Савол ва Ҷавоб

 

  • Имон, Ислом ва Дин!!!

 

Ҳазрати Имоми Аъзам (р.а.) мегуяд, ки:

 

  • Имон иқрор кардан аст ба забон ва устувор доштан аст ба дил, ҳамин калимаи шарифро «Ла илаҳа илаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ»
    Яъне: Нест худое ғайри Аллоҳ Таъоло, Муҳаммад фиристодаи Худои Таъолост.

 

  • Ислом бошад, худро ба шариат супоридан ва амрҳои шариатро ба гардан гирифтан аст. Имон бе Ислом ва Ислом бе Имон дуруст намешавад, чунончи пушт бе шикам намешавад ва шикам бе пушт. Яъне инсоне, ки шикам дошта бошад ва пушт надошта бошад, у зинда намемонад ва инчунин инсоне, ки пушт дошта бошад ва шикам надошта бошад, зинда нахоҳанд монд.
    Аз ин фаҳмида мешавад, ки касе ба Худо бовар дошта бошад, амалҳои Исломиро ба ҷо наорад, имони вай комил нест ё амалҳои Исломиро ба ҷо орад ва ба Худо бовар надошта бошад, имони у низ комил нахоӣад шуд.
    Барои ҳамин кушиш кардан лозим аст, ки баъди Худоро шинохтан, амалҳои Исломиро ба ҷо биоварӣ.

 

  • Дин номест, ки дар бар мегирад Имон ва Ислом ва ҳаммаи ҳукмҳои шариатро. Яъне, ки Имон ҷамъ мешавад, Ислом ҷамъ мешавад ва ҳамаи ҳукмҳои шариат ҷамъ мешаванд, Динро ташкил мекунанд ва инсон шахси диндор мешавад.

 

 

  • Ло илоҳа иллаллоҳ чист?

  • Лоилоҳа иллаллоҳ баёнгари тавҳиди убудият аст ва маънои он инаст: «Ҳеҷ худое ки шоистаи парастиш бошад ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад»

 

Ин калима аввалин даъвати тамоми паёмбарони худо буд, ва ҳамаи инсонҳоро ба сӯи ин калима даъват кардаанд, ин калима дорои ду рукн аст:
1)Нафӣ (рад кардани) тамоми маъбудҳои ботил ки мушрикин онҳоро парастиш мекунанд, ва ё назди онҳо ниёиш ва илтиҷо мекунанд ва барои онҳо назр ва қурбонӣ мекунанд, ва ё аз онҳо талаби кумак мекунанд.
2)Исботи ваҳдоният ва ягонагии Аллоҳ таъоло дар маъбудият, яъне Аллоҳ таъоло ҳамонгунае ки дар подшоҳӣ ва рубубият ягона ва танҳо аст, дар маъбудият низ танҳо ва ягона аст ва ҳеҷ шарике надорад.
Аллоҳ танҳо зотест, ки бояд ибодат шавад ва танҳо аз ӯ зорию илтиҷо ва дуо карда шавад ва танҳо барои ӯ назр ва қурбонӣ карда шавад.
Аллоҳ ягона зотест, ки бояд аз ӯ истионат ва кумак талаб карда шавад.
Аллоҳ танҳо зотест, ки аз тамоми айбу нуқсон ва аз ҷиҳату макон ва қарор гирифтан дар маконе ва маҳдуд будан пок ва муназзаҳ аст.
Аллоҳи якка ва ягона зотест, ки аз ончики мушрикин, муҷассима, мушаббиҳа, муътазила ва тамоми аҳли бидъат дар ҳақаш мегўянд пок ва муназзаҳ аст.
Эй холиқи яктои мо туро ҳамду сипосу ситоиш мегӯем ки исломи азизро бароямон шиносондӣ ва онро роҳнамо, нур, ва растагорию раҳмат бароямон қарор додӣ.
Худоё! Тоат ва бандагиятро бо ихлос насибамон гардон ва моро аз дидори бе мислу монанди худ маҳрум нагардон ва аз шафоати ҳабибат бе насибамон нагардон.

Аллоҳумма салли ало Муҳаммад ва ало оли Муҳаммад ё арҳамарроҳимин.

 

 

  • Маънои Тавҳид ва шарҳи он!!!

 

Тавҳид чист?
Тавҳид ягона шуморидани Аллоҳ бо се чиз мебошад.
Он се чиз кадомҳоянд?
1. Тавҳиди рубубият
2. Тавҳиди Улуҳият
3. Тавҳиди асмо ав сифот (номҳо ва сифатҳои Аллоҳ)
Тавҳиди рубубият чист?
Тавҳиди рубубият ягона шуморидани Аллоҳ бо феълҳояш мебошад.
Яъне: имон овардан ва иқрор кардан ба ин ки Аллоҳ офаранда, ризқ диҳанда, зиндакунанда ва миронандаи махлуқот ва идоракунандаи тамоми коинот мебошад.
(Далел: сураи Луқмон: ояти 25)
«Ва агар пурси аз онҳо ки офарид осмонҳову заминро, онҳо мегӯянд Аллоҳ».
Ва низ Аллоҳ мефармояд:
«Албатта Аллоҳ ӯст Раззоқ (ризқдиҳанда) ва соҳиби қувва ва ниҳоят зоти қодиру тавоно».
Аллоҳ Твъоло гуфт:
«Чихел кофир мешавед ба Аллоҳ ва ҳоло он, ки шумо мурда будед ва зинда гардонид шуморо пас аз он мемиронад шуморо ва зинда мегардонад баъд аз он, пас аз он ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед».
(Сураи Бақара: ояти 28)
Аллоҳ Таъоло фармуд:
«Тамоми ҳамду ситоиш барои Аллоҳест, ки Парвардигор ва тарбиякунандаи оламиён мебошад).
(Сураи Фотиҳа: ояти 1)
Оё имон овардан танҳо ба тавҳиди рубубият инсонро ба ислом медарорад?
Имон овардан ба ин ки Аллоҳ офаранда, ризқдиҳанда миронандаю зиндагардонанда ба танҳоги кифояти намекунад.
Ва тавҳиди рубубият лозим мегардонад имон оварданро ба тавҳиди улуҳият, зеро мушрикони замони Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ба тавҳиди рубубият имон доштанд,аммо ин имонашон ба онҳо фоидае надод ва онҳо ба Ислом надаромаданд. Барои он ки онҳо ба тавҳиди илоҳият имон наоварданд.

Тавҳиди улуҳият чист?
Тавҳили илоҳият ё тавҳиди улуҳият ё тавҳиди ибодат ин ягона шуморидани Аллоҳ бо афъоли бандаҳояш мебошад.
Яъне: ягона шуморидани Аллоҳ дар ибодат.
Тамоми намуди ибодатро ягона барои Аллоҳ сарф намудан ва ба ғайри Аллоҳ ягон кас ва ё чизро ибодат накардан.
Далел : Сухани Аллоҳ :
«Ва наофаридам ҷинну инсонҳоро магар танҳо барои ибодатам».
(Сураи Зориёт: ояти 65)
Ҳикмат аз офаридани инсонҳо ва ҷинҳо ин ягона парастидани Аллоҳ мебошад.
Аллоҳ ъазза ва ҷалла осмонҳову заминро ба хотири ин тавҳид офарид ва инсу ҷинро ба хотири ин тавҳид офарид ва тамоми паёмбаронро ба хотири ин тавҳид ба сӯи қавмашон фиристод.
Ва тамоми паёмбарон қавмашонро ба ин тавҳид даъват намуданд ва ба хотири ин тавҳид аз қавмҳояшон озору азият
диданд.
Инсон агар ба тавҳиди улуҳият имон орад ва ягона Аллоҳро парастиш кунад ва ба Аллоҳ чизеро шарик қарор надиҳад ва
Аллоҳро бо номҳои зебояш ва сифатҳои оли қадраш бишносад, дар он вақт ҳақиқӣ муваҳҳид мегардад. Ва ба ҳар яки мову
шумо лозиму зарурист таълим гирифтани тавҳид бо се намаудаш, то ки дар доми ширк воқеъ нагрдем ва амалҳоямон ҳабата нагардад.

Тавҳиди Асмо ва сифот чист?
Тавҳиди номҳо ва сифатҳо ин аст, ки мо барои Аллоҳ он ному сифатҳоеро, ки Аллоҳ барои худаш исбот кард ва Паёмбар
(Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои Аллоҳ исбот кардаанд, исбот менамоем.
Аллоҳ Таъоло фармуд:
«Ва барои Аллоҳ номҳои зебоест, пас дуъо кунед Аллоҳро бо он номҳо. Ва гузоред ононеро, ки ширк меварзанд дар номҳояш, ба зуди ҷазо дода мешаванд ба кардаҳояшон».
(Сураи Аъроф: ояти 180)
Яке аз фоидаҳои имон ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ин аст, ки мусалмон агар Аллоҳро бо номҳои зебояш шиносад Ӯро мувофиқи он ноҳояш парастиш мекунад.
Вақте, ки гуноҳ мекунад вай медонад, ки Аллоҳи Ғафуру Таввоб бандаро мебахшад ва тавбаашро мепазирад.
Вақте, ки гуноҳ кардани мешавад банда медонад Аллоҳи Қаҳҳору Азиз уро дида истода аст ва аз гуноҳ даст мекашад.
Вақте ба банда сахтиҳои ҳаёт мерасад аз камбағалию нотавонӣ банда медонад, ки Аллоҳи Ғани(бой бе ниёз) ва Самад (бениёз, ба касе ҳоҷат надорад ва ҳама ба вай ҳоҷатманданд) ӯро ба ҳолаш тарк намекунад.
Барои ҳар як фарди мусалмон фарз мебошад таълим гирифтани тавҳид ва амал кардан ба он то ки рӯзи Қиёмат наҷот ёбад, аз оташи сӯзони дӯзах.
Аллоҳ ҳар яки мову шуморо аз оташи ҷаҳаннам наҷот диҳад ва ба омухтан ва амал карданро ба тавҳид ҳиммати олӣ ато фармояд.

Аллоҳ Таъоло ҳаммаи моро ба омухтани тавҳид муваффақ созад ва ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират аз ҷумлаи муваҳҳидон гардонад.
Ва дониставу нодонист ширк карда бошем Аллоҳи Ғафуру Меҳрубон моро бахшад ва аз олудагиҳои ширк тоза намояд.
Аллоҳ ба мо амал карданро ба ﻻ ﺇﻟﻪ ﺇﻻ ﺍﻟﻠﻪ муваффақ гардонад ва дар дами марг ин калимаи бузургро бар забонҳоямон ҷорӣ созад.
ﻭ ﺍﻟﺤﻤﺪ ﻟﻠﻪ ﺭﺏ ﺍﻟﻌﺎﻟﻤﻴﻦ

 

 

 

  • САБАБҲОИ ҚАБУЛ НАГАРДИДАНИ ДУО!!! 

    Савол: Чаро инсон ба даргои Худо дуо мекунад, локин дуояш иҷобат намешавад? Дар ҳоле, ки Худованд мефармояд: «Манро дуо кунед, дуоятонро иҷобат менамоям…» (сураи Ғофир 60 )

    Ҷавоб: Худованд мефармояд: «Парвардигоратон гуфт: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зудӣ дар айни хорӣ ба ҷаҳаннам дароянд!» (сураи Ғофир 60) Ва саволкунанда мегуяд, ки у Худовандро дуо мекунад локин дуояш мустаҷоб намегардад, пас мақсад ин аст ки чаро Худованд дар ин оят ваъда кардааст, ки дуои дуокунандаро иҷобат менамояд, ва Худованд яқинан ба ваъдааш вафо мекунад, локин дуои ин саволкунандаро иҷобат накардааст, пас маънои оят чӣ бошад?

 

Имон дуоро чун василаи қатъӣ барои расидан ба ҳоҷатҳо медонад ва фитрати инсонӣ низ ба шиддат бар он тамоюл нишон медиҳад.  Ҷаноби Ҳақ Таъоло таъкид мекунад: “Бе зикри дуо ва ниёзаш магар чӣ аҳамияте метавонед дошта бошед?

(сураи Фурқон ояи 77)قُلْ مَا يَعْبَؤُا بِكُمْ رَبِّى لَوْلاَ دُعَاؤُكُمْ ва низ бо ояти اُدْعُونِى اَسْتَجِبْ لَكُمْ (сураи Ғофир ояи 60)

яъне, “Бихонед маро то иҷобат кунам шуморо” инсонро ба дуо амр мекунад.

Агар бигӯӣ, ки : “Мо бисёр дуо мекунем ва қабул намешавад. Ҳол он ки, оят умумӣ аст ва умумро мухотаб қарор медиҳад ва маънои онро дорад, ки ҳар дуое ҷавоб дорад.”

Алҷавоб: Ҷавоб додан ба дуо ва қабул шудани дуо аз ҳам фарқ доранд. Барои ҳар дуое ҷавоб дода мешавад, аммо қабул шудани он дуо ва иҷобати матлубаш ба ҳикмати Ҷаноби Ҳақ вобаста аст.

Мисол: Кӯдаки беморе фарёд мезанад:

— “Эй ҳаким! Ба фарёдам бирас.”

Ҳаким “лаббайк” гуфта мепурсад:

— “Чӣ мехоҳӣ?”

Кӯдак мегӯяд:

— “Ин доруро ба ман бидеҳ.”

Ҳаким ё чизеро медиҳад, ки кӯдак мехоҳад ва ё давои беҳтар аз онро медиҳад, ки ба маслиҳату салоҳи бемор аст ва ё ҳеҷ доруе намедиҳад то зараре ба бемор нарасад.

Пас Ҷаноби Ҳақ, ки Ҳакими Мутлақ ва дар ҳама ҷо ҳозиру нозир мебошад, ба дуои бандааш посух медиҳад. Ваҳшат ва даҳшати бекасӣ ва танҳоиро бо ҳузури самимона ва ҷавобе, ки медиҳад ба фазои инс ва дӯстӣ табдил медиҳад. Парвардигор на бар мабнои хостаҳо ва таманноҳои нафсу тобеият аз тамоюлоти ҳаваскоронаи инсон, балки назар ба  иқтизои ҳикмати Раббонии худ ё айни хостаи инсонро ё беҳтар аз онро ба ӯ медиҳад ва ё онро рад намуда чизе намедиҳад.

Дуо навъе аз убудият ва бандагӣ аст. Бандагӣ ҳам ҳамроҳ бо самароти ухравӣ мебошад. Мақсадҳои дунявӣ фақат ёдовари вақти дуоҳо ва ниёишҳо мебошад. Он ҳадафҳои дунявӣ камоли матлуб ва ниҳоӣ нестанд.

Масалан, намоз ва дуо барои талаби борон навъе ибодат аст ва беборонӣ ва хушксолӣ вақти он дуост. Лизо он ибодат ва дуо танҳо барои нузули борон нест. Агар он дуо ва ибодат сирф барои нузули борон бошад, ниёише холисона нест ва лоиқи қабул ва мустаҷоб шудан намебошад.

Ҳамчунон, ки ғуруби офтоб вақти намози мағриб аст ё ҳамон гуна низ вақте моҳу хуршед дучори гирифтагӣ мешавад ин нишонгари вақти хоси намозҳои мартабат бо кусуф ва хусуф аст. Яъне, вақте бо нишонаҳои нуронӣ ниқобе бар чеҳраи рӯзу шаб кашида мешавад ва азамати Илоҳӣ дар мадоре хос намуд пайдо мекунад, он вақт аст, ки Худои Мутаъол бандагонашро ба чунин навъи хосе аз ниёиш даъват мекунад. Ва илло он намозҳо сирф барои раҳоӣ аз падидаҳои кусуф ва хусуф нест, ки мунаҷҷимон ҳисоби дақиқи онро доранд.

Айни он, беборонӣ ва хушксолӣ ҳам эълони вақти намоз барои нузули борон аст. Мусибат, бадбахтӣ ва нохушиҳо вақти намозҳои хос мебошанд, то одамӣ ба аҷзу заъфи худ ошкоро пай бубарад ва бо дуо ва ниёз паноҳ ба даргоҳи Қодири Мутлақ оварда ва аз ӯ наҷот талабад.

Агар бо ин дуо карданҳо ниёзе бароварда нашавад ва ё балое дафъ нагардад, ҳаргиз набояд гуфт: “Дуоҳоямон мустаҷоб нашуд.” Балки бояд гуфт: “Шукри Худо, ки дуо ва ниёиши мо қазо нашуд.”

Агар Ҷаноби Ҳақ бо фазлу карами худ балоеро рафъ кард, нуран ало нур он вақт аст, ки замони дуо ба поён мерасад.

Пас, бояд гуфт, ки дуо розе аз розҳои убудият аст. Бандагӣ ва ибодат бояд холисона ва барои ризои Илоҳӣ бошад. Бо изҳори аҷз ва нотавонӣ бояд фақат паноҳ ба даргоҳи Худо бурд ва аз ӯ наҷот талабид. Бояд ба Раббонияти Худо ва тадбири Илоҳӣ имон дошт ва ҳамаи корҳоро ба ӯ супурд. Ба ҳикмат ва дониши Парвардигор эътимод бояд кард ва аз раҳмати ӯ набояд ноумед шуд.

Бале, ин ҳақиқати ростин аст ва ҳама бо оёти баййинот собит шудааст, ки тамоми мавҷудот забон ва баёни хоси худро барои ҳамду ситоиши Худованд доранд ва ҳар кадом ба тариқи худ дар саҷда ва ниёишанд ва ҳамаи ин дуоҳо аз тариқи коинот аст, ки ба боргоҳи илоҳӣ роҳ меёбад.

Ва ё ба тариқи забонӣ баён мешаванд. Мисли дуои ҳамаи гиёҳҳо ва растаниҳо, ки бо забони махсусе адо шуда ва аз Файёзи Мутлақ шаклу сурати муайянеро металабанд ва лоиқи асмои худ таҷаллӣ ва кашфе тоза мехоҳанд.

Ва ё ки ба забони фитрӣ талаби ҳоҷат мекунанд. Тамоми зӣ ҳаёт ва мавҷудот барои бароварда шудани ҳоҷатҳо ва ҳамаи он чизҳоеро, ки дар ҳавзаи иқтидорашон нест, дуо мекунанд. Ҳар кадом бар асоси ниёзи фитриашон аз бахшандаи мутлақ барои идомаи ҳаёт ва таъмини рӯзии хеш ба шеваи худ чизе мехоҳанд.

Ва ё ба забони изтирор дуое мехонанд. Дуое, ки: Ҳар мавҷуди дармонда ва парешон бо паноҳ ба Худо анҷом медиҳад ва хостори наҷоти хеш аз як ҳомии пинҳон мешавад ва ҷуз ба Рабби Раҳимаш ба касе рӯ намеорад.

Ин се навъ дуое, ки зикр шуд, ҳамеша мустаҷоб аст, ба шарти ин ки монеъи сабаби адами қабули он набошад.

Навъи чаҳорум, ки машҳуртарин аст, ин дуои мо одамиён аст. Ин ҳам ду навъ дорад: Яке, феълӣ ва ҳолӣ аст ва дуввум қалбӣ ва қолӣ.

Масалан: Талаби асбоби зиндагӣ як дуои феълӣ аст. Дуо барои тадоруки заминаҳои иҷтимоии як амр, далели ин ки ҳатман он амр бояд ҳодис бишавад ва иттифоқ бияфтад, нест. Балки, бо забони ҳол дархосте аз Худост то шароити мусоид ва созгори вуқӯъи як падида ба вуҷуд биёяд. Ҳатто, дархостҳои ҷуфту дастаҷамъӣ аз Худо ба дари раҳмати вай паноҳ бурдан аст. Аз он ҷо, ки ин навъи дуои феълӣ мутаваҷҷеҳи ном ва мақоми бахшандаи мутлақ аст, имкони пазириш ва мустаҷоб шудани он низ эҳтимоли тамом ва фаровон дорад.

Навъи дуввум ин дуо бо забон ва қалб аст. Дархости чизҳое аст, ки имкони даст ёзидан ба онҳо мушкил аст. Муҳимтарин бахши ин гуна дуо ва ниҳояти зебоӣ ва самараи дилчаспаш ин аст, ки: “Фарди дуокунанда мефаҳмад, ки яке ҳаст ва нидои қалби ӯро мешунавад ва ба ҳар коре тавоност ва ҳар орзуеро метавонад бароварда созад, ба аҷзу заъфи ӯ ёрӣ мерасонад ва барои раҳоии ӯ аз фақру ҷаҳл мадад мерасонад.”

Пас эй инсони оҷиз ва эй башари дармонда! Калидҳои хазинаи раҳмати Илоҳиро, ки ҳамоно дуову ниёиш аст, аз даст надеҳ. Ба дуо рӯй ор ва ба мақоми волои инсоният роҳ пайдо кун. Ҳамчун султоне бош, ки тамоми дуоҳои коинотро бо дуоҳои худ меомезад. Як бандаи кулл ва як вакили умумӣ шав ва اِيَّاكَ نَسْتَعِينُ  бигӯ ва аҳсани тақвими коинот шав.