Рӯзи ошуроро бо рӯза гирифтан бояд гузаронид…

Хулосаи саргузашти Мусо (а) ва Фиръавн

Вақто ки Мусо (а) ва ҳамроҳонаш бо амри Худованд ба тарафи соҳили дарё (Нил) равона шуданд Фиръавн низ бо лашкараш аз думболи онҳо равона шуд. Ҳангоме ки Мусо (а) бо бани Исроил ба лаби дарё расид онҷо киштӣ ё василае барои гузаштан аз дарё набуд.

Дар рӯбарӯяшон дарё ва дар путашон Фиръавн бо лашкараш буд, ва онҳо ғайр аз ду роҳ дигар роҳе надоштанд: ё дохил шудан ба дарё ё ин ки рӯбарӯ шудан ба душман (Фиръавн ва лашкараш).

Вале Мусо (а) гуфт: Фиръавниён ҳаргиз бар мо намерасанд, зеро Парвардигор бо ман аст ва манро роҳнамои мекунад, ва роҳи наҷодро бар ман нишон медиҳад.

Дар ин ҳолат Худованд барои Мусо (а) ваҳй фиристод ки асои худро ба дарё бизан.

Дарё шикофта шуд ва барои Мусо (а) ва ҳамроҳонаш 12 роҳ дар даруни дарё боз шуд.

Дар ду тарафи роҳи бозшуда оби дарё мисли кӯҳи бузурге намудор шуд.

Фиръавн дар ҳайрат монда нигоҳ мекард, ки чигуна Мусо (а) ва ҳамроҳонаш ба осонӣ аз дарё мегузаранд.

Вақто ки Фиръавниён дидан, ки Мусо (а) ва ҳамроҳонаш гузашта дар соҳили дигари дарё роҳ мераванд, гумон кардан ки роҳи дарё барои онҳо ҳам боз аст ва метавонан, ки аз ин соҳил ба он соҳили дарё гузаранд ва аз паси онҳо инҳо низ дохили дарё шуданд.

Аммо дарё ки бо фармони Худованд барои Мусо (а) ва ҳамроҳонаш роҳро боз карда буд баъд аз ин ки онҳо ба хушкӣ баромаданд ва Фиръавн бо ҳамроҳонаш ба миёни дарё расиданд оби дарё ба ҳам расид ва Фиръавн бо ҳамроҳонаш ғарқ шуданд.

Дар ҳолати ғарқшавӣ Фиръавн хост ки ба худованд имон биёрад вале ин имон оварданаш барои ӯ фоида накард чунон ки Худованд аз забони Фиръавн дар Қуръон мефармояд:

 ﴾قَالَ آمَنْتُ أَنَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا الَّذِي آمَنَتْ بِهِ بَنُو إِسْرَائِيلَ وَأَنَا مِنَ الْمُسْلِمِينَ ﴿٩٠

 آلْآنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنْتَ مِنَ الْمُفْسِدِينَ ﴿٩١﴾ فَالْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ آيَةً

Тарҷума: “Гуфт: Имон овардам ба ин ки маъбуде бар ҳақе нест магар Худои ягонае ки бани Исроил ба Ӯ имон овардаанд (Худованд Фиръавнро хитоб карда мегуяд) оё акнун имон меорӣ! Имрӯз туро бо ҷисми беҷонат аз дарё берун орем то барои касоне ки баъд аз ту меоянд, дарсу ибрате бошад ва бидонанд ки ту бандае ҳастӣ ва монанди ту кибру ғурур бар надоранд”.  Юнус 90-92

Рӯзи ошуроро бо рӯза гирифтан бояд гузаронид

Фақте ки Расули Худо (с) аз Макка ба Мадина хиҷрат кард, дид ки яҳудиҳои Мадина рӯзи ошуроро рӯза мегиранд, гуфт: “Барои чи имрӯз рӯза мегиред? Гуфтанд ин рӯзе ҳаст ки Худованд Мусо (а) ва муъминонро аз дасти Фиръавн ва лашкараш наҷот дод, ва Фиръавн ва лашкариёнашро дар дарё ғарқ кард.

Мусо (а) он рӯзро барои шукргузории Худо рӯза гирифт, мо низ барои ҳамин рӯза мегирем.

Расули Худо (с) фармуданд: Мо ба Мусо (а) аз шумо дида барҳақтар ҳастем, ва ба рӯза гирифтани он рӯз амр кард ва фармуд: Агар то соли оянда зинда бошам, рӯзи нӯҳумро низ рӯза ҳоҳам гирифт, яъне рӯзи нӯҳум рӯзи даҳумро рӯза хоҳам гирифт”.

Расули Худо (а) мефармояд: беҳтарини рӯзаҳо баъди рӯзаи моҳи рамазон рӯзаи моҳи Худо, моҳи муҳаррам аст.

Дар бораи рӯзаи рӯзи ошуро пурсида шуд, фармуд: Рӯза гирифтаи он, кафораи (сабаби баҳшиши) гуноҳҳони (сағира ё хурди) соли гузашта мешавад. (Яъне рӯзаи рӯзи ошуро сабаби бахшида шудани гуноҳони хурди яксоли гузашта мебошад).

Рӯзи ошуро фазилати бисёр бузурге дорад ва рӯзаи он рӯз дар миёни паймбарон маъруфу машҳур буд, инчунин Қурайшиҳо дар замони ҷоҳилият он рӯзро барои фазлу бузургияш рӯза мегирифтанд.

Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Акрам (дуову дуруд бар Ӯ бод) фармуданд:

«صُوموُا يَوُمَاً قَبْلَهُ أَوْ يَوُمَاً بَعْدَهُ، خَالِفُوا اليَهُودَ»

“Бо яҳудиҳо мухолифатӣ кунед, як рӯз пеш аз онҳо рӯза гиред (пеш аз рӯзи даҳум, яъне рӯзи нӯҳумро) ва ё як рӯз баъд аз онро рӯза гиред. (рӯзи ёздаҳумро) ”

Пас хубаст барои мусалмон, ки рӯзӣои нӯҳуму даҳум ва даҳуму ёздаҳумро рӯза гирад, то ин ки роҳиби фоидаҳои зиёде шавад, аз ҷумлаи он фоидаҳо:

Фоидаҳои рӯза гирифтани рӯзи ошуро:

  1. Ин ки аҷру савоби як моҳа рӯзаро барои ӯ навишта мешавад, зеро ҳар як ҳасана ва некӣ баробари даҳ ҳасана аст. Расули Акрам (дуову дуруд бар Ӯ бод) се рӯз аз ҳар моҳ рӯза мегирифт ва ба он амр мекарданд.
  2. Рӯзаи моҳи муҳаррам аз беҳтарин рӯзаҳост баъди рӯзаи моҳи рамазон чуноне ки дар боло зикр кардем.
  3. Бо рӯза гирифтани рӯзи нӯҳуму даҳуму ёздаҳум мухолифатӣ бо яҳудиҳо мешавад ва Паёмбаро (дуову дуруд бар Ӯ бод) ба ин кор амр кардааст.
  4. Иқтидо ва пайравӣ бар Расули Акрам (дуову дуруд бар Ӯ бод) бикунем.
  5. Кафорати гуноҳони хурди соли гузашта хоҳад буд.

 

 

 

Leave a Comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*