Панҷараи Шашум
اِنَّ فٖى خَلْقِ السَّمٰوَاتِ وَالْاَرْضِ وَاخْتِلَافِ الَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَالْفُلْكِ الَّتٖى تَجْرٖى فِى الْبَحْرِ بِمَا يَنْفَعُ النَّاسَ وَمَٓا اَنْزَلَ اللّٰهُ مِنَ السَّمَٓاءِ مِنْ مَٓاءٍ فَاَحْيَا بِهِ الْاَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَبَثَّ فٖيهَا مِنْ كُلِّ دَٓابَّةٍ وَتَصْرٖيفِ الرِّيَاحِ وَالسَّحَابِ الْمُسَخَّرِ بَيْنَ السَّمَٓاءِ وَالْاَرْضِ لَاٰيَاتٍ لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ
Ин оят, чунон ки вуҷуб ва ваҳдатро нишон медиҳад, як панҷараи хеле бузургест, ки нишондиҳандаи як исми Аъзам мебошад.
Инак хулосату-л хулоса ин оят инаст ки:
Тамоми оламҳое ки дар табақоти улвӣ ва суфлӣ коинот мавҷуд ҳастанд, бо лисонҳои ҷудо – ҷудо як натиҷаро, яъне Рубуияти як Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳанд. Ингуна ки:
Чигуна, дар осмонҳо ҳатто бо атрофи нуҷумшиносон (ситорашиносон) низ – барои натиҷаҳои хеле бузург ҳаракатҳои хеле мунтазам, вуҷуд ва ваҳдати як Қодири Зулҷалолро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Билмушоҳида дар замин – ҳатто бо шаҳодат ва иқрори ҷуғрофӣ – барои хеле маслиҳатҳои бузург, таҳаввулоти хеле бузург, чунонки дар мавсимҳо дида мешавад, айни вуҷуб ва ваҳдати ӯро ва камоли Рубубияти он Қадири Зулҷалолро нишон медиҳад.
Ҳам чигуна дар замину баҳр ҳайвоноте, ки бо камоли раҳмат ризқҳояшон дода мешаванд ва бо тамоми ҳикмат шаклҳои мухталиф ба онҳо пӯшонида шудааст ва бо камоли рубубият бо ҳисҳои гуногун таҷҳиз шудаанд, боз як – як баробар бо шаҳодат кардан ба ваҳдати ӯ; бо ҳаёти маҷмӯи худ, ба як миқёси хеле васеъ азамати Худои ӯро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Набототи мунтазами боғҳо ва шукуфаҳо ва гулҳои музийн ки наботот нишон медиҳанд ва меваҳои мавзун ки шукуфаҳо нишон медиҳанд ва нақшҳои музайян (бо зиннат) ки меваҳо нишон медиҳанд, боз як – як баробар бо ба вуҷуди он Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ба ваҳдати ӯ ишорат кардан, бо куллиётҳояшон ба як сурати ғоят бо шиша ҷамоли раҳмонӣ ӯро ва Камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд…
Ҳам чигуна қатраҳое, ки аз абрҳо, барои ҳикматҳо ва мақсадҳои муҳим ва барои фоидаҳои зарурӣ ва барои самараҳо (меваҳо) тавзиф шуда ва равон карда шудааст, ба теъдоди он қатраҳо, боз вуҷуб ва ваҳдат ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳад. Онгуна низ: Тамоми кӯҳҳое, ки дар замин ҳастанд ва маъданҳое ки дар даруни он кӯҳҳо ҳастанд, баробар бо хусусиятҳои ҷудо – ҷудои онҳо, барои маслиҳатҳои ҷудо – ҷудо иҳзор ва идхори онҳо, бо як қуввати ба матонати кӯҳ, боз вуҷуб ва ваҳдат ва камоли Рубуияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳад.
Ҳам чигуна ки теппаҳои хурд – хурди саҳроҳо ва кӯҳҳо бо унвои ва иқсоми гулҳо ва шукуфаҳои мунтазимҳояшро танзим ва ороиш кардаанд, ҳар яке баробар бо шаҳодат кардан ба вуҷуби як Сонеъи Ҳаким ва баробар бо ишорат кардан ба ваҳдати ӯ, бо маҷмӯъи ҳаётиҳояш, ҳашамоти салтанат ва камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: Анвоъ ва ақсоми ишколи мунтазам ва вазъиятҳои ҷудо – ҷудо ва ҳаракатҳои ҷазбакорона мавзуни тамоми баргҳои тамоми алифҳо ва дарахтон, ба теъдоди он баргҳо боз вуҷуби вуҷуд ваҳдат ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳакимро нишон медиҳанд.
Ҳам чигуна дар тамоми ҷисмҳои номбурда дар замони нашъу намо кардан ҳаракатҳои мунтазам ва бо қисм-қисм олот таҷҳиз шудани онҳо ва ба қисм-қисм меваҳо шууркорона таваҷҷӯҳ кардани онҳо, ҳар яки фарди фардо (як – як) боз ба вуҷуби вуҷуди он Сонеъи Ҳаким шаҳодат ва ваҳдати ӯ ишорат мекунанд. Ва бо ҳаёти маҷмӯи худ бо як миқёси хеле бузург, иҳотаи қудрати ӯро ва шумули ҳикмати ӯро ва ҷамоли санъати ӯро ва камоли Рубуияти ӯро нишон медиҳанд. Онгуна низ: дар тамоми ҷасадҳои ҳайвонӣ, нафсҳо ва рӯҳҳои онҳоро бо камоли ҳаким ҷобаҷо кардан, бо ҷиҳозоти қисмоқисм бо тамоми интизом тасалли кардан дар қисмоқисми хизмат бо камоли ҳикмат равона кардан, ба теъдоди ҳайвонот балки ба теъдоди ҷиҳозоти онҳо, боз чигуна ки ба вуҷуби вуҷуди он Сонеъи Ҳаким ва ба ваҳдати ӯ шаҳодат ва ишорат мекунанд, бо ҳаёти маҷмӯъҳояш ба як сурати хеле дурахшон, ҷамоли раҳмати ӯро ва камоли Рубубияти ӯро нишон медиҳанд.
Ҳам чигуна тамоми илҳомоти ғайбӣ ки ба тамоми қалбҳо, агар инсон бошад, ҳар навъи алвом ва ҳақоиқро ба ӯ фаҳмонидан, ҳайвон бошад, ҳар навъи ҳоҷоташро тадорик карданро ёд додан, вуҷуди як Рабби Раҳимро эҳсос мекунад ва ба Рубубияти ӯро ишорат мекунад. Онгуна низ: Монанди шуоъоти чашм ки гӯлҳо ва шукуфаҳои маънавӣ ки дар коинот ҳастанд ба чашм чида медиҳад; ҳисҳои зоҳирӣ ва ботиние ки ҳар яки ба ҷудо – ҷудо аламҳои як – як калид шудаанд, боз вуҷуби вуҷуд ва ваҳдат ва Аҳадият ва камоли Рубубияти он Сонеъи Ҳаким, он Фотири Алим, он Холиқи Раҳим; он Раззоқи Каримро монанди Офтоб нишон медиҳад.
Инак аз ин дувоздаҳ панҷара ки дар боло ҷудо – ҷудо зикр шуд, аз дувоздаҳ ҷиҳат як панҷараи азим боз мешавад ки: бо як зояи ҳақиқӣ дувоздаҳ рангӣ, Аҳдият ва Ваҳдоният ва камоли Рубубияти Ҷаноби Ҳақро нишон медиҳад.
Инак эй мункири бадбахт! Ин панҷара ки ба қадири ин доира арз, балки ба қадри мадори санавияӣ (дар як сол давр задани замин ба гирди офтоб) он васия аст, бо чи баста карда хоҳӣ тавонист? Ва ин маъдони нуре ки монанди офтоб дурахшон ҳаст, бо чи хомӯш карда хоҳӣ тавонист? Ва дар кадом пардаи ғафлат пинҳон карда хоҳӣ тавонист?
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)