НУҚТАИ ЧОРУМ
Назар ба рози ҳадиси шариф لاَ يَعُولُ مَنِ اقْتَصَدَ “Он касе, ки сарфакорӣ кунад, хонаводааш балои зиндагиро намекашанд”, яъне: “Он касе, ки иқтисод кунад, хонаводааш дар зиндагӣ заҳмат ва машаққати зиёдеро нахоҳанд кашид.
Бале, далелҳои қатъӣ бисёрест, ки сарфакорӣ қатъан, сабаби баракат ва мадори ҳусни зиндагӣ мебошад, ин далоил ҳадду ҳисоб надорад. Аз ҷумла, бо мушоҳидаи худи ман ва касоне, ки ба ман хизмат кардан ва дўсти ман буданд, мегўям, ки ба сабаби сарфакорӣ, баъзан даҳ баробар баракат дидам, дўстонам низ шоҳиди ин буданд, ҳатто нўҳ сол пеш, баъзе аз сардорон, ки ҳамроҳ бо ман ба шаҳри Бурдур табъид шуда буданд, барои он ки аз бепулӣ ба зиллату сафолат дучор нашавам, кушиш карданд, то ман закоташонро аз онҳо қабул кунам. Ба он раисони сарватманд гўфтам: “Бо оне, ки пули чандоне надорам, аммо сарфакориро медонам ва ба қаноат кардан одат кардам, ман аз шумо сарватмандтарам.” Ба маротибу бо исрори зиёд таклифашонро напазируфтам, ҷойи диққату тааммул дорад, ки ду сол баъд аз он воқеъа баъзе аз онон, ки закоташонро ба ман пешниҳод карда буданд, ба сабаби риъоя накардани сарфакорӣ, қарздор шуданд. Лиллаҳилҳамд, ба муддати ҳафт сол ба баракати сарфакорӣ, он пўли кам бароям басанда буд, ва сабаб шуд қоматамро назди дигарон хам накарда, ниёзманди дигарон нашавам ва дастури «истиғно аз нос», (талабидан аз одамон) ки яке аз дастуроти зиндагиям мебошад маслакамро вайрон накард.
Бале, он касе, ки сарфа намекунад, номзади зиллату гадоии маънавӣ ва сафолат мешавад. Дар ин замон пуле, ки сабаби исроф аст, бисёр гарон тамом мешавад, баъзан дар муқобили он, ҳайсият, номўсу ришва дода шуда ва баъзан муқаддасоти динӣ фўрухта мешавад, сипас он пўли наҳс (бебарор) бадаст меояд, яъне бо додани сад сомонӣ зарари маънавӣ сад сомонии моддӣ бадаст меояд, агар инсон сарфа намуда, ҳоҷатҳои зарўрии худро иқтисору ихтисор ва ҳаср кунад назар ба сирри اِنَّ اللّهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ ва назар ба сароҳати وَمَا مِنْ دَابَّةٍ فِى اْلاَرْضِ اِلاَّ عَلَى اللّٰهِ رِزْقُهَا аз ҷои ғайри қобили интизор то ҳадде, ки зинда бимонад, ризқашро меёбад, зеро оятҳои зикршуда мутааҳҳид мешаванд.
Бале, ризқ ду навъ аст:
Якум: Ризқи ҳақиқие, ки дар ҳаддест, ки бо он зинда мемонад, ва бо ҳукми оятҳои зикршуда, ин навъи ризқ таҳти уҳдаи Раббонист, агар иродаи башар дахолат надоштабошад, он ризқи заруриро дар ҳар сурат меёбад ва маҷбур ба фидо кардани дину номўсу обрўйи худ намешавад.
Дуюм: Ризқи маҷозист, ки сўистеъмол, сабаб мешавад, ҳоҷатҳои нозарурӣ, ҳоҷатҳои зарурӣ шуда, ба воситаи бало, дидану тақлид кардан аст, ки ба он мутеъ шуда, онро тарк карда натавонад, ин навъи ризқ, таҳти тааҳҳуди Раббонӣ намебошад, бадаст овардани ин навъи ризқ, хусусан дар ин замона пурқимат мебошад. Дар ибтидо бо фидо кардани иззату қабули зиллати худ, гадоии маънавӣ то ҷое, ки пойи инсонҳои пасту разилро мебўсад ва баъзан бо муқаддасоти динӣ, ки нўри ҳаёти абадии ў мебошад, он моли наҳсу бебаракатро бадаст меоварад.
Ҳам дар ин замонаи фақру зарурат аз аламе, ки бавоситаи ҳисси ҳамнавъи дўстии аҳли виҷдон нисбат ба дарди афроди гуруснаву мўҳтоҷ падид меояд, ҳаронкас ки виҷдоне дорад, ба сабаби лаззати моле, ки аз роҳи ғайри машруъ бадаст меояд, азоб хоҳад кашид.
Дар чунин замонаи аҷибе, аз амволе ки шубҳа дар онаст, ба ҳадди зарурат бояд иктифо кард,
Зеро назар ба сирри اِنَّ الضَّرُورَةَ تُقَدَّرُ بِقَدْرِهَا агар маҷбур бошем аз моли ҳаром то ҳадди ниёз метавон гирифт, беш аз онро наметавон гирифтан. Бале, инсони музтар ва ночор, аз гўшти мурдор, наметавонад ба ҳадди серӣ бихўрад, балки бояд то ҳадде, ки аз мурдан наҷот ёбад, бихўрад, ҳамчунин шоёни зикраст. Дар ҳузури шахси гурусна набояд хелоҳам бо камоли лаззат хўрд.
Воқеъае, ки далолат мекунад, иқтисод, сабаби иззат ва камол мебошад:
Рўзе Ҳотами Тойӣ – ки дар дунё ба бахшишу саховат машҳур буд – зиёфати муҳиме барпо кард, баъд аз он, ки меҳмононашро бо ҳадияҳои фаровоне гусел кард, барои тафриҳ ба биёбон рафт, дар онҷо одами пиру фақиреро дид, боре аз хору хошок бар пушташ дорад, ки бар баданаш фурў мераванду баданашро хунин кардааст, Ҳотам ба ў гўфт:
“Ҳотами Тойӣ зиёфати муҳиме бо ҳадияҳо барпо кардааст, тў низ ба онҷо бирав дар ивази ин хору хошоки панҷ дирам, панҷсад дирам хоҳӣ гирифт”.
Он пири муқтасид ба ў гўфт: “Ман ин бори пур аз хору хошокро бо иззатам бар душ мекашам, ва бар сарам мебардораму миннати Ҳотами Тойиро намекашам”.
Рўзе аз Ҳотами Тойӣ савол шуд: “Ту аз худ ҷавонмардтару азизтар киро мешиносӣ?” Гўфт: “Он пирамарди сарфакоронаро ки дар саҳро бо ў вохўрдам, азизтар, воломақомтару ҷавонмардтар аз худ дидам.”