Аз ҳикматҳои бешуморе, ки моҳи Шарифи Рамазон дорост, танҳо нўҳ нуқтаи онро баён мекунад.
بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ
شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِى اُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَ الْفُرْقَانِ
Савм дар Моҳи Шарифи Рамазон аз рукнҳои хамсаи Ислом буда, инчунин аз шиорҳои бузургтарини Исломӣ ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи Шарифи Рамазон дорои ҳикматҳои фаровонест, аз ҷумла: ба Рубубияти Ҷаноби Ҳақ, ҳам ба ҳаёти иҷтимоии инсон, ҳам ба ҳаёти шахсии инсон, ҳам ба тарбияи нафс, инчунин ба изҳори шукр ва ба неъматҳои Илоҳӣ равона карда шудаанд. Аз нуқтаи назари Рубубият, яке аз ҳикматҳои рўза чунин аст:
Ҷаноби Ҳақ, рӯи заминро як намуд дастархон офарида ва дар ин дастархон тамоми анвоъи неъматҳоро ба гунае чун: مِنْ حَيْثُ لاَ يَحْتَسِبُ ҷой карда, бо ин тариқ мехоҳад камоли Рубубият, раҳмоният ва раҳимияти худро нишон диҳад. Инсонҳо бошанд, дар зери пардаи ғафлат ва зери таъсири сабабҳо қарор дошта, наметавонанд пурра ҳақиқатро, бидонанд, баъзан фаромўш мекунанд.
Аммо дар моҳи Шарифи Рамазон, имондорон мунтазамона ба монанди қушуни муташаккили ҳарбӣ табдил меёбанд. Ба мисли онҳое, ки ба зиёфати Султони Азалӣ пеш аз шом махсус даъват шудаанд, гўё интизори амри «Марҳамат намоед!» ҳастанд, бо ин таври убудияткорона нишон медиҳанд, нисбати чунин шафқат ва ҳашамат ва куллияти Раҳмоният, бо як ибодати бовусъат, ва боазамату боинтизоми худ муқобила мекунанд. Аҷабо, инсонҳое ки ба чунин ибодати олӣ ва зиёфати пурифтихор ҳамроҳ нашудаанд, оё лоиқ ҳастанд, ки онҳоро инсон номид?!
Саъид Нурсӣ