Савол: Ба инсонҳое, ки дар ҳукми фурӯшандаанд, баҳо медиҳем, оё Аллоҳ ки соҳиби аслии мол аст, аз мо чӣ баҳо мехоҳад?

Гуфтори якум

“Бисмиллоҳ” – сароғози ҳар хайр аст. Мо низ, ибтидо бо он шурӯъ мекунем.

Бидон эй нафсам! Ин калимаи муборак, ҳам нишонаи Ислом аст, ва ҳам тамоми мавҷудот бо забони ҳоли худ, онро вирди забон мекунанд.

Агар мехоҳӣ бидони “Бисмиллоҳ” чи нерӯи бузургу бепоён, чи баракати тамом нашуданист, ин ҳикояти кӯтоҳи тамсилиро бубин ва гӯш кун:

Шахсе, ки дар биёбонҳои арабии бодиянишин саёҳат мекунад, лозим аст, исми сардори қабилаеро бигирад ва таҳти ҳимояташ қарор гирад, то аз хатари роҳзанон, наҷот пайдо карда тавонад ва ҳоҷатҳояшро муҳайё намояд, дар ғайри ин сурат бекасу танҳо дар баробари иҳтиёҷоту душманони бешумораш парешон хоҳад шуд.

Инак ду нафар, барои чунин сайёҳат ба саҳро рафтанд. Яке аз онҳо хоксору фурӯтан буд. Ва дигарӣ мағруру саркаш … Шахси хоксор исми як сардореро гирифт, ва мағрӯр ибо кард… Хоксор ба воситаи он номе, ки гирифта буд, ҳама ҷоро бо саломатии комил сайёҳат кард. Дар вақти сайёҳат агар иттифоқан ба роҳзане бархӯрд мекард, мегуфт: “Ман ба номи фалон роҳбар сайёҳат мекунам”. Роҳзан аз ӯ дур шуда, коре бо ӯ надошт. Агар ба ҳар хаймае ҳам ворид мешуд, ба хотири он ном, ҳурмат медид. Вале дигарие, ки мағрӯр буд, дар муддати саёҳаташ балоҳое кашид, ки қобили гуфтан нест, доим меларзид ва дар ҳоли гадоӣ кардан буд. Ҳам залил шуд ва ҳам расво.

Акнун эй нафси мағрӯрам! Ту он сайёҳи ва ин дунё низ, як саҳрост. Аҷзу фақрат бешумор ва душманону ҳоҷотат, бениҳоят аст. Вақте, ки чунин аст, исми Молики Абадӣ ва Ҳокими Азалии ин саҳроро бигир, то аз гадоии тамоми коинот ва аз ларзидан дар баробари ҳар ҳодиса раҳо ёбӣ.

Бале, ин калима чунон ганҷи пурбаракат аст, ки аҷзу фақри бениҳоятатро ба раҳмату қудрати бениҳоят васл мекунад ва аҷзу фақрро бароят дар даргоҳи Раҳими Қадир мақбултарин шафоаткунанда хоҳад кард.

Бале, касе ки бо ин калима ҳаракат мекунад, ба монанди шахсест, ки дар хизмати аскарист, ба номи давлат ҳаракат карда ва аз ҳеҷ кас парво надорад. Ба номи қонуну ба номи давлат сухан гуфта, ҳар кореро анҷом медиҳад ва дар муқобили ҳар чиз, истодагарӣ мекунад.

Дар ибтидо гуфтем, ки тамоми мавҷудот бо забони ҳолашон “Бисмиллоҳ” мегӯянд, оё ин гуна аст?

Бале, ҳамон гуна, ки агар шоҳид бошӣ, шахсе ояду тамоми аҳолии шаҳрро ба зӯр ба маконе савқ диҳад ва ба анҷоми корҳое водор кунад, бешубҳа медонӣ, ки он шахс бо номи худ ва бо қувваи худ ҳаракат намекунад. Балки ӯ сарбозест, ки ба номи давлат ҳаракат карда ва ба нерӯи Подшоҳӣ такя додааст.

Ҳамон тавр низ, ҳарчиз ба номи Ҷаноби Ҳақ ҳаракат мекунад. Аз инрӯ, тухмиҳои растаниҳо ва ҳастаҳои хурди заррамонанд, ба рӯи худ, дарахтони бузургро ҳамл мекунанд ва борҳои ба монанди кӯҳро мебардоранд. Пас, ҳар як дарах “Бисмиллоҳ” гуфта, аз меваҳои хазинаи раҳмат дастонашро пур карда ба мо тақдим менамоянд. Ва ҳаркадоми аз бӯстонҳо, “Бисмиллоҳ” гуфта, ҳамчун деги бузурге мешавад ва аз ошпазхонаи қудрати Илоҳӣ, дар даруни худ анвоъу ақсоми хеле зиёде аз ғизоҳои болаззати мухталифро ҳамроҳ бо ҳам мепазад. Ҳар кадом аз ҳайвоноти пурбаракат, ба монанди гов, шутур, гӯсфанд, буз, “Бисмиллоҳ” гуфта, аз файзи раҳмат, чашмаи шир мешаванд ва ба мо ба номи Раззоқ, латифтарин ва тамизтарин ғизоро ҳамчун обиҳаёт, тақдим мекунанд. Ва ҳар кадоми аз решаҳову рагаҳои нарми абрешиммонанди дарахтон ва набототу сабзаҳо “Бисмиллоҳ” гуфта, хоку санги сахтро сӯрох карда, аз он мегӯзаранд. Номи Аллоҳ ва номи Раҳмонро гуфта, ҳар чизи сахту мушкил барояшон осон мешавад.

Бале, ҳамчун интишор ва паҳни шохаҳо дар ҳаво ва додани мева низ, интишору нуфузи решаҳо бо камоли суҳулат дар хоку санги сахт ва мева додан дар зери замин ва ҳам мартуб мондани баргҳои сабзу нозук моҳҳо дар баробари шиддати ҳарорат, ба шиддат ба даҳони табиъатпарастон силӣ мезанад, ва ба чашмони кӯр шудаашон ангушт мехалонад ва мегӯяд, ки:

Ҳатто салобату ҳарорат, ки беш аз ҳар чиз, ба он эътимод доред, таҳти амр ҳаракат мекунад; бад-ин гуна, ки он решаҳои нарми абрешимонанд, як ба як, чун асои Мӯсо (а.с.) ба дастӯри فَقُلْنَا اضْرِبْ بِعَصَاكَ الْحَجَرَ пайравӣ карда, сангҳоро мешикофанд ва як ба як он баргҳои нозанину нозуки чун барги сигор, ба монанди аъзои Иброҳим (а.с.) дар муқобили ҳарорати оташфишони ояи   يَا نَارُ كُونِى بَرْدًا وَ سَلاَمًا – ро мехонанд.

Ҳоло ин ки ҳар чиз, маънан “Бисмиллоҳ” мегӯяд, ва ба номи Аллоҳ неъматҳои Илоҳиро оварда ба мо медиҳад, пас мо низ бояд “Бисмиллоҳ” гуем ва бояд ба номи Аллоҳ бубахшем, ва бояд баноми Аллоҳ бигирем. Пас ба ин рафтор набояд, ҳозир ба гирифтани чизе аз инсонҳои ғофиле бошем, ки ба номи Аллоҳ намебахшанд…

Савол: Ба инсонҳое, ки дар ҳукми фурӯшандаанд, баҳо медиҳем, оё Аллоҳ ки соҳиби аслии мол аст, аз мо чӣ баҳо мехоҳад?

Ҷавоб: Бале албатта он Мунъими Ҳақиқӣ аз мо дар муқобили ивази молҳо ва нематҳои боарзиш, баҳо мехоҳад. Он низ, се чиз аст: Яке зикр, яке шукр, ва дигарӣ, фикр аст. Дар ибтидо “Бисмиллоҳ” зикр аст. Ва дар интиҳо “Алҳамдулиллоҳ” шукр аст. Ва дар миёна низ, тафаккуру дарк намудани неъматҳои боарзише, ки хориқаи санъат ва ҳадияи раҳмат ва муъҷизаи қудрати Аҳади Самад мебошад, фикр кардан аст. Ҳамон гуна, ки агар подшоҳе ба дасти як одами мискин ҳадияи арзишманд бароят бифиристад, ва ту дар ивази ташаккур аз подшоҳ, пойҳои он одами мискини иҷрокунандаи амрро бӯса кунӣ ва соҳиби ҳадияро нашиносӣ, пас муртакиби кори аблаҳона шудаӣ. Ҳамон тавр низ, мунъимҳои зоҳириро мадҳу муҳаббат карда, ва Мунъими Ҳақиқиро аз ёд бурдан низ, коре ба маротиб аблаҳонатар аз он аст.

Эй нафс, агар мехоҳӣ ба монанди ин шахс аблаҳ набошӣ:

Ба номи Аллоҳ бубахш…

Ба номи Аллоҳ бигир…

Ба номи Аллоҳ шурӯъ кун…

Ба номи Аллоҳ кор кун…

Вассалом.

 

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

Leave a Comment

E-posta adresiniz yayınlanmayacak. Gerekli alanlar * ile işaretlenmişlerdir

*