ПОРАЕ АЗ ИДОМАИ
“МУҶИЗАҲОИ АҲМАДӢ (С.А.В.)”
Чаро хусусияти меъроҷи бузургро ба Муҳаммад (с.а.в) доданд?
(Ин баҳс зимни баҳсҳои далелҳои паёмбарии Аҳмад ва ҷавоби суолест, ки дар ишколи якуми он се ишколи муҳим, ки дар охири асоси севум аз “Рисолаи меъроҷ” омадааст, навишта шудааст ва он чун феҳристи мухтасар мебошад).
Суол. Чаро Муҳаммад(с.а.в) ба ин меъроҷ интихоб шуд?
Ҷавоб. Ин саволи шумо дар ибораи сию се, дар вақти навиштани он ба пуррагӣ ҷавоби худро ёфта буд, аммо дар ин ҷо танҳо бо як ишораи кӯтоҳе ҳамчун як назари сариъ, бузургии Паёмбар (с.а.в) ва нишонаҳои камоли ӯро баён мекунем, ки ӯро ба ин меъроҷ лоиқ гардонидааст.
Аввал. Китобҳои муқаддас ,Таврот, Инҷил ва Забур, бо вуҷуди оне ки дар тӯли аср дучори таҳриф шудаанд, олими муҳаққиқ Ҳусайн Ҷиср дар замони имрӯза аз дохили онҳо сад муждаро кашф кардааст, ки ба паёмбари бузургворамон вобаста аст ва онро дар китоби худ бо номи “ар-Рисолатул ҳамида” гирд овардааст.
Дуюм. Таърих ва бо ривоёти саҳеҳ муждаҳои зиёдеро собит намудааст, ки онҳоро коҳинон, аз ҷумла ду коҳини машҳур, Шиқ ва Сатиҳ пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) хабар дода буданд, ки ӯ (с.а.в) паёмбари охирин мебошад.
Сеюм. Он чи ки дар шаби таваллуди Паёмбар (с.а.в) рух дод, ба монанди афтидани бутҳои Каъба, шикастани айвонҳои қасри Кисро ва садҳо нишонаҳои ғайриоддӣ, ки дар китобҳои таърих зикр шудааст.
Чаҳорум. Баромадани об аз миёни ангуштонаш ва об додани лашкар аз он, нолаи чӯби меҳроб дар масҷид, дупора шудани Моҳ, ҳамон гунае ки Қуръон онро баён намудааст
(“Ва моҳ дупора шуд”) ва дигар муъҷизаҳои собитшуда дар назди уламо, ки шумораи онҳо ба ҳазор мерасад ва китобҳои сирату таърих онро собит намудаанд.
Панҷум. Дӯстон ва душманон бешакку шубҳа иттифоқ доранд, ки ахлоқеро, ки Паёмбар (с.а.в) доро буд, дар болотарин дараҷа ва рафторе, ки дар даъвати худ аз он истифода мебурд, дар баландтарин мартаба буд ва инро рафтору муносибати ӯ бо мардум баён менамуд. Шариати ноби ӯ дорои комилтарин ахлоқ аст, ахлоқи волои некӯ дар дини ӯ шоҳиди он аст.
Шашум. Дар ишораи дуюми ибораи даҳум баён намудем, ки Паёмбар (с.а.в) шахсе буд, ки болотарин ва бузургтарин дараҷаи бандагиро дар дини худ барои дарёфти ризои Худо, дар пешгоҳи худовандияш, аз рӯи ҳикмат зоҳир менамуд.
ӯ, ҳамчуноне ки маълум аст, беҳтарин роҳнамои ҷамол бо камоли мутлақ ба сӯйи холиқи олам буд ва беҳтарин касе, ки даъвати Худовандро дар зоҳир намудани ин ҷамол ба воситаи паёмбарияш лаббайк гуфт.
ӯ чунончӣ мебинем, бузургтарин роҳнамо бар камоли офариниш бо зебогии пурраи офаридгори олам буд ва бо даъвати бузург ва садои форами худ иродаи Парвардгорро дар ҷалби назар ба камоли санъаташ ва эълон аз он лабайк гуфт.
ӯ комилтарин касест, ки иродаи Худоро дар пурра гардидани сатҳи даъват хабар дода, яктопарастиро барои ҳама табақаҳои мардум эълон намуд.
Ҳамчунин ӯ беҳтарин ва зеботарин оина барои акси зебогии ҷамоли Худо ва ҳусни беҳамтои ӯ буд, ҳамчуноне ки хабар ва ривоятҳо бар он далолат мекунанд.
ӯ беҳтарин касе буд, ки Худованд ӯро дӯст медорад ва муҳаббати ӯро дар дили дигарон ҷой додааст. Пас ӯ иродаи Худоро дар дидани он ҷамоли муқаддас ва баёни он тибқи талаботи ҳақиқату ҳикмат лаббайк гуфтааст.
Ҳамчунин ӯ бузургтарин касест, ки бо хазинаҳои ғайби Офаридгори ин олам ошноӣ дорад, хазинаҳои пур аз беҳтарин муъҷизаҳо ва пурарзиштарин ҷавоҳирот. ӯ бузургтарин шахсест, ки он хазинаҳоро тавсиф намуда аз он эълон намудааст. Пас, ӯ иродаи Худоро дар зоҳир намудани он канзҳои махфӣ ва баёни камолоташ лаббайк гуфтааст.
ӯ комилтарин роҳнамои Қуръон барои ҷину инс, барои рӯҳ ва малоикаҳо мебошад ва бузургтарин шахсест, ки маънои осори офариниши ин табиатро, ки бо зеботарин зиннат муайян гардидааст ва аҳли ақлу шуурро барои назару тафаккур дар он ва эътибор гирифтан имконият додааст. ӯ иродаи Худоро дар баёни маонии ин осор ва тақдири қимати онҳо барои аҳли фикру назар тибқи тақозои ҳикмат лаббайк гуфтааст.
ӯ беҳтарин касест, ки ҳақоиқи Қуръонро оиди ҳадаф аз ин ҳама таҳаввулоти табиат ва мақсад аз онро кашф намудааст ва комилтарин касест, ки муаммои ҳайратовари ин мавҷудотро ҳал намудааст, ки аз се суоли калидӣ иборат аст: Ту кистӣ? Аз куҷо омадаӣ? Ба куҷо равонаӣ? Пас, ӯ иродаи Худоро дар кашфи сеҳри ин муаммо барои аҳли ақл ба воситаи мабъус, лаббайк гуфтааст.
Ҳамчунин ӯ шахсест, ки мақосиди илоҳиро дар Қуръон комилан баён намуда, беҳтарин роҳро барои расидан ба ризои Худо муайян кардааст. Пас, ӯ иродаи Худоро дар таърифи он чи, ки аз оқилон мехоҳад ва он чиро аз онҳо ризои ӯ металабад, ба воситаи пайк лаббайк гуфтааст. Ин ҳам бошад, баъди он, ки худро ба онҳо тавассути махлуқоти гуногунаш ошно сохт ва тавассути неъматҳои азимаш, маҳбуб гардонд.
ӯ бузургтарин касест, ки вазифаи Қуръонро ба дӯш гирифта, онро дар болотарин мартаба, беҳтарин сурат ва олитарин услуб адо намудааст. ӯ иродаи Парвардигорро ба ҷо овард ва самти нигоҳи инсониятро аз парокандагӣ ба ягонагӣ ва аз нобудшавӣ ба пояндагӣ бурд. Ин ҳам бошад, ба воситаи роҳнамоии ин инсоне, ки Худованд ӯро ҳамчун самараи илм офарид ва барои ӯ чунон истеъдодҳо додааст, ки тамоми оламро метавонад гунҷоиш диҳад ва ба ӯ шуури бисёрталабӣ додааст.
Чунончи ҷондорҳо бузургтарин мавҷудот мебошанд ва бошуурон дар миёни ҷондорҳо беҳтаринанд ва беҳтарини бошуурон одамизод аст. Аз ин лиҳоз, касе, ки аз миёни одамизод муваффақ бар он гардад то вазифаҳои бандагиро адо намуда, ҳаққи онро дар беҳтарин сурат ва болотарин мартаба анҷом диҳад, бешак, ӯ ба меъроҷ, ба қобақавсайн ё наздиктар аз он мебарояд. ӯ дари саодати абадиро кӯбида, хазинаҳои раҳмати васеъро боз мекунад, ва ҳақиқатҳои имони ғайбиро бо нигоҳи ҳақиқӣ мебинад, пас кист он мард ғайр аз Паёмбари акрам (с.а.в)?
Ҳафтум. Шахси бофикр чун дар махлуқоти побарҷои Худованд, ки дар ин оламанд, назар мекунад, мебинад, ки дар офариниши онҳо зебу зиннат бо камол амалӣ шудааст. Пас табиист, ки ин зебоию ҷамол далолат ба иродаи зебою ҷамоли Офаридгори ин махлуқот мекунад. Ин ирода худ далолат ба рағбати қавӣ ва муҳаббати муқаддаси ин холиқ нисбат ба махлуқоташ аст.
Аз ин рӯ, табиист, ки муҳбубтарин махлуқ назди офаридгоре, ки махлуқоти хешро дуст медорад, касе мебошад, ки ҳамаи он сифоти зеборо дошта бошад ва дар зоти худ зебогиҳои хилқатро комилан зоҳир намояд ва касест, ки онро бишносаду ба дигарон шиносонад ва касе, ки нафси худро дӯст дораду бо шефтагӣ ва қадрдонӣ зебоии дигар махлуқотро таҳсин гӯяд.
Пас, кист он касе, ки замину осмонро чуноне гардонидааст, ки бо “Субҳоналлоҳ… Мошоаллоҳ, Аллоҳу акбар” аз зикрҳои шефтагӣ ва тасбеҳу такбир дар баробари зебогии табиат, ҳусну ҷамоли он ва хусусиятҳои он садо мекунад? Кист он касе, ки табиатро ба садои Қуръон такон дода базру барро дар иштиёқи бепоён нисбат ба ин зебогию латофат ба фикр ва ҳаяҷон андохта, такбиру тасбеҳро бар забони онҳо андохтааст? Ин нафари пурбаракат ғайри Муҳаммад (с.а.в.) кӣ метавонад бошад?
Пас, мисли ин Паёмбаре, ки ба мизони ҳасаноти ӯ накӯиҳои тамоми умматонаш изофа мешавад ва ин ҳам бошад дар асоси қоидаи “сабабгори кор ба монанди иҷрокунандаи кор аст” ва касе, ки ба камолоти маънавии ӯ дуруду салавоти умматонаш илова мешавад ва касе, ки бар ӯ муҳаббату раҳмати илоҳӣ беандоза нозил мешавад ва бар оне ки савоби адои вазифаи рисолати худро ҳосил мекунад… бале! Пас, дар рафтани мисли ин Паёмбари бузург ба Биҳишту Сидратулмунтаҳо ва Арши азим то ба дараҷаи Қобақавсайн ё наздиктар айни ҳақиқат ва Зоти ҳақиқат ва маҳзи ҳикмат аст.[1]
[1] Рӯзномаи исломие, ки ба умури мусулмонон аҳамияти бештар медиҳад, зикр намудааст, ки сиёсатмадорони машҳур ва ҳуқуқшиносоне, ки ба ҳаёти иҷтимоӣ аҳамият медиҳанд, соли 1927 дар Аврупо як конфронс ташкил намуда, дар он файласуфони бегона дар бораи Ислом сухан кардаанд, дар зер ибораи гуфтаи онҳоро зикр намуда, бо як калима тарҷума мекунем ва бо илова намудани ин ду шоҳидии дигар ба сию панҷ шаҳодате, ки дар охири рисолаи “Нур” зикр шудааст, дар назди мо 45 шаҳодат атрофи ҳақ будани ислом ҳосил мешавад. Ҳақ он чизе аст, ки душманон гуфтаанд ва ба дурусти уламои ѓарб ба бузургии асосҳои ислом ва салоҳияти он бар ҷомеа эътироф намудаанд… раиси донишкадаи донишгоҳи Афина, устод Шабул дар конфронси ҳуқуқдонҳо, ки дар соли 1927 баргузор шуда буд, гуфтааст: “Башарият бо омадани марде чун Муҳаммад ифтихор дорад, зеро ӯ бо вуҷуди оне ки бесавод буд, тавонист қабл аз зиёда аз даҳ аср қонунеро ба роҳ андозад, ки мо аврупоиҳо агар баъди дуҳазор сол ба қимати он бирасем, хушбахт мешавем”.
Барнордшоу мегӯяд: “Дини Муҳаммад барои он, ки дорои нишоти аҷибе аст, ҳамеша мавриди тақдири ман мебошад. Барои он, ки чуноне ба ман маълум аст, он ягона дине мебошад, ки қудрати ҳалли табақоти мухталифи ҳаёти зиндагиро бо қудрати ҷалби ҳамаи мардум ба он доро аст. Ман зарур медонам, ки Муҳаммад бояд наҷотдиҳандаи башарият шинохта шавад ва ҳамчунин мӯътақидам, ки агар марде чун ӯ роҳбарии олами ҳозирро ба даст гирад, дар ҳалли мушкилоти олам пирӯз шуда, оламро ба сулҳу субот мерасонад ва чӣ қадар олами ҳозир ба сулҳ ниёз дорад”.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ