СУРАТИ ДАҲУМ
Биё, имрӯз, наврӯзи султонист.[1] Ба ин муносибат, дигаргуниҳо рух дода ва корҳои аҷиб мешавад. Пас биё дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, ба ин саҳрои сарсабзе ки пур аз гулҳои зебост, биравему тафриҳ кунем.
Бубин, ки аҳолӣ низ, ба ин тараф меоянд. Бубин, кори сиҳрангезе рух медиҳад. Он сохтмонҳо, ногаҳон фурӯ рехта ва як шакли дигар ба худ гирифтанд. Бубин, як мӯъҷиза ҳаст. Он сохтмонҳои фурӯрехта, яку якбора дар ин ҷо бино гардиданд. гӯё ин биёбони холӣ, ба як шаҳри маданӣ табдил шуд. Бубин, ҳамчун пардаҳои синамо, дар ҳар соат олами дигареро нишон медиҳад ва шакли дигар ба худ мегирад. Ба ин амр диққат кун, ки дар байни ин ҳама пардаҳои ҳақиқии мухталиту сареъ ва фаровон, чӣ як интизоми комил вуҷуд дорад, ки ҳар чиз дақиқан, дар маҳали муносибаш гузошта мешавад. Пардаҳои синамои хаёлӣ низ, наметавонанд ба ин андоза мунтазам бошад. Миллионҳо соҳири моҳир низ, наметавонанд ин санъатҳоро бисозанд. Маълум мешавад, он подшоҳе ки аз чашми мо ниҳон аст, мӯъҷизаҳои бузург дорад.
Эй сарсом! Ту мегуӣ: Чигуна ин мамлакати бузург, тахриб шуда ва дар ҷойи дигар таъсис мешавад?
Магар намебинӣ, ки дар ҳар соат, инқилобҳо ва дигаргуниҳои зиёде ҳамчун он табдили макон рух медиҳад, ки ба ақли ту намегунҷад. Аз ин ҷамъ шудану пароканда шудан ва аз ин авзоъу афъол, фаҳмида мешавад ки дар ин ҷамъ шудану пароканда шуданиҳо ва ташкилоту тахриботи сареъ, мақсаду ҳадафи дигаре вуҷуд дорад. Барои иҷтимоъи як соата, ба андозаи даҳ сол масраф мешавад. Пас, ин вазъиятҳо мақсуди биззот нестанд. Балки, як тамсилу тақлиданд, ки подшоҳ, бо як мӯъҷиза анҷом медиҳад. ҳадаф аз он тасвир бардорӣ ва таркиби онҳо ва ҳифзи натиҷаҳову навиштани онҳост – ҳамон тавре, ки дар майдони монур ва имтиҳони ӯ, ҳар чиз навишта ва ёддошт мешавад-. Маълум мешавад, ки дар як гирдиҳамоии бузург, бар бунёди ҳамин ёддоштҳо, муомила мешавад. ва низ, дар як намоишгоҳи азим, ба таври ҳамешагӣ, ба намоиш гузошта мешавад. Пас бояд гуфт, ки ин авзоъу афъоли муваққатию нопойдор, суратҳои собиту меваҳои доимӣ, бабор меоранд.
Пас ин маросимҳо, барои як саодати азим, як додгоҳи бузург ва ҳадафҳои волоест, ки мо намедонем.
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)
Саъид Нурсӣ
[1] Рамзи ин суратро дар “Ҳақиқати нӯҳум” хоҳӣ дид. Барои мисол: Наврӯз, ба фасли баҳор ишора мекунад. Саҳрои сарсабзу пур аз гул низ, нишонае аз сатҳи замин дар фасли баҳор аст. Пардаҳову манзараҳо низ, ишора мекунад ба табақаҳои мухталифи мавҷудоти баҳорӣ ва дастаҳои гуногуни фурӯовардаҳои тобистон ва рӯзии инсонҳову ҳайвонот ки Сонеъи Қадири Зулҷалол ва Фотири Ҳакими Зулҷамол, онҳоро аз оғози фасли баҳор то интиҳои тобистон, бо камоли назм, тағйир медиҳад ва бо камоли раҳмат, нав месозад ва ба сурати пай дар пай, мефиристад.