Сайфи Қуръонӣ ба воситаи Сулҳи Ҳудайбия ҷилваи худро густариш дод…

فَجَعَلَ مِنْ دُونِ ذلِكَ فَتْحًا قَرِيبًا ифода мекунад ки: Сулҳи Ҳудайбия агарчи дар зоҳир алайҳи Ислом дида мешуд ва ба назар мерасид, ки Қурашҳо дар он то ҳадде ғолиб шудааст, аммо ба лиҳози маъно дар ҳукми фатҳи бузург хоҳад буд ва калиди соири футӯҳот мешавад, дар ҳақиқат шамшери моддӣ бо Сулҳи Ҳудайбия муваққатан дар наём қарор гирифт, мисли шамшери алмосмонанд ва бориқаи Қуръони Ҳаким баромаду қалбҳо ва ақлҳоро истило кард. Ба муносибати мусолиҳа бо якдигар ихтилот карданд. Маҳосини Ислом ва анвори Қуръон пардаҳои инод ва таъассуботи қавмиро дариду аҳкомаш ба иҷро даромад.

Масалан: Холид Ибни Валид, ки аз нобиғаҳои ҷангӣ буд ва Амр Ибни Ос, ки нобиға дар сиёсат буд шикастро намепазируфтанд, аммо сайфи Қуръоние, ки ба воситаи Сулҳи Ҳудайбия ҷилваи худро густариш дода, онҳоро мағлуб намуд, тавре ки Ҳазрати Холид дар камоли инқиёд худро дар Мадинаи Мунаввара таслими Ислом намуд ва лақаби “Сайфуллоҳ”  ва шамшере барои футӯҳоти Исломӣ шуд.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*