҳама таом хӯрданду сер шуданд ва таом боз боқӣ монд».
Мисоли сеюм. Ҳадисе, ки Салма ибни Акваъ, Абӯҳурайра, Умар ибни Хатоб ва Абӯамраи Ансорӣ (р) ривоят мекунанд, яке аз ҳолатҳои гуруснагӣ барои Паёмбар (с.а.в) ва иддае аз мардум буд, ки дар яке аз ғазваҳо рух дод. Паёмбар (с.а.в) талаб намуд, то ҳар таоме бошад, ҷамъ намоянд. Марде, ки наздаш каме таом монда буд, онро овард. Дигаре андаке аз ин бештар овард ва бештарин касе, ки таом овард, як паймона хурмо буд. Ҳамаи онро дар як табақ ҷамъ намуд. Салма мегӯяд, чун ҳамаи инҳоро ҷамъ намудам, ба андозаи як саргини бузғола буд. (Албатта, саргини бузғола дар ҳаҷм хело кам аст). Баъд Паёмбар (с.а.в) ҳамаи навкаронро (хизматгоронро) даъват намуд, ки табақҳои худро биоранд ва барои онҳо таом тақсим мекард. Таом барои ҳамаи онҳо басанда шуд ва аз он боз каме боқӣ монд. Дар ривояти дигар зикр шудааст, ки агар ҳамаи аҳли Замин меомаданду аз он мегирифтанд, барои ҳама басанда буд ва боз боқӣ мемонд.
Мисоли чорум. Дар сиҳоҳи ситта собит шудааст ва аз ҷумла, Имом Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки Абдурраҳмон ибни Абӯбакри Сиддиқ мегӯяд: «Мо ҳамроҳи Паёмбар (с.а.в) дар як сафар яксаду сӣ нафар будем. Барои каме пухтани нон хамир карда шуд. Як бузғола забҳ карда пухта шуд, фақат шишу ҷигарро кабоб карданд. Ба Худо савганд, Паёмбар (с.а.в) кабобро ба яксаду сӣ нафар саҳобагон ба ҳар яке онҳо як порча бурида дод. Ҳамаи мо аз он таом хӯрдем ва дар он таом чунон баракат омад, ки мо ҳама сер шудем ва бақияи таомро ба шутурон бор кардем».
Мисоли панҷум. Дар сиҳои ситта низ собит шудааст ва ҳадисро Ҷобир ривоят мекунад, ки дар ҷанги Хандақ, Расули акрам (с.а.в) бо баракати худ ҳазор нафарро бо як коса орди ҷав хӯронид. Ҷобир мегӯяд: «Ба Худо қасам мехӯрам, ки ҳамагон аз он хӯрданд ва рафтанд. Ҳамчунон таоми мо боқӣ буд ва нони мо пухта мешуд. Паёмбар (с.а.в) ҳамин қадар саҳми худро дар ин хамир гузошт, ки ба он об рехт ва дуои баракатро хонд». Ҷобир бо эълони қасам мегӯяд ин муъҷиза дар ҳузури ҳазор нафаре, ки дар онҷо буд, рух дод.
Ин ривоят қатъист, зеро ин ривоятро ҳазор нафар мушоҳида намуданд.
Мисоли шашум. Дар сиҳои ситта собит шудааст. Абӯталҳа амак ва ходими Паёмбар (с.а.в) аз Анас (р) ривоят намуда, мегӯяд: «Ҳазрати Анас (р) рӯзе дар зери китфи худ порае аз нони ҷавро ба назди Расули акрам (с.а.в) меовард. Паёмбар (с.а.в) амр мекунад, ки он пораи нонро боз чанд қисмат кунад. Анас (р) онро боз чор қисмати дигар кард. Паёмбар (с.а.в) дар ин пораҳо дуои баракат кард. Ҳаштод нафар мард аз он тановул карданд ва сер шуданд. Аз ҷиҳати танг будани манзил, онҳо даҳ нафарӣ вориди манзил шуда, аз он мехӯрданд ва бо ҳамин тариқ, ҳамаи онҳо сер шуданд, боз пораи нон боқӣ монд».
Мисоли ҳафтум. Дар «Саҳеҳ»–и Имом Муслим, «аш-Шифо» ва дигарон собит шудааст, ки Ҷобири ансорӣ мегӯяд: «Як марде назди Паёмбар (с.а.в) омад ва таом талаб кард. Паёмбар (с.а.в) барои он мард хурмо ва сабӯси ҷавин дод. Ин мард инҳоро ҳамроҳи ҳамсараш ва меҳмоне, ки ба хонааш омада буд, хӯрданд. Баъди он бақияро вазн кашиданд, ки чӣ қадараш кам шудааст. Онҳо диданд, ки баракат аз инҳо гирифта шудааст ва рӯз аз рӯз кам мешавад. Ба Паёмбар (с.а.в) инро нақл намуданд. Паёмбар (с.а.в) гуфт:
«Шумо агар вазн намекашидед, баракати он ҳамеша боқӣ мемонд ва шумо солҳои дароз аз он истеъмол мекардед».
Мисоли ҳаштум.
Ин дар китоби сиҳоҳи ситта, монанди Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Байҳақӣ ва китоби «аш-Шифо» аз Самра ибни Ҷандаб зикр шудааст, ки марде бо нияти зиёрати Паёмбар (с.а.в) бо андаке аз гӯшти пухта вориди манзили Паёмбар (с.а.в) шуд. Баъди ин гурӯҳ-гурӯҳ мардумон вориди манзили Паёмбар (с.а.в) мешуданд ва аз он гӯшт тановул мекарданд. Қавме менишасту қавми дигаре беруни манзил мешуд. Ин ҳолат аз субҳ то шаб идома ёфт. Бо назардошти он муъҷизаҳое, ки дар муқаддима зикр намудем, танҳо ин пайдоиши баракат дар ривояти Самра нест, ки гурӯҳҳо ва қавмҳо аз он ошомиданду сер шуданд, балки эълони ин ривоят, намунае аз онҳост.
Мисоли нуҳум. Мардони боэътимод ба монанди Шифо ибни Абишайба, Табаронӣ ва олимони муҳаққиқ бо як санади хуб аз Абӯҳурайра ривоят мекунанд, ки ӯ мегӯяд: «Паёмбар (с.а.в) маро амр кард, то аҳли Суффаро даъват намоям. Аҳли Суффа ҳама муҳоҷирони фуқаро буданд ва теъдоди онҳо каме бештар аз сад нафар буд. Ҳамаи онҳоро дар масҷид ҷой намуданд ва боз дигарон ҳам ба сафи онҳо пайваст шуданд. Табақи таомро дар миёни онҳо гузоштанд, ҳамаи онҳо таомро хӯрданд ва аз он фориғ шуданд, табақ ба монанди аввалааш пур аз таом боқӣ монд. Ин аз асари расидани ангуштони мубораки Паёмбар (с.а.в) бар ин таом буд».
Абӯҳурайра санади ин ривоятро, ба ҳамаи аҳли Суфа, ки онҳо ровии ин қисса ҳастанд, рабт медиҳад ва онро ривояти қатъӣ мешуморад. Пас, оё имкон дорад чунин хабарро такзиб кард, ки аҳли Суфа ҳама аҳли сидқу шахсони баркамол буданд ва ҳеҷ яке аз онҳо инро рад накарданд.
Мисоли даҳум. Бо як ривояти саҳеҳ аз Алӣ (р) омадааст. Ҳазрати Алӣ (р) мегӯяд: «Рӯзе Паёмбар (с.а.в) Бани Абдулмуталлибро ҷамъ намуд, ки теъдодашон чил нафар буд. Дар миёни онҳо касоне буданд, ки ба танҳоӣ як шутурбачаро ва чор қадаҳ ширро, ки маъмулан барои се ё чор нафар кофӣ буд, мехӯрд. Барои ин адади мазкур гӯшту шир бениҳоят кам буд. Сипас Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро бар таом дароз карду дуои баракатро хонд ва барои қадаҳҳои шир ҳам дуо кард. Ҳама аз он гӯшту шир истеъмол карданд, сер шуданд ва боз он гӯшту шир ба монанди аввал боқӣ монд».
Ин ҳам яке аз намунаҳои муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) аст, ки марди ғаюри исломӣ, ҳазрати Алӣ (р) онро ривоят мекунад ва бояд зикр кард, ки он бо далели қатъӣ собит шудааст.
Мисоли ёздаҳум. Бо ривояти саҳеҳ собит шудааст. Ҳангоми хонадор шудани ҳазрати Алӣ (р) бо Фотима (р), Паёмбар (с.а.в) ҳазрати Билолро амр кард, то чор ё панҷ паймона гандумро омода намуда барои ин маросими арусӣ сари шутуреро бибуранд. Ҳазрати Билол мегӯяд: «Дар ҳақиқат ин корро кардам ва ба назди Паёмбар (с.а.в) овардам ва ӯ ба сари он бо дасташ бизад. Сипас мардум гурӯҳ-гурӯҳ даромада, таом мехӯрданд ва ин таом боз боқӣ мемонд ва ба ман амр намуд, ки ин боқимондаро ба дигар ҳамсаронаш бибарам ва барояшон гуфт худ бихӯред ва ба дигарон бидиҳед». Албатта, ин издивоҷи пурбаракат сазовор аст, то маросими пурбаракат дошта бошад ва албатта, бо таъсири муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в).
Мисоли дувоздаҳум. Имом Ҷаъфари Содиқ аз падараш Абӯмуҳаммади Боқир ва Абӯмуҳаммади Боқир аз падараш Зайналобиддин ва Зайналобиддин аз Ҳазрати Алӣ (р) ривоят мекунанд, ки ӯ гуфтааст: «Фотима (р) барои ду нафар таом омода кард, барои шавҳараш, ҳазрати Алӣ (р) ва Паёмбар (с.а.в) . Таомро ба ҳазрати Алӣ (р) дод ва ба назди Паёмбар (с.а.в) фиристод, то бо ҳам он таомро бихӯранд. Паёмбар (с.а.в) ба ҳазрати Фотима (р) амр кард, то аз он таом барои тамоми ҳамсаронаш як косагӣ бигирад. Баъд аз он барои Паёмбар (с.а.в) ва ҳазрати Алӣ (р) файзу баракат дар деги таом он чунон афзуд, ки ҳамаи мо аз он таом бо серӣ хӯрдем ва боз таом дар дег боқӣ монд».
Аз кори ту, эй одамизод, дар тааҷҷуб афтодаем, ки чӣ гуна ба ин муъҷизаҳои ошкор ва равшан бовар надошта боши, ки ҳамаи ровиҳо аз табақаи мардони покдоман ҳастанд. Ҳатто шайтон наметавонад роҳеро барои инкор кардан пайдо кунад.
Мисоли сездаҳум. Абӯдовуд, Аҳмад ибни Ҳанбал ва Байҳақӣ аз Дукайни Аҳмасӣ ибни Саъиди Музин, аз як саҳобие, ки ҳамроҳи шаш бародари худ мушарраф ба сӯҳбати Расули акрам (с.а.в) шуда буданд, ривоят мекунад, ки ҳамон саҳобӣ Нуъмон ибни Муқрини Аҳмаси Музин аст. Аз ҷумлаи ровиёни ин қисса Ҷарир ҳам ҳаст ва ин қисса бо роҳҳои гуногун ривоят шудааст.
Расули акрам (с.а.в), ҳазрати Умар ибни Хаттобро амр намуд, ки боз чорсад нафар савораро аз Бани Аҳмас тӯшаи роҳ бидиҳад. Ҳазрати Умар (р) гуфт: «Эй Расули Худо (с.а.в), танҳо каме хурмо боқӣ мондааст».
Расули Худо (с.а.в) гуфт: «Бирав, онро зиёд кун!». Андак хурмо дар косае монда буд, ба миқдори он ки як шутурбача саргин мекунад (яъне аз лиҳози камӣ онро ба ин монанд кардааст). Ҳама даъват шуданд ва аз он хурмо истеъмол намуданд, ҳамагон сер шуданд ва он хурмо ҳамон миқдоре, ки буд, боз боқӣ монд.
Пайдо шудани ин баракат танҳо ба ҳазрати Умар (р) тааллуқ надорад, балки ба ҳамон чорсад нафаре, ки даъват шуда буданд, тааллуқ дорад ва ҳамаи онҳо ровии ин қисса ва ин муъҷиза ҳастанд. Сукути онҳо дар баробари ривояти ҳазрати Умар (р) худ нишонгари тасдиқи онҳост. Ин хабарро иҷтиҳод гуфта намешавад, зеро ки ровиёни ин хабар хело зиёданд ва онро тавотури маънавӣ мегӯянд.
Мисоли чордаҳум. Дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ва Муслим собит шудааст, ки Ҷобир (р) барои пардохти қарзҳои падараш мушкилӣ мекашид. Падари Ҷобир (р) аз яҳудиҳо қарздор буд ва муддати ду сол мешуд, ки меваҳои боғашро чида ба онҳо медод, аммо аз қарз халос намешуд. Боре Паёмбар (с.а.в) дар ҳолати ҷамъоварии ҳосилаш аз пеши ӯ мегузашт ва барои ин саҳобӣ дуои баракат кард. Дар ҳамон сол барои ӯ муяссар гашт, то қарзҳои падарашро бо пуррагӣ пардохт намояд ва дар баробари ин, ҳосилоти ӯ ҳамчунон боқӣ монд. Аз ин ҳолат яҳудиёне, ки барои падари ин саҳобӣ қарз дода буданд, дар тааҷуб афтоданд.
Ин муъҷизаи ошкорро на танҳо Ҷобир (р) ривоят кардааст, балки шахсони гуногун ривоят намуданд ва ин хабарро ҳам мутавотир номидан мумкин аст, ки ба ҳамаи иштирокчиёни он муъҷиза тааллуқ дорад.
Мисоли понздаҳум. Як гурӯҳ олимони муҳаққиқ ва дар раъси онҳо Имом Тирмизӣ ва Байҳақӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки боре дар яке аз ҳарбҳо бо номи ғазваи Табук саҳобагон дар ҳолати ногуворӣ қарор доштанд. Пас Паёмбар (с.а.в) ба ман (Абӯҳурайра) гуфт:
«Оё аз хӯрок чизе дорӣ?». Гуфтам: «Бале» (каме хурмо буд, ки теъдодаш ба понздаҳ адад мерасид). Паёмбар (с.а.в) гуфт: «Хурмоҳоро ба назди ман биоред». Паёмбар (с.а.в) дасти муборакашро андохту як қабза бароварда, дуо хонд, сипас барои ҳамагон тақсим намуд ва амр намуд, ки даҳ нафарӣ омада хурмо бигиранд. Ҳама аз он хӯрданд ва ба пуррагӣ сер шуданд. Баъд барои ман гуфт:
«Ин хурмоҳоро бигир ва дастатро дар он дохил кун, вале қабзаатро хурд нагир». Вақте ки ман қабзаамро дохил намудам, аз пештарааш хурмо зиёдтар буд. Аз ҳамон хурмо то он замоне ки Паёмбар (с.а.в) , ҳазрати Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) ҳаёт доштанд, ман истеъмол менамудам. Дар замони ҳазрати Усмон (р) ин неъмат аз дасти ман гирифта шуд.
Дар ривояти дигар омадааст, ки аз ҳамин хурмо миқдори зиёде дар роҳи Худо сарф шуд. Ҳазрати Абӯҳурайра (р) худ таълимгирифтаи мадрасаи Муҳаммад (с.а.в) аст, ки ин муъҷизаро ривоят мекунад. Албатта, сифати шогирдии ин мадраса бар ҷаҳониён маъруф аст, ки чӣ гуна дуоҳо барои бақои ҳифзи ин мадраса кардааст. Ин ривоятро мо низ мутавотир мегӯем, зеро ҷамъи иштирокчиёни ин ғазва ҳама ровии ин муъҷиза ҳастанд.
Мисоли шонздаҳум. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва дигар сиҳоҳи ситта собит шудааст, ки гуруснагӣ бошиддат ҳазрати Абӯҳурайраро фаро гирифт. Аз паси Паёмбар (с.а.в) мерафт, ки ба Паёмбар (с.а.в) як қадаҳ шир ҳадя намуданд. Паёмбар (с.а.в) (ба ҳазрати Абӯҳурайра) фармуд, то аҳли Суффаро даъват кунад. (Ман (Абӯҳурайра) гумон кардам, ки ин як қадаҳ ширро худам нӯшида метавонам, зеро ман бисёртар мухтоҷам. Фақат барои фармони Паёмбар (с.а.в.) аҳли суффаро даъват намудам, ки теъдодашон ҳудуди сад нафар буд). Абӯҳурайра мегӯяд: «Маро амр намуд, ки ба даъватшудагон ширро тақдим намоям. Ман ба яке аз онҳо ширро додам, он кас нӯшиду ба дигараш дод, ҳамин тавр ҳамаи онҳо нӯшиданду сер шуданд. Паёмбар (с.а.в.)ба ман гуфт:
«Акнун ману ту мондем ва нишастаму ширро нӯшидам». Паёмбар (с.а.в) ба ман гуфт: «Бинӯш». Нӯшида сер шудам. Гуфт: «Боз бинӯш». Гуфтам: «Қасам ба он Зоте, ки туро бо ҳақ фиристодааст, дигар имконияти нӯшидан надорам». Пас қадаҳи ширро гирифту Худоро шукргузорӣ намуд ва бо гуфтани «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» боқӣ ширро бинӯшид.
Садҳо ҳазор бор нӯши ҷонат шавад, эй Паёмбар (с.а.в.)и Худо.
Чунин муъҷизаҳои ҳақиқӣ холӣ аз шакку шубҳаҳо ҳастанд. Монанди ин муъҷизае, ки дар раъси он шоҳи ровиҳо, Имом Бухорӣ аст ва панҷсад ҳазор ҳадисҳои саҳеҳро солимона ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ҳифз кардааст. Барои шакку шубҳа дигар ҷое боқӣ намондааст, ки дилҳо тасдиқкунанда ва чашмҳо бинандаи ин ҳол аст.
Ровии ин муъҷиза худ шогирди мадрасаи Муҳаммадӣ ва худи мударриси ин мадраса муаллими башаррият аст, пас худ қазоват кунед, ки ӯ (с.а.в) чӣ гуна таълим медиҳад. Ҳазрати Абӯҳурайра яке аз шогирдони ин мадраса, шахсияти беназир ва аксар ҳолатҳо бо Паёмбар (с.а.в) буд. Бисёр чизҳоро бо чашми сар мушоҳида менамуд ва агар ин муъҷиза аз ягон шахси тасодуфӣ шунида мешуд, ҷой дошт ӯро фосид ё маҷнун хонд. Пас ин номумкин аст, ки чунин нобовариро дар симои як саҳобии ҷалил ва машҳур, ки тамоми умрашро дар канори Паёмбар (с.а.в) сарф намуда ва ҳадисҳои ӯро ҳифз намудааст, ҷустуҷӯ намоем. Ҳар иззатеро, ки ин саҳобӣ касб намудааст, аз рӯйи баракати ҳифзи ҳадисҳои набавӣ аст, пас оё ӯ шакку шубҳаҳоро дар ин асарҳо ҷой медиҳад ва суханеро мегӯяд, ки мухолифи ҳақ аст? Ҳаргиз не! Касе ин сухани Паёмбар (с.а.в) -ро шунидааст: «Шахсе, ки қасдан аз номи ман тӯҳматеро эҷод мекунад ва ба мардум мегӯяд, маконаш дар Дӯзах аст»?, ба ӯ (с.а.в) дурӯғ намебандад.
Парвадигоро, ба ҳурмати баракати муъҷизаҳои Паёмбарат (с.а.в) дар ризқу рӯзии моддию маънавии мо баракат ато бифармо.
Нуқтаи муҳим. Бадеист, ки ҳар ҷое агар маълумот бештар ҷамъ шавад, заъфияташро гум карда қавӣ мегардад. Агар риштаҳои борик бо ҳам печонда шаванд, ба як ресмони мустаҳакам мубаддал мегарданд. Шонздаҳ муъҷизае, ки ин ҷо овардем, аз пайдоиши баракат дар таом буд ва ҳар муъҷизае, ки ин ҷо зикр карда шуд, дар мақоми худаш қавӣ буд. Имкон надорад, ки якеи онро дар баробари дигаре заъиф бихонӣ. Зеро муъҷизаҳо ниёз ба омилҳои тақвиятдиҳанда надоранд. Ин шонздаҳ муъҷизае, ки мо ин ҷо зикр намудем, ҳамааш ба дараҷаи тавотур расида буданд, ки инҳоро муъҷизаҳои кубро мегӯянд. Агар инҳоро бо чаҳордаҳ муъҷизаи дигар зам карда шавад, ки дар атрофи пайдоиши баракат аст, ба як кӯҳи бошукӯҳи мустаҳакам табдил мешавад. Ҳамаи ин муъҷизаҳоро бо ҳам ҷамъ кунем, муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в)ро ҳуҷҷати қонеъкунанда буда, инсонро аз шакку тадрид дур месозанд. Ин ҳуҷҷатҳои возеҳу равшан аломати Паёмбариашро тасдиқ мекунанд.
Шоҳсутуни далелҳои нубуввати Аҳмадӣ муъҷизаҳое ҳастанд, ки ба монанди як бинои мустаҳкам паёмбарии ӯро собит месозанд. Акнун фаҳмидем, ки муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) чӣ гуна мартабаи бузургеро ишғол менамоянд. Ташбеҳи ин муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) ба як бинои боҳашамат, дуркунандаи шакку хаёл ва гумонҳо нисбати нубуватии Паёмбар (с.а.в) аст. Аз ҷумлаи муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) «Баракат дар таом» аст, ки далолаткунанда бар рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в) мебошад. Паёмбар (с.а.в) зери фармон қарор дошт ва маҳбуби Худованди меҳрубон буд.
Худованд ба Паёмбар (с.а.в) он неъматҳо ва муъҷизаҳоеро, ки аз доираи одат берун буд, ато менамуд. Дар ҳолати ногуворӣ барои Паёмбар (с.а.в) аз хазинаи ғайбаш неъматҳои рангоранг ато менамуд, ки атрофиёнро ба ҳайрат меовард. Бояд қайд кард, ки нимҷазираи Арабистон ба ҷуз беобӣ ва як биёбони хушк чизи дигар набуд. Бо илова, ки дар оғози Ислом аҳолии нимҷазираи Арабистон дар як ҳолати ногуворӣ қарор доштанд ва дар гуруснагию ташнагӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Машҳуртарин муъҷизаи Паёмбар (с.а.в) дар фаровон шудани неъмати Худованд дар ризқу обу нони ин минтақа аст. Ин муъҷизаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки лутфу карам ва меҳрубонию меҳмондории Худованд бар Паёмбараш хело зиёд буд. Мувофиқи ҳоҷаташ Худованд ӯро икром мекард ва ҳамин икромҳои Худованд далолат бар рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в) мекунанд. Зеро касоне ки дар замони ҳаёти Муҳаммад (с.а.в) шоҳиди ҳоли чунин муъҷизаҳои ӯ (с.а.в) буданд, худ тақвиятбахши имони онҳо буд. Ҳар вақт муъҷизае зоҳир мешуд, имони онҳо ҳамон қадар зиёд мегардид. Афзудани чунин муъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в) нур болои нури имони онҳо мешуд.
Саъид Нурсӣ