Эй инкоркунандаи муонид! Шарм кун! Даст аз ин залолат бардор…

КАЛИМАИ ДУЮМ:  تَشَكَّلَ بِنَفْسِهٖ 

Яъне, худ ба худ шакл мегирад. Ин иборат низ, муҳоли фаровон дорад.  Аз ҷиҳоти бисёр, ботилу муҳол аст. Барои намуна, се мавриди аз муҳолоташонро баён мекунем.

МУҲОЛИ ЯКУМ: Эй мункири муонид! Ғурурат чунон сабаби ҳамоқати ту шудааст, ки сад амри муҳолро ба якбора ҳукм ба қабул кардан мекунӣ. Чунки ту мавҷуд ҳастӣ. На як моддаи баситу ҷомид ва бе тағйир. Мудом дар ҳоли таҷаддуду навшудн ҳастӣ. Ҳамчун мошини муназзам ва дақиқ, ё монанди як қасри фавқулодае, ки ҳамеша дар  таҳаввул аст. Заррот ҳамеша дар вуҷуди ту машғули коранд. Вуҷуди ту махсусан дар муносиботи вобаста ба ризқ ва хоссатан бо эътибори бақои навъи худ, бо коинот алоқадор аст ва доду гирифт дорад. Зарроти фаъол, дар вуҷуди ту барои пешгирӣ аз тахриби ин муносибат  ва барои мамониат аз нобудии ин иртибот, диққат карда ва бо эҳтит гом бармедоранд. Гуё назар бар тамоми коинот доранд. Ва муносибати туро дар саросари коинот мушоҳида карда, худро бо он танзим ва ҳамоҳанг мекунанд. Ту ба ҳиссаҳои зоҳириву ботинии хеш, нисбат ба вазъияти фавқулодаи зарроти вуҷудиат истифода мекунӣ.

Агар ту зарраҳои вуҷудатро маъмурони хеле кӯчак надонӣ, ки бар асоси қонуни Қадири Азалӣ ҳаракат мекунанд ва ё қабул надошта бошӣ, ки як лашкар, ё нуги қалами тақдири ӯ, ҳар як зарраи нуги қалам ва ё нуқтаҳои қалами қудрати ӯянд, ҳар як зарраи як нуқта, дар он сурат, ҳар як зарраи фаъол, масалан: дар чашми ту бояд чунон як чашме дошта бошад, ки аввалан битвонад ҳар сӯи пайкари ҷисмониатро бубинад, сониян: саросари коиноте, ки бо он дар иртибот ҳастӣ, зери назар дошта бошад, гузаштаву оянда, наслу асл ва сарчашмаи аносури вуҷудӣ ва манбаъу маъдани ризқу рӯзиатро доанд ва бишиносад ва ба андозаи сад нобиға, ақлу хирад дошта бошад. Ба монанди ту, ки дар ин масалаҳо миқдори як зарра ақл надорад, ба як зарраи он, ба қадри ҳазор Афлотун илму шуур додан, ҳазор дараҷа девонагию хурофааст.

МУҲОЛИ ДУЮМ: Вуҷуди ту ба як қасри боазамати дорои ҳазор гунбадро монанд аст. Сангҳо дар ҳар гунбад, бе сутун, сарбар шонаи якдигар ниҳода, муъаллақан. Вуҷуди ту, албатта аз  ин қаср ҳазорон бор аҷибтар аст. Зеро қасри вуҷуди ту, доимо дар камоли диққату мунтазам, нав мешавад. Сарфи назар аз рӯҳ ки амри бисёр фавқулодааст ва қалбу латифаҳои маънавӣ, ҳар як аз аъзои баданат дар ҳукми хонае бо гунбади зебост. Заррот монанди сангҳои истифода шудаи дар гунбад, дар камоли ҳамоҳангӣ ва таносуб дар канори ҳам, бинои фавқулода, ҳунари ҳайратангез ва мӯъҷизоти қудратмандонае ҳамчун чашму забонро ба намоиш мегузоранд.

Дар сурате, ки ҳар як аз ин заррот, маъмури тобеъ ба амри устои ин олам набошад, ҳар зарра мебоист ҳокими мутлақ ва дар айни ҳол маҳкуми мутлақи ҳамаи зарроти бадан бошад. Бояд шабеҳи тактаки онҳо буда ва дар айни ҳол аз назари ҳокимият, бояд бо онҳо тазод дошта бошад. Ҳамчунин мебоист, масдару манбаъи аксари сифате бошад, ки хоси Воҷибул-вуҷуд аст, низ комилан муқаяд ва дар айни ҳол комилан  мутлақ бошад. Ба зарроти бешумор нисбат додани як маснӯъи воҳиду мунтазамеро, ки бар асоси сирри ваҳдат, танҳо як асари Воҳиди Аҳад метавонад бошад, матлабест, ки агар касе миқдори зарра шуур дошта бошад, дарк мекунад, ки як муҳоли зоҳиру ошкор, балки сад муҳол будани инро дарк мекунад.

МУҲОЛИ СЕЮМ: Агар вуҷуди ту бо қалами Қадири Азалие, ки Воҳиди Аҳад аст, мактуб нашавад ва тобеъу мансуби асбобу табиат бошад, лозим меояд қолабҳои табиат барои ҳуҷайраҳои вуҷудат гирифта то ҳазорон чизи мураккаб – монанди доираҳои даруниҳам – вуҷуд дошта бошад. Зеро масалан ҳамин китобе, ки дар даст доред, агар мактуб бошад, қалами воҳид ҳамаи онро бо истинод ба илми котибаш хоҳад навишт. Аммо агар мактуб набошад ва ба қалами ӯ супоридан нашавад ва бигуянд худ бахуд ба вуҷуд омадааст, ё онро ба табиат нисбат диҳанд, дар он сурат монанди китоби чопшуда, барои ҳар як ҳарфаш як қалами оҳанин лозим аст то мунташир гардад.

Ҳамон тавре, ки дар ҷопхона ба теъдоди ҳуруф, қолабҳои оҳанин вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳост, ки  ҳарфҳо дар китоб пайдо мешаванд. Дар он сурат дар муқобили танҳо як қалам, ба теъдоди ҳарфҳо бояд қаламҳо вуҷуд дошта бошад. Мумкин аст дар байни ҳарфҳо, дар даруни як ҳарфи бузург ба қалами рез як саҳифа бо хати рез навишта шавад – чуноне, ки чунин мавридҳо пеш меояд – дар ин сурат барои як ҳарф, ҳазорон қалам лозим аст. Агар махлуқи мавриди назар, монанди ҷисми ту, дорои вазъияти мунтазаму дарун ба дарун бошад, мебоист дар ҳар доира барои ҳар як ҷузъ, ба теъдоди ҳамаи мураккабҳо, қолаб дошта бошем.

Бинобар ин, агар ин матлабро низ, ки садҳо бор муҳол аст, мумкин бидонӣ,  мебоист ҳарфҳои оҳанини ҳунармандона ва мунтазам ва қолабҳову қаламҳои дақиқро, боз ҳам ба як қалами воҳид вогузор кард. Дар ғайри ин сурат, барои сохтани қаламҳо, қолабҳову ҳарфҳои оҳанини мавриди ниёз, ба теъдоди худашон қаламу қолаб ва ҳарф лозим буд, зеро онҳо низ, маснуоти сохташудаву мунтазам ҳастанд. Ва ҳоказо силсила ба ҳамин шакл идома меёбад…

Инак ту низ дарёб! Чунин як андеша, ба теъдоди зарроти вуҷудат бо муҳолот ва масоили беҳуда омехтааст. Эй инкоркунандаи муонид! Шарм кун! Даст аз ин залолат бардор.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

 

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*