Хулоса ҳикояи машҳури ҳазрати Юунус чунин аст…

Ламъаи Якум

   Муноҷоти Ҳазрати Юнус ибни Мато ала набийино ва алайҳисалату ва салам, бузургтарин муноҷот ва муҳимтарин василаи иҷобати дуъост. Хулоса ҳикояи машҳури ҳазрати Юунус чунин аст: Ба дарё андохта шуд ва моҳии бузурге ӯро фурӯ бурд; дар ҳоле ки дарё пурталотум буд ва шаб торику ҳароснок ва ӯ аз ҳама ноумед шуда буд, муноҷоти لاَ اِلهَ اِلاَّ اَنْتَ سُبْحَانَكَ اِنِّى كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ дар ҳол воситаи наҷоти ӯ гардид.

Сирри азими муноҷоти мазкур ин аст: Дар он вазъият сабабҳо, куллиятан суқут карда буданд, зеро Ӯ дар он лаҳза барои наҷоташ чунон зотеро лозим дошт, ки ҳукмаш дар моҳӣ,  ҳам дарё,  ҳам шаб ва ҳам дар осмон қабул гардад. Шабу дарё ва моҳӣ алайҳи Ӯ муттаҳид буданд. Зоте метавонист Ӯро ба соҳили саломат бирасонад, ки он серо ба яки якбора мусаххари амри худ созад.

Ҳатто агар ҳама халқ хизматкору ёрдамчии ӯ мебуданд боз ҳам ҳеҷ фоидае надошт, пас бояд гӯфт: Сабабҳо ҳеҷ таъсире надоранд.

Вақте Юунус ба айнуляқин дид, ки ҳеҷ паноҳандае ғайр аз Мусаббиб-ул Асбоб нест, пас сирри аҳадият дар нури тавҳид зуҳур ёфт ва муноҷоти мазкур дар як лаҳза, шабу дарё ва моҳиро мусаххар сохт.  

   Ин муноҷот ба сабаби нури тавҳид, батни моҳиро ба монанди киштии зери дарёӣ қарор дод ва дарёро дар миёнаи мавҷҳои даҳшатноки ба монанди кӯҳ, бо нури тавҳид ба мисли як саҳрои амну майдони покизае барои сайру гашт сохт ва бо ҳамон нур осмонро аз абрҳо пок намуда моҳро чун чароғе бар сараш қарор дод.

Он махлуқоте, ки аз ҳар тараферо таҳдид мекарданд акнун аз ҳар назар бо ӯ дӯсту ҳамроҳ шуда буданд. То ин ки сиҳату саломат ба соҳил расид ва зери шаҷараи яқтин лутфи Раббониро мушоҳада кард.

Инак мо дар вазъияти сад баробар ваҳшатноктар аз вазъияти нахусти Ҳазрати Юунус алайҳиссалоту ва салом қарор дорем, шаби мо ояндаи мост, ояндаи мо аз нуқтаи назари ғафлат, сад баробар ториктар ва ваҳшатноктар аз шаби ӯст. Дарёи мо ҳамин курраи саргардони заминамон аст. Дар ҳар як мавҷи ин дарё ҳазорон ҷаноза вуҷуд дорад ва ҳазор дараҷа бештар аз дарёи ӯ тарсноктар аст. Ҳавои нафсамон моҳии мост, ки ҳаёти абадии моро таҳдид карда дар пайи нобудии он аст.

   Ин моҳи ҳазор баробар бештар аз моҳии ӯ зарар дорад, зеро моҳии ӯ танҳо ҳаёти садсоларо аз байн мебурд, аммо моҳии мо талош мекунад то ҳаёти милёнсоларо нобуд кунад.

   Модоме, ки вазъияти ҳақиқии мо чунин аст, иқтидоан ба ҳазрати Юунус алайҳиссалом бояд аз ҳама сабабҳо қатъи умед карда мустақиман ба Парвардигорамон ки Мусабиб-ул Асбоб аст паноҳ бурда ва    لاَ اِلهَ اِلاَّ اَنْتَ سُبْحَانَكَ اِنِّى كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ бигӯем.

Ва ба айнуляқин бидонем, ки ба сабаби ғафлату гумроҳист, ки истиқбол, дунё ва ҳавои нафс алайҳамон иттифоқ кардаанд ва танҳо зоте, ки қодир ба дафъи зарарҳои онҳост ҳамон зотест ки истиқбол дар таҳти амри ӯ дунё таҳти ҳукми ӯ ва нафсамон таҳти иродаи ӯ мебошад.

   Аҷабо, ғайр аз Холиқи Самовот ва Арз кист, ки зарифтарин ва махфитарин чизҳоеро ки аз диламон мегузарад бидонад ва ояндаро бо иҷоди охират барои мо нуронӣ кунад ва моро аз ҳазорон мавҷи кушандаи дунё бираҳонад? Ҳошо! Ҷуз Зоти Воҷиб-ул Вуҷуд ҳеҷ чиз ба ҳеҷ ваҷҳ бе изну иродаи Ӯ наметавонад моро ёрию наҷот диҳад.

   Модоме, ки ҳақиқати ҳоламон чунин аст, Худованд дар натиҷаи он муноҷот, ҳудро барои Ҳазрати Юнус (а.с.) маркаб (восита)-и зери баҳре қарор дод ва баҳрро саҳрои зебо кард ва шаб бо худ сурати маҳтобии дилнишине гирифт, мо низ бо сирри ҳамон муноҷот бояд لاَ اِلهَ اِلاَّ اَنْتَ سُبْحَانَكَ اِنِّى كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ бигӯем.

Бояд бо ибораи لاَ اِلهَ اِلاَّ اَنْتَ назари марҳамати ӯро ба оянда ва бо калимаи سُبْحَانَكَ ба дунё ба ибораи اِنِّى كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ ба нафсамон ҷалб кунем, то ин ки ояндаамон ба нури имон ва дурахшиши Қуръон танаввур гардад ва даҳшату ваҳшати  шабҳоямон ба унсият ва таназзуҳ инқилоб кунад.

Дар дунё ва рӯйи замин – ки ҷанозаҳои фаровоне бо таҳаммули ҳамешагӣ мавту ҳаёт савор бар мавҷҳои солҳо ва қарнҳо – раҳсипори адам мешаванд, вориди ҳақиқати Ислом гардем, ки ба мисли сафинаи маънавист ва дар коргоҳи Қуръони Ҳаким сохта шуда, то оромона бар фарози он дарё сайругашт намоем ва ба соҳили орому осуда бирасем ва вазифаи ҳаётамон поён ёбад.

   То туфонҳо ва зилзилаҳои он дарё бо нав кардани манзараҳои гашту гузор ҳамонанди он чи бар пардаи синамо мебинем, ба ҷои даҳшату ваҳшат, лаззате оиди назари ибрату андеша кунад ва онро рушноӣ диҳад, ва нафсамон ба воситаи ҳамон сирри Қуръонӣ ва тарбияти Фурқонӣ бар мо тасаллут наёбад, балки бар акс маркабамон шаваду мо онро таҳди иродаи худ бигирем то ба ин тартиб воситае биёбем барои дастёбӣ ба зиндагии ҷовидона.

   Алҳосил: Модоме, ки инсон ба эътибори ҷамъияти моҳияти худ аз бемории табларза мутаалам мешавад аз зилзилаю иҳтизозоти арз ва зилзилаи куброи коинот дар ҳангоми қиёмат низ эҳсоси нороҳатӣ мекунад; ҳамчуноне, ки аз микробе бисёр хурд воҳима дорад аз ситораи дунболадоре ки аз иҷроми улвӣ зуҳур меёбад низ метарсад. Ба ҳамон тартиб, ки хонаи хешро дӯст дорад ба дунё низ алоқаманд аст, ҳамчуноне, ки дилбастаи боғчаи хурди худ аст, биҳишти абадиро низ муштоқона дӯст медорад.

Албатта Маъбуд, Раб, малҷаъ, халоскор, мақсуди чунин инсоне чунон зоте метавон бошад, ки умуми коинот дар қабзаи тасарруфи ӯ буда ва зарроту сайёраҳоро дар таҳти амри хеш дошта бошад. Албатта чунин инсоне ниёзмандаст, ки ба мисли Юнус (а.с.) доимо لاَ اِلهَ اِلاَّ اَنْتَ سُبْحَانَكَ اِنِّى كُنْتُ مِنَ الظَّالِمِينَ бигӯяд.

سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*