ИШОРАИ НУЗДАҲУМ
Дар ишораҳои гузашта яқинан ва бо далелҳои қатъӣ собит шуд, ки Паёмбари акрам (с.а.в), он шахсе, ки паёмбарияш бо ҳазорҳо далелҳои қатъӣ собит шудааст, далели возеҳе бар ваҳдонияти Худованд ва ҳидоятгари нуроние барои саодати абадӣ мебошад. Дар ин ишора он ҳуҷҷатҳои содиқ ва далелҳои ошкори ваҳдониятро ба таври мухтасар таъриф намуда, хулосатан баён мекунем. Зеро шинохтани ин далелҳо ва ба куллӣ омӯхтани он лозим аст, зеро далел ба шинохти Худованд мерасонад. Аз ин хотир, дар ин ҷо бо ихтисори шадид ҷиҳати далелии он ҳазрат (с.а.в)-ро бар ваҳдонияти Худо баён намуда мегӯем, ки Паёмбар (с.а.в) бо шахсияти худ бар ваҳдонияти Худо далел аст, ҳамон гунае ки ҳар мавҷуде аз мавҷудот бар он далел мебошад. Паёмбар (с.а.в) ҷиҳати бар ваҳдоният далел будани хешро бо далелҳои қатъии тамоми мавҷудот эълон намудааст. Бо вуҷуди оне, ки Паёмбар (с.а.в) далеле бар ваҳдоният аст. Мо дар ин ҷо сидқи далолат, ҳуҷҷат, дуруст ва ҳақиқат будани ӯ (с.а.в)-ро дар зимни понздаҳ асос баён мекунем.
Асоси аввал. Ин далеле, ки бо зоти худ ва забони худ ва аҳволи худ ба Офаридгори ин олам далолат мекунад, ӯ худ аз ҷониби ҳақиқатҳои олам содиқ ва тасдиқшуда мебошад. Зеро далел будани ҳамаи мавҷудот бар ягонагӣ, худ гувоҳест барои касе, ки аз ягонагӣ сухан мегӯяд. Яъне ба сӯйи он чизе, ки ӯ даъват мекунад, олам онро тасдиқ менамояд ва ба он чи аз ваҳдоният, ки камоли мутлақ, хушбахтии абадӣ ва хайри комил аст, мужда медиҳад, ки ба ҳусну камол ба куллӣ мутобиқанд ва дар ҳақиқати ин олам зоҳир мешаванд. Пас, ӯ дар даъвои худ бешакку шубҳа содиқ аст. Паёмбари акрам (с.а.в) далели содиқ ва ростин аст бар ваҳдоният ва саодати абадӣ мебошад.
Асоси дуюм. Дар воқеъ, ин далели содиқ ва ростин дорои ҳазорон муъҷиза аст. Паёмбар (с.а.в) ва оне, ки шариатеро овардааст поку ноб, шариати ӯ ҳаргиз мансух намешавад, аз байн намеравад ва моли тамоми инсу ҷин аст. Пас, шакке нест, ки он шахсияти паёмбар Муҳаммад (с.а.в) аст. ӯ дар ҳақиқат ҷомеъи ҳикмат ва асрор аст, ки муъҷизаҳои дигар паёмбарон ва иттифоқи эшонро дар бар гирифта аст. Яъне иҷмоъи тамоми паёмбарон ва шаҳодати муъҷизаҳои онҳо ба тарафи рост будани шахси ӯ ва даъвати ӯ (с.а.в) равона шудааст.
Авлиё ва баргузидагони пок, ки ба дараҷаи камол расидаанд, самараи тарбияти ӯ (с.а.в) ва ба ҳидояти шариати ҳақиқии ӯ мебошад, зеро ӯ (с.а.в) роҳнамо ва сарвари онҳост ва аз ин лиҳоз Паёмбар (с.а.в) ҷомеъи асрори каромот, ростӣ, қувваи таҳқиқ ва таълимоти онҳо мебошад. Барои он, ки онҳо ҳамон роҳеро пеш гирифтаанд, ки устодашон дарҳои онро барояшон боз намуда, кушода мондааст ва онҳо танҳо ҳамон дари кушодаро дарёфтаанд. Ҳамаи каромот, таҳқиқоти илмӣ ва иҷмоъии онҳо мисолу далеле аст бар сидқи устоди покашон ва даъвати ноби ӯ (с.а.в).
Аз тарафи дигар, он далелҳои ошкор бар ягонагӣ, ҳамон гунае ки дар ишораҳои гузашта баён шуд, дарбаргирандаи муъҷизаҳои қотеъона, яқин ва нишонаҳои фавқулодаю далелҳои паёмбарии ӯ (с.а.в) аст, ки дар онҳо шакке нест. Ҳар яки онҳо ӯ (с.а.в)-ро чунон тасдиқ мекунанд, ки агар олам ҳама ҷамъ шаванд, то ба он шубҳае ворид кунанд, муваффақ нахоҳанд шуд.
Асоси сеюм. Ҳамин доъӣ ба ягонагӣ ва муждарасон ба саодати абадӣ, ки дорои чунин муъҷизот мебошад, дар зоти покаш дорои ахлоқи баланд ва дар адои вазифаи даъваташ дорои сифоти олӣ буда, дар таблиғи динаш дорои хислатҳои наҷиб аст. Ҳамаи инҳо боиси он мешаванд, ки сарсахттарин душмани ӯ (с.а.в) маҷбур мешавад ӯро бовар кунад, зеро дигар маҷоле барои инкор намемонад.
Пас, модоме ки ӯ (с.а.в) дар зоти худ, дар адои вазифа ва динаш зебо буда, баландтарин ахлоқ, камол, сифот ва болотарин хислатҳоро дорост, бешак ӯ (с.а.в) намуна бар камоли мавҷудот аст.
Аз ҳамин сабаб камолоте, ки аз зот ва вазифаи динии ӯ бармеояд, як далели қавие бар рост будани ӯ мекунад ва онро касе инкор карда наметавонад.
Асоси чаҳорум. Он доъӣ ба ваҳдонияту саодати абадӣ (с.а.в), ки кони камолот ва муаллими ахлоқи нек аст, аз ҳаво ва нафси худ сухан намегӯяд, балки ончи мегӯяд, ҳама ваҳйи илоҳӣ мебошад. ӯ (с.а.в) ваҳйиро аз Парвардигораш мегираду ба дигарон таблиғ мекунад ва ин бо ҳазорон далеле аз далелҳои паёмбарӣ, ба ҳамон гуна, ки дар далелҳои гузашта баён шуда буд, собит шудааст.
Парвардигори олам ҳамаи он муъҷизаҳоро офарида дар ихтиёри паёмбараш гузошта буд, то баёнгари он бошанд, ки ин Паёмбар (с.а.в) барои он Худованд амал мекунад ва дар роҳи ӯ сухан мегӯяд ва гуфтаҳои ӯро таблиғ мекунад. Қуръон, ки ба ӯ нозил шудааст, бо эъҷози зоҳирӣ ва ботинии худ баён мекунад, ки ин Паёмбар (с.а.в) расонандаи паёми Парвардигори олам аст. Шахсияти Паёмбар (с.а.в) бо доштани ин ҳама ахлоқи воло, тақво ва ҷиддияти беҳамто дар роҳи даъват ва амал кардан бо амонати комил дар ин роҳ, баёнгари он аст, ки ӯ дар ҳама аҳвол аз номи худ ва фикри шахсии худ сухан намегӯяд ва ҳарчӣ мегӯяд, ҳама аз номи Худованд аст.
Касоне, ки аз аҳли ҳақиқат ӯро гӯш менамуданд, бо кашф ва таҳқиқи илмӣ ӯро қабул намуда, ба ин яқин мерасиданд, ки ӯ на аз ҳаво ва нафс, балки танҳо тавассути ваҳй сухан намегӯяд. Пас ӯ расонандаи амине аз тарафи Парвардигор аст, ки мардумро ба воситаи ваҳй ба тарафи рушд мехонад.
Ҳамин гуна, ин чаҳор асоси қавӣ ва мустаҳкам далолат бар сидқи ин роҳнамо (с.а.в) ва ҳақ будани ӯ мекунанд.
Асоси панҷум. Ин роҳнамо, ба каломи Худованд амин аст, метавонад рӯҳҳоро бубинад ва бо малоик сухан гӯяд, ҳидоятгаре барои инсу ҷин бошад. Илмро аз олами арвоҳу малоика, ки аз олами инсу ҷин болотар аст, касб намекунад, балки омӯзиши илмро болотар аз онҳо мегирад ва аз он болотар ҳам аз умури илоҳӣ иттилоъ мегирад. Муъҷизаҳо ва сирати Паёмбар (с.а.в), ҳақиқати ин ду масъаларо ба мо бо тавотур нақл ва собит мекунанд. Аз ин сабаб, ҷин ва арвоҳу малоик ба умуре, ки ба ӯ аз ҷониби Худо мерасад, дахолат ва наздик намешуданд, ҳатто малоикаҳои муқарраб ғайр аз Ҷаброил. Паёмбар (с.а.в) гоҳо аз рафиқи худ Ҷаброил низ пештар мерафт.
Асоси шашум. Дар воқеъ, ин роҳнамо, ки сарвари малоик, ҷин ва инс мебошад, беҳтарин ва комилтарин самараи дарахти коинот, муҷассамаи раҳмати илоҳӣ, мисоли муҳаббати раббонӣ, роҳнамои равшан ба сӯйи ҳақ, чароғи равшан ба ҳақиқат, калиди коинот, кашшофи муаммои олам, шореҳи ҳикмати олам, хонанда ба сӯйи худопарастӣ, роҳнамои нек ба сӯйи санъати Парвардигор мебошад. Пас, ин зоти муборак бо ин ҳама сифатҳояш мисоли комиле барои камолоти тамоми мавҷудот мебошад. Аз ин сабаб, ин хусусиётеро, ки Паёмбар (с.а.в) дорост, ва он сифатҳое, ки мавсуф шудааст, ошкоро баёнгари он аст, ки Паёмбар (с.а.в) сабабгори асосии вуҷуди ин олам мебошад, яъне ҳамеша зери назари холиқ аст. ӯро назар намуда, оламро офаридааст ва метавон гуфт, ки агар ӯро намеофарид, оламро низ намеофарид.
Бале! Он чи ин Паёмбар (с.а.в) аз ҳақиқат ва нури имон ба инсу ҷин овардааст ва инчунин бо доштани ахлоқи олӣ ва тамомии камолоти шахсияти ӯ далел, шоҳиди қатъӣ ва тасдиқкунанда барои ин ҳақиқат мебошад.
Асоси ҳафтум. Ин нури дурахшони ҳақиқат ва чароғи равшани ҳақиқат, дини побарҷо ва шариати шомилеро овард, ки дорои қавонини ҷомеа ва хушбахтии ду олам мебошад ва дар баробари ин, ӯ ҳақиқати олам ва вазифаи он ва сифоту номҳои Худоро ба таври комил баён намудааст. Агар касе бо чашми бино ба дини Ислом ва шариати шомили он дар ин тарзи баёни олам назар намояд, яқинан дарк мекунад, ки ин дин низоми холиқи ин олами хело зебо мебошад ва дар навбати худ муаррификунандаи он холиқ аст. Ҳамон гунае ки як муҳандиси хуби корсоз барои маҳорати худро нишон додан қасри сохтаи худро таърифи лоиқ мекунад ва онро бо маҳорати хело олӣ менависад, ин дин ва ин шариати ноб бо ин ҳама олӣ ва бузург буданаш баён мекунад, ки он офаридгоре, ки инро бо ин тарз сохтааст, холиқ ва мудаббири ин олам аст.
Бале, он Зоте, ки ин оламро бо ин тарз танзим намудааст, танҳо ӯст, ки ин дини комилро бо ин низоми зебо танзим намудааст.
Асоси ҳаштум. Касе, ки мавсуф ба ин сифот аст ва рисолати ӯ ба ин далелу ҳуҷҷатҳо такя мекунад, он шахс фақат Паёмбар (с.а.в) мебошад, ки аз номи олами ғайб ба олами ҳозир сухан намуда, онро ба ҷину инс ва ба тамоми миллатҳои асрҳои оянда хитоб намуда, бо садои баланд паёми ҳақро дар ҳама асру макон ва ҳар ҷое, ки бошанд мерасонад… (Ва мо эътироф мекунему мегӯем:) Бале! Оре! Мо шунидем!.
Асоси нуҳум. Хитоби ӯ чунон баланд мебошад, ки ҳамаи асрҳо онро мешунаванд. Бале, ҳар асре садои овози ӯро мешунавад.
Асоси даҳум. Дар сирату аҳволи ӯ мебинем, ки шахсияти мубораки ӯ дар ибтидо худ мебинад ва ба қаноат мерасад, сипас дар асоси он чи ки дидааст, дигаронро мефаҳмонад. Зеро ӯ (с.а.в)-ро мебинем, ки ҳатто дар ҳолати рӯ ба рӯ шуданаш бо хатарҳо, бидуни тарсу ҳарос ва бо итминону боварии комил таблиғ менамояд ва ҳатто худ ба танҳоӣ тамоми оламро ба мубориза даъват мекунад.
Асоси ёздаҳум. ӯ (с.а.в) даъваташро бо он қуввату қудрате, ки Худо ба ӯ дода буд, бо овози баланд идома медод, ҳатто нисфи Замин ва аз панҷяки башарият фармонҳои ӯро(с.а.в.) ба ҷо оварда, ҳама бо ҳар дастуроти ӯ мегӯянд: سَمِعْنَا وَاَطَعْنَا “Шунидем ва итоат мекунем!”.
Асоси дувоздаҳум. ӯ (с.а.в) бо ихлоси комил ва ҷиддият даъват намуда, тарбияи мустаҳкам медод, чуноне ки дастуроти ӯ дар асрҳо дар саҳифаҳои кишварҳо ва дар дафтари рӯйи замон навишта шудаанд.
Асоси сездаҳум. ӯ (с.а.в) бо итминону яқини пурра сухан мегуфту аҳкомро мефаҳмонид ва даъваташ ошкор буда, дар он андаке шубҳа вуҷуд надошту надорад. Агар ҳамаи олам ҷамъ шавад, то ӯро аз даъваташ ва ё аз ҳукме аз аҳком дур намоянд, муваффақ нахоҳанд шуд ва сирату таърихи ҳаёташ бузургтарин далел бар ин гуфтаҳост.
Асоси чордаҳум. ӯ (с.а.в) бо итминони комилу эътимоди пурра даъват ва бо яқини комил таблиғ мекунад, ба ҳайсе, ки дар даъвати худ чизеро тарк намекунад ва аз пайдо шудани мушкилот дудила намешавад, даҳшату хавф дар даъваташ ӯро намеҳаросонад, балки бо ихлос ва сафои комил даъвати худро идома медиҳад. Аҳкоми шариатро аввал дар худ ҷорӣ намуда, сипас ба дигарон таълим медиҳад. Далели ин зуҳд, бетамаъ будани ӯ аз мардум ва дурии ӯ (с.а.в) аз фирефтаниҳои дунёи фонӣ мебошад ва ин дар назди дӯстону душманон маълум аст.
Асоси понздаҳум. ӯ (с.а.в) бохушуътарини онҳо дар баробари Худо, мутеътарин ба авомири илоҳӣ, обидтарин ва ботақвотарини онҳо аз он чи Худо манъ кардааст, мебошад ва ин бар он далолат мекунад, ки ӯ (с.а.в) мубаллиғи амини подшоҳи азалу абад мебошад. ӯ Паёмбари маҳбуби Худо ва холистарин банда ва расонандаи паёми Худо мебошад.
Аз ин понздаҳ асос метавон хулоса намуд ки дар воқеъ, ин Паёмбари акрам (с.а.в), ки дорои авсофи дар боло зикршуда буда, бо тамоми қудрате, ки Худованд ба ӯ додааст, дар мадори зиндагии худ ваҳдониятро эълон намудааст.
فَاعْلَمْ اَنَّهُ لاَ اِلٰهَ اِلاَّ اللهُ
“Нест маъбуде ғайри Аллоҳ”
اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَسَلِّمْ عَلَيْهِ وَعَلٰۤى اٰلِهِ عَدَدَ حَسَنَاتِ اُمَّتِهِ
“Худовандо, салоту саломи худро бар ӯ ва хонадони ӯ ба теъдоди накӯиҳои умматаш бирасон”.
سُبْحَانَكَ لاَ عِلْمَ لَنَۤا اِلاَّ مَا عَلَّمْتَنَا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلِيمُ الْحَكِيمُ
“Ба покӣ ёд мекунем Туро, ҳеҷ донише нест моро, магар он чи таълим додӣ моро, ҳамоно Туӣ донову боҳикмат!”
(Аз куллиёти Рисолаи Нур)